Коршиноси расонаӣ, сарвари созмони пажуҳишии Мактаби сулҳофарӣ ва фановариҳои расонаӣ дар Осиёи Марказӣ – Инга Сикорская дар мусоҳиба бо CABAR.asia аз озодии сухан, забони хусумат, талош барои доштани расонаҳои мустақил ва чолишҳои пешорӯи журналистон суҳбат кард.
Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!
CABAR.asia: Дар мавриди нақши манфии расонаҳо дар барангехтани ин ё он низоъ зиёд мегӯянд. Оё нақши расонаҳо дар чунин равандҳоро аз будаш зиёд нишон намедиҳанд?
Инга Сикорская: Фикр мекунам, ки на. Аз будаш зиёд нишон намедиҳем, зеро таърих ҳолатҳои зиёдеро шоҳид будааст, ки маҳз ВАО дар сар задани низоъҳои маҳаллӣ ё ҷангҳо даст доштаанд. Саволи дигар ин аст, ки онҳо чӣ гуна ба оташи низоъ равған мерезанд ва одамоне ки ин ҳолатро шарҳ медиҳанд, онро чӣ гуна тафсир мекунанд. Бештари авқот расонаҳои муоссир ё аз забони хусумат кор мегиранд ва ё ба ҳодисаву рухдод ҳангомаҳои барзиёд мечаспонанд.
Таъсири манфии чунин матолиб коҳиш дода мешавад, агар дар ҷомеа иттилои алтернативии кофӣ мавҷуд бошад. Яъне, истифодабарандаи иттилоот худаш метавонад муайян кунад, ки ба чунин матлабҳо чӣ бархӯрде дошта бошад.
Ба ибораи дигар, дар барангехтани ин ё он низоъ нақши асосиро на матлаби расона, балки шароити ҷамъиятӣ, аз ҷумла дараҷаи саводи расонаии ҷомеа бозӣ мекунад?
Албатта. Бар илова, он аз сатҳи танишҳои ҷомеа низ бастагӣ дорад.
Мушкил дар он аст, ки расонаҳо бештар ҳодисаҳоеро инъикос мекунанд, ки хеле ҳассос мебошанд. Инҷо ахлоқи журналистӣ хеле муҳим аст. Ҳар қадар сатҳи ахлоқии расонаҳо баланд бошад, ҳамон андоза дар ҷомеаи расонаӣ абзорҳои худтанзимкунӣ корагар мешавад ва эҳтимолияти ин ки ВАО воқеан кадом як низои ҷиддиро бармеангезанд, коҳиш меёбад.
Мубориза бо забони хусумат лозим аст, аммо набояд умед баст, ки метавонем комилан онро аз фазои интернет решакан мекунем.
Дар интернет беш аз миллион гуруҳҳи адоватпеша мавҷуд аст. Барои мисол, гуруҳҳои бегонаситезӣ ё ксенофобӣ, аммо ҳамаи онҳо барои вуҷуд доштан ҳақ доранд. Ин мувозинат зарур аст, то озодии баён дар интернет ҳифз карда шавад, зеро агар ба чунин гуруҳҳо вокуниш нишон бидиҳем, васвасаҳое пайдо мешавад, ки дар интернет маҳдудият ҷорӣ гардад.
Мисли ҳикмати маъруф: “Ба ман ҳарфҳои ту писанд нест, аммо омода ҳастам онҳоро гӯш кунам, зеро ин сатҳи озодӣ ва ҳаққи ту барои гуфтан мебошад”.
Аммо мушкили дигаре ҳаст. Барои мисол, забони хусумати нотиқони ҷамъиятӣ, вақте онҳо аз минбарҳои баланд нисбат ба гуруҳҳои мухталиф суханҳои душманона ва таҳқиромез мегӯянд.
Доналд Трамп ва Владимир Путинро метавон мисол овард, ки дар ибрози ибораҳо ҳиҷолат намекашанд. Чанде пеш бо журналистони ғарбӣ вохӯрдам, онҳо баъзан майна об мекунанд, ки чӣ тавр бояд аз чунин сиёсатмадорон нақли қавл кунанд. Ин масрафоти бариловаи замони мо барои журналистикаи муоссир аст.
Дар Аврупо забони хусумат ба қонунгузории зиддитабъизӣ марбут аст. Дар Осиёи Марказӣ қонун дар бораи барангехтани кинаву адоват дар чорчӯби қонунгузории зиддиэкстремистӣ ворид шудааст, ки дар ҷаҳон назир надорад. Аз ин хотир дар мо мизони муҷозот хеле баланд аст. Ин хеле тарснок мебошад.
Шумо ба қазияи журналисти тоҷик Далер Шарифов шинос ҳастед? Дар мавриди боздошти ӯ чӣ гуфта метавонед?
Дар Осиёи Марказӣ боздошти ҳар рӯзноманигор шубҳа ва гумонҳои зиёдеро ба миён меоварад. Дар бештари ҳолатҳо мо тахмин мекунем, ки он ба фишор ба озодии баён марбут аст ва бо ин васила мақомот мехоҳанд даҳони мунтақидони режимро банданд.
Мақомот дар мавриди боздошти Далер Шарифов чизе намегӯянд. Ба истиснои изҳороти Додситонии кулл, тақрибан дар ин бора чизе намедонем. Иттиҳомот дар ҷаласаи пӯшидаи додгоҳӣ эълон гардид, ба вакилони дифои ӯ пешниҳоди маълумоти муфассалро манъ карданд. Сабаби ҳамаи ин чӣ аст? Махсус чунин мекунанд?
Фикр мекунам, ҳеч далеле нест [барои пушти дарҳои баста баргузор шудани мурофиаҳо], зеро ҷаҳон сӯи бозшудан ҳаракат дорад. Пас аз Эдвард Сноуден дар ҷаҳон ҳеч асроре боқӣ намондааст. Аз ин хотир, баргузор кардани барасии додгоҳии журналист пушти дарҳои баста чӣ нафъ дорад, вақте ба ҳар сурат ҳама ҳақиқатро мефаҳманд ва бештар фишор рӯи озодии суханро танқид мекунанд? Ҳарчанд, агар фазр кунем, ки журналист хато ҳам карда буд. Ҳеч далеле барои додгоҳҳои баста вуҷуд надорад, баръакс барасии парвандаҳо бояд ошкор гузаронда шаванд.
Ман таҷрибаи кор дар кишварҳои репрессивиро дорам. Ба сифати муҳаррири туркменистонӣ ва узбекистонии IWPR кор кардаам. Вақте пас аз боздошти рӯзноманигор сарусадоҳо баланд мешавад, кадом як натиҷае ба бор меояд. Ба ҳеч ваҷҳ набояд хомӯш истод.
Фикр мекунам, дар чунин ҳолатҳо танҳо “стратегияи сару садо” коромад аст. Он метавонад сабаби бештар шудани шиддат гардад, аммо ба ҳар ҳол дар оянда ин ҳамеша як абзори ҷомеаи ҳомиёни ҳуқуқ, абзори ҷомеаи расонаӣ ва абзори ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд.
Сонсур ин ёдгорие аз гузашта аст. Мо шоҳид ҳастем, кишварҳое ки дар онҳо сонсури шадид ва саркубгарӣ мавҷуд ҳаст, аз нигоҳи идеологӣ пеш намераванд. Рӯзноманигории мустақил ва озодро бояд парвариш намуд. Озодии баёнро бояд парвариш кард.
Ҷомеаи расонаии Тоҷикистон дар чунин шароити вазнин ҳанӯз барои коре кардан талош меварзад. Албатта, ин боиси хурсандии ман аст, зеро намефаҳмам, ки чӣ гуна журналистон метавонанд дар чунин шароит кор кунанд, дар ҳоле ки медонанд баъди соате бо онҳо чӣ иттифоқ афтиданаш мумкин аст. Танҳо барои он ки интиқод мекунанд ва дар кадом мавзӯе менависанд. Ва ҳама мегӯянд, ки хеле зиёд ба суҳбат даъват мешаванд, ба телефонашон занг мезананд, онҳоро ба худсонсурӣ маҷбур мекунанд: “шумо ин хел набояд нависед”. Яъне, зиндагӣ ва кор дар чунин шароит хеле тарснок аст.
Фикр мекунам, ҷомеаи расонаӣ бояд якҷо шуда, талаб намоянд, ки ошкоро вазъи воқеиро ба мо баён намоянд. Далер Шарифов барои чӣ боздошт шуд? Чаро додгоҳ пушти дарҳои баста сурат гирифт? Ҳоло ҳама чӣ дар ҷаҳон ошкоро сурат мегирад.
Ба иттилои Додситонии кулл, ташхиси динӣ нишон додааст, ки китоби Далер Шарифов дар контексти ҳаракати “Ихвон–ул–муслимин” (созмони дар Тоҷикистон мамнӯъ) навишта шудааст. То куҷо дуруст аст, вақте мақоме ки иттиҳомотро пешниҳод кардааст, худаш ташхис мегузаронад?
Аслан, ҳар гуна ташхис, аз ҷумла забонӣ таҷрибаи хубе нест.
Гап сари ин аст, ки ҳар кишвар, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ таҷриба ва методологияи худро дорад. Барои мисол, дар Тоҷикистон истифодаи методологияи дар Қирғизистон ё Қазоқистон коркардшуда мумкин нест, зеро идеологияи низом, шароити сиёсӣ ва таҷрибаи иҷрои ҷазо аз ҳам фарқ мекунад.
Ин мушкили бузургро ба миён меоварад. Душвор аст, гуфтан ки мақомот дуруст кор мекунанд ё нодуруст.
Барои мисол, дар Қирғизистон бар асоси қонуни барангехтани кинаву адоват тақрибан тамоми ташхисҳои анҷомшуда ба фоидаи ҷониби айбдоркунанда буданд. Дар мавриди Қазоқистон ҳам мешавад, ҳаминро гуфт.
Вақте ҳисоботи таҳлилӣ ва ё кадом як матлаб дар мавриди парвандаҳое ки дар онҳо ташхис перомуни гуфтаҳои экстремистӣ анҷом шуд, менависем, ҳамеша ба ду ҳолат таваҷҷуҳ мекунем: бар асоси кадом методология маркази ташхиси судӣ ва ё мутахассиси давлатӣ муайян кард, ки маҳз ҳамин идея экстремистӣ ҳаст ва то куҷо ин методология илмӣ асоснок шудааст.
Одатан мо дар ин бора чизе намедонем, зеро ин методология мабҳум аст. Мақомот бештари вақт дар чунин ташхисҳо ба кадом як мутахассис такя мекунанд. Мутахассис хулоса дод ва ташхис ба нафъи айбдоркунанда буд.
Дар Қазоқистон ва Қирғизистон дар чунин парвандаҳо ташхисҳои алтернативӣ, яъне мустақил таҷриба мешавад. Аммо дар минтақаи Осиёи Марказӣ тақрибан чунин марказҳои мустақили ташхис вуҷуд надоранд.
Созмони мо чанд ташхис анҷом дод, аммо онҳо бо экстремизм рабт надоштанд, балки марбут ба забони хусумат буданд. Бештари ташкилотҳое ки ба чунин парвандаҳои додгоҳӣ рӯбарӯ мешаванд, ба Русия муроҷиат мекунанд. Аммо ин ҳам дуруст нест, зеро Русия шеваҳои саркубкунандаи худашро дорад, ки вазъро бештар вахим мекунад. Аз ин рӯ, беҳтар буд, агар кадом як ташкилоти ҷамъиятие ба ин кор машғул мегардид.
Дар ҳамин ҳол, дар Русия, ки таҷрибаи он ҳам саркубгароёна мебошад, тавре ба ман маълум аст, як ташкилоти ҷамъиятӣ муваффақ шуд, шарҳи Додситони куллро бигирад, ки дар он гуфта мешавад, иқтибоси манбаъҳои динии конфессияҳои расмӣ барангехтани кинаву адоват маҳсуб намешаванд.
Чӣ гуна мешавад, рӯйкари воҳидеро таҳия кард, то ВАО бидонанд, ки пахшу пешниҳоди маҳз чунин чизҳо бар пояи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон метавонад ҳамчун паҳн кардани экстремизм таъриф шавад?
Ба андешаи ман, бахши ғайридавлатӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи расонаии кишвар бояд муттаҳид шуда, дар пайи муколамаву баҳсу баррасиҳо кадом як шеваҳои пешниҳодро коркард намоянд. Ин кор метавонад бисёр саволҳоеро аз миён бардорад. Ҳарчанд, дар шароити Тоҷикистон анҷом додани чунин коре хеле душвор аст.
Шумо пешниҳод мекунед, ки ҷомеаи расонаии Тоҷикистон инчунин барои дарёфти шарҳи расмӣ ба Додгоҳи олӣ муроҷиат кунад?
Ҷомеаи расонаӣ не, балки ҳомиёни ҳуқуқ. Яъне, мешавад бо пешниҳоди таҷрибаи Русия, шарҳи масоили марбут ба ифротгароиро талаб намуд.
Инчунин, мешавад, ба ҷомеаи расонаии Тоҷикистон тавсия дод, ки дар қазияи Далер Шарифов ташхиси мустақил анҷом бидиҳанд. Чунин ташхисҳо дар додгоҳ заминаи шаҳодатӣ надоранд. Аммо нерӯи таъсиргузор ҳангоми рад кардани заминаи шаҳодатиро доранд, зеро метавонанд ба чанд ҳолат равшанӣ андозанд.
Машварати Шумо ба рӯзноманигорони тоҷик, чӣ гуна метавонанд аз забони хусумат парҳез намуда, мавзӯъҳои ҳассосро инъикос намоянд?
Бояд меъёрҳои ахлоқро риоя кард. Рӯзноманигорон зиёд аз мо мепурсанд, агар касе чизи баде гуфт, чӣ гуна онро иқтибос намоем? Мешавад иқтибос овард, агар онҷо шакли сабуки забони хусумат, дар намуди клиша, стереотип ҷой дода шуда бошад ва ҳеч варианти “қайчӣ” задани он набошад. Мо танҳо дар нохунак ёдовар мешавем, ки ин клиша дар нисбати кадом як гуруҳ аст, инҷо ҳеч чизи баде нест.
Дуюм. Рӯзноманигорон ҳамеша бояд барои рушди худ кор кунанд. Зеро вазъ тағйир меёбад ва ҳамроҳ бо он забони хусумат низ дигар мешавад. Бо баҳонаи мубориза бо экстремизм ва барангехтани кинаву адоват дар ҷомеа метавонад кадом як механизми фишор ба озодии баён ба вуҷуд биёяд.
Аз ин рӯ, журналистон бояд огоҳ бошанд. Бояд дастурамал ва сиёсати редаксионӣ ҷорӣ намуд, ки журналист, масалан ҳангоми инъикоси низоъ чӣ гуна амал намояд. Агар кадом як иқтибоси низоъбарангез бошад, чиро бояд нависад. Зеро зиёд мешавад, ки рӯзноманигорон бо “шарофат”-и муҳаррир “зери гап мемонанд”, ӯ мегӯяд ин хел навис, аммо баъдан рӯзноманигор гунаҳкор мешавад.
Яъне, моро зарур аст, таҷрибаи омода кардани дастурамали вижаи редаксиониро дар масъалаи забони хусумат, инъикоси масоили динӣ, таҳияи феҳрасти вижаи мавзӯъҳои ҳассос тавсеа бидиҳем.
Сеюм. Мо бояд мубоҳисаҳоро дар ҷомеаи журналистӣ дар ин бора ки забони хусумат чӣ аст, таблиғи ифротгароӣ чӣ аст ва мо бояд чӣ кор кунем, тавсеа бахшем. Бояд хеле фаъол бошем. Мефаҳмам, ки дар баъзе шароитҳо хеле душвор аст, аммо набояд хомуш буд, агар не, пас инҷо журналистика комилан қурбон мешавад.
Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.