© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Афғонистон дар аҳди “Толибон” ба сулҳ ва амният расид?

Коршиносони CABAR.asia бар ин назаранд, ки “толибон”-и кунунӣ дар Кобул аз “толибон”-и қаблӣ танҳо бо лаҳни гуфтор ва миқёси чораҳои саркӯбкунанда фарқ мекунанд. Аммо террор ва таҳдиду ҳаросафканӣ ҳанӯз яке аз усулҳои асосии сиёсати онҳо боқӣ мондааст.


* Ҳаракати исломии “Толибон” дар бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ мамнӯъ мебошад

“Толибон” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) бар хилофи изҳоротҳояш дар бораи ба роҳ андохтани сиёсати сулҳхоҳона бо ҳамсояҳо, аллакай бо марзбонони Эрон ва Туркманистон вориди даргирии мусаллаҳона шудааст. Рӯзҳои ахир аз Кобул таҳдидҳо унвонии Тоҷикистону Узбекистон ҳам садо медиҳанд.

“Толибон” кистанд?

Ҳаракати “Толибон” соли 1994 аз ҷониби афғонҳое, ки дар ҷараёни ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон (солҳои 1979-1989) аз кишвар фирор кардаанд, дар Покистон таъсис шудааст. Ҳадафи “Толибон” дар Афғонистон ташкил кардани аморати исломист, ки бар асоси қонунҳои шариат амал намояд. Аз соли 1996 то 2001 “Толибон” дар Афғонистон ҳукумат карда буданд.

Соли 2003 Шӯрои амнияти СММ “Толибон”-ро созмони террористӣ эълон кард.

Бо вуҷуди ин тасмими Шӯрои амнияти СММ, се кишвар – Покистон, Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб ҳукумати нахустини “Толибон”-ро ба расмият шинохт.

Пас аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001, рӯзи 7 октябр ИМА амалиёти низомиро алайҳи режими “Толибон” оғоз кард. Аллакай дар охири ҳамон сол “Толибон” аз шаҳрҳои бузург фирор карда, ба ҷанги партизанӣ шурӯъ карданд.

Ҳукумати нави Кобул дар якҷоягӣ бо муттаҳидонаш аз “НАТО” натавонист “Толибон”-ро комилан шикаст бидиҳад. Бо роҳи гуфтушунид ҳал кардани низоъ ҳам натиҷаи мусбат надошт.

14 апрели соли 2021 раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден аз оғози хуруҷи пурраи нерӯҳои амрикоӣ аз хоки Афғонистон хабар дод. Ӯ эълон кард, ки ин раванд аз 1 майи соли 2021 шурӯъ мешавад. Маъмурияти президент Ашраф Ғанӣ, ки бидуни дастгирии хориҷӣ монд, натавонист дар муқобили “Толибон” истодагарӣ кунад. 15 август “Толибон” Кобулро ишғол намуда, 7 сентябр аз таъсиси ҳукумати нав хабар доданд.

Ҳукумати “Толибон”-ро кӣ эътироф кардааст?

Ҳукумати нави “Толибон”-ро дар Афғонистон то ин замон ҳеч кишваре, аз ҷумла Покистон расман эътироф накардааст.

2 декабри соли 2021 кумитаи вижаи СММ қарор кард, ки курсии Афғонистон дар Маҷмаи умумии СММ ба ҳукумати нави Афғонистон дода нашавад.

Намояндагони ҳаракати “Толибон” ин тасмимро ноодилона хонданд.

Дар кадом кишварҳои Осиёи Марказӣ “Толибон”-ро созмони террористӣ эътироф кардаанд?

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҚазоқистонҚирғизистон ва Тоҷикистон “Толибон” созмони террористӣ эълом шудааст. Дар Узбекистон ин ҳаракат созмони террористӣ эътироф нагардида, фаъолияти он мамнӯъ эълон нашудааст. Моҳи июни соли 2021 вазири корҳои хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов изҳор дошт, шахсан ӯ “Толибон”-ро террорист намешуморад.

Туркманистон ҳам ҳеч гоҳ фаъолияти “Толибон”-ро мамнӯъ накардааст ва ҳатто президенти нахустини кишвар — Сафармурод Ниёзов ба ҷонибҳои даргири Афғонистон пешниҳод карда буд, ки мушкилро бо роҳи музокирот ҳал кунанд. 

Раҳбарияти Туркманистон аз тағйири қудрат дар Афғонистон нигаронӣ накард, баръакс пас аз се рӯзи ба Кобул ворид шудани “Толибон”, бо намояндагони он дар шаҳри Мазори Шариф мулоқот анҷом дод.

“Толибон” инчунин бо намояндагони расмии Қазоқистон ва Қирғизистон ҳам мулоқот кард. Намояндагони “Толибон” ҳатто бо сафари расмӣ ба Тошканд рафтанд.

Тоҷикистон ягона кишваре дар минтақа аст, ки аз иртибот бо “Толибон” худдорӣкарда, таъсиси ҳукумати фарогиреро тақозо дорад, ки аз намояндагони тамоми миллатҳои кишвар иборат бошад. Аммо дар баробари ин мақомоти Тоҷикистон паноҳандагони афғон, аз ҷумла кормандони маъмурияти ҳукумати пешинро ба “Толибон” таслим мекунанд. 

Кадом кишварҳо аз “Толибон” ҷонибдорӣ мекунанд?

Ҳукумати Покистон ошкоро аз “Толибон” пуштибонӣ мекунад. Нахуствазири Покистон Имрон Хон аз тасарруфи қудрат дар Кобул истиқбол кард ва онро “озодии Афғонистон” номид. Ӯ ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба “Толибон” даъват намуд.

Аммо 12 декабри соли 2021 намояндагони “Толибон” аз Покистон интиқод карда, изҳор доштанд, “низоми давлатӣ” дар он кишвар “исломӣ нест ва Ислом барои мақомоти расмии Покистон аҳамият надорад”.

Шарики дигари деринаи “Толибон” — Қатар ҳоло дар масъалаи интиқоли паноҳандагон аз Афғонистон ба ҳайси миёнарав баромад мекунад.

Ба шумори кишварҳое, ки аз “Толибон” пуштибонӣ мекунанд, Русия низ пайваст. Президент Владимир Путин охирҳои моҳи октябри соли 2021 изҳор дошт, Маскав барои аз феҳристи созмонҳои террористӣ берун кардани “Толибон” талош мекунад.

Ҳамчунин мақомоти Чин ва Узбекистон аз манофеи “Толибон” пуштибонӣ мекунанд. Ин ду кишвар аз Амрико хостаанд, таҳримҳо алайҳи Афғонистонро лағв карда, дороиҳои масдудшудаи  ин кишвар дар бонкҳои байналмилалиро озод намояд.

Оё муносибати “Толибон” нисбат ба занҳо тағйир кардааст?

Хукумати нав итминон дода буд, ки монеи таҳсил ва кор кардани занҳо, инчунин бидуни маҳрам аз хона берун шудани онҳо намешавад. Аммо баъдан гузоришҳое расиданд, ки “Толибон” дар иҷро кардани ваъдаҳои худ шитоб намекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ борҳо ба ин нукта таъкид кардааст.

Ҳоло дар Афғонистон бонувон иҷозаи варзиш ва иштирок дар чорабиниҳои варзиширо надоранд, барои кори онҳо дар мансабҳои давлатӣ низ монеъ мешаванд.

Муносибат бо мухолифон

“Толибон” баъди ба қудрат расидан ваъда доданд, ки ба хотири аз сар гирифтани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ афви мансабдорони ҳукумати пешинро эълон мекунанд. Аммо бино ба иттилои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, дар Афғонистон муҷозоти низомиёни ҳукумати пешин ҳамоно идома дорад.

“Толибон” ҳанӯз ба қатлҳои худсарона ва муҷозоти бидуни ҳукми додгоҳи ҳазораҳо ва тоҷикони Панҷшер машғуланд.

Илова бар ин, “Толибон” шаклҳои муҷозоти дастаҷамъиро истифода карда, ҳазораҳои шиъа ва афғонҳоеро, ки қаблан бо ҳукумати барканоршуда робита доштанд, аз хонаҳояшон берун мекашанд.

Баъди ба қудрат расидани “Толибон” Афғонистон ба як кишвари амнтар табдил ёфт?

Омадани “Толибон” мушкили амниятиро дар Афғонистон ҳал накард. Онҳо наметавонанд фаъолияти гуруҳҳои нисбатан ифротгаротари террористиро боздоранд. Бино ба маълумоти СММ, гуруҳи “Вилояти Хуросон” (“Давлати исломӣ-Хуросон”), ки филиали созмони террористии “Давлати исломӣ” (созмони фаъолияташ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ) дар Афғонистон мебошад, соли 2021– 334 ҳамлаи террористӣ анҷом додааст (дар соли 2020 –. 60-то буд) ва ҳоло пайравони он қариб дар ҳамаи 34 музофоти Афғонистон ҳузур доранд.

Инчунин, бар хилофи ваъдаҳои қаблӣ дар бораи зиндагии осоишта бо ҳамсояҳои худ, “Толибон” алакай бо марзбонони Эрон ва Туркманистон вориди даргирӣ шудаанд. Ахиран “Толибон” ба Тоҷикистон ва Узбекистон ҳам таҳдид карда, тақозои бозгардонии чархболу ҳавопаймоҳои аз сӯи халабонҳои ҳукумати пешин рабудашударо карданд.


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: