© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Дар Тоҷикистон қисме аз ҷавонон атеистро душмани дин мепиндоранд

Солҳои 30-юми асри 20 дар Тоҷикистони “Ҷамъияти бехудоён” фаъолият мекард. Ҳоло бошад атеистҳо бо сабабҳои бархурди тунди ҷомеа ақидаи худро пинҳон медоранд.


Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!


Ҳафиз Бобоёров. Акс аз DW
Ҳафиз Бобоёров. Акс аз DW

Донишманди тоҷик Ҳафиз Бобоёрови 45-сола дар оилаи мусулмон ба дунё омадааст. Ҳанӯз дар синфи 6 ум ӯ дар бораи Фиръавнҳои Миср хонда, ки худро Худо меномиданд, нахустин маротиба андешаи бехудоӣ ё атеизм ба сараш омадааст.

Ӯ баъди хондани китобҳои зиёди динӣ, ба мисли “Авасто”, “Қуръон”, “Инҷил” рӯ ба атеизм овард. Аз рӯзе, ки худро шинохт, Худо ҳамсуҳбати доимии ӯ буд. Дар бораи моҳияти зиндагии инсон, ки пур аз мушкилот, маҳрумият ва дарду доғҳо аст, пурсишҳо ба миён мегузошт. Табиист, ки ба ин саволҳо ҷавоб намегирифт ва худ аз пайи посух мешуд.

 – Рӯзе ба оромгоҳи нави деҳа рафта, дар наздикии қабрҳо муддате нишастаму дар бораи рози ҳастию нестӣ андеша кардам. Баъд аз он ҳар китобе мехондам, хоҳу-нохоҳ ин мавзӯъро пайгирӣ мекардам. Ягон китоби фалсафие, аз он ҷумла навиштаҳои атеистон ба пурсишҳоям ҷавоби дақиқ надодаанд, – гуфт Бобоеров.

Ба таъкиди Ҳ. Бобоёров, ҳоло вуҷуд доштан ё надоштани худоро илм исбот накардааст ва  атеизм ягона таълимоти классикие аст, ки алтернативаи диндорӣ дониста мешавад.

Ӯ дар мавриди ақидаи диниаш ба ҷуз ҳамфикронаш, бо касе радду бадал намекунад, чунки мардуми одӣ нисбати эътиқоди худ сахт ҳассосанд ва ҳар шакку шубҳаро чун таҳқиру тавҳин қабул мекунанд.

Бо вуҷуди он ки ӯ атеист аст, вале дар хонааш барои дигарон шароитеро фароҳам сохтааст, ки дар муҳити ӯ худро аз назари виҷдонӣ ва эътиқод озод ҳис кунанд. Шинохт ва пешниҳоди иҷтимоӣ ва фалсафии Ҳафиз Бобоёров сохтани ҷомеае аст, ки ҳар кас дар боварии худ озод бошад. Худи Бобоёров чанд соли охир дар Аврупо ба сар мебарад.

 Бархурди тунди ҷомеа ба атеистон

Қариб 30 сол пеш ҳеҷ нафаре дар робита бо мавқеи Ҳафиз ва ҳамақидаҳои ӯ тааҷҷуб намекард. Ҳатто солҳои 30-юми асри 20 дар Тоҷикистони Шуравӣ “Ҷамъияти”бехудоёни ҶСС Тоҷикистон” фаъолият мекард.
Атеизм шиори ҳукумати шӯравӣ ва як стратегияи сиёсӣ буд, вале баъд аз пош хӯрдани ҳукумати шӯравӣ, ки Тоҷикистон низ як бахши он буд, мавқеи давлат ва ҳам ҷомеа нисбат ба дин дигар шуд. Дар талоши бозгашт ба решаҳои худ, бисёриҳо ба дину мазҳаб рӯ оварданд ва изҳори озоди мавқеи динии инсон, кори маъмулӣ шуд.

Дар замони Шуравӣ атеизм идеологияи давлатӣ буд. Акс аз TASS
Дар замони Шуравӣ атеизм идеологияи давлатӣ буд. Акс аз TASS

Ҳоло бисёре шаҳрвандони мусулмони Тоҷикистон худро диндор меноманд, дигаронро низ ташвиқ мекунанд. Тибқи иттилои Радиои «Озодӣ» Комиссияи озодиҳои динии ИМА дар гузориши солонааш соли 2016 навиштааст, ки дар Тоҷикистон аксарият диндоранд ва танҳо 0,01 дарсади мардум бедин ё атеист мебошанд. Аксаран ҳар касеро, ки ақидаи атеистӣ ё ғайри мусулмонӣ дорад, сахт маҳкум менамоянд.

Ҳанӯз чанд сол пеш ҷомеаи мусулмонони Тоҷикистон ба муаллими мактабе дар ноҳияи Рӯдакӣ Зафар Кабутов, ки гуфта мешуд, ба хонандагон дар мавриди бехудоӣ суҳбат мекард, ҳамла карданд ва рӯҳониёни исломӣ дар маъвизаҳои худ ӯро тунд сарзаниш мекарданд.

Ҳодисаи дигар, ки атеистон мавриди танқиди шадиди ҷомеаи тоҷик қарор гирифтанд, ин маҳфиле бо номи “Ҷаҳони андеша” буд. Ин маҳфилро файласуфи тоҷик Комил Бекзода бо ҳамақидаи худ ташкил намуда, дар мавриди андешаҳое чун ҳастӣ ва нестӣ баҳс мекарданд.

“Ҷаҳони андеша”, аз соли 1993 фаъолият карда, дар ибтидои соли 2014 бо чопи як китобча бо номи “Ҷаҳонбинии оянда” – натиҷаи таҳқиқоту пажуҳиши фалсафии худро оммавӣ карда буд.

Хулоса, он буд, ки олимони файласуф баъди таҳқиқу ташхис ва омӯзишҳои пайваста ба ин натиҷа расидаанд, ки “Худо нест!”. Изҳори назари файласуфони тоҷик боиси вокунишҳои тунде дар матбуот ва ҷомеаи мазҳабии кишвар шуд.

Руҳонии шиноҳтаи тоҷик Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода бо интишори мақолаҳо дар расонаҳои хабарӣ ин гуруҳи файласуфонро шадидан маҳкум намуда, бо овардани мисолҳо ва далелҳо ин гуна масъалагузориро ботил ҳукм карда буд.

Атеистон ақаллиятанд

Акси Зулайхо Усмонова аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст
Акси Зулайхо Усмонова аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст

Доктори илмҳои фалсафа Зулайхо Усмонова мегуяд, ки назари мухолифро кабул кардан хеле мушкил аст. Хусусан ҳангоме, ки ин мухолифат дар асоси дину имон ба вуҷуд омада бошад.

– Имрӯз атеистҳо ақаллият ҳастанд. Ин ақаллиятест, ки зери нафрат ва тавҳин қарор хоҳад гирифт. Ин аст сабабе, ки баъзеҳо – на танҳо ҷавонон, афзалиятҳои динию ғайридиниашонро пинҳон мекунанд , – мегӯяд Усмонова.

Ба назари ӯ, дар баъзе ҷомеаҳои пешрафта равандҳое мавҷуданд, ки онро коҳишёбии нақши дин дар андешаи одам ва ҷомеа меноманд. Ин равандҳо хусусан ба давлатҳои пасошӯравӣ марбут аст, ки атеизм, дар онҳо солҳои дароз ҳукмрон ва қисми идеологияи давлатӣ буд.

Таҳқиру тавҳин барои ақидаи атеистӣ

Амин Каримов (ном иваз карда шудааст) атеисти дигаре аз Тоҷикистон мегӯяд, ки дар оилаи мулло таваллуд шудааст. Волидон ӯро ҳамеша дар рӯҳияи тарс аз Худо барои кирдорҳояш тарбия мекарданд.

Ӯ замоне, ки дар курси дуюми донишгоҳ таҳсил мекард, дар мавриди бехудоӣ ё атеизм фикр кард ва аз ҳамон замон китобҳои атеистиро мехонд. Вай аввалин мақолаашро дар мавриди атеизм ҳамон замон навишт ва баъди ин ҳамкурсону дӯстонаш ӯро барои ин мақолааш масхара мекарданд.

Ба таъкиди ӯ ҷомеаи тоҷик таҳаммулпазир нест ва ҳар боре нисбати эътиқоди худ лаб мекушояд, ҳатман зери бархурди тунди атрофиён қарор мегирад. Ӯ мегӯяд, ки барои ақидаҳои атеистиаш садҳо маротиба ба суроғааш таҳвину таҳқир шунидааст.

Қонунгузорӣ: Таҳқири ҳиссиёти атеистии шаҳрвандон манъ аст

Афшин Муқим. Акс аз ozodi.org
Афшин Муқим. Акс аз ozodi.org

Бархурди тунд ва таҳаммулнопазирии ҷомеаи суннатии Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки соли 2009  дар таҳрири нав қабуд гардида, он ҳуқуқу озодиҳои сокинони Тоҷикистонро нисбат ба динҳо муайян мекунад, гуфта шудааст: “барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низои динӣ, таҳқири ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад”.

Ҳамчунин, сухангӯи Кумидаи дин, анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшини Муқим дар мавриди таҳаммулпазирии ҷомеа дар муқобили атеистон гуфт: “бо дарназардошти ҷомеаи суннатие, ки дорем, шояд баъзан муносибатҳо яксон набошанд. Ҳолатҳои муносибатҳои берун аз меъёрҳои таҳаммулпазирӣ имкон дорад. Аммо Конститутсияи Тоҷикистон ва дигар қонунҳои дахлдор ҳуқуқҳои комили чунин ашхосро кафолат медиҳанд. Касе ҳақ надорад, ки ин ё он шахсро ба хотири эътиқодаш ё ба хотири беэътиқод буданаш муҳокима намояд”.

– Шумори муайяни атеистон дар Тоҷикистон маълум нест. Чунки  маълумот дар робита ба пайравони ин ё он дину оин дар заминаи мавҷудияти иттиҳодияи динӣ ба даст меояд. Яъне, вақте шахс атеист аст, пас ба ҳеҷ иттиҳодияи динӣ алоқамандӣ надорад, – илова намуд Муқим.

“Ҷомеи тоҷик таҳаммулпазир нест”

Абдуфатоҳ Воҳидов. Акс аз CABAR.asia
Абдуфатоҳ Воҳидов. Акс аз CABAR.asia

Ба ақидаи журналист Абдуфатоҳ Воҳидов мардуми тоҷик, ҳадди ақал дар тӯли сад соли охир, аз замони кӯдакӣ дар муҳити ҷудо аз дин тарбия меёбад. Дар бораи ислом ва динҳои дигар аз забони одамони калонсол маълумот пайдо мекунанд.

– Яъне донишҳои аксари аҳолии кишвар дар бораи дин илмӣ набуда, навъе нопурра ва сарсарӣ (рӯякӣ) аст. Барои ислоҳи ин ҳолат давлат ҳавасманд ҳам нест. Дар мактабҳо ақаллан асосҳои дин омӯзонда намешавад. Дар натиҷа, ҷавонон таҳти таъсири ҷараёнҳои гуногуни динӣ қарор гирифта, роҳгум мезананд, – мегӯяд Воҳидов.

Ба фикри ӯ, бо сабаби дониши илмии динӣ надоштан ҷавонон қобилияти дарки ҷараёнҳои диниро надоранд, мустақилона хубро аз бад фарқ карда наметавонанд.

– Ва гоҳи нафаре бо андешаи мухолифи андешаи худашонро дучор омадан ҳатман ба ӯ зиддият нишон медиҳанд. Зеро зиддият нишон додан ҳолати табиии ҳимояи худи одам аст. Бинобар ин ҷавонон одами атеистро душмани дин мепиндоранд,- мегӯяд Воҳидов.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.  

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: