© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Хатлон: Вазъи ҳузнангези мактабҳои миёна (гузориши аксӣ)

Як қатор мактабҳои таҳсилоти миёнаи вилояти Хатлони Тоҷикистон дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Аммо ба хавфу хатар нигоҳ накарда, ҳамарӯза хонандаҳо ва кормандони муассисаҳои таълимӣ дохили чунин биноҳо мешаванд.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Саида Шерова, хонандаи синфи 9-уми мактаби №58-и ноҳияи Вахш орзу дорад, ки дар мактаби наву муоссир таҳсил кунад. Гузоришҳо дар мавриди ифтитоҳи чунин мактабҳоро ӯ дар оинаи нилгун тамошо кардааст. 

Ин орзуи Саидаро на танҳо хонандаҳои дигар, балки волидони онҳо низ доранд.

Бинои мактаби №58 фарши чӯбин надорад. Акс аз CABAR.asia
Бинои мактаби №58 фарши чӯбин надорад. Акс аз CABAR.asia

Мактаби №58-и рустои Машъали ноҳияи Вахш, ки Саида онҷо таҳсил мекунад, соли 2009 тавассути ҳашар аз ҷониби сокинони деҳа бунёд шудааст. Бино оддитарин чизҳои лозим барои як мактаб, масалан фарши чӯбинро надорад.  

Зимистон мактабро тавассути печҳои қадимӣ бо ҳезум гарм мекунанд.

Мактаби №58 бо печ гарм карда мешавад. Акс аз CABAR.asia
Мактаби №58 бо печ гарм карда мешавад. Акс аз CABAR.asia

Ба гуфтаи Гулнора Хоҷаева, мудири мактаби №58, ду сол қабл дар пайи нарасидани маблағ сохтмони ду синфхонаи иловагӣ мутавақиф шуд. Мақомот ваъда супурдаанд, ки соли 2021 бинои наверо барои мактаб пешниҳод мекунанд.

Намуди зоҳирии макатби № 58. Акс аз CABAR.asia
Намуди зоҳирии макатби № 58. Акс аз CABAR.asia

Дар ҷамоати “20-солагӣ”-и ноҳияи Вахш ду филиали мактаби №13 мавҷуд аст, ки ҳанӯз дар аҳди Шӯравӣ бунёд гардидаанд. Ҳоло ин ду бино дар ҳолати хеле бад қарор доранд. Ҳардуи ин муассисаҳои таълимӣ дорои се утоқӣ ҳастанд, ки онҷо кӯдакон то синфи 4 таҳсил мекунанд.

Филиали мактаби №13. Акс аз CABAR.asia
Филиали мактаби №13. Акс аз CABAR.asia
Филиали дигари мактаби №13. Акс аз CABAR.asia
Филиали дигари мактаби №13. Акс аз CABAR.asia

Баъди синфи 4, онҳо бояд барои идомаи таҳсил ба мактаби дигар бираванд, ки дар фосилаи 5 километр аз рустояшон қарор дорад.

Ба гуфтаи муаллимон, ҳамасола волидони хонандаҳо барои таъмири мактаб маблағ ҷамъ меоваранд, то ин биноро то ҳадди имкон навсозӣ кунанд. 

Нилуфар Раҷабова, хонандаи синфи 7-и филиали мактаби №13 соли сеюм аст, ки бо дучарха ба мактаб меравад. Рӯзҳои барфу борон маҷбур аст, ба дарсҳо наравад.

Нилуфар Раҷабова маҷбур аст бо дучарха ба мактаб биравад. Акс аз CABAR.asia
Нилуфар Раҷабова маҷбур аст бо дучарха ба мактаб биравад. Акс аз CABAR.asia

Раҷабова интихоби дигар ҳам надорад, зеро дар деҳаи ӯ – Иттифоқ мактаб нест.

Мамлакат Саимова, сокини рустои Иттифоқ аз ин ки наздиктарин мактаб дар масофаи 5 километр қарор дорад, маҷбур шуд се фарзанди худро ба хонаи модаршавҳараш бифиристад. 

“Ман чор фарзанди мактабхон дорам. Дар деҳа мактаб нест. Кӯдаконро дар хонаи хушдоманам гузоштам. Ин мушкил аст…ҳар рӯз фикр мекунам, ки фарзандони ман саломат бошанд ё не. Аз фикри зиёд дар ин бора асабҳоям хароб шудаанд. Як фарзанди дигарам бояд ба синфи як биравад, аммо мактаб надорем, аз ин рӯ дар хона мемонад. Чӣ бояд кунем, ба куҷо бояд шикоят барем?”,-мепурсад Мамлакат Саимова.

Мактаби№14-и ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ҳанӯз соли 1954 бунёд шудааст. Ба гуфтаи мудири ин мактаб Юлдош Тилолов бино ба ҳадде хароб аст, ки хонандаҳо ва муаллимон бо тарс вориди он мешаванд.

Бинои мактаби № 14-и ноҳияи Қубодиён. Акс аз CABAR.asia
Бинои мактаби № 14-и ноҳияи Қубодиён. Акс аз CABAR.asia

Соли сипаришуда волидони хонандаҳо барои таъмири мактаб беш аз 6000 сомонӣ (наздики 600 доллар) ҷамъ оварданд. Мақомот ҳам маблағ ҷудо мекунад, аммо ин ҳама басанда нест.

“Зимистон ҳангоми боронҳои сахт боми мактаб мечакад. Мо чандин маротиба барои сохтани бинои нави мактаб ба мақомот муроҷиат кардем, аммо солҳост, ки вазъ тағйир намекунад”,-гуфт дар суҳбат ба CABAR.asia мудири мактаб.  

Бинои мактаби № 14-и ноҳияи Қубодиён. Акс аз CABAR.asia
Бинои мактаби № 14-и ноҳияи Қубодиён. Акс аз CABAR.asia

Танҳо биноҳое ки дар аҳди Шӯравӣ бунёд шудаанд ба таъмир ниёз надоранд. Муассисаҳои таълимие ҳам ки солҳои ахир сохта шудаанд, таъмирталабанд.

Ба иттилои раёсати маорифи вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон 1342 мактаб мавҷуд аст. Танҳо дар 312-тои он низоми гармидиҳӣ насб гардидааст. Аммо дар 157 мактаб низоми гармидиҳӣ аллакай аз кор мондааст.

Дар мактаби №12-и ноҳияи Кушониён низоми гармидиҳӣ аз кор мондааст. Акс аз CABAR.asia
Дар мактаби №12-и ноҳияи Кушониён низоми гармидиҳӣ аз кор мондааст. Акс аз CABAR.asia

Ҷуъмахон Идизода, сармутахассиси шӯъбаи вилоятии хидмати давлатии назди Раёсати маорифи вилояти Хатлон мегӯяд, давоми се соли ахир дар вилоят корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла корҳои таъмирӣ дар 299 мактаб гузаронда шуд.

Шифти филиали мактаби №13-и ноҳияи Вахш. Акс аз CABAR.asia
Шифти филиали мактаби №13-и ноҳияи Вахш. Акс аз CABAR.asia

То моҳи сентябри соли 2019 дар 39 иншоот корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ анҷом шудаанд. Дар 47 мактаби дигар корҳои сохтмонӣ идома дорад. Аммо дар 213 муассиса дар пайи набудани маблағ корҳои сохтмонӣ қатъ шудаанд.   

Ба гуфтаи Идизода дар вилоят 21 мактаб дар “вагонча”, хонаҳои шахсӣ ва ҷойҳои истифодаи умум, асосан дар масҷидҳои собиқ ҷойгиранд. Аллакай дар мавриди кӯч додани 10 чунин мактаб, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, тасмим гирифта шудааст.

Идизода мутмаин аст, ки мушкили мактабҳои садамавӣ ва шароити бади таҳсил дар солҳои наздик бартараф мегардад.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: