Озодии баён

CABAR.asia 05.04.23

Боздошт ва ба муддати тӯлонӣ паси панҷара бурдани хабарнигорон ва блогерон рӯзноманигориро ба як касби хатарнок табдил додааст. Мақомоти  Тоҷикистон фишор болои рӯзноманигоронро идома медиҳад. (more…)

CABAR.asia 19.10.22

Коршиносони расонаӣ мегӯянд, пас аз боздошти 7 блогер ва рӯзноманигор кори расонаҳо дар Тоҷикистон ба маротиб мушкилтар гардида, доираи “хатти сурх”-и худсонсурӣ, ки набояд убур карда шавад, тангтар шуд. (more…)

CABAR.asia 23.06.22

Ҷомеаи расонаии Тоҷикистон алайҳи боздошти ду рӯзноманигори мустақил -Далер Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ эътироз мекунад. (more…)

CABAR.asia 12.06.20

Хабарнигори тоҷик Абдулло Ғурбатӣ дар давоми як моҳ ду маротиба латту кӯб шуд. ВКД гуфт, ки хабарнигори латукӯбшуда талош кард, “дар бадбахтии дигарон барои худ бахт ёбад” ва хост, сокинони маҳаллиро нисбати ҳукумат бадбин кунад. Ҳамзамон чанде аз рӯзноманигорони дигар тоҷик мегӯянд, фишор нисбати онҳо низ бештар шудааст. (more…)

CABAR.asia 19.05.20

Рӯзноманигори тоҷик, Абдуллоҳи Ғурбатӣ, ки ахиран мавриди ҳамла қарор гирифт, муътақид аст, ки ин ҳамла аз қабл барномарезишуда ва амдӣ буд. Коршиносон мегӯянд ин ҳодиса ба ҳамлаҳое, ки дар гузашта ба рӯзноманигорон сурат гирифта буд, шабоҳатҳое дорад. (more…)

CABAR.asia 19.03.20

Коршиноси расонаӣ, сарвари созмони пажуҳишии Мактаби сулҳофарӣ ва фановариҳои расонаӣ дар Осиёи Марказӣ – Инга Сикорская дар мусоҳиба бо CABAR.asia аз озодии сухан, забони хусумат, талош барои доштани расонаҳои мустақил ва чолишҳои пешорӯи журналистон суҳбат кард.

(more…)

CABAR.asia 04.02.20

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ) рӯзноманигор Далер Шарифовро боздошт карданд. Ӯ дар барангехтани кинаю адовати миллӣ, мазҳабӣ, динӣ айбдор мешавад. Аммо наздикон ва дӯстони Далер ин иттиҳомотро рад мекунанд. (more…)

Marat Mamadshoev 20.12.19

“Муҳимтарин монеа ва таҳдид барои расонаҳо кофӣ набудани омӯзишҳои ҳирфаӣ, худсонсурӣ, нокофӣ будани имкониятҳои молӣ, заъфи меъёрҳои ахлоқии касбӣ ва дахолати давлат ба ВАО мебошанд”. Ин нукта дар матлаби барои CABAR.asia навиштаи муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон — Марат Мамадшоев таъкид шудааст. (more…)