© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Омадани Толибон ба ҳукумат дар минтақа чӣ паёмад дорад?

Чаро Русия пешниҳод кард, ки Толибонро аз руйхати гуруҳҳои ифротгароён хориҷ намоянд? Ворид шудани Толибон ба ҳукумати Афғонистон чӣ паёмадҳо дорад?

Исмоил Раҳматов, коршиноси умури минтақавӣ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, хатари Толибонро ба Тоҷикистону Чин баробар мешуморад.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


CABAR.asia: Амрико ва Русия ду кишвари абарқудрати олам талош доранд, ки Толибонро ба арсаи сиёсӣ оварда, дар идораи ҳокимият дар Афғонистон шарик бисозанд. Бад-ин манзур чандин навбат музокирот ҳам дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла дар Русия, бо ширкати Толибон, намояндагони ҳукумати Афғонистон ва аҳзобу шахсиятҳои муътабари ин кишвар баргузор шуд. Чаро Русия ва Амрико ба чунин иқдом даст заданд?

Исмоил Рахматов. Акс аз wikipedia.org.
Исмоил Рахматов. Акс аз wikipedia.org.

Бале, Амрико ва Русия, ду кишвари абарқудрат талош доранд, ки дар Афғонистон сулҳу суботро барқарор ва таъмин намоянд. Зеро Афғонистон аз лиҳози ҷуғрофӣ аҳамияти бузурги геополитикӣ дорад ва таърихан таваҷҷӯҳи кишварҳои бузурги оламро ба худ ҷалб карда омадааст.

Дар қарнҳои пешина Британияи Кабир дар Афғонистон се маротиба шикаст хӯрд. Иттиҳоди Шӯравӣ, яке аз абарқудратҳои бузурги олам дар инҷо беш аз даҳ сол ҷангид, вале оқибат ночор шуд, ки неруҳои худро берун кашад.

Дар шароити феълӣ низ наздик ба 50 кишвари олам, кишварҳои узви НАТО ва берун аз он дар инҷо неруҳои низомӣ доранд. Аз ин лиҳоз ҳамин ҳоло ҳам ду кишвари бузурги дунё Амрико ва Русия талош доранд, ки мавқеъ ва нуфузи геополитикии худро низ Чин, ки ба Афғонистон сарҳадоти муштарак дорад, дар Афғонистон ҳифз ва мустаҳкам намоянд.

Яке аз сабабҳои таваҷҷӯҳи ин кишварҳо ба Афғонистон ҳамин масъалаи ҳифзи ҳузур аст. Афғонистон мавқеи хеле муҳим ва бузурги геополитикӣ дорад ва касе, ки дар Афғонистон мустаҳкам ва мустақар шавад, албатта, таъсир ва нуфузи вай дар кишварҳои атроф, аз ҷумла Осиёи марказӣ, Эрон, Покистон ва ҳатто Ҳиндустон зиёд мешавад.   

Толибон дар фаъолияти худ то ҳоло кадом кори шоистаеро ба анҷом нарасонидаанд.

Яке аз шахсиятҳои бузурги Шарқ Аллома Иқболи Лоҳурӣ Афғонистонро қалби Осиё номида буд. Ӯ пеш аз ҳама ин нуктаро дар назар дошт, ки Афғонистон, ки дар қалби Осиё ҷой гирифта аст, ҳамеша таваҷҷӯҳи кишварҳои бузургро ба худ ҷалб менамояд.

Аз ин ҷост ки Амрико ва Русия пешоҳанги таъмини амният ва сулҳ дар Афғонистон шудаанд. То ҳамин ҳоло бо ширкати намояндагони Толибон чанд навбати музокирот дар кишварҳои гуногун аз ҷумла дар Маскав ҳам доир шуд. Вале ҳар кадоме аз ин ду кишвари бузург бо аҳдофи муайян бо Толибон равобит устувор карда мехоҳанд онҳоро дар ҳаёти сиёсӣ дар Афғонистон саҳмдор созанд.

Амрико бо ҳазинаи миллиардҳо долларӣ натавонист, ки Толибонро аз байн бибарад ва идомаи ҷанг бо ин гурӯҳ масрафоти зиёдеро тақозо мекунад. Барои Русия ҳамкорӣ бо Толибон ба ҳадафи ҷилавгирӣ аз вуруди ДОИШ ба қаламрави таҳти нуфузи ӯ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Русия пешниҳод дорад, ки Толибон аз феҳристи созмонҳои ифротгаро ва тундраву террористӣ бароварда шавад. Магар Толибон то имрӯз дар фаъолиятҳои худ кадом корҳои шоистаеро ба анҷом расонидаанд, ки онҳо аз руйхати террористон бароварда хоҳанд шуд?

Музокирот бо Толибон дар Маскав: Акс аз Reuters
Музокирот бо Толибон дар Маскав: Акс аз Reuters

Толибон дар фаъолияти худ то ҳоло кадом кори шоистаеро ба анҷом нарасонидаанд. Ин барои ҳамагон маълум аст, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба раҳбарии Амрико маҷбур аст, ки иқдоми сулҳро пеш гирад. Чаро Русия ҳамчунин пешниҳодро матраҳ кардааст? Русия барои ҷилавгирӣ аз хатари ДОИШ дар Афғонистон ва пеш аз ҳама кишварҳои Осиёи марказӣ ин иқдомро пеш гирифт.

Ба забони русӣ мақоле ҳаст: “Из двух зол выбирай меньшее”.

Аз байни Толибон ва Давлати исломии Ироқу Шом дуюмӣ хатари бештар дорад.
Барномаи фаъолияти онҳо барои тамоми кишварҳои минтақа хатар дорад. Роҳбарияти Русия талош дорад ҳамин таҳдидро маҳор кунад. Азбаски мухолифати байни Толибон ва ДОИШ зиёд аст Русия бо истифода аз фурсат ҳамчунин сиёсатро ба роҳ андохтааст.

Ҳузури Толибон дар ҳокимияти Афғонистон ва таъсири он ба кишварҳои минтақа дар ояндаро чи гуна арзёбӣ  хоҳед кард? Онҳо барои неруҳои исломии кишварҳои Осиёи Миёна, аз қабили Ҳаракати Исломии Узбекистон, Ҳаракати Исломии Туркистон, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки дар ин авохир мамнуъ шудааст, шароити кору фаъолият фароҳам нахоҳанд кард?

Бояд як нуқтаро фаромӯш насозем, ки ҳаракати Толибон ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд: толибҳои миёнарав, толибҳои мӯътадил, ва толибҳои тундраву ҷангҷӯ. 17 нафар аз толибони мӯътадил дар музокироти ахир дар Доҳа иштирок намуданд, аммо аз толибҳои ҷангҷӯ ва тундрав дар онҷо иштирок накарданд.

Ман ба як чиз шубҳа дорам. Ба ин ки Толибҳо ба таври мутлақ ва сад дар сад дар Афғонистон ҳокимиятро ба даст бигиранд. Албатта, дар ҳукумат иштирок карданашон мумкин аст. Ҳоло номаълум аст, ки бигӯем онҳо дар чи симмат ва то чи ҳад саҳм дошта метавонанд.

Лекин як чизро бояд гуфт, ки намояндагони созмонҳои мавриди зикр Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ ва бархе дигар аз гурӯҳҳои мусаллаҳи мазҳабӣ дар Афғонистони шимолӣ фаъолият мекунанд. Ҳамаи онҳо бо Толибҳо ҳамфикру ақида нестанд.

Байни иддае аз ин гуруҳҳо бо Толибон задухӯрдҳо ҳам ба амал омадааст. Фикр мекунам дар оянда яке аз шартҳои муҳими сулҳе, ки байни Амрико ва Толибон дар Доҳа сурат гирифт, ҳамин масъала буд. Яъне ҳамкории байни Толибон, ки агар мабодо ба сари ҳокимият омаданд, бо гурӯҳҳои ифротӣ манъ ва хотима дода шавад. Ва агар онҳо аз иҷрои ин амр риоят накунанд, пас онҳо сулҳро таҳти суол қарор додаанд.

Дар ҳар сурат Толибон ба ҳукумат хоҳанд омад. Омадани онҳо дигар созмонҳои тундрави мазҳабиро таҳрик намедиҳад ва ё манбаи илҳом ва намуна барои пайравӣ намешавад?

Ҳайати Толибон дар Маскав. Акс аз сомонаи ТАСС.
Ҳайати Толибон дар Маскав. Акс аз сомонаи ТАСС

Албатта, то андозае ин андеша ва тахмину гумонҳо дуруст аст. На танҳо ба афкори созмонҳои тундрав барои мардуми кишварҳои минтақа ҳам таъсир расониданашон мумкин аст. Лекин ман боз такрор мекунам, ки мо ҳоло гуфта наметавонем, ки Толибон сад дар сад ба сари қудрат меоянд ва дар Афғонистон худи мардум ақидаҳои онҳоро пурра қабул доранд ва онҳо дар сари қудрат мемонанд. Такрор ҳам шавад агар дахолат ва ҳамкории онҳо бо чунин неруҳо сурат гирад, ман фикр намекунам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин масъала ором шинад ва даст ба иқдом назанад, ё ки бетарафӣ зоҳир намояд.

Тоҷикистон бо Афғонистон  марзи муштараки  тулонӣ дорад. Беш аз 1400 км. Бо омадани Толибон марзҳои ин кишвар ва амнияти онҳо таъмин хоҳад буд ё хайр?

Ман фикр мекунам, ки амнияти Тоҷикистон то андозае хеле таъмин аст. Тоҷикистон узви фаъоли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аст. Дар ин созмон Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомил мебошанд. Русия дар масъалаи таҳкими неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хеле саҳм гузоштааст ва Амрико ҳам то ҳадде дар ин замина ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Як нуктаро бояд таъкид кард, ки феълан масъалаи таъмини амнияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон бештар аз Чин вобаста аст. Мо аз расонаҳо бохабарем, ки Чин дар қаламрави Бадахшони Тоҷикистон як пойгоҳи низомӣ бунёд кардааст. Дар таҳкими сарҳадоти Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон саҳми Чин бештар шудан дорад. Ғайр аз Чин, Русия ва кишварҳои узви СААД(ОДКБ) ҳисса мегузоранд. То ҳоло мо аз тарафи Толибон ва баъзе аз ифротиёне, ки дар шимоли Афғонистон зиндагӣ мекунанд хатаре надидаем.

Агар Толибон сарҳадоти Тоҷикистонро хароб кунанд, хатари онҳо ба Тоҷикистон ва Чин баробар таъсир хоҳад дошт. Ин хатар аз Русия дида ба Чин зиёдтар таҳдид мекунад. Теъдоди муайяни аъзои Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ дар ҷангҳои дохилӣ дар Афғонистон ширкат мекунанд. Толибон ҳатто метавонанд ба воситаи ин созмон вазъи сиёсии  минтақаи ғарбии Чинро тахриб намоянд. Аз ин сабаб ҳукумати Чин ин масъаларо дарк мекунад ва барои таҳкими сарҳадоти Тоҷикистон ҳатман саҳм мегузоранд.

Бархе бар ин боваранд, ки бо шарики қудрат кардани Толибон ҷанг дар Афғонистон хотима пайдо карда, амният дар ин кишвар ва минтақа низ таъмин карда мешавад. Шумо дар ин маврид чи назар доред?

Ман боз ҳам мегӯям, ки амри маҳол аст, ки Афғонистон пурра ба дасти Толибон бигзарад. Айни замон дар Афғонистон неруҳои мусаллаҳи мухталиф хеле зиёданд. Аз тарафи дигар Амрико ва ҳампаймонҳояш омода ва розӣ нестанд, ки низомиҳои худро аз Афғонистон берун кашанд. Дар музокироти Доҳа сару садоҳое аст, ки ин раванд дуввуним сол тӯл кашад. Талаби Толибон ин аст ки раванди хуруҷ давоми 9 то 10 моҳ бояд хатм шавад. Ҳамин ихтилофи назар гувоҳи он аст, ки ин масъала ба зудӣ ҳал намешавад.

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистонро бо ҳузури расмии Толибон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

То ҳоло ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон бо Толибон ба мушоҳида нарасидааст. Дар замони ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ ҳукумати Тоҷикистон бо неруҳои шимоли Афғонистон ҳамкории зич ва хуб дошт. Толибон вақте ҳукумат доштанд, бо ягон кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ робитаи хуб надоштанд, ба ғайр аз Туркманистон. Ҳукумати он вақтаи Туркманистон бо роҳбарии Сафармурод Ниёзов як сиёсати номаълум пеш мебурд ва онҳо аз он истифода бурда, кам-кам дар масъалаи таҳкими сарҳадоти Туркманистон ва Афғонистон баъзе иқдомҳоро амалӣ намуданд. Роҳбарони Толибон дар истироҳатгоҳҳои Туркманистон истироҳат мекарданд. Аммо бо Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ Толибон ягон хел муносибат надоштанд. Ҳоло барвақт аст дар ин бора чизе гуфтан. Чун онҳо бо чи шакле ва бо чи саҳме дар ҳукумат шомил мешаванд ва чи гуна сиёсатро дар робита ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш мегиранд, барои мо маълум нест. Сиёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбати Толибон дар доираи сиёсати СААД сурат мегирад. Аз ҳамин сабаб, ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо аз чаҳорчӯбаи СААД фаротар қадам намегузоранд ва як сиёсати муштаракро пеш мегиранд.

Ҳукумати феълии Кобул барои истирдод ба Тоҷикистон гумонбарони узвҳои гуруҳҳои эктремистӣ ва террористӣ зуд розӣ мешавад. Омадани намояндагони Толибон ба ҳукумат ба ин раванд чӣ гуна таъсир хоҳад расонд? Бояд зикр кард, ки аксаран ин гуруҳҳо аз нигоҳи идеологӣ ба толибон хеле наздиканд.

Фикр намекунам, ки дар ин маврид кадом чизе иваз бишавад, чун ин масоил бармегардад ба ҳамкориҳои дуҷонибаи байни давлатҳо. Ин ба омадани намояндаи Толибон дар ҳукумат рабт нахоҳад дошт. Инҷо қавонини ҷорӣ дар ду кишвар, созишномаҳо ва мавозини байналмилалӣ ва уҳдадориҳои байналмилалӣ ба кор меравад. Албатта, ҳар давлат манофеи сиёсии худро дорад ва дар ҳамин доира ин масоил ҳаллу фал мешавад. Табодул ва интиқолу истирдоди муҷримин ҳам дар ҳамин росто идома пайдо мекунад.

Чӣ гуна омадани Толибон дар ҳукумат ба ояндаи тиҷорати назди марзӣ таъсир мерасонад?

Ман фикр мекунам тиҷорати назди марзӣ, ки ҳоло умдатан дар вилоёти Бадахшони ин ду кишвар ва дар навоҳии ҷануби кишвар идома дорад камтар ба сиёсати ҳукумати марказӣ вобаста аст. Чунки  ҳукуматҳои маҳаллӣ талош мекунанд, ки ҳамчунин тиҷорат ва доду гирифт бошад ва ривоҷ ёбад. Мо шоҳид будем, ки вақте миёни неруҳои ҳукуматӣ ва Толибон дар Бадахшон даргириҳо сурат мегирифт, бозори Хоруғ бо иштироки афғонҳо ҳамеша фаъол буд. Аммо агар дар ҳукумати марказӣ дигаргунии ҷиддӣ ва куллӣ ба амал биояд, он вақт дар тазъиф ва ё баракс тақвияти тиҷорати марзӣ метавонад таъсир бигзорад ва тағйироте сурат бигирад. Лекин ба таври умум он қадар таъсир расонида наметавонад.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: