© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: Оё тағйироти нави қонунгузорй аз ҳайвоноти бесарпаноҳ муҳофизат мекунад?

Ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот дар Тоҷикистон тақозо доранд, ки муҷозот барои бераҳмй нисбат ба ҳайвонот сангинтар шавад ва тирандозии сагҳои кӯчаро бас кунанд.


Паноҳгоҳ барои сагон дар Душанбе.  Акс: vecherka.tj
Паноҳгоҳ барои сагон дар Душанбе.  Акс: vecherka.tj

13 –уми апрели соли 2022 парлумони Тоҷикистон ба қонун дар бораи бойторй тағийроту иловаҳо ворид кард, ки бар асоси он бори аввал дар сатҳи қонунгузорй мафҳуми паноҳгоҳ барои ҳайвоноти бесарпаноҳ пайдо шуд. Ин иловаҳо пас аз муроҷиатҳои чандинкаратаи ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот ба ҳукумати шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбут ворид шудаст. Тайи чанд соли ахир як гуруҳ сокинони шаҳр ва дӯстдорони ҳайвонот бо ҳам муттаҳид шуда, барои ҳифзи дӯстони чорпойи худ талош кардаанд. Онҳо ба унвони раиси шаҳри Душанбе бо мақсади ташкили паноҳгоҳ барои ҳайвоноти бесарпаноҳ дар шаҳр муроҷиат кардаанд.

Ҳарчанд, паноҳгоҳ ҳоло сохта нашудааст, аммо талошҳои ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот самараи худро ба бор овард, дар қонунгузории кишвар барои аввалин бор ин мафҳум, ба мисли паноҳгоҳи ҳайвоноти хонагй ворид гардид.

Бо талошҳои ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвоноти маҳаллй дар Точикистон ба таври хусусй аллакай чандин сарпаноҳ сохта шудааст. Масалан, дар шаҳри Душанбе ду сарпаноҳ бо номи «Лучоб» вуҷуд дорад, ки дар он беш аз 200 ҳайвони бесарпаноҳ асосан сагҳо гиноҳ дошта мешаванд. Чунин паноҳгоҳ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вуҷуд дорад. Давра ба давра баъзе фаълони ҳайвонот чорабиниҳои хайрия мегузаронанд ва барои таъом додани ин ҳайвонҳо кӯмакҳои башардӯстона ҷамъоварй мекунанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи пурсидашуда муайян кардани шумораи сагҳои бесоҳибро душвор меҳисобанд.

Зулфия Голубева. Сурат аз архиви шахсӣ.
Зулфия Голубева. Сурат аз архиви шахсӣ.

Зулфия Голубева, рӯзноманигор ва ҳомии ҳуқуқи ҳайвонот мегӯяд «Не, ҳеҷ кас чунин рақамро дода наметавонад, зеро ҳеҷ кас онҳоро ҳисоб намекунад».

Пештар ба Голубева аз ноҳияи Фирдавсй хабар дода буданд, ки танҳо дар соли 2018 кормандони коммуналй 1467 сагро дастгир карданд. Аз ин шумора танҳо 6 сагро соҳибонашон бурданд. Дар дигар ноҳияи пойтахт – Шохмансур – ҳамон соли 2018 рақами мушаххасро гуфта натавонистанд, аммо гуфтанд, ки ҳар моҳ ба ҳисоби миёна тавассути онҳо 50-70 саг мегузарад.

Ба қавли рӯзноманигори дигар ва ҳомии ҳуқуқи ҳайвонот Алия Ҳамидуллина, танҳо дар кӯчаҳои пойтахт «ба ҳисоби миёна на кам аз садҳо саг» қарор дорад.

Тавре ба  CABAR.asia аз Хадамоти давлатии назорати санитарй – эпидемиологии Тоҷикистон хабар доданд, ҳамасола тақрибан 12 ҳазор ҳолати ҳуҷуми сагҳо ба одамон ба қайд гирифта мешавад. Ба гуфтаи онҳо, дар як сол аз газидани саг то 15 нафар ба ҳалокат мерасанд.

 

Ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот аз чй нигаронанд?

Ҳамзамон, фаъолони ҳайвонот бештар акс ва видеои тирпаронй ва «шикор»-и сагҳоро аз ҷониби сохторҳои дахлдору шахсони хусусй дар Душанбе нашр мекунанд. Ҳомиёни ҳайвонот аз муносибати бераҳмонаи аҳолй ба сагу дигар ҳайвоноти бесарпаноҳ нигарон буда, иброз медоранд, ки онҳо аксар вақт шиканҷа ва ҳатто кушта мешаванд.

Зулфия Голубева, ки беш аз як сол аст дар мавзӯи ҳимояи ҳайвонот барои сомонаи «animals.vecherka.tj» мақола менависад, гуфт, ки аксаран шумораи ҳайвоноти бесарпаноҳ бо айби соҳибонашон меафзояд. Одамон саг ва гурбаҳои худро барои он ки «аз бозй бо онҳо хаста шуданд ё кӯч мебанданд» дар кӯча мепартоянд. Ҳамаи ин боиси он мешавад, ки ба ҳайвоноти бесарпаноҳ муносибати бераҳмонаи оммавй сурат мегирад.

«Одамон онҳоро мезананд, масхара мекунанд, аксар вақт бераҳмона мекушанд. Аз он ки ин амалҳо қариб ҳамеша беҷазо мемонанд, арзиши ҳаёти ҳайвон амалан сифр мешавад», – гуфт Голубева.

Ҳомии ҳуқуқки ҳайвонот мегӯяд, ки ӯро муносибати бераҳмона нисбати ҳайвонот дар кӯча метарсонад.

«Бераҳмй дар ҷолмеа – ин бонки изтироб аст», – мегӯяд Голубева. 

Рӯзноманигор Алия Ҳамидулина низ бар он назар аст, ки вазъи сагҳои бесоҳиб дар Тоҷикистон хеле бад аст.

«Онҳо кӯшиш мекунанд, ки бо як роҳ – тирандозй бо онҳо мубориза баранд. Аммо ин ба вазъият ёрй намерасонад. Сагҳо ба таври тасодуфй зиёд мешаванд ва мушкилот  ҳал намешавад. Зиндагии сагҳои бесоҳиб дар кӯчаҳо муборизаи доимй барои зинда мондан аст: ҷустуҷуи доимии ғизо, тарс аз одамон, марги дарднок аз тирпарронй», – гуфт Ҳамидулина.

Зимнан, қонунгузории кишвар барои зарар расонидан ба ҳайвоноти хонагй ҷазо пешбинй накардааст, танҳо дар сурати кушта шудани онҳо. Дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳандаи ҳадди ақали ҳисобй пешбинй шудааст. Дар ҳоли ҳозир меъёри як чунин нишондод дар кишвар 64 сомонй (6,5 доллари ИМА) аст.

Ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот талаб доранд, ки  муҷозот сахттар шавад ва талаб мекунанд, ки нисбати онҳое, ки ҳайвоноти хонагиро шиканҷа мекунанд, ҷазо татбиқ карда шавад.

Ахиран, мақомот амалан аз боздошт ва ба ҷавобгарй кашидани афроде, ки дар бераҳмии сагҳо даст доранд, хабар медиҳанд. Аз ҷумла, рӯзи 2-юми июн Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар бораи боздошти як сокини 31-солаи пойтахт, ки барои бераҳмй нисбат ба ҳайвонот ҷарима шудааст, хабар  нашр кард.

Ҳуҷуми сагҳои оворагард ба аҳолй

Дар ҳамин ҳол, сокинони мамлакат ва мақомот аксаран мегӯянд, сагҳои ваҳшй ба саломатии мардум хатар доранд ва эҳтимоли ҳамлаи онҳо ба мардум, ба хусус занону кӯдакон зиёд аст. Хавфи паҳншавии бемориҳои сироятй тавассути ҳайвоноти бесарпаноҳ низ зиёд аст.

Сафаргул Каримова, як сокини Душанбе, аз афзоиши сагҳои бесоҳиб дар пойтахт шикоят дорад ба гуфтаи вай, шабҳо аз аккоси сагҳои ҷамъшуда кӯдакон аз тарс бедор мешаванд, раҳгузарони танҳоро дар кӯчаҳо метарсонанд.

«Якчанд вақт пеш саги оворагард ба кӯдаки ҳамсоя ҳуҷум карда, ӯро газида буд. Кӯдакро дарҳол ба беморхона бурданд, хушбахтона саг бемор набудааст. Мо чандин маротиба ба раиси маҳалла ва ҳатто  ноҳия муроҷиат кардем, ки барои бехатарии кӯдакон чораҳо андешанд, аммо то ҳол на раиси маҳалла, на раиси ноҳия барои ин расидагй накардааст», – шикоят кард ӯ.

Наим Каримов, сокини дигари шаҳри Душанбе низ аз афзоиши сагонии бесоҳиб изҳори нигаронй карда, гуфт, ки духтараш чанд сол қабл аз чунин сагҳо тарсида, бемор шуда буд.

«Духтари ман шаб ба дорухона барои харидани дору меравад, ва ҳангоми бозгашт ба як тӯда сагони бесоҳиб дучор мешавад. Ҳарчанд онҳо ба ӯ ҳуҷум накарданд, вале ӯ аз тарс натавонист ба хона баргардад», – гуфт Каримов.

Ба қавли вай, ӯ аз бар нагаштани духатараш хавотир шуда, ба берун мебарояд ва мебинад, ки вай дар як ҷой истода, аз тарс гиря мекунад. Вай сагҳоро ронда, духтарашро ба хона меорад.

Аз ҳамон лаҳза духтараш зуд-зуд шабҳо аз хоб бо тарс бедор мешавад. тақрибан як сол табобат карданд, аммо натиҷа надод.

«Вай аз тарс қариб ҳар шаб бедор мешавад. Ба ҳеҷ куҷо танҳо намеравад ва баъзан худ ба худ гап мезанад. Табибон гуфтанд, ки вай сахт тарсидааст», – мегӯяд ҳамсуҳбатамон.

Сокини дигари Душанбе Ҳикматулло Раупов, мегӯяд, ки вай бо тӯдаи сагҳои бесоҳиб шабона ва ё субҳи барвақт зиёд дучор меояд.

«Инҷо шаҳр аст ва одамон инҷо шабу рӯз доим дар ҳаракатанд. Касе ба навбатдории шабона меравад, касе аз кор бармегардад. Бахусус, вақте кӯдакон субҳи барвақт ба мактаб мераванд, хатарнок аст», – мегӯяд Раупов.

Ба қавли вай, сагҳои бесоҳиб махсусан дар зимистон хеле хатарнок мешаванд, вақте ғизо намеёбанд ва гурусна мемонанд.

«Барои ҳамин, онҳо бояд нобуд карда шаванд, барои он ки шаҳрвандон озод ва бе тарсу ҳаррос дар кӯча гашту гузор кунанд», – гуфт ввй.

Мақомдорон мегӯянд, маҳз кӯдакон қурбонии сагҳои бемор мешаванд.

Чораи дигаре ба ҷуз куштан нест?

Дар пойтахти Тоҷикистон масъулияти ба дом афтонидани сагҳои бесоҳиб ва бемор ба дӯши мақомоти хадамоти нигаҳдории роҳҳои чор ноҳияи пойтахт вогузор шудааст. Як гуруҳ шикорчиёнро ба рейдҳои махсус ҷалб намуда, аз соати 3 то 5-и субҳ, вақте кӯчаҳои шаҳр холй ва беодам аст, сагҳоро сайд мекунанд. Тибқи қоида, сагҳои дастгиршуда, дар ҷойҳои махсус ҷудогардида  то 3 рӯз нигоҳ дошта мешаванд.

Дилшод Болтаев. Акс аз саҳифаи шахсй.
Дилшод Болтаев. Акс аз саҳифаи шахсй.

Як корманди идораи роҳдории ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, бо шарти ифшо нашудани номаш ба CABAR.asia гуфт, дар сурати пайдо нашудани соҳибони сагҳо ҷонварон ба ҷойҳои махсус ҷудошуда фиристода мешаванд.

«Асосан сагҳое, ки дар кӯчаҳо фукбанд ва бе гарданбанд бе соҳибонашон гаштугузор мекунанд, сагҳои бесоҳиб ҳисобида мешаванд. Ва барои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолй онҳоро ба воситаҳои махсус интиқол медиҳанд ва то пайдо шудани соҳибонашон дар онҷо нигоҳ дошта мешаванд. Агар соҳибонашон пайдо нашаванд, ҳайвонҳо безарар хоҳанд шуд», — гуфт ҳамсуҳбати мо.

Вақтҳои охир дар миёни сокинони кишвар баҳсу ҳаросҳо дар бораи ҳодисаҳои тирпарронии сагҳо ва ваҳшиёна нобуд кардани ҳайвонот зиёд шудааст. Аз ҷумла, хабари кушта ва сӯзонидани 700 саг дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон дар соли гузашта боиси хашми ҳомиёни ҳуқуқи ҳайвонот шуд. Мақомот он замон гуфта буданд, ки сагҳо хатарноканд ва онҳо низ чорае ҷуз куштан ва сӯзондани онҳо надоранд.

Мақомот мегӯянд ки то ҳол илоҷи дигаре надоранд, ба ҷуз аз берун бурдани ҳайвоноти бесарпаноҳ ба партовгоҳи берун аз шаҳр. Дар акси ҳол хатари ҳамла ба шахс ва афзоиши гирифторй ба бемории ҳорй меафзояд.

Дар паҳншавии сагони бесарпаноҳ худи одамон гунаҳгоранд

Ба гуфтаи мутахассисон, дар чунин ҳолатҳо аксар вақт худи одамон гунаҳкоранд, зеро он дар нигоҳдорй ва нигоҳубини ҳайвонот бемасъулиятона рафтор мекунанд.

Дилшод Болтаев, духтури тоҷик, бемасъулиятии мардумро сабаби афзоиши сагҳои бесоҳиб медонад. Баъзеҳҳо сагро як муддат ҳамчун бозичаи зинда барои фарзандон  ё худ гирифта, баъдан ба кӯча мепартоянд. Сагҳои партофташуда манбаи хавфи ҷамъият мешаванд.

«Дар навбати аввал, бояд ҷомеаро тарбият кард, то ин ки мардум барои нигаҳдории сагҳо масъулият намоянд. Сабаби афзоиши сагҳои бесоҳиб дар ҳамин аст, на дар таваллуди сагҳо дар кӯча. Тавассути Воситаи ахбори омма ба аҳолй бояд фаҳмонд, ки маҳз ҳамин амалҳо барои ҷомеа ва атрофиён хатар доранд», — гуфт Болтаев.

Кишварҳои гуногун низ кӯшиш мекунанд, ки ин мушкилотро бо роҳҳои гуногун ҳал кунанд. Дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон ин мушкилотро ба ташкили питомникҳо ҳал мекунанд, дар баъзеи дигар ҳайвонҳоро бо роҳи ҷарроҳй безарар мегардонанд ва аз афзоиши сагҳои бесоҳиб ҷилавгирй мекунанд.

Қонуни нав қадаме барои ҳимояи сагҳои бесоҳиб

Тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи бойторй  дар моҳи апрели соли ҷорй натиҷаи кори як гуруҳ вакилони парлумон ва як гуруҳи корй аз ҷониби ширкати расонаии «Вечерка» ва Созмони ҷамъиятии «Пешсаф» барои ташаббуси тағйироти қонун дар робита ба ҳайвонот аз ҷониби давлат ва ҷамъият мебошад.

Бори аввал чунин мафҳумҳо аз қабили: бесамар, беэътиной, бераҳмй нисбат ба ҳайвонот ва паноҳгоҳи ҳайвонот ҷорй карда мешавад.

Инчунин, дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи тибби бойторй» мафҳуми муносибати инсондӯстона бо ҳайвонот муайян карда шудааст, ки меъёри он некуаҳволии ҳайвонот ва одамон дар доираи арзишҳои ахлоқии аз ҷониби умум эътирофшуда, инчунин ҳифзи ҳайвонот аз муносибати бераҳмона ва масъулиятнок ба ҳаёту саломатии онҳо  мебошад. Тағйиру иловаҳо ҳамчунин ба танзими муносибат бо ҳайвоноти бесоҳиб ва қоидаҳои фаъолияти сарпаноҳҳо дахл кардаанд, ки онҳо метавонанд дар ҳама гуна шакли ташкилию ҳуқуқй ва давлатй  ва хусусй бошанд.

Алия Ҳамидулина ба ин назар аст, ки сохтани паноҳгоҳ танҳо қисман мушкилоти ҳайвоноти бесарпаноҳро ҳал мекунад.  Вай қайд кард, ки ин як кори гаронарзиш аст, зеро сагҳоро бояд дар шароити дуруст нигоҳ доштан, ғизо додан ва табобат кардан лозим аст. дар паноҳгоҳҳо нигоҳ доштани кормандон, аз ҷумла додани маош зарур аст.

«Ҳатто дар кишварҳои тараққикарда паноҳгоҳҳои давлатй наметавонанд сагҳоро то охири умр нигоҳубин кунанд. Сагҳое, ки аз паноҳгоҳ гирифта намешаванд, кушта мешаванд», – гуфт вай.

Зулфия Голубева низ мегӯяд, ба қонунгузорй санадҳои иловагй зарур аст, то ин қонун амал кунад.

«Ман ҳуқуқшинос нестам, аммо медонам, ки санадҳҳои зерқонунй лозиманд, ки тартиби татбиқи онро муфассал тавсиф кунад. Яъне, барои сохтани паноҳгоҳ кй масъул хоҳад буд, он бояд чй гунна бошад, чанд нафар бояд бошад, тамоми кори паноҳгоҳ  – чй, чй тавр ва чй қадар? Ва саволи аз ҳама муҳим – маблағгузории ин паноҳгоҳ аз куҷо ҷудо мешавад? метавон гуфт, ки бо тасвиби ин ислоҳҳо мушкил то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Қарор ҳанӯз дар пеш аст», – гуфт Голубева.

Сагҳо чй хатар доранд?

Духтури ҳайвонот Дилшод Болтаев пешниҳод дорад, ки дар кишвар нуқтаҳои муваққатии нигаҳдории   сагҳо кушода шавад. Чораи дигар ин сохтани паноҳгоҳ барои сагони бесоҳиб аст,  ки он имкон медиҳад то онҳо сарпаноҳ ёбанд ва ҳам хатари ҷомеаро коҳиш диҳанд.

Соли 2018, вақте  вазъи тирпарронии ҳайвонот дар кӯчаҳои Душанбе дубора авҷ гирифт, ҳомиёни ҳайвонот дар бораи амалҳои ғайриқонунй ва ғайриинсонии кормандони ДЭУ ба Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе муроҷиат карданд. Муаллифон дар ариза ба моддаҳои 277 «Муомила бо ҳайвонот ва паррандагон  ва 278 «Забҳи ҳайвонот ва паррандагон дар ҷойҳои номуаян»-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон истинод кардаанд.

Алия Ҳамидуллина. Акс аз бойгонии шахсй.
Алия Ҳамидуллина. Акс аз бойгонии шахсй.

Аризаи мазкур аз ҷониби пулис баррасй шуд ва баъдан ба кормандони ДЭУ тибқи моддаи 277  ба маблағи 200 сомонй (ҳудуди 20 доллари ИМА) ҷарима баста шуданд. Моддаи 278 дар ариза нишондодашударо (дар ҷойҳои муайяннашуда забҳ кардани ҳайвонот) ба эътибор нагирифта, барои ин бояд (шояд аз сабаби зиёд будани маблағи ҷарима барои он бошад) касе ҷазо нагирифтааст.  

Ҳамзамон, ба қавли ҳуқуқшиноси тоҷик, дар тарҳи нави Кодекси ҷиной моддаи бераҳмй нисбат ба ҳайвоноти хонагй  ва масъулият  барои он ворид хоҳад шуд.

«Шарти ҳатмй, меъёри ҳатмй, маҳз муносибати бераҳмона, ангезаҳои авбошй,  маҳз  садизм аст ,– мегӯяд ҳуқуқшинос Дилшод Чураев, к ибо лоиҳаи қонун шинос шудааст. – Безараргардонии муқаррарй ворид нашудааст: зеро мо аз эҳсоси инсондустй бедард безарар мегардонем».

Ба қавли Ҷураев, ҳадди ақали ҷазо барои муносибати бераҳмона ба ҳайвонот ҳудуди 450 доллар ва ҳадди аксар 50 рӯзи  ҳабсро ташкил медиҳад.

«Оё ин кофй хоҳад буд, инро амалия нишон медиҳад», – қайд мекунад ҳуқуқшинос.

Ба андешаи Алия Ҳамидулина, ягона роҳи ҳалли инсонии мушкили ҳайвоноти бесарпаноҳ безараргардонии оммавии онҳо мебошад. Албатта, чунин сагҳое, ки дар кӯча зиндагй мекунанд, бояд солим бошанд ва барои ҷомеа хатар эҷод накунанд.

Вай барои мисол кишвари Туркияро меорад, ки сагҳо ва гурбаҳои бесарпаноҳ безарар ва микрочип карда мешаванд. Онҳо бо одамони осоишта зиндагй мекунанд ва як қисми экосистемаи шаҳр мебошанд. Ба онҳо даст намерасонанд, хӯрок медиҳанд ва бо эхтиром муносибат мекунанд.          

 «Мақомот бояд роҳи инсондӯстона пайдо кунанд ва таҷрибаи кишварҳои пешрафт дар ин замина метавонад нишондод бошад. Сагҳое, ки ба одамон таҳдид мекунанд, аз ҷумла сагҳое, ки гирифтори касалии сироятй мебошанд, бояд нест карда шаванд. Ва боз ба таври инсондӯстона – бо усули бедард куштан аст. Барои ин кори босифати мутахассиси хадамоти ветеринарй ва беморхонавй  зарур аст.  Ҳайвоноти хатарнокро нест мекунанд, солим– безарар ва микрочип карда мешаванд ва ба макони зисти худ бармегардонанд. Чипҳо имкон медиҳанд, то фаҳмед, ки ҳайвонот хатарнок нестанд, онро метавонед парастиш кунед, бо вай суҳбат кунед ё ҳатто ба хона баред» – гуфт  Ҳамидулина.

Зулфия Голубева бар ин назар аст, ки пеш аз ҳама зарур аст муайян кард, ки саг гирифтори беморй аст ё не.

«Бо кадом сабабҳое одамон чунин мешуморанд, саге ки одамро газида бошад, ҳатман бемории ҳорй дорад. Аммо ин ин аслан чунин нест. Дар ибтидои соли 2019 вақте бо директори хадамоти бойтории шаҳри Душанбе мусоҳиба кардам, ӯ гуфт дар соли 2018 дар пойтахт ягон ҳолати гирифторй ба бемории ҳорй нашудааст», – гуфт Голубева.

 Ҳарчанд чанд маротиба сагҳои гумонбар ба бемории сироятёбиро ба хадамоти мо оварданд, вале сарнавишти ин ҳайвонҳо фоҷеабор буд.

«Ҳамаашон ба хотири таҳлили дақиқ кушта шуданд. Ташхиси дақиқро танҳо тавассути таҳлили мағзи сар мумкин аст. Маълум мешавад, ки бемории ҳорй кашф нашудааст, аммо ҳайвонотро беасос куштанд», – гуфт вай.

Ҳамчунин  Голубева мегӯяд, ки афзоиши ҳайвонотро дар шароити хона зери назорат гирифта, он соҳибонеро, ки ҳайвонот ашонро дар кӯча мепартоянд, барои оне, ки ҳайвонотро ба хотири фурӯш зиёд мекунад, ҷавобгарй сахт карда шавад.

Боз як нуктаи хеле муҳим – ин маърифатнок кардани аҳолй мебошад. Голубева чунин мешуморад, ки хашмгинии ҳайвонот натиҷаи муносибати бераҳмона нисбат ба онҳо мебошад.

«Онҳо гунаҳгор нестанд, ки дар ин дунё пайдо шуданд. Онҳо забон надоранд, мо мардумро фаҳмида наметавонанд, мо аз онҳо чй мехоҳем. Мо, мавҷудоти боакл бояд дарк кардани онҳоро омӯзем ва дар канори онҳо бошем. Ин замини онҳо низ ҳаст, мо онҳоро ба дунё наовардаем ва қарор додани он ки зиндагй мекунанд ё не,  ба мо вобаста нест», – хулоса кард ҳамсуҳбати CABAR.asia.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: