© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Ҳузури террористон дар шимоли Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ таъсире мерасонад?

Коршиноси афғон мегўяд, террористони «Толибон» аз дастгирии густурдаи аҳолии Афғонистон бархўрдор нестанд ва қонунигардонии террористон аз ҷониби бозингарони калон раванди ноил шудан ба сулҳ ва рушд дар Афғонитонро танҳо мушкилтар мекунад.


Скриншот аз конфронси CABAR.asia
Скриншот аз конфронси CABAR.asia

Платформаи таҳлилии CABAR.asia дар якҷоягӣ бо коршиносон аз Тоҷикистон, Ўзбекистон ва Афғонистон ҳодисаҳои ташвишовари ахири шимоли Афғонистон, оқибатҳои эҳтимолӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дар маҷмуъ раванди ҳалли низоъи дохили Афғонистонро  баррасӣ карданд.

Ҳамлаи гуруҳи террористии «Толибон» (дар ОМ мамнуъ шудааст) дар шимоли Афғонистон дар пасманзари хуруҷи контингенти амрикоӣ аз ин кишвар, ки бояд 11 сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расад, рух дода истодааст. Тибқи иттилои ВАО, аз 370 ноҳияи Афғонистон толибон аз 50 то 70-тои онро гирифтанд. Асосан, ин ноҳияҳои хоҷагилор дар шимол, наздики сарҳади Тоҷикистон ва Ўзбекистон мебошанд. Қувваҳои мудофиа ва амнияти ҳукуматӣ дар ин минтақаи Афғонистон бештар бе ҳеҷ муҳориба бо додани яроқҳо ва техникаҳои вазнини Ҳарбӣ таслим мешаванд. Қисмати зиёди ҳарбиёни афғон ба Тоҷикистон гурехтанд.

Платформаи таҳлилии CABAR.asia ёдрас мешавад, ки дар натиҷаи як қатор ҳамлаҳои террористӣ дар дохили Афғонистон, ки масъулияташро ҳаракати террористии «Толибон» (ташкилот дар ОМ мамнуъ мебошад) ба зимма гирифтааст, садҳо аҳолии осоишта кушта шудааст, аз ҷумла кўдакон низ, ҳазорҳо маҷруҳ маъб гардиданд.

Платформаи таҳлилии  CABAR.asia қайд мекунад, ки тибқи қарори Шўрои амниятии СММ дар соли 2003 «Толибон» ташкилоти террористӣ эълон гардида буд.

Паси Ҳамлаи толибон дар шимоли Афғонистон чӣ меистад?

Коршиносон ва таҳлилгарони дар мубоҳисаи CABAR.asia ширкатварзида, бар он назаранд, ки паси фаъолшавии толибон дар шимол кўшиши пурзўр намудани мавқеи худ то хуруҷи ниҳоии контингенти амрикоӣ ва пешгирии иштироки пешвоёни ғайрипаштун дар раванди тақсими қудрат дар шароити нав меистад.

Фахриддин Холбек. Скриншот аз конфронси CABAR.asia
Фахриддин Холбек. Скриншот аз конфронси CABAR.asia

Рўзноманигори тоҷик Фахриддини Холбек, ки чандин сол дар Кобул фаъолият кардааст, мегўяд, ки толибон бе ҳеҷ монеа улус ва деҳаҳоро ишғол мекунанд, аммо бо онҳо дар шаҳрҳои калон милисаҳои мардумӣ фаъолона муқобилият доранд.

Ба андешаи вай, руҳияи артиши афғон маънаван шикастааст, зеро Ҳукумати Афғонистон қувваҳои мудофиаи худро барои таъмини амният дар шимол ҳеҷ гуна дастгирӣ намекунад. Барои ҳамин онҳо бо камтарин ҳайати хурди толибон таслим мешаванд.

«Бидуни интизори хуруҷи ниҳоӣ  толибон шимолро ишғол мекунад, ки дар он 90%-и аҳолӣ ғайрипаштунҳо мебошнд. Толибон ҳамин тариқ,  мехоҳанд иштироки пешвоёни маҳалии тоҷикон, ўзбекҳо ва дигар қавмҳои муқими шимол дар Ҳукумати ояндаи кишвар, ки пас аз хуруҷи контингенти амрикоӣ аз Афғонистон тасис дода мешавад, пешгирӣ кунанд», – гуфт Холбек.

Ҳамячунин, ба ақидаи рўзноманигор, гуруҳи террористии «Толибон» (ташкилоти мамнуъ дар кишварҳои ОМ) дар давоми 20 охир ба таври ҷиддӣ дигаргун шудааст: Ҳоло онҳо бештар ба артиш ва пулиси доимӣ, ки ба шимол дидаву дониста интиқол дода шуданд, монанданд.

Фарҳод Толипов. Скриншот аз конфронси CABAR.asia
Фарҳод Толипов. Скриншот аз конфронси CABAR.asia

Таҳлилгар аз Ўзбекистон Фарҳод Толипов, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, коршиноси масоили байналмилал ва минтақа дар Осиёи Марказӣ, изҳор дошт, ки ҳаводис дар шимоли Афғонистон тафсирҳои мухталифро ба бор меорад ва коршиносон аз посух дида бештар саволҳо доранд.

«Тибқи созишномаҳо миёни ИМА ва толибон, талаби асосии толибон хуруҷи тамоми неруҳои эътилоф буд, ки ИМА Ҳоло анҷом медиҳад.  Чунин ба назар мерасад, ки Толибон бояд қаноатманд бошанд. Аммо ин як – Ҳамлаи ногаҳонии толибон дар шимоли кишвар аст.  Саволе пайдо мешавад. Ки барои чӣ? Агар душмани асосӣ равад, пас кӣ душмани онҳо мешавад? – баҳс мекунад коршинос. – Ҳамааш чунин ба назар мерасад, ки барои Толибон талаби хуруҷи неруҳои ИМА танҳо як пўшиш барои дигар вазифаҳои дурнамо буд. Ва онҳо тамоман нақша надоштан, ки силоҳ ба замин гузоранд ва ё ҷангро қатъ кунанд».

Коршинос илова кард, ки ИМА ва НАТО дар давоми солҳои зиёд хизматчиёни ҳарбии афғонро омўзониданд ва дар муҷаҳҳазгардонии артиши Афғонистон маблағҳои калон сарф карданд. Аз ин рў, ў сабабҳои шикасти Афғонистонро намефаҳмад.

«Даҳҳо миллиард доллар дар ин вазифа сарф шудааст: омодагии қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон, шумораи онҳо аз шумораи умумии Ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ якчанд маротиба зиёдтар аст.  Ин  300 ҳазор нафар мебошад. Ва ногаҳон вазъи баръаксро мебинем. Вақте неруҳои мусаллаҳи Афғонистон мавқеҳои худро иаслим карда, аз Толибон гурехтанд. Ҳамаи ин фикрҳоеро дар бораи баъзе гуна дасисаҳо, ки то ҳол барои мо нофаҳмоанд, нишон медиҳад. Зеро низомиёни хуб омода шуда наметавонанд танҳо ба як гурўҳи хурди ҷангиён таслим шаванд. Ин сафсата аст!», – шарҳ медиҳад Толипов.

Қосим Бекмуҳаммад. Скриншот аз конфронси CABAR.asia
Қосим Бекмуҳаммад. Скриншот аз конфронси CABAR.asia

Шарқшинос Қосим бекмуҳаммад, журналист ва таҳлилгар дар Тоҷикистон, ба ин назар аст, ки дар паси Ҳамлаи Толибон дар шимоли Афғонистон то ба охир расидани  хуруҷи низомиёни амрикоӣ хоҳиши гуруҳи террористии «Толибон» (ташкилоти дар кишварҳои ОМ мамнуъ) барои таҳкими мавқеи худ, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ чун ғолиб ва ҳамчун қувва нишон доданӣ аст. 

«Пушти ин – кадом бозиҳои  геополитикӣ меистад, ки дар борааш барои касе чизе маълум нест. Дар навбати аввал – ин ҳуҷҷатҳое мебошад, ки миёни ИМА ва Ҳаракати Толибон пушти Ҳукумати Афғонистон имзо шудааст» –  мегўяд Бекмуҳаммад.

Ба гуфтаи вай, дар созишномае, ки ИМА ва террористони «Толибон»  (ташкилоти дар кишварҳои ОМ мамнуъ) ба имзо расонидаанд толибон амалан аз ҷониби ҳукумат шинохта шудаанд.

Қосим Бекмуҳаммад инчунин ба он эътибор додааст, ки дар ин созишнома амрикоиҳо аз толибон талаб кардаанд, ки ба шахсоне, ки барои ИМА хатар доранд,  раводид ва шиноснома надиҳанд.

«Оё Ҳаракати «Толибон» – ин ҳукумат аст, ки ҳуқуқи додани раводидро дорад? – суол мегузорад Бекмуҳаммад.

Портали таҳлилии CABAR.asia таъкид мекунад, ки «Толибон» як ташкилоти террористӣ буда, илова бар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар  аксарияти кишварҳои ҷаҳон мамнуъ мебошад  ва Шурои амниятии СММ соли 2003 қатъномае қабул кард ва ин созмонро ба рўйхати террористӣ ворид намуд.

Ғайр аз ин, бекмуҳаммад гуфт, толибон ба кадом як шарт такя мекунанд,  ки дар ду ҳуҷҷат тасдиқ гардидааст ва муҳтавояш танҳо ба худи толибон ва ИМА маълум аст.

«Барои Ҳамин, маҳз дар ҳоле, ки нируҳои хориҷӣ нарафтаанд, пешвоёни «Толибон» мехоҳанд дастгирии бештарро барои идеяи қонунигардонии ояндаи ин ҳаракат, агар дар сатҳи сиёсӣ ҳам набошад, дар сатҳи қабули кишварҳо ва афкори ҷомеа ёбанд»,- мегўяд шарқшинос. 

Амали террористии «Толибон» метавонад ячейкаҳои экстремистиро дубора фаъол созад

Иштирокчиёни вохўрӣ бар он назаранд, ки Ҳамлаи толибон дар шимол барои кишварҳои Ҳамсояи Осиёи Марказӣ таҳдиди ҳарбӣ надорад.

Тавре Қосим Бекмуҳаммад гуфт,  таъсири идеологӣ аз муваффақияти Толибон  ба гуруҳҳои ғайриқонунии тарарфдорони ташкилотҳои террористӣ ба монанди «Давлати исломӣ» ва «Ал-қоида», ки ҳарду дар ҳудуди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бештари кишварҳои ҷаҳон мамнуъ аст, таҳдиди бештар дорад.

«Барои онҳо дастовардҳои «Толибон» дар Афғонистон – ин ончизест, ки онҳоро илҳом мебахшад, зеро имрўз толибон барои ишғоли тамоми Ҳукумат дар Афғонистлон талабгоранд», – қайд кард ў.

Марат Мамадшоев. Скриншот аз конфронси CABAR.asia
Марат Мамадшоев. Скриншот аз конфронси CABAR.asia

Бо онҳо инчунин таҳлилгар Марат Мамадшоев, сармуҳаррири платформаи таҳлилии CABAR.asia дар Тоҷикистон мувофиқ буда, мегўяд, ба ном «муваффақият»-и толибон барои ячейкаҳои «хуфта» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад хатари бештар дорад. .

Мамадшоев ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод кард, ки  стратегияи умумии рафторро нисбати Ҳаракати террористии Толибон (дар ккишварҳои ОМ мамнуъ аст) таҳия кунанд.

Дар ҳама ҳолатҳои минбаъда, толибон кўшиш мекунанд дар назди кишварҳои ҳамсоя барои худ обурўи хуб созанд ва на ба рушди тиҷорат ва  на ба убури долонҳои нақлиётӣ аз Афғонистон халал намерасонанд, ба чунин хулосаи ягона омаданд иштирокчиёни мубоҳиса.

Тақдири Афғонистон дар дасти бозингарони бузург аст

Ҳали низоъ дар Афғонистон аз худи афғонҳо ва аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кам вобастагӣ дорад, мегўянд коршиносон.

Ба андешаи фарҳод Толипов, Афғонистон дар ҷаҳон чун як манбаъи таҳдиди террористӣ қабул шудааст. Сарфи назар ба ин, Ҳукумати кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ба мушкилоти ин кишвар ҳеҷ гоҳ бетафовут набуданд. Дар ин маврид ташаббусҳои бешумори президентҳои Ўзбекистон ва Тоҷикистон дар сатҳи баланд гувоҳӣ медиҳад. Аммо ҳамаи ин ташаббусҳо бо муваффақиятҳои калон ба даст наомадааст.

Толипов барои мисол мавқеи Ўзбекистонро овард, ки президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев иброз дошта буд, ки раванди ҳалли масъалаҳо дар Афғонистон аз худи афғонҳо кам вобастагӣ дорад ва инчунин аз кишварҳои минтақавӣ низ кам вобастагӣ дорад.

Тибқи пешниҳоди рўзноманигори тоҷик, мушкилоти Афғонистон бояд дар се сатҳ баррасӣ шавад. 

Афғонҳоро зарур аст то худашон формулаи «ҷодусозӣ»-и оштиро пайдо намоянд.

«Дар сатҳи дохили Афғонистон бояд оштии миллӣ, ташкили Ҳукумати эътилофӣ ва имконоти дигар баргузор шавад. Афғонҳоро зарур аст худашон формулаи «ҷодусозӣ»-ии мусолиҳаро пайдо кунанд», – гуфт Толипов.

Инчунин бояд дар сатҳи минтақавӣ бо Ҳамсоягони Афғонистон: Чин, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Ўзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон , ки дар мавриди арзёбии вазъи сиёсии Афғонистон мавқеъҳои шабеҳро риоя намекунад, мувофиқа ҳосил шавад.

Ва ниҳоят, сатҳи сеюм – ҷаҳонӣ.  

«Зеро дар Афғонистон мо на танҳо бо як навъ ҷанги қабилавӣ, балки бо падидаи терроризми байналмилалӣ сарукор дорем. Ин як мушкили ҷаҳонӣ аст. Афғонистон яке аз маконҳои «саҳнаи амалиёти низомӣ»-и терроризми ҷаҳонӣ аст: масалан, дар Ховари Миёна, Африка ва ғайра. Аз ин рў, мушкилот бояд дар сатҳи ҷаҳонӣ Ҳалли худро ёбад. Аз ҷумла, тавре, ки то Ҳол бо иштироки ИМА, НАТО, СММ буд», – илова намуд рўзноманигор.

Фахриддини Холбек низ қайд мекунад, ки «Дар Афғонистон манфиатҳои геополитики бисёр бозингарони ҷаҳонӣ ба Ҳам бархўрд кардааст. Дар инҷо миёни Ҳам Руссия, Чин ва имадар сатҳи ҷаҳонӣ муқобилият доранд. Дар сатҳи ҷаҳони исломӣ – Эрон ва Арабистони Саудӣ, дар сатҳи Осиёи Ҷанубӣ – Ҳиндустон ва Покистон.  Ана Ҳамин давлатҳо тақдири Афғонистонро ҳал мекунанд. Мо, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо хайрхоҳем. Мо танҳо метавонемафғонҳоро бо роҳи мусолиҳа ҳал намудани мушкилот даъват созем, ба онҳо газ, барқ, нафт диҳем танҳо онҳо ҷангро қатъ кунанд».

Бо омадани террористони «Толибон» ба Ҳукумат мушкилот дучанд мешавад

Аҳмад Фаҳим Куҳдоманӣ. Скриншот аз конфронси CABAR.asia
Аҳмад Фаҳим Куҳдоманӣ. Скриншот аз конфронси CABAR.asia

Ба ақидаи коршинос аз Афғонистон Аҳмад Фаҳим Куҳдоманӣ,  ки аз Кобул ба мубоҳиса ҳамроҳ шуд, хатои бузургтарин ин расман қабули ҳаракати террористии «Толибон» (созмони мамнуъ дар кишварҳои ОМ) аз ҷониби бархе кишварҳо ва баргузории гуфтушунидҳо бо онҳо мебошад.

«Хама суҳбатҳо оид ба сулҳ ва гуфтушунидҳо бо онҳо баъди он шуруъ шуд, ки ИМА бо толибон гуфтушунидро доир намуд. ИМА барои онҳо роҳ ба сўи ҷомеаи ҷаҳониро, ки пас аз он пешвояшонро барои гуфтушунид даъват намуд, боз кард. Толибон ҳуқуқ пайдо намуданд, то дар Қатар ҳуҷраи кори худро кушоянд, намояндагони онҳо Ҳуқуқ пайдо карданд то сафар анҷом диҳанд. Бархе давлатҳо бо онҳо гуфтушунидҳои расмиро оғоз карда, барояшон қабулгоҳи дипломатӣ ташкил намуданд», – изҳор дошт Куҳдоманӣ.

Коршиноси афғон ҳамчунин қайд намуд, ки ҳаракати террористии «Толибон» (созмони мамнуъ дар кишварҳои ОМ)  дар Афғонистон дастгирии мардумӣ надоранд. Тибқи гуфтаи ў, ин ҳаракати террористиро ҳоло на камтар аз панҷ фоизи аҳолӣ дастгирӣ мекунад.

«Ин созмони террористӣ ҳамеша мекўшид бо бераҳмӣ, терроризм, ҷинояткорӣ ва тарсу ҳаросаш дар байни мардум эътироф шавад. «Муваффақиятҳо»-и онҳо барои тамоми минтақа таҳдид мекунад», мегўяд Куҳдоманӣ.

«Мутаассифона, аксарияти кишварҳо андеша доранд, ки толибон – ин ҳаракати афғонҳо аст ва танҳо барои он меҷанганд, ки Ҳукуматро ба даст оранд. Аммо ин тавр нест. Ин созмони террористӣ аст, ки ҳадафи шуҳратпарастона дошта, берун аз қаламрави Афғонистон низ ҳастанд. Агар Толибон дар Афғонистон ба қудрат расанд, дигар кишварҳо фикр накунанд, ки ҳама чиз барояшон ором хоҳад шуд», – мегўяд таҳлилгар.

Ба андешаи вай, Афғонистон дар сафи пеши мубориза бо террор изми ҷаҳонӣ қарор дорад. Ва хуб мешуд, ки ҳама кишварҳои ҷаҳон Ҳукумати Афғонистонро дастгирӣ мекарданд, то ин ки террористон ғолиб нашаванд.

«Ҳоло дар дохили Афғонистон ҳам ангеза ва ҳам таҷриба барои мубориза бо терроризм мавҷуд аст. Ман фикр намекунам, ки чунин таҷриба дар давлатҳои ҳамсояи мо вуҷуд дошта бошад. Аз ин рў, бояд тамоми қувваро дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақа равона кард, то қалъаи террористӣ дар дохили худи Афғонистон нест карда шавад», – хулоса кард Куҳдоманӣ.


Акси асосӣ: dw.com

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: