© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Буҳрони “алиментӣ” дар Тоҷикистон: падарҳо аз таъмини фарзандонашон даст мекашанд

Дар Тоҷикистон расман аз 95 000 алиментсупоранда танҳо 1000 нафар дар пардохти алимент коҳилӣ кардаанд. Аммо коршиносон мегӯянд, мақомот оморро поин нишон медиҳанд ва дар асл ҳудуди 90 дарсади алиментсупорандаҳо дар Тоҷикистон уҳдадориҳои худро дар мавриди таъмини фарзандонашон иҷро намекунанд.


Гулизор (ном иваз шудааст) аз шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар 19-солагӣ издивоҷ кардааст. Шавҳараш аз ӯ 9 сол калон буда, аз ин пеш ҳам як маротиба оиладор шудааст. Бо зани аввалаш расман ақди никоҳро бекор накардааст, бинобар ин бо Гулизор танҳо никоҳи динӣ бастаанду халос. Вай мегӯяд, аз рӯзҳои аввали зиндагии муштарак шавҳараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта ва соле як бор ба Ватан меомад.

Пас аз нуҳ сол фарзанди нахустини онҳо ба дунё омад. Баъди таваллуди фарзанди дуюм бошад, шавҳараш дар Русия бо як зани дигар муносибат барқарор кард. Фарзандони Гулизор шаҳодатномаи таваллуд надоранд. Дар Тоҷикистон, ба хусус дар деҳот, дарёфт кардани ҳама гуна ҳуҷҷат мушкил ва гарон мебошад. Ва бидуни ҳузури воқеии шавҳар иҷрои расмиёти эътирофи падарӣ ғайриимкон аст.

Як сол пеш онҳо ҷудо шуданд ва Гулизори 33-сола бо ду фарзанд ба хонаи волидонаш баргашт. Ӯ ҳатто маълумоти миёнаи махсус надорад. Ҳоло дар ошхонае ба ҳайси пешхидмат кор мекунад, ки ҳақмузди якрӯзааш ҳамагӣ 30 сомонӣ ё 3 долларро ташкил медиҳад.

Баъди ҷудошавӣ шавҳари собиқ аз таъминоти кӯдакон даст кашид ва Гулизор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кард. Ва ду моҳ қабл бо ариза дар бораи ситонидани алимент ё имтиёз аз шавҳари собиқаш ба додгоҳ муроҷиат намуд.

“Мо расман никоҳро ба қайд нагирифтаем, фарзандонамон шаҳодатномаи таваллуд надоранд ва шавҳарам ба мардикорӣ рафтааст. Намедонам кай барои фарзандонам алимент мегирам”, – шикоят мекунад Гулизор.

Аз 10 нафар 9 кас алимент намесупорад

Тибқи омори Кумитаи кор бо занон ва оила, ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 13 ҳазор оила аз ҳам ҷудо мешавад. Ва аксар вақт, пас аз талоқ, тамоми масъулияти кӯдакон ба дӯши зан меафтад.

Синни миёнаи издивоҷ дар Тоҷикистон 21-22 солро ташкил медиҳад. Бештари духтарон маълумоти олӣ ва миёнаи махсус намегиранд ва пас аз ҷудошавӣ аз пуштибонии иқтисодӣ ва ҳатто аксаран аз сарпаноҳ маҳрум мешаванд – хонаводаи шавҳар метавонанд ӯро аз хонаи худ пеш кунанд ва волидонаш ӯро бозпас қабул накунанд. Бидуни ихтисос занон маҷбур мешаванд корҳои вазнин ва каммуздро анҷом бидиҳанд.

Тибқи иттилои Хадамоти иҷро, то имрӯз дар дасти иҷрочиёни суд ҳудуди 95 ҳазор қарори судҳо оид ба пардохти алимент ба кӯдакони ноболиғ мавҷуд аст. Ва бар пояи омори соли 2022 теъдоди онҳое ки алимент пардохт намекунанд, ҳамагӣ 1000 нафарро ташкил медиҳад. Нисбати 538 нафари онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 398 нафар дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Аммо ба андешаи Шоҳсанам Қарабоева, корманди созмони ҷамъиятии “Ғамхорӣ”, ки бо занони мавриди хушунат қароргирифта кор мекунад, дар асл теъдоди афроде, ки алимент намесупоранд, ба маротиб бештар аст.

“Ман аз таҷрибаи худ ва таҷрибаи муштариёнам гуфта метавонам, ки аз 100 ҳолат дар 90 мавриди он ба занҳо алимент пардохт намешавад. Аммо бо чанд сабаб омори онҳое, ки алимент намесупоранд, поин нишон дода мешавад. Масалан, мегӯянд, вақте падарон алимент намесупоранд, ин аз кори бади иҷрочиёни суди шаҳру ноҳияҳо шаҳодат медиҳад”, – афзуд Қарабоева.

Илова бар ин, сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ дар кишвар паст буда, бисёре аз занон ҳатто намедонанд, ки барои рӯёнидани алимент ба кӯдакон чӣ тавр бояд ариза навишт. Қисмати дигар “аризабозӣ”-ву “расмиятчигӣ”-ро хуш надоранд ё намехоҳанд, ки алайҳи шавҳарони собиқашон парвандаи ҷиноӣ боз шавад ва ба додгоҳ муроҷиат накарданро авлотар медонанд.

Аммо ҳатто дар сурати содир шудани қарори додгоҳ дар бораи ситонидани алимент, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки зан онро дарёфт накунад. Аксар вақт алиментсупорандаҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва гирифтани пул хеле мушкил мешавад.

Додгоҳ, ки танҳо ба маълумотномаҳои расмии даромад бовар мекунад ва намехоҳад шоҳидонро бишнавад ё ба маълумотномаҳо дар мавриди моликияти падар бовар кунад, ӯро барои пардохти алимент маҷбур карда наметавонад.

Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои дидаву дониста саркашӣ кардан аз таъминоти фарзандон моддаи алоҳида — 177 пешбинӣ шудааст. Бар асоси ин модда, афродеро, ки алимент напардохтаанд, ба муҳлати аз шаш моҳ то ду сол аз озодӣ маҳрум шудан, корҳои ислоҳӣ ё ҷарима ба маблағи 6,4 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 600 доллар) таҳдид мекунад.

Соли сипаришуда дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон 31 падар барои саркашӣ аз пардохти алимент равонаи зиндон шудаанд. Инчунин бо қарори додгоҳ 100 падар ба кори иҷборӣ, 76 нафар ба корҳои ислоҳӣ маҳкум шуда, 15 нафари дигар ҷарима шудаанд.

“Агар дидаву дониста алимент насупоранд, ҷарима мешаванд, вале аз пардохти алимент озод намешаванд. Онҳо ин пулҳоро пардохт хоҳанд кард. Шахсоне ки ба кори иҷборӣ ё маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанд, пас аз озод шудан бояд алиментҳои ҷамъшударо пардохт кунанд”, – гуфт Исломиддин Холзода, як масъули додгоҳи вилояти Хатлон дар нишасти хабарии моҳи феврал.

Додгоҳ нушдору нест

Маҷбур кардани падарон, ки фарзандони худро дар баробари модарҳо таъмин кунанд, кори содае нест. Ҳафт сол пеш Нодира, сокини ноҳияи Кӯшониён тавонист қарори додгоҳро дарёфт кунад, ки тибқи он шавҳари собиқаш муваззаф шуд, барои се фарзанди муштаракашон алимент пардохт кунад.

“Ман борҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ба парасторӣ маҷбур кардани ӯ муроҷиат кардаам. Аммо ҳамаи муроҷиатҳо бенатиҷа монданд, зеро падари кӯдакон ҷойи истиқомати доимӣ надорад ва ӯро пайдо карда наметавонанд”,- мегӯяд Нодира.

Чанд моҳи аввал барои ҳар кӯдак 100 сомонӣ (ҳудуди 10 доллар) фиристодааст, аммо баъдан гуфта, ки бекор аст ва аз пардохти маблағ даст кашидааст. Соли 2021 вай дигарбора ба додгоҳ муроҷиат кард ва шавҳари собиқашро барои шаш моҳ ҳабс карданд. Аммо баъди раҳоӣ аз зиндон ҳамчунон алимент пардохт намекунад.

Ҳоло Нодира дар шаҳри Бохтар манзилеро иҷора гирифта, дар як клуби шабона ба ҳайси пешхидмат ва дар ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ ба сифати фаррош кор мекунад.

Ба гуфтаи Сафарзода Абдураҳим, сардори Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон, то соли 2010 ҳадди ақали алимент дар як моҳ 60 сомонӣ (ҳудуди 6 доллар) буд, аммо давоми ду соли охир ин маблағ то 200-250 сомонӣ (ҳудуди 20-25 доллар) афзоиш ёфтааст.

“Ин аз даромади супорандаи алимент вобаста аст. Алиментгирандаҳо метавонанд дар асоси ариза зиёд кардани он ё алиментсупорандаҳо кам кардани онро талаб кунанд”,- афзуд Сафарзода.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон, мардоне, ки ҷойи кори доимӣ доранд, муваззафанд 25 дарсади маошашонро барои фарзандашон пардохт кунанд.

Дар Тоҷикистон дарёфт кардани алимент барои заноне, ки баъди гирифтани талоқ бо як ё чанд фарзанд танҳо мондаанд, ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст. Бибирокия Абдуллоева, коршиноси масоили хонаводагӣ аз шаҳри Бохтар мегӯяд, дар бештари маврид мардон баъди талоқ масъулияти падариро ба дӯш намегиранд:

“Баъзе мардоне, ки аз занашон ҷудо мешаванд, вазифаҳои худро дар назди фарзандон комилан фаромӯш мекунанд. Онҳо нодида мегиранд, ки тибқи қонун бояд ба кӯдаке, ки бо модар мондааст, кумак кунанд”, – афзуд Абдуллоева.

Ба гуфтаи вай, зиндагии кӯдаконе, ки дар парастории яке аз волидайн бо ҳуқуқи гирифтани алимент қарор доранд, мушкил буда, аз нигоҳи рушд осебпазиранд.

Агар барои гирифтани алимент муроҷиат карданӣ бошед, чиро бояд донед?

Фатҳиддин Пиров, ҳуқуқшиноси ташкилоти ҷамъиятии “Ғамхорӣ” дар бораи тартиби ситонидани алимент мегӯяд:

Чӣ тавр барои кӯдак алимент бояд гирифт?

Ду роҳ вуҷуд дорад. Якум, пешакӣ, ҳанӯз пеш аз ҷудо шудан бо ҳамсаратон маслиҳат кунед, ки ҳар моҳ маблағи муайяне фиристад. Ин тавофуқ бояд расман ҳуҷҷатгузорӣ шуда, дар идораи нотариалӣ шартнома ба имзо расонда шавад. Аммо ин ҳолат хеле кам рӯй медиҳад.

Агар зану шавҳари собиқ ба созиш нарасанд, алимент ба воситаи суд ситонида мешавад. Барои ин бояд ба суди ноҳияи маҳалли иқомат ариза пешниҳод кунед. Барои ин, бастаи ҳуҷҷатҳоро бояд гирдоварӣ кунед:

– шаҳодатномаи ақди никоҳ

– шаҳодатномаи таваллуди кӯдак

– нусхаи шиносномаи аризадиҳанда

– маълумотнома аз ҷойи истиқомат

– ариза

– маълумотнома дар бораи музди меҳнат аз ҷойи кори доимии ҷавобгар (агар бошад)

Агар издивоҷ расман ба қайд гирифта нашуда бошад, чӣ?

Агар ақди никоҳ тибқи расмиёти динӣ баста ва бекор шуда бошад, пас дар ин ҳолат ба шумо шоҳидон лозим мешаванд. Дар додгоҳ онҳо бояд тасдиқ кунанд, ки шумо бо шавҳар/занатон муддати муайян дар асоси никоҳи исломӣ зиндагии муштарак доштед.

Агар кӯдак/кӯдакон шаҳодатномаи таваллуд надошта бошанд?

Агар то таъин шудани алимент фарзандон шаҳодатномаи таваллуд надошта бошанд, волидон муваззафанд, ки давоми се моҳ онро бигиранд. Кӯдакон бидуни ин ҳуҷҷат алимент гирифта наметавонанд.

Маблағи алимент чӣ қадар аст?

Агар алиментсупоранда кор кунад, он гоҳ маблағ аз рӯйи даромади ӯ ҳисоб карда мешавад. Барои як кӯдак 25 фоизи музди кор, барои ду нафар 33%, барои се нафар ва аз ин бештар – 50% пардохт мешавад.

Ҳадди ақали алимент дар Тоҷикистон 200-250 сомонӣ (ҳудуди 20-25 доллар) аст.

Барои ёрии ҳуқуқӣ ба куҷо муроҷиат кардан мумкин аст?

Чунин хидматҳо аз ҷониби ташкилотҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

 Душанбе

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суроға: хиёбони Рӯдаки 78,

рӯзҳои қабул: душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: 2217352

ТҶ “Лигаи занҳои ҳуқуқшинос”

Суроға: кӯчаи Айни  32/2 х. 7

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: 2212149

+992  777070024

 Хуҷанд

ТҶ “Лигаи занҳои ҳуқуқшинос”

Суроға: кӯчаи Фирдавсӣ 120

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: 832262868

Хоруғ

ТҶ “Лигаи занҳои ҳуқуқшинос”

Суроға: кӯчаи Ленин 121

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: +992 502125155 

Вилояти Хатлон

Бохтар

ТҶ “Лигаи занҳои ҳуқуқшинос”

Суроға: кӯчаи Б. Ғафуров 11

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон:

8322227932

+992 917577776

ТҶ “Моҳи Мунир”

Суроға: ноҳияи Ҷайҳун, кӯчаи Румӣ 8

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: +992 935005840

ТҶ “Ғамхорӣ”

Суроға: кӯчаи К. Абдураҳимов 1

Телефон: 8 3222 2 78 79 – шабонарӯзӣ

 Душанбе:

ТҶ “Корвони Умед”

Суроға: Носири Хисрав 11

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон:

+992 900 00 1222 (шабонарӯзӣ)

+992 905 053856 (шабонарӯзӣ)

ТҶ “Фемида”

Суроға: Турсунзода 3/1

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон:

+992 935016292

2277620

 Кӯлоб

ТҶ “Майрам”

Суроға: кӯчаи Неъматов 7

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: +992 935000167

 Хоруғ

ТҶ  “Мадина”

Суроға: кӯчаи Кирмоншо Хубоншо 66

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон:

+992 935554736

+992 934779777

ТҶ “Занон барои адолат”

Суроға: кӯчаи Кирмоншо 1

душанбе – ҷумъа аз 8.00 то 17.00

Телефон: +992 919230071

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: