Боздошт ва ба муддати тӯлонӣ паси панҷара бурдани хабарнигорон ва блогерон рӯзноманигориро ба як касби хатарнок табдил додааст. Мақомоти Тоҷикистон фишор болои рӯзноманигоронро идома медиҳад.
24-уми март маълум гардид, ки алайҳи собиқ рӯзноманигори «Радиои Озодӣ» (бахши «Радиои Озодӣ» дар ҶТ) Рустами Ҷонӣ, ки айни ҳол дар Прага иқомат дорад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ин бора ба идора муфаттиши Шӯъбаи пулиси ноҳияи марказии Сино Абдуҳаким Шафиев иттилоъ дод.
Вай зикр кард, ки Рустами Ҷонӣ дар ҷустуҷӯ қарор дорад ва мақомот ба Интерпол дархости расмӣ мефиристад, то дар боздошти ӯ кӯмак намояд.
Тибқи маълумоти расонаҳо, Ҷонӣ дар “ташкили фаъолияти созмони ифротӣ” (қ. 4 мод. 307 КҶ ҶТ) гунаҳгор карда мешавад.
Рустами Ҷонӣ ва ҳамсари ӯ Анора Саркорова, собиқ рӯзноманигори радиои «Бӣ-бӣ-сӣ», даъват ба ниҳодҳои интизомӣ ва позпурсии хешовандонашонро дар Душанбе “талоши тарсонидани онҳо” медонанд, то дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз нашри матолиби интиқодӣ даст кашанд.
Ҳамчунин, панҷ созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз Тоҷикистон даъват карданд, то рӯзноманигори боздоштшуда Хуршед Фозиловро озод намоянд.
Изҳороти муштарак 24-уми март аз ҷониби Кумитаи Норвежии Ҳелсинки (Norwegian Helsinki Committee), Ҳамкории Байналмилалӣ барои Ҳуқуқи Инсон (International Partnership for Human Rights), Ҳомиёни ҳуқуқи шаҳрвандӣ (Civil Rights Defenders), Бунёди Ҳуқуқи Башари Ҳелсинки (Helsinki Foundation for Human Rights) ва Бунёди Байналмилии дифоъ аз ҳомиёни ҳуқуқ (Front Line Defenders) нашр шуд.
Рӯзноманигор Хуршед Фозилов, ки бештар барои расонаҳои мустақили маҳаллӣ аз Панҷакенти вилояти Суғд хабару гузориш таҳзия мекард, рӯзи 6 март аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт гардид. Наздикони рӯзноманигор гуфтанд, ки ӯро дар даъвати оммавӣ бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон бо истифода аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ айбдор кардаанд. Хуршед Фозилов 37-сола буда, соҳиби се фарзанд мебошад. Айни замон вай дар боздоштгоҳи муваққатии Хуҷанд қарор дорад. Аммо наздиконаш ин иттиҳомро қабқул надоранд.
Панҷ созмон дар изҳороти худ таъкид мекунанд, ки соли гузашта мақомоти Тоҷикистон ҳафт блогеру рӯзноманигорро зиндонӣ карданд ва ба назар мерасад, ки “маъракаи саркӯби рӯзноманигорон идома дорад”. Онҳо парвандаи ҷиноӣ алайҳи рӯзноманигорро “бахше аз маъракаи саркӯби дигарандешҳо дар Тоҷикистон” унвон карданд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки кишвар уҳдадориҳои худро дар бораи озодии баён риоя намекунад ва парвандаи рӯзноманигоронро паси дарҳои баста баррасӣ карда, далелҳоро аз ҷомеа пинҳон мекунад.
Муаллифони ин изҳорот ба ин назаранд, ки парвандаи Хуршед Фозилов бо риштаи сафед дӯхта шудааст ва гуфтаанд, ки ҳеч далели гуноҳи ӯ садо надодааст, аз ин рӯ, дар боздошт нигоҳ доштани ӯ хилофи қонун аст. Онҳо аз Ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки ба уҳдадориҳои байналмилалии худ содиқ бошад ва аз таъқиби рӯзноманигорон даст кашад.
Хуршед Фозилов бо расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ дошт, ва асосан аз мушкилоти сокинони водии Зарафшон матолиб навишта, аксаран аз мақомоти маҳаллӣ интиқод мекард. Ӯ дар шаӣбакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд.
Чанд сол пеш дар яке аз барномаҳои телевизиони Тоҷикистон ӯро ҳамчун ҳамкори сомонаи мустақили «Akhbor.com», ки дар Прага воқеъ аст, нишон дода буданд.
Freedom House дар ҳисоботи охирини худ Тоҷикистонро яке аз кишварҳои “ноозод” дар Осиёи Марказӣ номид. Ин созмон ҳисоботи худро 9-уми март нашр карда, дар он сатҳи озодии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 7 хол аз 100 холи имконпазир баҳогузорӣ шудааст.
Сабаби чунин баҳогузории пасти Freedom House дар он аст, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ нисбати рӯзноманигорон, ҳомиёни ҳуқуқ ва созмонҳои ҷамъиятӣ маҳдудиятҳои бисёр ҷорӣ гардид. Ҳамчунин он ба боздолшти хабарнигорон ва блогерон ва вазъи сангини рӯзноманигорон ишора мекунад.
Рӯзноманигори тоҷик Маҳпора Киромова соли 2022-ро давраи “хеле ҷиддӣ” барои рӯзноманигорон ва блогерон дар Тоҷикистон медонад.
“Албатта, мо пештар низ фишорро эҳсос мекардем, аммо чунин ба назар мерасад, ки соли гузашта тасмим гирифта шуда буд, ки ҳама нишонаҳои озодии баён аз байн равад. Мутаассифона, моддаи 307 –и Кодекси ҷиноӣ ҳамчун воситаи мубориза интихоб шуд, ки хеле сода ва ба осонӣ озодандешону қаламдоронро ба ифротгаро табдил дод”— мегӯяд Киромова.
Вай ба боздошти ҳашт рузноманигор ва блогер, ки дар иртибот бо созмонҳои мамнуъ ва ифротӣ айбдор дониста, ба муҳлатҳои тӯлонӣии зиндон маҳкум шуданд, ишора мекунад. Боздоштҳо моҳи майи соли 2022 пас аз эътирозҳо дар ВМКБ оғоз шуданд.
Рӯзи 17 майи соли гузашта рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеа Улфатхонум Мамадшоева боздошт ва охири сол ба 21 соли зиндон маҳкум шуд. Дар мурофиаи додгоҳии пушти дарҳои баста Мамадшоева дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин, аз ҷумла даъват ба сарнагунии ҳукумат (моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон) гунаҳгор дониста шуд. Як рӯз пеш аз боздошташ рӯзноманигори 65 –сола дар суҳбат бо хабарнигорон иттиҳомоти мақомотро рад кард. Дар пайи Мамадшоева блогер Хушрӯз Ҷумъаев боздошт ва бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 соли зиндон маҳкум гардид.
Моҳҳои июн – июли соли 2022 мақомоти Тоҷикистон панҷ рӯзноманигор ва блогерро – Далери Имомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Муҳаммади Султон, Абдусаттори Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминиро боздошт карда буд. Ҳамаи онҳо дар робита бо созмонҳои мамнуъ ва ифротӣ айбдор дониста шуданд. Далери Имомали ба 10 сол ва чор рӯзноманигори дигар ба 7 соли зиндон маҳкум гардиданд. Ҳама хабарнигорон иттиҳомоти алайҳи онҳо эълоншударо рад карданд ва гуфтанд, ки онҳо бегуноҳанд.
Аз ҷумла, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода дар номае аз боздоштгоҳи тафтишотӣ навишта буд, ки ӯро дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат сахт шиканҷа кардаанд, то масъулияти ҷинояти содирнашударо ба дӯш гирад.
Баъдан Додситони кулл ин шикоятро рад кард. Шикояти кассатсионӣ аз ҳукми хабарнигорони боздоштшуда натиҷае надодааст. Бо вуҷуди интиқод ва муроҷиатҳои зиёди созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, мақомот алайҳи ин хабарнигорон чорае наандешидаанд. Баръакс, чунин ба назар мерасад, ки боздошти хабарнигорон идома меёбад.
Боздошти 8 рӯзноманигор ва блогер боиси он гардид, ки Кумитаи ҳуқуқи рӯзноманигорон Тоҷикистонро ба қатори 12 кишвари – “маҳбас барои рӯноманиогорон” ворид кард.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани милли ВАО мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) мегӯяд, боздошти хабарнигорон, аз ҷумла Хуршед Фозилов бевосита ба фаъолияти касбии онҳо рабт дорад.
«Ин амалҳо ба фаъолияти дигар рӯзноманигорон таъсири манфӣ расонида, худсонсурӣ дар ҷомеаро афзоиш дода, ба рисолати рӯзноманигорӣ ҳамчун як рукни ҷомеаи демократӣ зарба мезанад” – мегӯяд ӯ.
Тобистони соли гузашта ҷомеаи рӯзноманигорон ва расонаҳои Тоҷикистон ба лату кӯби Далери Имомалӣ дар додситонӣ, ҳамла ба чаҳор хабарнигори радиои “Озодӣ” ва телевизиони «Настоящее время» вокуниши шадид нишон дода буданд. Аммо матбуот ва созмонҳои рӯзноманигорӣ дар мавриди боздошти Хуршед Фозилов хомӯширо авлотар донистанд.
Нуриддин Қаршибоев мегӯяд хомӯшии созмонҳои рӯзноманигорӣ маънои онро надорад, ки онҳо аз тасмими мақомот барои боздошт кардани Хуршед Фазилов розӣ ҳастанд».
Хабарнигори CABAR.asia ба Шӯрои ВАО, яке аз созмонҳои расонаии Тоҷикистон занг зад, то назари онҳоро дар бораи қазия бигирад. Аммо намояндагони ин созмон изҳор доштанд, ки “азбаски ҷузъиёти парвандаи Хуршед Фозилов маълум нест, онҳо изҳорот намедиҳанд” .
Маркази тадқиқоти журналистӣ ва ҳафтаномаи «СССР», ки Хуршед Фозилов дар онҳо кор мекард, ҳатто хабари боздошти хабарнигорро нашр накарданд, роҳбарони онҳо низ вазъро шарҳ намедиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҷомеаи рузноманигории тоҷик бинобар вокуниш ба боздошти ҳамкасбонашон ба мушкилот рӯбурӯ шуда буд. Масалан, созмонҳои рӯзноманигории тоҷик ва як қатор расонаҳо, аз ҷумла, расонаҳои давлатӣ дар робита ба шиканҷаи Далери Имомалӣ дар додситонии ноҳияи Шоҳмансур изҳороти муштарак нашр карданд.
Дар ин изҳорот аз латукӯби Далери Имомалӣ ва чаҳор хабарнигори «Радио Озодӣ» ва «Настоящего времени» изҳори нигаронӣ карда буданд. Аммо баъди чанд рӯз ҳафтаномаҳои «СССР», «Тоҷикистон», «Минбари Халқ» ва «Садои Мардум» расман изҳороти худро бозпас гирифтанд. Баъдан сардабири нашрияи «Минбари халқ», ки ба Ҳизби ҳокими халқи – демократӣ тааллуқ дорад, аз вазифа барканор шуд. Чунин сарнавишт ба сари сардабири нашрияи парлумонии «Садои мардум» низ омад.
Нуриддин Қаршибоев, яке аз сабабҳои сукут дар қазияи Хуршед Фозиловро худсонсурии ҷомеаи шаҳрвандӣ медонад, ки натиҷаи “таъқибу фишор болои гуногунандешии ақидаҳо дар ҷомеа аст”
Мақомот маҳдудиятҳои озодӣ, аз ҷумла фишор болои рӯзноманигоронро рад мекунанд. Аммо пас аз он ки ҳашт хабарнигор ва блгер дар як сол ба зиндон рафтанд, ба ҷомеаи рӯзноманигорон маълум шуд, ки “ҳудуди он чӣ иҷозат аст, тангтар шудааст”.
Абдумалик Қодиров, раиси созмони «Медиа-Альянси Тоҷикистон” бар ин назар аст, ки маҳдудиятҳои озодиҳо дар Тоҷикистон ба вазъи Русия рабт дорад. Ба қавли вай, мақомоти тоҷик ба Русия содиқанд ва бисёре аз аъмоли онро такрор мекунанд – ҳамин ки саркӯбии озодиҳо дар ин кишвар оғоз шуд, Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз он пайравӣ кунад.
“Ба ин васила онҳо мехоҳанд садои озодандешонро хомӯш кунанд, то қудрати худро мустаҳкам намоянд”, – мегӯяд Қодиров.
Нодида гирифтани даъватҳо ба озодӣ ва қатъи фишор болои рӯноманигорон дар ҷомеаи рӯзноманигории тоҷик умеди кам мегузорад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки рӯзноманигорони тоҷик метавонанд бо риояи ҳирфаӣ ва меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ ин давраи душворро пушти сар кунанд.
“Ин гуна набояд ҳамешагӣ бошад. Рӯзноманигорӣ набояд ба ин осонӣ бимирад”– мегӯяд Маҳпора Киромова.