Таҳлилгарон мегӯянд, муносиботи дуҷонибаро на изҳоротҳои декларативӣ, балки тарҳҳои мушаххас ва мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталиф таҳким мебахшанд.
Ба Telegram канали мо обуна шавед!
Пас аз он ки Шавкат Мирзиёев вориди Душанбе шуд, бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти хоса анҷом дод. Хадамоти матбуотии ду раисҷумҳур тафсилоти ин гуфтугӯро расонаӣ накарданд, танҳо хабар доданд, ки дар мулоқот “тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар баррасӣ шуда”, инчунин вобаста ба бархе масъалаҳои мубрами минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифтааст.
Ба гуфтаи Мирзиёев, “имрӯз муносибатҳои Узбекистону Тоҷикистон ба сатҳи баланд расидаанд”.
Дафтари матбуотии президенти Узбекистон аз қавли Мирзиёев навиштааст: “Ҳама қарорҳое, ки мо қабул кардем, дар амал татбиқ мешаванд, дар ин муддат дар муносибатҳои дуҷониба тағйироти зиёде ба амал омад. Рақамҳо исботи ин гуфтаҳоянд”.
Бино ба иттилои ҷониби Узбекистон, агар дар соли 2017 гардиши мол ҳамагӣ 70 миллион доллар буд, пас дар соли 2020 ин нишондиҳанда бори нахуст марзи 500 миллион долларро убур кардааст.
“Мо ба ин сафар хеле ҷиддӣ омодагӣ дидем. Форуми минтақаҳо бомуваффақият баргузор гардид, лоиҳаҳо ва шартномаҳои мушаххас ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ба имзо расиданд”,-изҳор дошт Мирзиёев.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Узбекистонро “шарики стратегӣ ва ҳамсояи боэътимод” хонд.
Ба гуфтаи ӯ, шумораи корхонаҳои муштарак 8 маротиба афзуда, ҳоло теъдоди онҳо аз 200 мегузарад. Аз ҷумла ба фаъолияти корхонаи муштараки “Артел Авеста Электроникс”, ки соли гузашта ифтитоҳ ёфт, баҳои баланд дода шуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳатто дар шароити душвори соли сипаришуда ҳаҷми ҳамлу нақли бор ва транзит афзоиш ёфт.
Бар илова, ба гуфтаи ӯ, ду кишвар дар қатори аввалинҳо хатсайрҳои ҳавоиро миёни пойтахтҳои якдигар аз сар гирифтанд.
Шавкат Мирзиёев аз ҳамтои тоҷикаш даъват кард, ҳар вақти барояш муносиб бо сафари ҷавобӣ ба Узбекистон биравад.
Дар пайи ин сафар зери 36 ҳуҷҷат имзо гузошта шуд, ки асосан хусусияти декларативӣ доранд. Миёни онҳо санадҳои нисбатан муҳим – Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018, Созишнома доир ба таъсис додани ҷамъияти саҳҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ-иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон гуфта мешаванд.
“Сухан дар бораи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори тақрибии 320 мегаватт меравад, ки мо бо Шавкат Миромонович дар ин бора ду сол пеш дар Тошканд маслиҳат карда будем”,-шарҳ дод Эмомалӣ Раҳмон.
Баъди анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар маросими ифтитоҳи расмии иншооти иҷтимоӣ, ки аз ҷониби маъмурияти вилояти Самарқанд ва вилояти Хатлон бунёд шудаанд, баргузор шуд.
Ду раисҷумҳур бо пахш кардани тугмаи маҷозӣ мактаби таҳсилоти умумиро бо 640 ҷои нишасти талабаҳо дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд ва маркази тиббии дорои аҳамияти минтақавиро бо 200 кат дар ноҳияи Қабодиёни вилояти Хатлон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Моҳи асал идома дорад?
Дар ҷараёни сафари қаблии президенти Узбекистон ба Душанбе дар моҳи марти соли 2018 ҷонибҳо дар бораи аломатгузории қитъаҳои муайяни марзи давлатӣ ба созиш расиданд, ки бархе таҳлилгарон онро “дастовард” унвон карда буданд. Аммо ин навбат ҷонибҳо дар бораи марз созишҳои наве ба даст наоварданд. Дар изҳороти муштараки ду президент танҳо дар бораи зарурати “идомаи раванди гуфтушуниди созанда дар бораи таъини марзи давлатӣ” сухан меравад.
Ба ин нигоҳ накарда, коршиносони ҳар ду кишвар ба натиҷаҳои сафари президенти Узбекистон ба Тоҷикистон баҳои мусбат доданд.
Иштирокдори Мактаби таҳлилии CABAR.asia, сиёсатшиноси узбек Юрий Саруханян бар ин аст, ки изҳороти ду раисҷумҳур баёнгари он аст, ки “моҳи асал” миёни Узбекистон ва Тоҷикистон идома дорад.
“Аз як тараф, барои кишварҳое, ки солҳои тӯлонӣ дар режими хомӯшии душманона қарор доштанд, хеле хуб аст. Аз тарафи дигар, моҳи дарозмуддати асал метавонад аз он шаҳодат бидиҳад, ки кишварҳо ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоии гузариш аз ҳамкории декларативӣ ба ҳамкориҳои ҷузъӣ қарор доранд”,-навиштааст Саруханян дар телеграм-канали худ.
Ба андешаи ӯ, изҳороти муштарак ва изҳороти матбуотӣ тибқи маъмул бо эъломияҳо дар бораи ҳама самтҳои ҳамкорӣ пур буданд ва мушаххасоти зиёде надоштанд.
“Масалан, мушкили Роғун агар дар миёни мавзӯъҳои баррасишуда буда бошад ҳам он барои оммаи васеъ дастрас нест. Бояд гуфт, худдорӣ аз гуфтугӯҳои сатҳи баланд дар бораи Роғун пас аз барқарор шудани муносибатҳо мушоҳида мешавад. Ба ҷойи ин, кафолати уҳдадориҳо барои татбиқи муштараки лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ва эълони нақшаҳо оид ба сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар Зарафшон мавҷуданд”,-таъкид мекунад Саруханян дар паёми телеграмаш.
Тошканд ва Душанбе ҳавасмандии худро ба идомаи ҳамкориҳо дар шакли минтақавӣ ва баргузории мулоқоти машваратӣ тасдиқ карданд.
“Тақвияти механизмҳои ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ ҳамчун яке аз мавзӯъҳои музокироти дуҷонибаи кишварҳои минтақа шонси хурдест, ки имкон медиҳад умедвор бошем минтақагароӣ аз кома берун меояд”, -менависад Саруханян.
Вай меафзояд, равобити шахсии раҳбарони ду кишвар барои роҳандозии ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо хеле муҳим аст.
Сиёсатшиноси тоҷик Абдумалик Қодиров чунин мешуморад, ки ин сафар идомаи дидори қаблӣ буд, “аммо бо самти нисбатан амалитар”.
“Сафари қаблии президент Мирзиёев, мисле ки давраӣ буд, яъне поёни давраи Каримов, ки бо нобоварӣ ва душманӣ нисбати ҳамаи кишварҳои ҳамсоя хос аст ва оғози давраи нав – давраи Мирзиёев, ки ба таҳкими эътимод ва эҷоди пулҳо байни узбекистониҳо ва дигар мардуми Осиёи Марказӣ равона шудааст”,- гуфт Қодиров дар суҳбат бо CABAR.азия.
Рӯзномаи ин сафар аз ҷузъи сиёсӣ дида, бештар ҷузъи иқтисодӣ дошт.
“Диққати асосӣ ба рушди муносибатҳои корӣ, сармоягузорӣ ба иқтисодиёти якдигар равона карда шуд. Бале, ҳоло соҳибкорони тоҷик ба иқтисодиёти ҳамсояи худ нисбат ба ҳамтоёнашон дар иқтисоди мо, хеле камтар сармоягузорӣ мекунанд, аммо ин ҳанӯз оғоз аст”,-таъкид намуд Қодиров.
Қодиров дар бораи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун сухан ронда гуфт, ин лоиҳа кайҳо аз як тарҳи иқтисодӣ ба сиёсӣ табдил ёфтааст.
“Намешавад гуфт, ки Роғун Мирзиёевро аслан ба ташвиш намеорад. Мирзиёев ҳамчун як сиёсатмадори дурандеш ва прагматик мекӯшад ва талош хоҳад кард, то ҳама чизи имконпазирро ба анҷом расонад, то ниёзе ба истифодаи Роғун ҳамчун як фишори сиёсӣ ба кишвараш пайдо нашавад.
Ва ин ҷо, чизи аз ҳама муҳим эътимод ба якдигар аст. Ва чунин ба назар мерасад, ки ӯ пояи ин эътимодро ҳамаҷониба мегузорад. Ва бунёди ду нерӯгоҳи муштараки обӣ дар рӯдхонаи Зарафшон ишорае аз он аст, ки Узбекистон ниёзҳои моро дарк мекунад ва омода аст дар ҳалли онҳо кумак расонад”,-афзуд Қодиров.
Вай дар ҷавоб гуфтан ба савол дар мавриди масоили мушкилзо дар муносиботи ду кишвар душворӣ кашид.
“Мисле ки ҳамаи мушкилоте, ки дар давраи Каримов ба миён омада буданд, оҳиста ҳалли худро меёбанд. Хусусан вақте сухан дар бораи муносибатҳои байнидавлатӣ меравад. Албатта, баъзе масоили хурд боқӣ мемонанд, ки бидуни онҳо намешавад. Аммо агар роҳбарияти кишвари ҳамсоя аз роҳи интихобкардааш дур нашавад, пас ҳамаи ин масъалаҳо тадриҷан ҳалли худро пайдо мекунанд”,-таъкид мекунад Қодиров.
Ин матлаб дар доираи тарҳи “Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project” нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.