© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Чаро пиряхҳои Тоҷикистон об мешаванд?

Коршиносон обшавии пиряхҳоро як раванди табиӣ медонанд, аммо даҳсолаҳои охир суръати он дар қиёс ба давраи пеш аз саноатишавӣ ташвишовар шудааст.

Дар Тоҷикистон беш аз 8 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки 19-тои он хеле бузурганд. Маҳз онҳо манбаи аслии оби дарёҳо ба шумор мераванд. Оби тозае, ки аз ин пиряхҳо ҷорӣ мешавад, на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ хеле зарур ҳастанд.

Давоми даҳсолаҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим баъзе пиряхҳои калон хурд шудаанд. Ба таъкиди донишмандон, раванди обшавии пиряхҳо амали табиӣ мебошад, аммо давраи саноатишавӣ ин равандро суръат мебахшад.

Тоҷикистон аз рӯи шумораи пиряхҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Ҳарчанд пиряхҳо ҳамагӣ 6-8 дарсади қаламрави кишварро ташкил диҳанд ҳам (8476,2 метри мурабаъ), садҳо километри мукааб оби тозаро захира мекунанд. Қисми асосии пиряхҳо дар ҳудуди баландтарин қуллаҳои ҷумҳурӣ – Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҷойгиранд.

Пиряхҳои бузургтарини Тоҷикистон рӯдхонаҳои Амударё ва Зарафшонро, ки оби онҳо ба кишварҳои поёноб – Узбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон ҷорӣ мешавад, бо оби тоза таъмин мекунанд. Аз ҳамин хотир аст, ки мегӯянд, қисмати асосии оби минтақа дар Тоҷикистон ташаккул меёбад.

 Бузургтарин пиряхҳои Тоҷикистон

Бузургтарин пиряхҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгиранд. Тибқи иттилои “Маркази омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон”, баландии пиряхҳое, ки аз нишебиҳои қуллаи Сомонӣ сарчашма мегиранд ба 7400 метр аз сатҳи баҳр мерасанд.

Пиряхҳои калонтарини Тоҷикистон дар ҷойи пайвастшавии қаторкӯҳҳои Академияи илмҳо, Дарвоз, Пётри 1 ва Ванҷу Язғулом ҷойгиранд. Бузургтарин пиряхи Осиёи Марказӣ — Федченко аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Дар маҷмӯъ, дар ҷумҳурӣ 18 намуди пирях мавҷуд аст, ки қисми асосии онҳо ба шарқи кишвар рост меояд.

 Александр Пиров, муҳандиси Маркази яхшиносии Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, зиёда аз 30 сол мешавад, ки ба омӯзиши пиряхҳо машғул аст. Ӯ мегӯяд, пиряхҳои Тоҷикистон дар марҳилаи таназзул қарор доранд. Аммо дар ин маврид бонги хатар задан лозим нест.

“Пиряхҳо об мешаванд ва ин як раванди муқаррарии табиӣ мебошад. Онҳо пеш аз мо ҳам об мешуданд ва баъд аз мо ҳам об хоҳанд шуд, баъзан баръакс – бештар захира мешаванд. Ин ҳолат дар тӯли асрҳо рӯй медиҳад. Барои пешгирии ин раванд коре кардан қариб ғайриимкон аст – иқлим зери таъсири омилҳои гуногун тағйир меёбад ва инро пешгирӣ кардан номумкин аст. Танҳо бояд пиряхҳоро назора кард. Таърих аллакай шоҳиди яхбандии глобалӣ шудааст, вақте нисфи Аврупо зери ях буд, аммо баъдан ин пиряхҳо ба обшавӣ шурӯъ карданд”,-мегӯяд ӯ.

Барои намуна аз калонтарин пирях дар Осиёи Марказӣ – Федченко мисол овард, ки дар Помир ҷойгир аст ва замоне се маротиба бузургтар буд ва дарозии он то Лахш (ноҳияи наздимарзии Тоҷикистон бо Қирғизистон) мерасид. Баъдан раванди обшавии он сар шуд ва ҳоло дарозиаш ба 70 км мерасад, баъди даҳсолаҳо бошад, 2 километри дигар кам мешавад.

Ба гуфтаи Пиров, нақши асосии гидрологии пиряхҳо ташаккул додани маҷрои дарёҳои бузурги кишвар мебошад. Ҳарчанд ҳиссаи оби пиряхҳо дар маҷрои  солонаи дарёҳои бузург ба ҳисоби миёна чандон бузург нест ва 10-20 дарсад (бе дарназардошти ҷараёни обшавии барфи мавсимӣ дар пиряхҳо)-ро ташкил медиҳад, аммо нақши пиряхҳо дар ин раванд ниҳоят муҳим мебошад.

“Пиряхҳо моро бо об таъмин мекунанд ва ин сарвати асосӣ мебошад. Гузашта аз ин, ин чиз маҳз дар моҳҳое анҷом мешавад, ки кишвар ба об хеле ниёз дорад, яъне дар мавсими тобистону тирамоҳ. Вақте дар куҳҳо майдонҳои пурбарф аллакай об мешаванд, навбати пиряхҳо мешавад – онҳо дар ҳаҷми кофӣ ба водиҳо об медиҳанд. 80 дарсади обе, ки аз пиряхҳои Тоҷикистон ҷорӣ мешавад, тавассути дарёҳои Зарафшон, Амударё ва Сирдарё ба кишварҳои ҳамсоя меравад”,-таъкид мекунад вай.

Пиряхи асосӣ

Пиряхи Федченко дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҷойгир буда, ба даҳгонаи бузургтарин пиряхҳои ҷаҳон шомил мешавад.

Пиряхи Федченко қариб 50 шохоб дорад, ки баъзеи он бузургтарин пиряхҳои Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд (Бивачий, Наливкин, Витковский, Академияи илмҳо). Масоҳати он ҳамроҳ бо тамоми шохобҳояш 651,7 километри мурабаъ ва дарозии он 77 километр мебошад. Ҳамагӣ дар низоми пиряхи Федченко 45 пирях мавҷуд аст.

Баландии шохоби болоии пирях ба 7480 метр аз сатҳи баҳр мерасад, охири забонаи он дар водии дарёи Селдара (шохоби Муксу) то баландии 2910 метр паст фаромадааст. Ғафсии ях дар қисмати болоии пирях марзи 800 метрро убур карда, ҳаҷми умумии ях, бо шумули шохобҳои он ҳудуди 130 километри мукаабро ташкил медиҳад.

Яхшиносони тоҷик даҳсолаҳост, ки ба омӯзиши он машғуланд ва тавре маълум шудааст, Федченко ҳаракат мекунад. Давоми тақрибан 40 соли мушоҳидаҳо маълум шуда, ки суръати миёнаи солонаи ҳаракати ин пирях аз 63 то 89 см дар шабонарӯз тағйир карда, ба ҳисоби миёна 73 см дар шабонарӯзро ташкил медиҳад. Яъне, вақте шумо ин матлабро мутолиа мекунед, бузургтарин пиряхи минтақа чанд милиметр ҳаракат мекунад.

Аммо ба андешаи донишмандон, хабари ноумедкунанда ин аст, ки пирях ҳамасола дар ҳоли майда шудан аст ва ин раванд аз меъёри муқаррарӣ бештар сурат мегирад. Бино ба иттилои охирин, давоми 30 соли охир Федченко беш аз 3 километр масоҳати худро аз даст дода, сатҳи он 50 метр паст фаромадааст.

Яхшиносони тоҷик маълум кардаанд, ки боз як пиряхи бузурги дигар – Зарафшон ҳам ба таври қобили таваҷҷуҳ кам шудааст.

Аз соли 1960 то 2019 миқёси камшавӣ ё ақибнишинии он 4,8 километрро ташкил додааст. Бино ба маълумотҳо, суръати ақибнишинии он солона ба 80 метр баробар будааст. Мутахассисон ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳиссаи аслии пиряхҳои Тоҷикистон дар марҳилаи таназзул, яъне ақибнишинӣ қарор доранд. Камшавии дарозии пиряхҳо мутаносибан сабаби коҳиш ёфтани масоҳат ва ҳаҷми онҳо мегардад.

Ҳангоми боздид аз пиряхи Зарафшон дар соли 1979 марзи забонаи он аз нишона дар масофаи 200-250 метр қарор дошт. Пирях дар ҳоли камшавӣ аст ва ҳам аз рӯи масоҳат ва ҳам аз рӯи ҳаҷм кам мешавад. Акс аз маркази яхшиносии Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон
Ҳангоми боздид аз пиряхи Зарафшон дар соли 1979 марзи забонаи он аз нишона дар масофаи 200-250 метр қарор дошт. Пирях дар ҳоли камшавӣ аст ва ҳам аз рӯи масоҳат ва ҳам аз рӯи ҳаҷм кам мешавад. Акс аз маркази яхшиносии Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон
Аз соли 1932 то соли 2007 пиряхи Гармо 7 км кутоҳ шудааст, ки нишондиҳандаи қобили таваҷҷуҳ миёни пиряхҳои калони Осиёи Марказӣ мебошад.
Аз соли 1932 то соли 2007 пиряхи Гармо 7 км кутоҳ шудааст, ки нишондиҳандаи қобили таваҷҷуҳ миёни пиряхҳои калони Осиёи Марказӣ мебошад.

Тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо

Иқлимшиносони тоҷик арзёбии таъсири тағйирёбии ҷаҳонии иқлим ба пиряхҳои Тоҷикистонро анҷом додаанд. Дар натиҷаи мушоҳидаҳо маълум шуда, ки шурӯъ аз соли 1930 масоҳати умумии пиряхҳои кишвар тақрибан 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

Бино ба иттилои Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, давоми 70-80 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар кишвар, чӣ дар водиҳо дар баландии 1000 метр аз сатҳи баҳр ва чӣ дар куҳҳо дар баландии аз 2500 метр, боло рафтааст ва ин ба обшавии қисмати асосии пиряхҳо оварда мерасонад.

Ин тамоюл дар баландкуҳҳо низ, ки қисми асосии пиряхҳо ва барфҳои кишвар ҷойгиранд, мушоҳида мешавад. Агар дар соли 1950 ҳарорати миёнаи солона дар ин ҷойҳо дар сатҳи -2,1 дараҷаи Селсия буд, пас дар соли 2020 он то -0,9 дараҷа боло рафтааст.

Абдурашид Тағойбеков, сармутахассиси маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озони Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон сабаби гармшавии ҳаворо дар Тоҷикистон ба раванди тағйирёбии глобалии иқлим рабт медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, аллакай ҳисоб шудааст, ки болоравии ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар охири асри 21 дар Осиёи Марказӣ метавонад аз 3,7 то 5,6 дараҷа Селсияро  ташкил бидиҳад.

Ҳамзамон, афзоиши ҳарорат дар зимистон аз 3,0 то 5,8 дараҷа, тобистон аз 3,5 то 5,5 дараҷа Селсияро ташкил медиҳад. Болоравии ҳарорат дар пасманзари коҳиши боришот тақрибан дар тамоми минтақа ба вуқӯъ мепайвандад.

Тағойбеков тағйирёбии босуръати иқлимро ҳалқаи сарбастае меномад, ки худи инсонҳо бо роҳи рушди саноатсозӣ, корхонаҳои саноатӣ, истифодаи нафт, газ ва ангишт ба он таъсир мегузоранд.

“Агар кутоҳ карда гӯем, дар атмосфераи замин гази карбон ва газҳои гулхонаӣ аз меъёр зиёд шуда истодаанд. Ин ҳолат таъсири нигоҳ доштани гармиро ба вуҷуд меорад ва имкон намедиҳад, ки ба атмосфера равад – замин гарм мешавад ва сабаби обшавии пиряхҳо ва дигар пайомадҳои манфӣ мегардад, ки бар асари онҳо одамон дар тамоми сайёра ранҷ мекашанд. Бештар ҳодисаҳои табиӣ монанди хушксолӣ, сел, обхезӣ ва монанди ин ба вуқӯъ мепайвандад”,-шарҳ медиҳад ӯ.

Ба гуфтаи вай, агар раванди кунунии таназзули пиряхҳо 30-40 соли оянда идома кунад, бисёре аз пиряхҳои хурди Тоҷикистон комилан аз байн мераванд ва ин ба низоми обии баъзе дарёҳои Тоҷикистон, монанди Зарафшон Кофарниҳон, Қаратоғ, Оби хинг таъсир мерасонад.

“Тахмин зада мешавад, ки масоҳати пиряхҳои кишвар дар қиёс ба имрӯз 15-20 дарсад кам мешаванд. Тахмин зада мешавад, ки ҳаҷми об дар пиряхҳо 80-100 километри мукааб кам мешавад. Бо усули ҳисоб муайян шудааст, ки ба гармшавии ҳаво нигоҳ накарда, баъзе пиряхҳои бузург боқӣ мемонанд”,-мегӯянд иқлимшиносони тоҷик.

Онҳо пешгӯӣ мекунанд, ки таъсири эҳтимолии таназзули пиряхҳо ба захираҳои об метавонад дар кутоҳмуддат ба афзоиши оби дарёҳо оварда расонад, аммо дар дарозмуддат ба эҳтимоли зиёд ба камбуди об сабаб мешавад.

Баъзе коршиносони тоҷик роҳи ҳифзи захираҳои оби кишварро, ки дар пайи обшавии пиряхҳо коҳиш меёбанд, бунёди обанборҳои миёна ва хурд ва афзоиши ҷангалҳо дар навоҳии куҳӣ медонанд.


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR “Amplify, Verify, Engage: Information for Democratisation and Good Governance in Eurasia”, ки аз ҷониби ВКХ-и Норвеж маблағгузорӣ мешавад ва лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR, ВКХ Норвеж ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: