© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: супоридани тести коронавирус мушкил аст

Сокинони кишвар барои пайдо кардани имкони супоридани тести коронавирус маҷбур ҳастанд, ки як қатор монеаҳоро пушти сар кунанд.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Анораи 23-сола аз Душанбе мегӯяд, тасфи ӯ давоми ду рӯз аз 38 дараҷа баланд буда, тамоми талошҳояш барои поин овардани он бенатиҷа буданд. Ба ин ҳарорати баланди бадан нафастангӣ ва дард дар устухонҳо низ илова шудааст. Вай пеш аз онки табобатеро оғоз кунад, тасмим гирифтааст, аз санҷиши тестии коронавирус ё худ COVID-19 гузарад.

“Аз ҳама ғамангез ин буд, ки тасфи ман поин намерафт ва ҳангоми мубтало будан ба коронавирус инсон зуд хаста ҳам мешавад. Бар иловаи ин ҳама, вақте ба телефони боварии ниҳодҳои дахлдор занг зада мепурсӣ, ки дар куҷо бояд тести коронавирусро супорӣ, онҳо намедонанд туро ба куҷо фиристанд”, – гуфт Анора.

Барои супоридани тестҳо одамон бояд душвориҳои гуногунро паси сар кунанд. Акс аз CABAR.asia
Барои супоридани тестҳо одамон бояд душвориҳои гуногунро паси сар кунанд. Акс аз CABAR.asia

Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо саргузашти даҳҳо нафаре метавон ошно шуд, ки ба монанди Анора мехоҳанд, тести коронавирусро супоранд, вале барои ин кор онҳо маҷбуранд мушкилиҳои гуногунеро пушти сар кунанд. Шумори ками нафароне пайдо мешаванд, ки нерӯи рафтан ба бемористонҳои гуногунро доранд. Зеро ҳама гуна фаъолият мубталоёни коронавирусро зуд хаста ва беҳол мекунанд.

Ба гуфтаи Анора, рақамҳои боварии 511 ва 311 кор намекунанд. Анора тавонистааст танҳо бо Идораи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳри Душанбе тамос бигирад. Дар онҷо ба ӯ тавсия додаанд, ки барои супоридани тести коронавирус ба бемористони низомӣ муроҷиат кунад. Дар бемористони низомӣ ӯро қабул карда, гуфтаанд, ки онҳо танҳо беморонро мепазиранд ва вай бояд ба бемористони шаҳрии “Истиқлол” муроҷиат кунанд.

“Ба Идораи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳр занг зада, гуфтам, ки дар бемористони низомӣ тест намегиранд, вале нафаре аз он тараф посух дод, ки ӯ як навбатдор аст ва чизеро дар ин бора намедонад”, – изҳор дошт Анора.

Дар бемористони “Истиқлол” низ гуфтанд, ки фақат аз беморон тест мегиранд. Танҳо дӯсти Анора, ки тест супоридааст, ба ӯ гуфта, ки барои гузаштан аз санҷиши коронавирус бояд ба Хадамоти санитарӣ – эпидемиологӣ (ХСЭ)-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рафт.

Вале азбаски он рӯз рӯзи якшанбе буд, ХСЭ низ кор намекард. Анора танҳо баъд аз пайдо кардани рақами сардухтури ХСЭ, ки ваъда дод дар нимаи дувуми рӯз аз ӯ тест хоҳанд гирифт, ба хона баргашт ва дертар рафта, ҳамроҳи шаш нафари дигар тест супорид.

“Дар ХСЭ хуб хидмат мерасонанд, касеро намеронанд. Ҳама корро зуд анҷом медиҳанд”, – афзуд Анора.

Ба огаҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, дар кишвар танҳо як озмоишгоҳе фаъолият мекунад, ки тавони таҳлили санҷишҳои коронавирусро дорад. Тамоми бемористонҳои ҷумҳурӣ озмоишҳои худро ба ХЭС-и шаҳрӣ мефиристанд. Ҳадди аксари шумори тестҳое, ки рӯзона дар ин озмоишгоҳ метавонанд бигиранд, 230-250-ро ададро ташкил медиҳад.

Дар Тоҷикистон танҳо як озмоишгоҳ санҷишҳои COVID-19 -ро таҳлил карда метавонад. Акс аз dw.com
Дар Тоҷикистон танҳо як озмоишгоҳ санҷишҳои COVID-19 -ро таҳлил карда метавонад. Акс аз dw.com

Ба гуфтаи вирусшиносе, ки ба шарти ифшо нашудани номаш бо хабарнигори CABAR.asia суҳбат кард, 250 тест дар як рӯз ин шумори хеле ночиз аст.

Барои гирифтани тест аз 100 ҳазор нафар, ки ҳудуди 1 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳад, 400 рӯз, яъне беш аз 1 сол лозим мешавад.

Ба гуфтаи вирусшинос, гирифтани тест ягона роҳи ташхиси коронавируси навъи нав аст. Тасвирҳои томографияи компютерӣ ё рентген роҳи хуби муайян кардани гирифтории шахс ба пневмания ё иллатҳои дигари шуш аст. Вале онҳо мубталошавӣ ба коронавирусро саддарсад тасдиқ карда наметавонанд.

“Афзоиши шумори тестҳову озмоишгоҳҳои мобилӣ ва таъйину ба карантин гирифтани шахсони тамосдошта бо беморон зарур аст.  Ҳамчунин риояи фосилаи иҷтимоӣ бояд ҳатмӣ карда шавад. Дар сурати ғайр мо ҷони шумори зиёди одамонро зери хатар хоҳем гузошт”, – афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарони Бонки ҷаҳон дар гузориши худ бо номи “Дар бораи вокуниши изтирорӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон” то 21 ҳазор ҳолати фавт ва то 230 500 ҳолати мубталошавӣ ба вирусро дар кишвар пешбинӣ кардаанд.

Ба иттилои таҳлилгарон, агар мубталоёни коронавирус дар шароити хона гушанишин, карантини хонагии ихтиёрӣ ташкил ва фосилаи иҷтимоӣ, бахусус барои шахсони аз 70-сола боло риоя карда шавад, имкони коҳиши ҳолатҳои вазнин ва маргу мир то 49 дарсад вуҷуд дорад.

Муаллифони гузориш мегӯянд, ин чораҳо метавонанд ҳолатҳои фавт аз коронавирусро дар Тоҷикистон аз 3200 то ба 10 300 коҳиш диҳанд.

Бонки Ҷаҳонӣ бовар дорад, ки Тоҷикистон бо андешидани чораҳои зарурӣ метавонад ҳазорон нафарро наҷот диҳад. Скриншот аз worldbank.org
Бонки Ҷаҳонӣ бовар дорад, ки Тоҷикистон бо андешидани чораҳои зарурӣ метавонад ҳазорон нафарро наҷот диҳад. Скриншот аз worldbank.org

Ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар доираи як сафари дуҳафтаина вориди Тоҷикистон шуд. Раҳбари гуруҳи маъмурияти техникии СҶТ оид ба коронавирус дар Тоҷикистон Патрик О’Коннор гуфт, беҳтар буд агар ҳамаи шаҳрвандонро аз санҷиши тестии коронавирус мегузарониданд ва мубталоёни ошкоршударо ба карантин мегирифтанд.

“Мо талош дорем, бо назардошти маҳдудиятҳои мавҷуда тавонмандиҳоро оқилона истифода бурда, онҳоеро аз санҷиш гузаронем, ки дар минтақаҳои хатарнок ҳузур доштанд. Мо аз онҳое тест мегирем, ки беморанд ё нишонаҳои коронавирусро доранд”, – изҳор дошт намояндаи СҶТ.

Ба гуфтаи ӯ, СҶТ ба ҷониби Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки санҷиши шаҳрвандон аз коронавирусро на танҳо дар Душанбе, балки дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо роҳи ҷалби озмоишгоҳҳои мобилӣ афзоиш диҳад.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Саида Умарзода, ҳоло дар кишвар 44 ҳазор дона тесте мавҷуд аст, ки аз Русия, Чин ва Олмон дарёфт шудааст.

Ба иттилои вазорат, аз моҳи феврал то ба ҳол аз наздики 8 ҳазор нафар тест гирифта шудааст. Ба гуфтаи Умарзода, Хадамоти федеролии назорат дар бахши ҳуқуқи истеъмолгарон ва некуаҳволии шаҳрвандони Русия барои тезонидани раванди санҷиши сокинон аз коронавирус ба Тоҷикистон озмоишгоҳҳои мобилӣ дод ва ҳоло онҳо дар вилояти Хатлон фаъолият доранд.

“Агар тавонмандӣ тақвият ва сатҳи дониши кормандони озмоишгоҳҳои мо баланд шавад, метавонем ташхисҳои озмоишгоҳиро афзоиш диҳем. Мо ҳамчунин масъалаи ҷалби озмоишгоҳҳои хусусиро барои санҷиши коронавирус баррасӣ дорем”, – изҳор дошт Саида Умарзода.

Саида Умарзода. Акс аз asiaplustj.info
Саида Умарзода. Акс аз asiaplustj.info

Аз тест супоридани Анора аллакай якуним ҳафта гузашт, вале то ҳол ба ӯ занг зада, натиҷаро нагуфтаанд. Ӯ томографияи компютерӣ кард ва бар асоси натиҷаи он, Анора ба илтиҳоби шуш гирифтор шуда, дар шушҳояш тағйирот дида мешавад ва тавре пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ин тағйиротҳо дар пайи мубталошавӣ ба коронавирус ба миён хоҳанд омад. Табибон бар асоси натиҷаи озмоиш, ба ӯ аллакай дору навиштаанд.

“Хуб шуд, ки ман зуд худро дар ҳуҷраи алоҳида ҷой карда, ба наздиконам иҷозат надодам, ки наздик шаванд. Агар лозим шавад, онҳо бо ниқобу дастпӯш ба ҳуҷраи ман ворид мешаванд. Агар натиҷаи тестро мунтазир мемондам, одамони зиёдеро мубтало мекардам”, – мегӯяд ӯ.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: