© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: сокинони офатзада роҳи мошингардро бастанд

Сокинони ҷануби Тоҷикистон, ки аз омадани сел зиён дида буданд, роҳи мошингардро бастанд ва ба ин тартиб, аз мақомот кӯчонидан ба ҷои амнро талаб карданд. Дар шаҳраки дигари наздикии шаҳри Душанбе сокинон мегӯянд, фаъолиятҳои соҳибкор сабаби омадани сел шудааст.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Миёнаи моҳи май сокинони чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон аз боронҳои пуршиддат ва омадани сел зиёни ҷиддӣ диданд. Офати табиӣ шабҳои 14 ва 15 май рух дод, ки дар натиҷаи он чанд сокин бе сарпаноҳ ва дар кӯча монд. 

Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Қурбоналӣ Ғуломов, раиси маҳаллаи Зардидаи ҷамоати Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, ки рӯзи аввал ҷараёни сел пуршиддат буд ва наздики 10 манзилро тахриб кард.

“Рӯзи 16 май ҷараёни обу лой камтар шуда, вале чанд хонаи дигарро вайрон кард. Дар ҳоли ҳозир шумори хонаҳои вайроншуда аз 10 адад бештар аст”, – гуфт Ғуломов.

Ду сокини зиёндидаи ҷамоатҳои ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо CABAR.asia гуфтанд, дар пайи омадани сел наздики 50 сар говашон талаф ёфтааст. Ҳамчунин чанд мошин зери лой монд. Сокинон мегӯянд, сел тақрибан ҳамасола меояд, аммо дар гузашта миқёси харобии он то ин ҳад набуд.

Сафия Ҳаитова, сокини 75-солаи деҳаи Зардида гуфт, сел хонаи ӯро хароб кардааст.

Сафия Ҳаитова, сокини 75-солаи деҳаи Зардида. Акс: CABAR.asia
Сафия Ҳаитова, сокини 75-солаи деҳаи Зардида. Акс: CABAR.asia

“Се шаб аст, ки дар берун хоб меравам. Тамоми хонаи маро лой зер кардааст. Хона дигар қобили истиқомат нест. Чаҳор набераи хурдсолам дар хонаи бегонаҳо хобанд. Ман аз мақомот мехоҳам, ки кӯмак расонанд”, – гуфт Ҳаитова.

Соли ҷорӣ ин бори дувум аст, ки боронҳои пай дар пай дар ноҳияи Хуросон боиси омадани сел ва вайронии манзилҳои сокинон мешаванд. Сели аввал рӯзи 21 март омад, ки дар натиҷаи он як кас кушта шуд.

Манзили сокини дигар, Саидмоҳ Қурбоноваи 47-сола бори дувум аст, ки аз сел зиён мебинад. Ба гуфтаи вай, манзилаш дар селроҳа ҷойгир аст. Қурбонова аз тоза кардани селовардаҳо хаста шудааст. Вай аз мақомот хоҳиш дорад, ки дар макони амнтаре барояш қитъаи замин ҷудо кунанд.

Сафия Ҳаитова, сокини 75-солаи деҳаи Зардида. Акс: CABAR.asia
Саидмоҳ Қурбонова, сокини 47-солаи деҳаи Зардида. Акс: CABAR.asia
“Ҳамаи курпаву курпачаҳо гилолуд шудаанд. Бо машаққат тавонистем, ки қисмате аз ҷиҳозро ба берун барорем. Аз тарс дар берун хоб меравем. Ман, мисли дигар шаҳрвандони Тоҷикистон талаб дорам, ки мақомот дар ҷои амне барои мо қитъаи замини сохтмонӣ ҷудо кунанд. Ман на ғизо дораму на ҷое барои хоб рафтан”, – гуфт Саидмоҳ Қурбонова дар суҳбат бо CABAR.asia.

Аксари сокинони аз сел зиёндида ҳамчунин ҳамаи маҳсулоти ғизоӣ – орду равған ва дигар маҳсулоту васоили ниёзи аввали худро аз даст додаанд. Онҳо интизор доштанд, ки мақомот кӯмак мерасонанд ва маҳсулоти ғизоӣ тақсим мекунанд, вале касе ба онҳо ёрӣ нарасонд. Бо гузашти чаҳор рӯзи интизорӣ офатзадаҳо роҳи мошингарди Душанбе-Бохттаро бастанд ва ба ин тартиб, эътирози худро нисбати беамалии мақомот баён карданд.

Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо CABAR.asia хабар дод, ки бо сокинони офатдида мулоқот карда, ваъдаи кӯмак додааст.

“Мо ба Ҳукумати Тоҷикистон муроҷиат мекунем ва барои касоне, ки манзилҳояшон комилан зери обу лой мондаанд, дар ҷои амнтаре қитъаи замини сохтмонӣ ҷудо хоҳем кард. Дар ҳоли ҳозир мақомоти маҳаллӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ ба поккории оқибатҳои сел машғул ҳастанд”, – гуфт Сафарзода.

Мақомоти ноҳияи Хуросон хабар доданд, ки дар пайи омадани сел як сокини 55-сола вафот карда, наздики 10 манзил комилан хароб шудааст.

Муродҷон Муҳиддинов, сухангӯи кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Хуросон хабар дод, ки кормандони ин ниҳод ба бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ сафарбар шудаанд. Комисияи махсуси кумита зарари офати табииро муайян хоҳад кард.

“Омадани сел рӯзи 14 май ба қайд гирифта шуд ва кормандони кумита ҳанӯз ҳам ба бартарафсозии оқибати он машғул ҳастанд”, – афзуд Муродҷон Муҳиддинов.

Бино ба гузориши расмӣ, дар вилояти Хатлон бештар аз 400 минтақаи хатарнок мавҷуд аст, ки имкон дорад, ҳангоми боридани боронҳои пай дар пай селфароӣ ва лағзиши замин рух диҳад.

«Мансабдорон гуфтанд, ки манзилҳои шумо қобили зиндагӣ ҳастанд»

Дар ҳамин ҳол, дар шаҳри Ваҳдат сокинон дар сар задани мушкилиашон соҳибкори маҳаллиро айбдор мекунанд.

Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Бибигул Салимова, сокини деҳаи Ғалабаи шаҳри Ваҳдат гуфт, соати 6 субҳи рӯзи 14 май баъди боло рафтани сатҳи оби дарёи Кофарниҳон, сел манзили ӯро комилан тахриб кард.

“Мо ҳашт сол дар ҳамин ҷо зиндагӣ кардем. Шавҳари ман солҳои тӯлоние дар Русия меҳнат ва ҳамин хонаро бунёд карда буд. Ман ҳатто ба фарзандонам иҷозат намедодам, ба хонаҳои нав дароянд, то ин ки дару девор тозаву озода боқӣ монад”, – гуфт Салимова.

Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Вай меафзояд, дар натиҷаи омадани сел чаҳор утоқи манзил, ошхона, ҳаммом, ҳамаи сару либос ва ашёи рӯзгораш талаф шудааст.

“Ман се фарзанд дорам, намедонам ба куҷо равам. Ба ҳар куҷое, ки муроҷиат кунам, аз пеш медонам, ки аз тарси вируси корона ба мо рӯи хуш нишон намедиҳанд”, – гуфт Салимова.

Аз ҳукумати шаҳри Ваҳдат ба мо гуфтанд, ки рафта дар масҷид хоб кунем

“Аз ҳукумати шаҳри Ваҳдат ба мо гуфтанд, ки рафта дар масҷид хоб кунем. Чи гуна онҷо мешавад, хоб рафт?! Намедонам, ба куҷо равам. Фарзандҳоро дар хонаҳои мардум ҷо кардам, шавҳарам дар Русия аст”, – шикоят дорад Салимова.

Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Вай гуфт, баъди офат 3 кг картошка, 4 кг пиёз, 4 кг сабзӣ, равған, коғази ташноб, 1 маҳлули зарфшӯӣ, 3 курпача, 2 болишт, 2 курпа ҳамчун кӯмак дарёфт кардааст. Вай намедонад, ки ин кӯмакҳоро кӣ расонидааст.

Сурайё, сокини дигари шаҳри Ваҳдат гуфт, ҳангоми шуруъи обхезӣ сокинон раиси шаҳр ва муовинонашро даъват карда буданд.

“Раиси шаҳр бо чашмони худ дид, ки об чи гуна манзилҳои моро вайрон мекунад. Вай шахсан ба сокинон дастур дод, ки фирор кунанд ва худро наҷот диҳанд”, – гуфт Сурайё дар суҳбат бо CABAR.asia.

Ин сокин дар 15 соли истиқомат дар шаҳри Ваҳдат бори аввал шоҳиди чунин офати табиӣ шудааст. “Пушти хонаи мо боғи калони мева буд. Об як утоқи 10-метрӣ, се утоқи нисбатан хурд, ҳавлии пеш ва ошхонаро шуст”, – гуфт Сурайё.

Акс: CABAR.asia
Акс: CABAR.asia

Сокинони шаҳр боло рафтани сатҳи оби дарёро ба фаъолияти корхонаи нави коркарди помидор рабт медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, чанд соли пеш соҳибкоре дар қисмати поёнии маҳалла корхона сохт ва барои тағйир доданаи ҷараёни об чанд контейнерро дар лаби дарё гузошту дохилашонро бо санг пур кард.

“Вақте вай контейнерҳоро мегузошт, модари ман наздаш рафт ва фаҳмонд, ки мумкин аст, оби дарё боғи моро хароб кунад. Аммо роҳбари корхона ҷавоб дод, ки ҳеч ҳодисае рух нахоҳад дод. Дар рӯзи ҳодиса мо дидем, ки чи гуна ҷараёни об ба ҷои поён рафтан ба боло хест ва дар натиҷа манзили моро вайрон кард”, – гуфт Сурайё.

Сокинони маҳаллӣ гуфтанд, тасмим доранд, ки дар фурсатҳои наздик аз болои соҳибкор ба мақомоти додситонӣ шикоят баранд. Ин сокинон аз мақомот дархост кардаанд, ки ба ҷои амнтар кӯчонида ва бо сару либос ва ғизо таъмин шаванд.

Дилбар Зайниддинова, сокини дигари шаҳри Ваҳдат гуфт, онҳо бо тарс дар хонаҳояшон хоб мераванд. “Мо ба мақомоти маҳаллӣ қариб даҳ маротиба муроҷиат кардем, аммо ҳамаи муроҷиатҳои мо нодида гирифта шуданд. Танҳо посухе, ки ба мо доданд: “Ҳоло ба хонаҳои шумо чизе таҳдид намекунад” буд”, – гуфт Зайниддинова.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: