© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ислоҳоти низоми андози Тоҷикистон

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ омадааст, ки дар Тоҷикистон низоми мудирияти андозситонӣ печида ва сарбории андоз барои соҳибкории истеҳсолӣ баланд аст. Коршиносон Манучеҳр Мадҷонов ва Мералӣ Бодуршозода дар матлаби махсуси худ барои CABAR.asia мегӯянд,  рӯзҳои наздик таҳрири нави Кодекси андози Тоҷикистон ба баррасии ом пешниҳод хоҳад шуд.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз asiaplustj.info
Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз asiaplustj.info

Фишурдаи матлаб:

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ гуфта шудааст, ки дар Тоҷикистон низоми мудирияти андозситонӣ мушкил ва сарбории андоз барои соҳибкорон аз ҳад зиёд баланд аст;

Низоми амалкунандаи андоз ба тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои хурду бузург ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар кишвар ба андозаи кофӣ мусоидат намекунад;

Лоиҳаи нави Кодекси андоз (КА) таҳия шуда, 1 июли соли равон ба баррасии ом пешниҳод мешавад;

Кодекси нави андоз бояд фарқият ва тазодҳоеро, ки шарҳи мубҳами меъёрҳоро ба миён меоранд, коҳиш диҳад ва иҷрои ихтиёрии онҳоро фароҳам созад;

Ҳамчунин сода гардонидани мудирияти андозситонӣ, коҳиши сарбории андози соҳибкорон, афзоиши андоз аз ҳисоби беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ ва тадриҷан баровардани  тиҷорат аз иқтисоди соягӣ ба қонунӣ пешбинӣ мешавад.

Андози баланд ҳавасмандӣ ба соҳибкориро ба ҳам мезанад

Тоҷикистон ба монанди давлатҳои дигари муосир вазифадор аст, ки масъулиятҳои иҷтимоии худро иҷро кунад. Ин кор харҷҳои назарраси давлатиеро дар пай дорад, ки манбаи онҳо пули андоз мебошад.

Аз як тараф афзоиши харҷҳои давлатӣ баландтарин мизони муттаҳидсозии манбаъҳои молии кишварро тавассути андоз талаб мекунад ва аз тарафи дигар беҳтар аст, барои таҳрики раванди сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ сарбории андозро дар сатҳи муносиб нигаҳ дошт.

Дар ҳақиқиат, ҳар як низоми идории андоз агар чи дар асл ба манфиатҳои омма авлавият медиҳад, вале иқдомоти идории танзими давлатӣ қолабиянд. Бинобар ин, корсоз будани сиёсти андозбандиро метавон бар асоси мизони ҷалби сармоя ба муҳити касбу кор, интизоми пардохти андозсупорандагон ва сатҳи ҳавасмандгардонии фаъолиятҳои иқтисодӣ муайян кард. Ҳамчун намуна ба корхонаҳои истеҳсолӣ назар хоҳем кард, ки фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ имрӯз то куҷо ҷалбкунанда аст.

[1]Ҷадвали 1. Арёзбии шохиси “Андозбандӣ”-и Тоҷикистон дар гузориши “Роҳандозии тиҷорат – 2020”-и Бонки ҷаҳонӣ.

Бар асоси арзёбии гузориши “Роҳандозии тиҷорат”, корхонаҳои истеҳсолии миёна дар як сол 7 пардохти андозӣ доранд, ки иҷрои расмиёт ва пардохти онҳо солона 224 соат (32 соат барои ҳар як пардохт) вақт талаб мекунад. Дар кишварҳои минтақа ва аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (OECD) ҳарчанд шумори пардохтҳои андозӣ бештар аст, вале барои анҷоми ҳар як пардохт ду баробар вақти камтар (мутаносибан 14,8 соат ва 15,4 соат) сарф мешавад.

Ҳамчунин тибқи ин пажӯҳиш, сарбории андоз барои корхонаҳои истеҳсолӣ низ ба ҳисоби миёна 67,3%-и даромади тиҷориро ташкил медиҳад, ки назар ба нишондодҳои миёна дар минтақа ва кишварҳои OECD бештар аз ду баробар аст.

Дар ҳоле ки бар асоси консепсияи Лаффер, мизони баланди андоз (беш аз 35-40 %-и даромади тиҷорӣ) ҳавасмандӣ ба фаъолияти соҳибкориро заиф, сармоягузорӣ бо мақсади афзоиши истеҳсолотро зиёновар ва суръати раванди илмӣ-техникиву рушди иқтисодиро кунд сохта, даромади андоз ба буҷаро коҳиш медиҳад.[2]

Ҳамчунин он ба ташкили гуруҳи андозсупорандагоне мусоидат хоҳад кард, ки роҳи гурез аз андозбандиро ҷуста, талош мекунанд, манбаъҳои молии худро дар бахши иқтисоди соягӣ нигаҳ доранд.

Бар асоси пажӯҳиши[3] Сандуқи байналмилалии пул (СБП), мизони иқтисоди соягӣ дар Тоҷикистон 37,7%-и ММД (Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ)-ро ташкил медиҳад, ки назар ба мизони миёнаи минтақавӣ (31,7%) ва ҷаҳонӣ (27,8%) хеле бештар аст ва ин ба он ишора мекунад, ки имкониятҳо барои ислоҳи низоми андозбандӣ васеъ аст.

Ҳаминтариқ муқоисаи раванди пардохти андоз ва сарбории андоз дар Тоҷикистон назар ба минтақа ва давлатҳои OECD нишон медиҳад, ки дар кишвар мудирияти андозситонӣ мушкил, сарбории андоз ба бахши соҳибкории истеҳсолӣ аз ҳад зиёд буда, фазои соҳибкорӣ ба андозаи кофӣ мусоид нест.

Аз ин рӯ, такмили мудирияти андозситонӣ ва таъйини сарбории мусоиди андоз яке аз ҷанбаҳои муҳими ислоҳоти минбаъдаи низоми андози Тоҷикистон ва рушди иқтисоди бозаргонӣ дар умум хоҳад буд.

Мушкилоти гузариш аз тиҷорати хурд ба миёна

Низоми амалкунандаи андоз ба хотири дастгирии соҳибкории хурд содасозии низоми андозбандии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, субъектҳои соҳибкории хурд ва шахсони воқеӣ, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияти соҳибкории инфиродиро ба роҳ мондаанд, пешбинӣ мекунад ва дар доираи он барои ташкил ва рушди навъҳои мазкури соҳибкорӣ шароити мусоид дар кишвар фароҳам карда шудааст.

Ин чораҳо ба бартарӣ пайдо кардани соҳибкории хурд дар сохторҳои бахши хусусии кишвар мусоидат кард, ки имрӯз 90,5 дарсади шумори умумии субъектҳои соҳибкориро ташкил медиҳад. Инҳо пеш аз ҳама соҳибкорони инфиродие ҳастанд, ки дар асоси патенту иҷозатнома ва ҳамчун хоҷагии деҳқонӣ фаъолият карда, гардиши солонаашон на бештар аз 1 миллион сомонӣ аст.

Субъектҳои соҳибкорие, ки ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ фаъолият карда, корхонаҳои миёна ва бузургро дарбармегиранд, ҳамагӣ 9,5 дар сади бахши хусусии кишварро ташкил медиҳанд.[4]

Вале сарфи назар аз ин нобаробарӣ имрӯз бахши хусусӣ 79 дар сади даромади андоз ба буҷаи давлат, 68 дар сади ҷойҳои корӣ ва 70 дар сади ММД-и кишварро таъмин менамояд. Рушди соҳибкории хурд ба беҳтар шудани осудаҳоли сокинон ва коҳиши мизони фақр дар кишвар мусоидат карда, нишондоди ахириро то ба 28 дар сад мерасонад.

Бояд эътироф кард, ки низоми амалкунандаи андоз ба тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои хурду бузург ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар кишвар ба андозаи кофӣ мусоидат намекунад. Бо гузариш ба соҳибкории миёна ва бузург ба низоми умумии андозбандӣ хоҳед гузашт, ки мудирияти печидаи андозситонӣ, санҷишҳои нақшавии сершумор ва дахолатҳои дигари ниҳодҳои давлатии назораткунандаро дорад.

Дар ҳамин ҳол қонунгузории Тоҷикистон барои соҳибкорон низоми густардаи кафолат, имтиёз ва афзалиятҳоеро пешбинӣ кардааст[5], ки ҳам барои буҷаи давлат дар шакли даромадҳои аз даст рафта ва ҳам барои соҳибкорони маҳаллии аз онҳо истифода намекарда сарбории иловагӣ мебошад.

Артур Лаффер. Аксҳо: eurointegration.com.ua
Артур Лаффер. Аксҳо: eurointegration.com.ua

Тибқи пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ[6], барои сармоягузорон кафолати ҳимояти сармоя, мавҷудияти манобеи табиӣ, имкони дарёфти ҳаққи моликияти амволи ғайриманқул, шароити андозбандӣ, аз ҷумла низоми устувори андоз омили асосӣ ба ҳисоб меравад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба назари Артур Лаффер, ироаи имтиёзҳои андозӣ ба хотири дастгирии бахши дорои аҳамияти иҷтимоӣ зарур аст.[7]

Дар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 такмили мудирияти андоз бо мақсади афзоиши ҷамъоварии андоз, коҳиши сарбории идорӣ ба андозсупорандаҳои бомасъулият, баланд бардоштани шаффофияту пешбинишавии низоми андоз ва тағйири қонунгузории андоз, ки ба шаклгирии рафтори нави сармоягузории сокинон равона аст, пешбинӣ шудааст.

Мақомот барои ислоҳи низоми андоз чӣ кор мекунанд?

Бо назардошти ин ҳама, таҳияи лоиҳаи Кодекси нави андоз бо зарурати фароҳам овардани шароит барои тавсеаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди кишвар ва таъмини татбиқи ҳадафҳои стратегӣ асоснок мешавад.

Дар робита ба ин қаблан Барномаи рушди мудирияти андозситонӣ таҳия ва қабул шуда буд, ки иҷрои он дар ду давра – солҳои 2015-2019 ва солҳои 2020-2025 дар назар аст. Ҳадафи он мусоидат ба эҷоди низоми шаффофу муассиртаре аст, ки ба хидматрасонӣ нигаронида шуда, ба коҳиши ҳазинаҳои идорӣ ҳангоми ҷамъоварии андоз, баланд бардоштани хидматрасонӣ ба андозсупорандаҳо, афзоиши мизони иҷрои довталабонаи қоидаҳои андоз ва кам кардани ҳаҷми иқтисоди соягӣ имкон медиҳад.

Ҳукумат дар доираи ин барнома ба замонавсозии хидматрасонӣ ба соҳибкорону сокинон, ҷорӣ кардани расмиёти онлайнӣ, коҳиши вақту харҷҳои молии роҳандозии тиҷорат аҳамияти махсус медиҳад.

Яке аз намунаҳои комёби ташкили шароити мусоид барои андозсупорандаҳо ва сода гардонидани истифодаи хидматрасониҳои электронӣ ба хотири иҷрои уҳдадориҳои андозӣ роҳандозии портали хидматрасониҳои электронӣ барои андозпардозон аст, ки дар сомонаи расмии Кумитаи андози Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Ин пеш аз ҳама ба содагардонии мудирияти андоз, коҳиши харҷҳои андоздиҳандагон ва сарфаи назарраси вақти онҳо равона шудааст.

Дар ин портал[8] барои андозпардозон 36 намуди хидматрасонии электронӣ, аз ҷумла тартиби электронии пешниҳоди эъломияҳо, ҳисобот, ҳисобҳои электронӣ, пардохти онлайнии андозҳо бо истифода аз кортҳои бонкии милливу низоми МАСТЕР-у ВИЗА, ҳисобкунаки онлайнӣ ва мушовири андозӣ пешниҳод шудааст.

Ба хотири дастгирӣ ва рушдӣ истеҳсолоти дохилӣ қарорҳои ҳукумат аз 22 июни соли 2019 – “Тартиби андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ” ва “Рӯйхати ашёи хоми дар кишвар истеҳсолшаванда” низ қабул карда шудааст. Ҳамчунин чорводорӣ ва гӯшти гов низ аз моҳи октябри соли 2019 аз боҷи гумрукӣ ва андози даромади иловашуда озод шудаанд.

Соҳибкорони инфиродие, ки дар хона фаъолият мекунанд, сар аз 1 январи соли 2020 бар асоси тағйиру иловаҳои воридшуда ба “Қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродӣ” аз 30 ноябри соли 2019 таҳти рақами 605 дар мақомоти андоз ба таври ройгон аз қайди давлатӣ гузашта, патент дарёфт мекунанд ва ҳамчунин аз пардохти андоз озоданд. Ин ба косибон ва соҳибкорони дигаре, ки дар хона фаъолият мекунанд, имкон медиҳад, то мақоми ҳуқуқии худро муайян намуда, ба имкониятҳои васеъ барои рушду тавсеаи фаъолияташон, аз қабили гранту қарзи боимтиёз ва дастгириҳои дигар дастрасӣ пайдо кунанд.

Ҳамчунин бар асоси тағйироти мазкур барои занони соҳибкор дар давраи рухсатии таваллуд имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ шудааст.

Ба хотири ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ дар бахши таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва касбӣ, бахши сохтмон муҳлати кам кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда ва ё НДС барои бахши омӯзиш 5%  ва барои сохтмон 7% бо қарори ҳукумат аз 19 июли соли 2019 аз 1 январи соли 2019 то 31 декабри соли 2023 дароз карда шудааст.

Ба кодексҳои андоз ва гумруки Тоҷикистон низ бо мақсади ироаи имтиёзи андозӣ ба соҳаи моҳипарварӣ, ки ба мурғпарварӣ низ дахл дорад, тағйирот ворид карда шудааст. Бар асоси ин тағйирот, субъектҳои хоҷагидории соҳаи моҳипарварӣ, мурғпарварӣ ва истеҳсолкунандагони ғизои чорвову паранда ба муҳлати 6 сол аз андози даромад, андоз аз арзиши иловашуда, андози роҳ ва андози амволи ғайриманқул озоданд. Ҳамчунин ин тағйирот воридкунандагони таҷҳизоту лавозимоти соҳаҳои мазкурро аз андози арзиши иловашуда озод менамояд.

Меъёри 1-фоизаи андоз аз даромад низ бо мақсади кам кардани сарбории андоз ба субъектҳои соҳибкорӣ тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори ҳукумат аз 2 январи соли 2020 бекор карда шуд. Бар асоси гузориши “Роҳандозии тиҷорат”, бекор кардани ин меъёр сарбории умумии андозро 17,68%, яъне аз 67,3% то ба 49, 62% кам хоҳад кард.[9]

Дар асоси омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ва шарикони тиҷорӣ Тартиби баҳодиҳии муассир будани имтиёзҳои гумрукӣ ва андозӣ таҳия шудааст, ки роҳандозии механизми замонавии арзёбии корсоз будани имтиёзҳо ва ҳавасмандгардонии рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодро пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин имрӯз дар Консепсияи таҳияи лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон ҳамчун гоми навбатии сабуктар кардани сарбории андоз[10] барои соҳибкорон масъалаи ислоҳоти андози иҷтимоӣ ва кам кардани андози роҳ то ба мизони муносиб баррасӣ мешавад.

Ҳангоми баррасии масъалаи кам кардани сарбории андоз дар лоиҳаи Кодекси нави андози кишвар коҳиши андози иҷтимоӣ то ба 20 дарсад ва пурра бекор кардани андози роҳ пешбинӣ мешавад, ки ба поин бурдани меъёри умумии андоз аз корхонаҳои истеҳсолӣ ба ҳисоби миёна то ба 27 дарсади даромад (тибқи гузориши “Роҳандозии тиҷорат”) имкон медиҳад. Ин иқдом рақобатпазирии иқтисоди миллиро дар сатҳи минтақа таъмин карда, дар умум ба беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ мусоидат мекунад.

Ба инобат гирифтани пешниҳоди соҳибкорон дар лоиҳаи Кодекси нави андоз

Бахши хусусӣ имрӯз ба раванди ҳам таҳияи консепсияи лоиҳаи Кодекси нави андоз ва ҳам худи лоиҳаи Кодекси нави андоз фаъолона ҷалб карда шудааст.[11]

Беш аз 100 намояндаи бахшҳои кишоварзӣ, агросаноатӣ, ҷаҳонгардӣ, савдо, хидматрасонӣ, энергетика, сохтмон, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, молия ва саноат мушкилиҳои асосии бахши андозбандиро, ки монеи сармоягузорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвар мешаванд, омӯхта, барои ҳалли онҳо пешниҳодҳои худро ироа кардаанд.

Дар баробари ин, таҷрибаи шарикони тиҷорию иқтисодӣ, аз ҷумла кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Гурҷистон, Сингапур, Чин, Малайзия, давлатҳои дигар дар робита ба андозбандӣ омӯхта ва бо назардошти манфиатҳои милливу хусусиятҳои соҳаҳо барои ба лоиҳаи Кодекси нави андоз пешниҳодҳо ироа шудаанд.

Гуруҳи махсуси корие, ки ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, бахши хусусӣ, коршиносони мустақили дохиливу байналмилалӣ шомиланд, ҳамаи пешниҳодҳои ироашударо баррасӣ карда, бештари онҳоро ҳангоми таҳияи консепсия ва лоиҳаи Кодекси нави андоз ба назар гирифтааст.

Тибқи Консепсияи таҳияи лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон, дар кодекси нав талабот ва меъёрҳои иқтисоди рақамӣ ба назар гирифта мешавад, то андозсупорандаҳо тавонанд пардохтҳоро бо транзаксияи одӣ, ки ба таври худкор сурат мегирад, анҷом диҳанд. Имрӯз талаботи соҳибкорӣ ба тавсеаи озодиҳои иқтисодӣ, устуворӣ, қоидаҳои пешбинишавандаи роҳандозии тиҷорат, бо шумули низоми андоз то рафт афзоиш меёбад.

Бинобар ин, таваҷҷуҳи асосӣ ба ташаккули шароити нави андозӣ равона хоҳад шуд, ки бояд устувор ва дар солҳои оянда ба қайд гирифта шуда бошанд.

Ба ҷуз ин, тамаркузи низоми андоз болои ҳадафи асосӣ, аз ҷумла ҳавасмангардонии доираҳои корӣ, рушди иқтисод ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити рақобатпазирӣ барои пешрафти корхонаҳо хоҳад буд. Ҳамчунин содасозии имтиёзҳои мавҷудаи молӣ зарур аст. Онҳоро бояд соҳавӣ гардонду аз омилҳои номуассир даст кашид.

Ҳамчунин ҳангоми таҳияи лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини устувории меъёрҳои қонунгузории андоз равона хоҳад шуд, зеро миқдори умумии андозу пардохтҳо (% аз даромад) аз онҳо вобастагӣ дорад.

Дар лоиҳаи Кодекси нави андоз дар баробари ин ҳама, ҳалли яке аз масъалаҳои муҳим пешбинӣ шудааст. Он бояд фарқият ва тазодҳоеро, ки шарҳи мубҳами меъёрҳоро ба миён меоранд, коҳиш диҳад ва иҷрои ихтиёрии онҳоро фароҳам созад.

Маъмурикунонии андоз низ ташкили як низомеро бешбинӣ мекунад, ки раванди мутобиқшавии фаврии низоми андоз бо сенарияҳои гуногуни Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро таъмин намояд. Ин гуна бархурд аз нигоҳи таъмини баробарӣ миёни субъектҳои давлатӣ ва соҳибкорӣ муассир менамояд ва ба фароҳамшавии шароити мусоид барои рушди самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад.

Ин хусусияти низоми андоз дар амал низ бояд ба шароити андозбандӣ, меъёрҳои андоз, имтиёзҳои андозӣ ва ҷавобгарӣ барои қонуншиканиҳои марбут ба андоз мутобиқ бошад.

Навсозии баҳисобгирии андоз ҳам метавонад дар самти ислоҳоти низоми андоз гоми муҳиме бошад ва он ба як шакл даровардани ҷузъҳои баҳисобгирии андоз ва муҳосиботро талаб мекунад.

Дар нақшаи ҳамоҳангсозии қонунгузории андоз бо дигар қонунҳо, инчунин фаъолияти ниҳодҳои давлатие, ки ба ин ё он шакл ба масоили марбут ба андозбандӣ рабт доранд, ҳазфи ҳама гуна ихтилофҳо ва нусхабардориҳои эҳтимолӣ пешбинӣ мешавад.

Дастёбӣ ба ин ҳадафҳо метавонад дар ниҳоят заминаи таъмини натиҷаҳои зеринро фароҳам орад:

а) муносибгардонии теъдоди андозҳое, ки манбаи андозбандии ба ҳам монанд доранд, тариқи ба як шакл даровардани онҳо, коҳишу содасозии ҳисоботи андоз ва кам кардани харҷҳои амалиётӣ;

б) сода гардонидани қонунгузории андоз, бартараф кардани ихтилофот ва тазодҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи муносибатҳои андозӣ, таҳкими ҳимояти ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибкорон ва сармоягузорони бомасъулият;

в) такмили механизми табодули иттилоъ миёни ниҳодҳои давлатӣ ва корхонаҳо, шакл ва равишҳои маъмурикунонии электронии андоз, назорати андоз, баланд бардоштани сифати хидматрасонии мақомоти андоз.

Дар ҳоли ҳозир лоиҳаи Кодекси нави андоз миёни идораву вазоратхонаҳои дахлдори кишвар баррасӣ ва мувофиқа мешавад.

Қарор аст, он тибқи Қонун “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, аз 1 июли соли равон дар портали интернетии иттилои ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба баррасии ом пешниҳод шавад.

Лоиҳа то моҳи сентябри соли равон барои баррасӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод шуда, интизор меравад, аз 1 январи соли 2021 мавриди иҷро қарор бигирад.

Интизориҳо аз Кодекси нави андоз хеле зиёданд. Пеш аз ҳама содагардонии маъмуриятикунонии андоз, коҳиши сарбории андоз ба соҳибкорон, афзоиши ҷамъоварии андоз аз ҳисоби беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ, ҳамкорӣ миёни ҳар ду ҷониб ва бурунрафти тадриҷии тиҷорат аз иқтисоди соягиро таваққуъ доранд.

Албатта, дастёбӣ ба натиҷаи дилхоҳ дар шароити буҳронии фарогир осон нахоҳад буд. Бо ин ҳол, натиҷаҳои мусбат ва таъсири ислоҳот афзоиши тавонмандии бахшҳои хусусӣ, аз ҷумла, рушди дониши онҳо барои истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ҳангоми роҳандозии хидматрасонии эъломияҳои электронӣ ва пардохти онлайнии андозҳоро талаб мекунад. Бахусус аутсорсинг баҳисобгирии андоз ба монанди кишварҳои пешрафта, ки ба тиҷорат имкон медиҳад, то бо рушди худ ва тавсеаву азхудкунии имкониятҳои нав машғул шавад.

Дар ин робита ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ дар нақшаи баланд бардоштани огаҳии саривақтӣ дар бораи ислоҳоти ҷорӣ, омодагӣ ба истифодаи хидматрасониҳои замонавӣ ҳангоми пардохти онлайнии андоз, эъломияи электронӣ, баланд бардоштани дониши ҳуқуқиву иҷрои саривақтии уҳдадориҳои андозӣ талаб мешавад.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.


[1]   «Легкость ведения бизнеса в Таджикистане», сайт Всемирного банка, https://www.doingbusiness.org/en/data/exploreeconomies/tajikistan#DB_tax

[2]   Макконнелл К. Р., Брю С.Л. Экономикс: принципы, проблемы и политика. — М.: Республика, 1992. — Т. 1. — С. 358. — 399 с. — ISBN 5-250-01534-4.

[3]   Shadow Economies Around the World: What did we learn over the last 20 years?, IMF WP/18/17, January 2018, 76p.

[4]   Согласно данным «Единого окна» Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан по состоянию на 0101.2020.

[5] Обзор инвестиционных стимулов в Республике Таджикистан. Международная финансовая корпорация (МФК) для Государственного Комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан. Душанбе. 2018 год. 30 с. 

[6] Всемирный банк. 2017. Доклад о глобальной конкурентоспособности инвестиций 2017-2018 гг.: Перспективы иностранных инвесторов и политические последствия (на английском языке). Вашингтон, О.К..: Группа Всемирного банка. 

[7]  «Артур Лаффер: налоговые льготы отдельным предприятиям неэффективны», «Sputnik Узбекистан»

[8] https://uz.sputniknews.ru/economy/20190617/11785274/Artur-Laffer-nalogovye-lgoty-otdelnym-predpriyatiyam-neeffektivny.html

[9]   «Все электронные сервисы», сайт Налогового комитета при правительстве Таджикистана, https://andoz.tj/Services?culture=ru-RU

[10] «Легкость ведения бизнеса в Таджикистане», сайт Всемирного банка, https://www.doingbusiness.org/en/data/exploreeconomies/tajikistan#DB_tax

[11] Пункт 6.2 и 6.3. План мероприятий Правительства Республики Таджикистан по повышению позиций страны в отчете “Ведение бизнеса” на 2019-2022 годы, №223 от 2 мая 2019 года

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: