© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Даври нави саркӯб шудани расонаҳо дар Тоҷикистон

Ҷомеаи расонаии Тоҷикистон алайҳи боздошти ду рӯзноманигори мустақил -Далер Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ эътироз мекунад.


Хабарнигорони тоҷик. Акс: CABAR.asia
Хабарнигорони тоҷик. Акс: CABAR.asia

Рӯзи 16 июн маълум шуд, ки алайҳи ду рӯзноманигори тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.  Рӯзноманигор ва блогнависи мустақил Далер Имомалиро дар “фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ” ва “дидаву дониста додани хабари бардурӯғ оиди содир шудани ҷиноят” муттаҳам медонанд. Иттиҳоми аввал – то ду сол ва иттиҳоми дуввум то панҷ соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” муттаҳам мешавад. Ин моддаи Кодекси ҷиноятӣ ҷазоро дар шакли ҷарима ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ мекунад. Рӯзи 18 июн Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳар яке аз ин рӯзноманигоронро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Баъдан ба парвандаи Далер Имомалӣ боз як моддаи дигар — 307, замимаи 3, қисми 2-и (иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динии мамнӯъ)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон илова ва парвандаи он махфӣ карда шуд. Ин модда аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Наздикони журналистони боздоштшуда ба CABAR.asia гуфтанд, то имрӯз натавонистаанд бо онҳо мулоқот кунанд.

Суҳбат дар Додситонии ноҳия

Далер Имомали. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com
Далер Имомали. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com

Рӯзи 4 июн баъди дар ютубканал нашр кардани гузориш дар бораи тахриби манзилҳо дар маҳаллаи Панҷшери пойтахт, рӯзноманигори мустақил ва блогнависи маъруфи тоҷик Далер Имомалиро “барои суҳбат” ба додситонии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе даъват карданд. Ӯро  танҳо пас аз тоза кардани ин гузориш раҳо карданд.

Худи ҳамон рӯз, Далер Имомалӣ дар пахши мустақим дар саҳифаи Ютубаш гуфт, ки дар ҷараёни суҳбат прокурор ба ӯ даст бардошт. Шикояти аслии додситонӣ алайҳи ӯ ин буда, ки рӯзноманигор дар гузориши худ назари мақомотро пешниҳод накардааст. Худи блогнавис мегӯяд, талош кард бо намояндаи додситонӣ суҳбат кунад, аммо дар посух гуфтаанд, ки бидуни камера суҳбат мекунанд.

Давоми се моҳи ахир ин дуввумин бозпурсии Далер Имомалӣ аз сӯи мақомоти интизомӣ аст. Қаблан ӯро маъмурони пулиси ноҳияи Ваҳдат чанд соат бозпурсӣ карда буданд. Вай дар саҳфаи шабакаҳои иҷтимоии худ гуфта буд, баъди бозпурсиҳо худро “хаставу беҳол” ҳис кард ва агар мақомот ба ҳамин шева идома бидиҳанд, аз рӯзноманигорӣ даст мекашад.

Ва рӯзи 15 июн ӯ ҳамроҳ бо хабарнигори дигар Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба ҳайси наворбардори гузоришҳои Далер кор мекард, аз ҷониби додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Созмони байналмилалии “Гузоришгарони бидуни марз” боздошти Далер Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум карда, аз ҳукумати Тоҷикистон хост онҳоро озод кунад. Ин созмон рӯзи 17 июн бо нашри як баёнияи кӯтоҳ дар Твиттер навишт, Далер Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ маҳз барои фаъолияти хабарнигориашон таъқиб шудаанд, ки мухолифи қонунҳои Тоҷикистон ва қонунҳои байнулмилалӣ аст.

Расонаҳо аз инъикоси рӯйдодҳои ВМКБ худдорӣ карданд

Давоми ду моҳи ахир дар Тоҷикистон чанд мавриди фишор ба хабарнигорон сабт шудааст. Мавориди аввал ба ҳодисаҳое иртибот доштанд, ки миёнаҳои моҳи май дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) шурӯъ гардиданд.

Шоми 16 май дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВМКБ эътирози сокинон оғоз гардид. Пас аз як рӯз бузургтарин хабаргузории кишвар – “Азия Плюс” эълон кард,  бо далели фишори мақомот аз пӯшиши ҳаводиси ахири ВМКБ худдорӣ мекунад.

Абдулло Ғурбатӣ. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com
Абдулло Ғурбатӣ. Акс аз саҳифаи шахсии facebook.com

“Қабл аз ин, “Азия-Плюс” огоҳиномаи расмии Прокуратураи генералӣ ва огоҳиҳои ғайрирасмӣ аз ниҳодҳои дигарро дар мавриди он дарёфт карда буд, ки идораи мо ҳаводиси ВМКБ-ро “якҷониба” инъикос мекунад ва “вазъи кишварро ноором месозад”. Ба “Азия-Плюс” дастур шуда буд, ки  “камбудиҳо бартараф карда шаванд”, дар ғайри сурат идораи моро хатари бастан таҳдид мекунад”,-гуфта мешуд дар изҳорот.

Боз як расонаи дигар – сомонаи your.tj низ он замон эълон кард, дар бораи эътироз ва ҳаводиси ВМКБ чизе наменависад. Ин расона дар саҳифаи Фейсбуки худ навишт, ки дар бораи таҳаввулоти ахир дар Бадахшон изҳори назар карда наметавонанд.

“Аввалан, мо дар Бадахшон хабарнигор надорем, бинобар ин наметавонем тамоми маълумотро тафтиш кунем. Сониян, ҳоло танҳо хабарҳои расмӣ дастрасанд, аммо ин хабарҳо саволҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд, ки ҷавоб надоранд”,-таъкид мешуд дар паёми мазкур.

Дигар ВАО-и Тоҷикистон хабару гузоришҳоро дар бораи ҳаводиси ВМКБ аз шабака ва сомонаҳои расмии телевизионҳои давлатӣ бознашр мекарданд.

Чанде аз раҳбарони расонаҳои давлатӣ ва мустақил таъйид карданд, аз мақомот дастур гирифтанд, ки ба истиснои гузоришҳои манобеъи давлатӣ иттилоъоти аз ҳад зиёд нашр накунанд.

Ба далели худдорӣ кардани расонаҳои маҳаллӣ аз инъикоси ҳаводиси Бадахшон, шабакаҳои иҷтимоӣ ба минбари аслии баҳсу мунозираҳо дар бораи авзоъ дар минтақа табдил шуданд.

Ягона расонае, ки дар бораи ҳаводиси моҳи майи Бадахшон маълумоти алтернативӣ пешниҳод мекард, бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод – Радиои Озодӣ буд. Аммо рӯзи 17 май баъди суҳбат бо Улфатхонум Мамадшоева, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки мақомот ӯро дар ташкили тазоҳурот дар Хоруғ муттаҳам мекунанд, чаҳор хабарнигори “Озодӣ” ва “Current Time” дар шаҳри Душанбе мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ҳамлаварон телефонҳо ва дурбини хабарнигоронро бо худ бурданд.

Муллораҷаб Юсуфӣ, яке аз хабарнигорони Радиои “Озодӣ”, ки мавриди ҳамла қарор гирифт, мегӯяд, ҳамлаварон нагуфтаанд, ки кистанд ва чӣ мехоҳанд, аммо хабарнигоронро хуб мешинохтанд ва ҳадафашон гирифтани дурбину телефонҳо буд.

“Яке аз онҳо гуфт, “Муллораҷаб, ба Худо, мепарронамат”. Ду-се мушт заданд. Телефону ҷузвдонро гирифтанд. Пулҳоро гардонда, чизҳои дигарро бо худ бурданд”,-нақл кард Мулораҷаб дар суҳбат бо расонаҳо.

Анушервон Орифов, хабарнигори шабакаи телевизионии “Current Time” низ гуфт, ӯ ва наворбардораш баъди суҳбат бо Улфатхонум Мамадшоева ба чунин ҳодисае рӯбарӯ шуданд.

Дар маҷмӯъ аз онҳо ҳафт телефон ва як дурбинро гирифтаанд. Ба гуфтаи Орифов, танҳо таҷҳизоте, ки аз тими “Current Time” гирифтаанд, беш аз 9 ҳазор доллар арзиш дорад.

Баъдан мақомот хабар доданд, ки Вазорати корҳои дохилӣ аз рӯи далели ҳамла ба хабарнигорон бар асоси моддаи 248-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ғоратгарӣ) парванда боз кардааст ва тафтишот идома дорад.

Муллораҷаб Юсуфӣ баъдан ба расонаҳо гуфт, шоми 28 май дар кӯча як марди ношиносе наздаш омада, гуфтааст, телефон ва дигар таҷҳизот дар дасти ӯ аст ва дар сурати бозпас гирифтани ариза онҳоро бармегардонад. Ӯ ҳамчунин таҳдид кардааст, ки агар Муллораҷаб аз шикояти худ даст накашад, пас бояд дар фикри саломатӣ ва амнияти аъзои хонаводааш бошад.

Ҳамзамон, бархе аз хабарнигорони зодаи ВМКБ барои бозпурсӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даъват шуданд. Рӯзи 22 май рӯзноманигори “Азия-Плюс” Рамзия Мирзобекова ба мақомоти интизомӣ даъват шуд. Аз ӯ дар мавриди дӯстӣ бо Улфатхонум Мамадшоева пурсидаанд. Мақомот компютер ва телефони ӯро мусодира карда, то ҳол барнагардондаанд.

Рамзия Мирзобекова дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, мақомоти амниятӣ нисбат ба ӯ хушмуомила буданд ва аз ҷониби онҳо ҳеч гуна фишору таҳдидро эҳсос накардааст. Ягона нигаронии ӯ ин аст, ки пас аз суҳбат бо онҳо дар Фейсбук ду мақола нашр шуд, ки вайро дар ҳамкорӣ бо коршиноси рус Андрей Серенко муттаҳам мекунад.

“Ман намедонам, ки ин мақолаҳоро кӣ ва дар кадом ниҳод омода кардааст. Чунки онҳо аз номи фейк нашр шуданд. Ман ҳеч иртиботе бо Серенко надорам. Танҳо як бор тавассути чат назари ӯро дар бораи вазъи Афғонистон пурсида будам”,- таъкид намуд Мирзобекова.

Вокуниши ҷомеаи расонаӣ

Қазияи Далер Имомалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ҷомеаи рӯзноманигорӣ вокунишҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Рӯзи 6 июн, баъд аз ду рӯзи бозпурсии аввал, теъдоде аз созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон, расонаҳои мустақил ва давлатии Тоҷикистон дар як баёнияи муштарак аз мақомот хостанд, фишор болои хабарнигоронро бас кунанд ва ҳамчунин омилони ҳамла ба Далер Имомалӣ ва хабарнигорони Радиои “Озодӣ”- ро пайдо ва муҷозот кунанд. Дар ин баёния ҳамчунин ба маҳдудиятҳои кори расонаҳо дар инъикоси рӯйдодҳои ВМКБ ишора мешуд.

Муаллифони изҳорот хостори қатъи фишору таъқиби хабарнигорон дар Тоҷикистон шуда буданд. Ҳамзамон, онҳо ба ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва рӯзноманигорон тавсия доданд, “бо дарки манфиатҳои миллии Тоҷикистон, авзои минтақа ва ҷаҳон, дар доираи қонунгузории кишвар ва меъёру стандартҳои касбиву ахлоқӣ кори худро роҳандозӣ кунанд”.

“Мақомот, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қонунгузории кишварро дар соҳаи воситаҳои ахбори омма риоя кунанд ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. Қазияҳои монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии рӯзноманигорон аз сӯйи мақомоти зидахл мӯшикофона таҳқиқ ва омилони ин аъмол мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Мақомоти давлатӣ бояд ба ин гуна қазияҳо ҷиддӣ бархӯрд кунанд ва омилони онро пайдо ва барои ҷомеаи муаррифӣ кунанд”,-гуфта мешуд дар изҳорот.

Зери баёнияи муштарак имзои созмонҳое монанди Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ), Маркази тадқиқоти журналистӣ, созмони ҷамъиятии “Хома”, созмони ҷамъиятии “Машварати расонаӣ”, “Медиа Алянси Тоҷикистон”, гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс”, инчунин рӯзномаҳои “Садои мардум” (нашрияи парлумони Тоҷикистон), “Минбари халқ” (нашрияи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ) ва нашрияи мустақили “СССР” гузошта шуда буд.

Аммо рӯзи 8 июн сардабирони нашрияҳои “Садои мардум”, “Минбари халқ” ва “СССР” бо нашри як изҳороти вижа дар Фейсбук қисман аз ин талабҳо даст кашиданд.

Ба гуфтаи сармуҳаррирон, мавқеи онҳоро бархе аз сомонаҳои “моҷароҷӯ” бо ҳадафҳои худ таҳриф кардаанд. Онҳо иддао доранд, ки боздошт ва бозпурсии Далер Имомалиро маҳкум карда, аммо дар мавриди фишор болои хабарнигорони дигар мавқеи худро баён накардаанд.

“Гузашта аз ин, то ҷое ки мо иттилоъ дорем рӯзноманигорони зикршуда  доир ба моҷарою овозаҳое, ки дар бораи онҳо паҳн шудаанд, ба созмонҳои журналистӣ муроҷиат накардаанд”,-гуфта мешавад дар изҳороти се сардабир.

Нуриддин Қаршибоев. Акс: CABAR.asia
Нуриддин Қаршибоев. Акс: CABAR.asia

Дар посух ба ин баёния, раиси НАНСМИТ Нуриддин Қаршибоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ намогирифт (скриншот)-и суҳбатеро нашр кард, ки дар он сармуҳаррири “Садои мардум” Бахтиёр Ҳамдамов ва сардабири “СССР” Сайёфи Мизроб мувофиқати худро ба муҳтавои изҳорот тасдиқ кардаанд.

Нуриддин Қаршибоев ба CABAR.asia гуфт, вокуниши созмонҳои рӯзноманигорӣ баҳонае барои фишори боз ҳам бештаре болои ҷомеаи шаҳрвандӣ шуд. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, тамоми қазияҳо алайҳи хабарнигорон талоши маҳдуд кардани фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳост.

“Мавқеи мо ин аст, ки журналистон набояд таҳти фишор ва таъқиб қарор бигиранд. Ба ибораи дигар, ҳаводиси ахир бо иштироки расонаҳои мустақил талоши зери назорат гирифтани фазои иттилоотӣ ва фишор болои рӯзноманигорону расонаҳои мустақил аст”,- гуфт Қаршибоев.

Дар ҳамин ҳол, Хуршеди Атовулло, раиси Маркази тадқиқоти рӯзноманигории Тоҷикистон, ба ояндаи журналистикаи тоҷик хушбин нест. “Вақт нишон дод, ки созмонҳои рӯзноманигорӣ ба касе лозим нестанд, ба ҳарфи онҳо касе гӯш намедиҳад. Ҳама иқдому талошҳои минбаъда бефоида аст ва фишор болои рӯзноманигорон идома хоҳад ёфт”,- таъкид намуд ӯ.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: