© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Зўроварӣ нисбати кўдакон дар Тоҷикистон: мақомот ваъда медиҳанд ки ҷазоро сахттар менамояд

Дар Тоҷикистон дар аксар  ҳолатҳо озори  ҷинсӣ нисбат ба кўдакон аз  ҷониби атрофиён рух медиҳад. Коршиносон мегўянд, волидон бояд бо кўдакон дар бораи амнияти  ҷинсӣ суҳбат намоянд ва ба онҳо «не» гуфтанро омўзонанд.


Дар Тоҷикистон 4-уми июл таҷовуз ва куштори Руфейда Иноятоваи  ҳаштсола рух дод, ки дар  ҷомеаи тоҷик  ҳамовозии калонро ба амал овард.

Фаъолони  ҷомеа ба унвонии Рустами Эмомалӣ, раиси палатаи болоии парлумон муроҷиатнома тартиб доданд. Онҳо даъват карданд то тафтишоти  ҷиноятро зери назорати худ гирифта, «барои шадидтар кардани қонунгузорӣ дар ин масъала мусоидат намуда, дар ташкили хизматрасонӣ барои барқарорсозии  ҳамаҷонибаи  ҷабрдидагон ва кор бо аҳолӣ ва пешгирии зўроварии  ҷинсӣ нисбати кўдакон кўмак расонед».

Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон дар ин хусус хабар доданд, ки дар нашри нави Кодекси  ҷиноии  ҶТ  ҷавобгарии  ҷиноӣ барои зўроварии  ҷинсӣ, аз  ҷумла, ноболиғон шадидтар гардонида шудааст. Аммо лоиҳаи қонун айни  ҳол аз  ҷониби парлумон тарафдорӣ наёфта,  ҷараёни мунозираи  ҳуҷҷати мазкур  ҳоло ба анҷом нарасидааст.

Маълумоти расмӣ оид ба миқёси зўроварии  ҷинсӣ дар Тоҷикистон мавҷуд нест. Дар Вазорати корҳои дохила ба CABAR.asia хабар доданд, ки омори расмӣ доир ба ин масъала вуҷуд надорад.

Тибқи баҳои коршиносон, то соли 2020 вобаста далелҳои зўроварии ноболиғон дар Тоҷикистон муроҷиат кам аст. Вале дар вақти пандемия вазъ бадтар шуд.

Ба маълумоти муаллифони муроҷиатнома ба Рустами Эмомалӣ,  ҳамагӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2020 бо ташаббуси ошкорбаёнии ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ, дар мавриди 16  ҳолати пурсарусадои зўроварии  ҷинсӣ нисбати ноболиғон маълум гардид.

Коршиносон афзоиши далели зўроварӣ нисбати кўдаконро ба он рабт медиханд, ки дар давраи пандемия бисёр оилаҳо дар худдуркунии ихтиёрӣ қарор доштанд.

Тибқи гуфтаи коршиносон, дар 70%  ҳолати зўроварии  ҷинсӣ нисбат ба кўдакон аз  ҷониби шахсони атрофбуда анҷом мешавад: хешовандони наздик ё дўсти оилаашон. 20% ба  ҳамсояҳо ва дўстони мактабӣ ва танҳо 10% ба бегонагон рост меояд.

Дар бораи мушкилоти зўроварии  ҷинсӣ нисбати кўдакон дар Тоҷикистон равоншиноси оилавӣ Ниссо Азизова ва  ҳуқуқшинос Мутриба Али ҷонова нақл мекунанд.

Чӣ тавр кўдакро аз зўроварӣ эмин дошт?

Ба гуфтаи равоншинос Ниссо Азизова, бештар қурбониёни зўроварии ҷинсӣ маҳз кўдаконе, ки аз мадди назар ва муҳаббати падару модар дур мондаанд, қарор мегиранд. Аз ин рў, асоси амнияти кўдак ин муносибати боэътимод ва гарми волидон мебошад. Танҳо дар ин ҳолат вай ҳамеша метавонад наздатон биёяд ва шуморо дар бораи ҳама чиз бидуни тарси ҷазо огоҳ кунад, ҳатто агар он дар мавзуъҳои хеле нозук бошад. Бо кўдакон дар мавзўи амнияти ҷинсӣ суҳбат намоед. Норасоӣ, ва баъзан мавҷуд набудани маълумоти дуруст, махсусан дар оилаҳое, ки мавзўи ҷинсӣ мамнуъ аст, ба он оварда мерасонад, ки кўдакон дар мавриди мавҷуд будани оддитарин ҳаракатҳои «хуб» ва «бад» огоҳӣ надоранд. Кўшиш карда, ба ў фаҳмонед, ки бадани вай танҳо ба вай тааллуқ дорад ва касе ҳақ надорад бе иҷозат ба он даст расонад. Дар ин гуна ҳолатҳо кўдак бояд ба волидонаш таъҷилан хабар расонад. Ба кўдакони худ «не» гуфтанро ёд диҳед. Бо назардошти хусусиятҳои тарбияи фарзанд, ба онҳо аксар вақт итоат кардан ба пирон ва иҷрои фармони онҳоро меомўзонанд. Аммо ин метавонад барои мавриди зўроварӣ қарор гирифтан, шароит фароҳам орад. Ба кўдак эҳтиром гузоред – ин барои дарки шинохти арзиши худ, боварӣ ба худ саҳм мегузорад. Ин яке аз вазифаҳои волидон мебошад, зеро он дар ташаккули худшиносии солим мусоидат мекунад. Дар ин ҳолат кўдак эҳсос мекунад, ки ў ва ақидаи ў, он чизе, ки бо ў рух медиҳад, – ин муҳим аст, яъне, дар ҳолатҳои изтирорӣ дар муқоиса бо кўдаконе, ки беа ҳамиятии худро эхсос мекунанд, руйдод ҳоро барои дарки гуноҳ пинҳон медоранд, вай ҳатман

Чӣ тавр фаҳмид, ки кўдак мавриди зўроварӣ қарор мегирад ё қарор гирифтааст?

Зарур аст, ки ба дилхоҳ тағйирот ва рафтори кўдак эътибор дод. Кўдакон ба ҳар чизе, ки рух медиҳад, тамоман ҳаргуна вокуниш нишон диҳад. Ҳамин тавр, кўдаки ором як бор фаъолияти пассивӣ, бепарвоӣ, халалдоршавии хоб, изтироби шадид, тарсу ҳарос ва бисёр чизҳои дигарро нишон медиҳад. На ҳатман ва на ҳамеша ин нишонаҳои зўроварӣ аст, балки ҳадди аққал стрессҳои мавҷуда, бо сабабҳо бояд ҳал карда шавад. Диққати волидонро нишонаҳои зерин талаб менамояд: • Пайдо шудани рафтори шаҳвонии кўдак, ки метавонад дар расмҳо ва бозиҳо, яъне бо бозичаҳояш ё ин ки бо дигар кўдакон зоҳир мешавад. • Кўдак метавонад бо шахси калонсол нохушӣ зоҳир намояд. Масалан, намехоҳад танҳо монад, дар паҳлўяш нишинад, ҳатто наздик шавад, ҳатто наздик меояд. Ҳамчунин, метавонад тарс аз баъзе ҷойҳои, биноҳо низ пайдо шавад. • Дар бадани кўдак, хусусан дар ҷойҳои маҳрамона, латукўбҳо ва кабудӣ пайдо шудаанд, ки намуди зоҳирии онҳоро кўдак шарҳ дода наметавонад ва ё аз он даст мекашад. • Рафтори регресивиро нишон медиҳад (яъне, амалҳое, ки ба синни пештар хосанд). Масалан, якбора паст шудани ба мактаб сари вақт расидан, энурез (беморие, ки ба ихтилоли пешоб дар одамон тавсиф мешавад), экопрез (беморие, ки ба ихтилоли на ҷосат хос аст). • Коҳиш ёфтани эътимод ба одамон: кўдаки қаблан кушода ва зудбовар «дар худ бармегардад». Бо ҳамсолонаш ва волидонаш аз муошират маҳрум аст, • Афзоиши изтироб ва тарсу ҳарос, аз ҷумлаи хобҳои даҳшатнок, вайрон шудани хоб. • Дар наврас нишонаҳои руҳафтодагӣ пайдо мешавад, рафторҳои зидди иҷтимоӣ ва кўшиши худкушӣ нишон медиҳад.

Чӣ бояд кард, агар кўдак аллакай мавриди зўроварӣ қарор гирифтааст?

Дар ин кор набояд таъхир кард. Агар кўдак ҳамаашро нақл кунад, волидон бояд ба Прокуратураи ноҳиявӣ дар ҷои ҳодиса муроҷиат кунанд. На ба Раёсати корҳои дохила!. Муфаттиши навбатдор аризаро қабул мекунад ва қурбонии таҷовузро ба ташхиси тиббӣ ба Маркази миллии тиббии «Шифобаш» (бо номи «Қараболо» маш ҳур) мефиристад. Ин шакли ҳодиса танҳо ба шарте, ки кўдак сари вақт ҳамаашро хабар додаст, мумкин аст. Агар вай танҳо пас аз як моҳ ё ин ки як сол ҷуръат карда, гўяд, далели исбот кардани таҷовуз каме мушкил аст. Аммо ҳолатҳои муваффақ низ ҳастанд. Дар прокуратура боре оилаи духтари 17-сола муро ҷиат кард, ки дар 12-солагиаш таҷовуз шуда буд. Ин ҷо ташхиси тиббӣ бенатиҷа буд. Аммо ҷабрдида тавонист нишонии хонае, ки ҳамаи ҳодиса рух дода буд, гўяд, симои та ҷовузгарро тасвир кунад. Ин ба дастгир кардани ҷинояткор ва ба зиндон равон кардани ў кўмак кард. Дар ҳолати мазкур духтар ва оилаи вай хушбахт буданд, аммо чунин ҳолатҳо кам руй меди ҳанд. Аз ин рў, бисёр муҳим аст, ки бо кўдакони худ бодиққат бошед ва бо муносибат ҳои боэътимод барқарор кунед, то онҳо ҳама чизро ба шумо нақл кунад.

Оё мумкин аст волидон ё парасторони кўдак дар мавриди далели зўроварӣ хабар диҳанд ва ё ариза нависанд?

Шояд. Вале шахсони бетараф, ки дар бораи зўроварӣ хабардор аст, бояд як чизи мухимро донад – оё далели та ҷовуз мавҷуд аст ва оё он аниқ исбот мешавад. Вагарна, шахси гумонбар метавонад аз болои ў барои ту ҳмат ба додгоҳ муроҷиат кунад ва он вақт парвандаи ҷиноӣ алайҳи худи муаллиф кушода мешавад.

Кадом санадҳои қонунгузорӣ кўдаконро аз зўроварӣ ҳимоя мекунад?

Дар Тоҷикистон якчанд санадҳои қонунгузорӣ қабул шудааст, ки дар хусуси ҳуқуқи кўдакон аз зўроварӣ гуфта мешавад. Ин қонунҳо « Дар бораи ҳимояи ҳуқуки кўдак», «Дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи кўдакон» ва «Дар бораи огоҳии зўроварӣ дар оила» мебошанд. То ҷикистон ҳамчунин ду ҳуҷҷати байнамилалилро оид ба пешгирии зўроварии ҷинсӣ нисбати ноболиғон қабул намудааст. Инҳо Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кўдак ва Протоколи иловагӣ ба ин конвенсия дар бораи фурўши кўдакон, танфурўшии кўдакон ва порнография мебошад.

Чӣ бояд кард, вақте мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиатномаро қабул намекунад?

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳақ надорад, ки аризаи шаҳрвандонро қабул накунад. Онҳо вазифадоранд, ки аризаро баррасӣ карда, ҷавоб гардонанд. Аксар ҳолат аз сабабе, ки одамон шифоҳӣ муроҷиат мекунанд, бе ҷавоб мераванд, зеро навбатдорон онҳоро гўш ҳам намекунанд. Барои ҳамин беҳтар аст, ариза навишт. Ин ҳуҷҷат аст. Ва онро касе ҳуқуқи нобуд кардан надорад.

Аз куҷо вакили хуб метавон пайдо кард?

Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар доираи лои ҳаи ЮНИСЕФ ба вакилон масъалаҳои зўроварӣ нисбати кўдаконро меомўзонад. «Беҳтарин вакилон дар рўйхати ғайрирасмии ташкилот шомиланд. Оилае, ки аз хушунат ранҷ мебарад, метавонад ба ташкилоти мо муроҷиат кунад ва мо аз Иттифоқи ҳуқуқшиносон мутахассиси мувофиқ пайдо карда, ҳаққи хидмати ўро пардохт мекунем. Ин барои ша ҳрвандони дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор гирифта, вақт ва пулро сарфа мекунад», – гуфт Мутриба Али ҷонова. ТАМОС: +992934187007 – Мутриба Али ҷонова, мутахассиси фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ».

Боз ба куҷо метавон муроҷиат кард?

Айни замон ба мушкилоти зўроварии ҷинсӣ нисбати кўдакон на он қадар созмонҳои зиёде машғул мешаванд. Яке аз инҳо «Ташаббуси ҳуқуқӣ» ва ташкилоти ҷамъиятии «Корвони Умед» мебошанд, ки ба ҷабрдидагон ёрии равонӣ, тиббӣ ва ҳуқуқӣ мерасонанд. Тамос: +992 55 555 53 05 – Ташкилоти ҷамъиятии «Корвони Умед».

Чӣ бояд кард, агар додгоҳ таҷовузгарро савед кунад?

Аз болои ҳукми суд ҳамеша метавон ба сохторҳои болоӣ шикоят бурд. Масалан, ба Суди Олӣ ҳастанд ҳолатҳое, ки парвандаро аз нав баррасӣ карданд, аммо гунаҳгор ҳанўз паси панҷара мондааст. Масалан, соли 2020 додго ҳи ноҳияи Ҳисор таҷовузгари духтари 12-соларо афв кард. Пас аз оммавӣ кардани парванда, ў барои баррасии иловагӣ фиристода шуд.

Чӣ тавр ба кўдаки мавриди хушунат қарор гирифта кўмак расонид ва волидонаш чӣ кор бояд кунанд? Дар ҳолате, ки волидон далели зўроварии ҷинсиро нисбати кўдаки худ шуб ҳа карданд, якчанд қоидаҳоро риоя кардан зарур аст, ки дар оянда раванди барқарорсозиро хеле осон мекунад. Шуморо зарур аст оромиро ниго ҳ дошт, ки аз ҳама чизи муҳим аст, аммо дар айни замон барои идомаи муколама бо кўдак шароит фароҳам меорад. Чӣ гуна кўдак аз ин вазъият наҷот хоҳад ёфт, асосан аз вокуниши волидон вобаста аст. Муколамаи кушод гузаронед, оромона дар мавриди он, ки шуморо маҳз чӣ нороҳат мекунад ва шумо чӣ шубҳаҳо доред. Дар ҳеч гуна ҳолат набояд ягон шакли айбдоркунӣ истифода шавад, ҳатто агар он чуни наст: «Ман ба ту гуфтам…». Ин як шакли ғайримустақими айбдоркунӣ аст ва гумон аст, ки муоширати шуморо осон кунад. Бе шубҳа ба суханони кўдак бодиққат гўш кунед, ҳатто агар чунин ба назар мерасад, ки ин танҳо хаёл ҳоест, ки ҳеҷ асосе надорад. Тавсия дода мешавад, ки бо кўдакон суҳбат намоед, кўшиш кунед то ҳадди имкон ҷузъиёти бештарро фаҳмед, аммо бозпурсӣ накунед, ин метавонад кўдакро тарсонад ва аз сўҳбат худдорӣ кунад. Кўдакро ором карда, ба ў фа ҳмонед, ки муносбати шумо бо ў тағйир намеёбад, шумо ўро дўст медоред, гунаҳкораш намекунед. Ин лаҳзаи муҳим аст, зеро чӣ тавр кўдакони зўроварии ҷинсиро аз сар гузаронда бештар эҳсоси шарм, гуноҳ ва тарси ҷазоро доранд, Ба мутахассисон муроҷиат кунед, зеро барқарорсозии оқибатҳои зўроварии ҷинсӣ, кўмак мерасонад, инчунин дар бораи кўмаки иттилоотӣ, дар бораи он ки оила чӣ тавр метавонад ба кўдак дар мубориза бо ин ҳодиса ёрӣ расонад, муроҷиат кунед. Аз ҳама маслиҳати муҳим – ба фарзандони худ бодиққат бошед ва дар рафтораш тағйиротро пайгирӣ карда, нишонаҳои стрессро нодида нагиред.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: