Истеъмолкунандагони тоҷик аз коҳиши воридоти Русия ва норасоии теъдоде аз колоҳо суҳбат мекунанд. Ба гуфтаи коршиносон, нархи як қатор молҳо чанд маротиба боло рафтааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон барои раҳоӣ аз вобастагии аз ҳад зиёд аз интиқоли ашёи хоми Русия бояд воридотро диверсификатсия кунанд.
Кормандони гумрук аз афзоиши тиҷорат бо Русияро тасдиқ менамоянд, аммо коҳиши як қатор колоҳои муҳимро эътироф мекунанд. Дар чунин шароит воридот ба Тоҷикистон аз дигар кишварҳои афзоиш меёбад.
Ду моҳ мешавад, ки Гулнора як сокини Душанбе дар бозору дуконҳои кишвар маводи шустушӯи як ширкати русиро пайдо карда наметавонад.
«Танҳо маҳсулоти дигар ширкатҳо ҳаст. Дезодарантҳои курачадор нест, бисёр номгӯи хокаҳои машҳури ҷомашӯӣ, собун ва памперс дар мағозаҳо вуҷуд надоранд», – гуфт Гулнора.
Вай маҷбур шудааст маҳсулоти дигар ширкатҳоро харидорӣ намояд. Молҳои шиносро колоҳои мамлакатҳои ҷанубу шарқии Чин ва Корея иваз мекунанд.
Яке аз соҳибкорони бозори пойтахт «Кушониён» Наҷмиддин иброз дошт, ки вақтҳои охир дар бозор норасоии масолеҳи гуногуни чӯбу тахта ба назар мерасад. Ба гуфтаи вай, то оғози амалиётҳои ҷангӣ дар Украина таъмингарон масолеҳи чӯбу тахтаро аз Руссия ворид мекарданд. Аммо пас аз оғози амалиёти ҷангӣ воридот аз ин кишвар коҳиш ёфтааст.
«ҳоло мо чӯбу тахтаро ба ҷойи Русия аз дигар кишварҳо ворид мекунем. Вале одамон асосан масолеҳи чӯбу тахтаи Русияро мепурсанд. Онҳо фикр мекунанд сифати онҳо беҳтар аст», – гуфт ҳамсуҳбати CABAR.asia.
Наҷмиддин 10 сол мешавад, ки ба воридоти масолеҳи сохтумонӣ машғул аст ва мегӯяд, ки бори аввал аст, ки бо чунин мушкилот дучор шудааст.
Инчунин масолеҳи бинокорӣ, аз ҷумла, ламинат, зардеворӣ, ва масолеҳи гуногуни чӯбу тахта намерасад. Аз моҳи апрели соли 2022 ҳатто ғизои гурбаҳо аз истеҳсоли Русия нест шуданд, соҳиби мағоза мегӯяд, овардани онро қатъ карданд.
«ҳоло вискаси туркиро ворид кардаистодаанд, аммо вай ду баробар гарон аст. Маҷбур мешавам онро харидорӣ намоям, зеро гурбаи ман дигар чизро намехӯрад», – мегӯяд Марина.
Дар яке аз гуруҳҳои маъруфи Фейсбук одамон ҳатто мубодилаи маълумоти аз куҷо дастрас кардани ғизои машҳури гурбаҳоро ба роҳ монданд.
Дар дуконҳо баъзе маҳулоти хӯрокворӣ , аз қабили, панир ва маҳсулоти ширӣ давра ба давра аз рафҳо нест мешаванд. Маъмурияти яке аз калонтарин марказҳои савдои Душанбе аз суҳбат бо CABAR.asia худдорӣ кард.
Аммо ба қавли харидорон, аллакай чанд моҳ мешавад, ки дар нуқтаҳои фурӯш баъзе маҳсулоти истеҳсоли Русия нест шудаанд.
«Равғани маскаи истеҳсоли Русия дигар нест, ба ҷойи он маҷбур мешавем аз ӯзбекистонро харидорӣ намоем»,– гуфт сокини Душанбе Мавҷуда Салимова, ва илова кард, ки инчунин шири хушки истеҳсоли Русия низ нест.
Махсусан норасоии доруҳо аламовар аст. Масалан, эритромицин ва нурофени истехсоли Русия нест. Ба ҷои онҳо беморон маҷбуранд, ки аналогҳои ҳиндиро истифода баранд, аммо беморон онҳоро чандон фоидаовар намешуморанд.
Саид Шарипов, намондаи ширкати «Шаҳриёр-2000», ки ба воридоти доруворӣ машғул аст, ҳамчунин эътироф кард, ки ахиран интиқоли доруворӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфта, дар натиҷа камбуди бархе доруҳо ба миён омадааст.
Мебинем, ки расонаҳои Русия низ дар бораи коҳиши истеҳсоли дору дар Русия дар моҳҳои октябр ва ноябри соли 2022 ва камбуди бархе аз доруҳо, аз ҷумла, антибиотикҳои густурда гуфтаанд. Ин ба он хотир аст, ки 40% ширкатҳои дорусозии Русия натавонистанд ивазкунандаи захираҳои воридотии ашёи хом, мавод ва таҷҳизотро пайдо кунанд.
ҳамчунин 24 ноябр ҳукумати Федератсияи Русия қарор қабул кард, ки он содироти масолеҳи чӯбу тахтаро танҳо ба Белоруссия, қазоқистон ва қирғизистон ва танҳо тавассути роҳи оҳан иҷозат медиҳад. Содирот ба кишвари сеюм, аз ҷумла, Тоҷикитон қатъиян манмнуъ буд.
Расман: воридот меафзояд, аммо интиқоли баъзе молҳо коҳиш меёбад
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисоди Русия, ҳаҷми гардиши мол бо Тоҷикистон дар 8 моҳи соли 2022 922,6 миллион долларро ташкил додаст, ки нисбат ба соли 2021 22% бештар аст. Тибқи иттилои расонаҳои Русия, соли гузашта ҳукумати Русия нашри маълумот дар бораи содироту воридот, сохтори хуруҷи сармоя ва тавозуни пардохтро қатъ кард.
Аммо бино ба пажуҳишҳои Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия, содироти колоҳои ғайримолӣ аз Русия дар ноябри соли гузашта 19% коҳиш ёфт.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон низ аз афзоиши гардиши мол аз ФР дар соли 2022 мегӯяд.
Импорт из России также вырос, в нем преобладают нефть и нефтепродукты, а также лесоматериалы.
Аммо дар ҳамин ҳол, дар гумрук иқрор карданд, ки миқдори молу маҳсулоте, ки аз Русия ворид мешуданд, коҳиш ёфтааст.
Аз ҷумла – равғанҳои растанӣ, тахтаҳои парахадор, тахтаҳои бо параха нишон додашуда, собун, модахои фаъоли органикӣ, равғани лӯбиё ва фраксияҳои он, гӯшт ва маҳсулоти хӯроки парранда, макарон ва ғайра
Болоравии нархи аксар колоҳо низ ба вуҷуд омад
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи гумруки Тоҷикистон, мушоҳида мешавад, ки барои як қатор молҳо ҳаҷми воридот ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст (бо тонна ворид карданро кам карданд), аммо дар ҳамин ҳол Русия барои бархе молҳояш пули бештар гирифтааст. Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки қимати як қатор колоҳои русӣ ба таври назаррас гарон шуданд.
Махсусан, чӯбу тахта ва маҳсулоти нафтӣ ба таври назаррас қимат шуд .
Тибқи гуфтаи коршиноси иқтисодӣ Нур Сафаров, болоравиии нархи аксар молҳои аз Русия – ин як тамоюли тӯлонии солҳои охир мебошад.
Вай қайд кард, ки агар соли 2020 як зарфи 5 литраи равғани растании «Олейна» ҳудуди 60 сомонӣ буд, пас дар соли 2021 ҳамин равғани растании 5 литра 95 сомонӣ ва дар моҳи декабри соли 2022 – аллакай 144 сомониро ташкил дод.
«Яъне, дар ин 2 сол афзоиш тақрибан 140 фоизро ташкил медиҳад», - гуфт коршинос.
Ҳаҷми интиқоли як қатор колоҳои Русия ба Тоҷикистон низ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт.
Содиротро диверсификация кардан лозим
Тоҷикистон пас аз оғози ҳуҷуми Русия ба муқобили Украина як барномаи зиддибуҳронӣ қабул кард, ки дар он ҳамчунин ба зарурати таъмини бозори дохилӣ бо колоҳои зарурӣ ишора шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар доираи ин барнома иқдомоти ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо ва ҳимоят аз қишри осебпазири аҳолӣ пешбинӣ шудааст.
Аммо, ба андешаи иқтисодшинос Нур Сафаров, барномаи зиддибуҳронӣ дар бархе бахшҳо метавонад натиҷа надиҳад.
«Масусан, онҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ аз бозинграони калидӣ ва ҳамчунин аз занҷири ҷаҳонии таъминот ва тақсимот вобаста мебошанд», - қайд кард Сафаров.
Ба гуфтаи вай, аз лаҳзаи ҳуҷуми Русия ба Украина тақрибан тамоми ҷаҳони тиҷорат зарбаи сахтеро дар бахшҳои энержӣ ва ғизо, низоми логистикӣ, фишори таваррум, камбуди баъзе колоҳо ва болоравии арзиши нуриҳои минералӣ барои кишоварзӣ, ки ба тамоми занҷири минбаъдаи истеҳсоли озуқа таъсир мерасонад, аз сар гузаронида истодаанд.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, доктори илмҳои иқтисодӣ ба ин назар аст, ки болоравии нархи маҳсулоти Русия то як андоза аз худсарии ширкатҳои бузурги монополист вобата аст, ки онҳо маҳсулоти худиро низ боло бурданд. Ба ақидаи вай, ҳукумат бояд ба ин вазъ мудохила кунад, то «иштиҳояшонро шиканад».
Дар маҷмуъ, бештари иқтисодшиносон бар ин назаранд, ки Тоҷикистон барои раҳоӣ аз вобастагии аз ҳад зиёд аз Русия бояд воридотро диверсификатсия кунад
Ин пеш аз ҳама, ба воридоти сӯзишворию равғанҳои молиданӣ, чӯбу тахта ва дигар ашёи хом дахл дорад.
Ба андешаи Сафаров, Тоҷикистон бояд имконоти нави содироти колоҳоро ҷустуҷӯ кунад ва ҳамчунин бозорҳои нави хариди колоҳои заруриро пайдо намояд. Аммо, вай қайд мекунад, ки як номгӯи маҳсулоти ғизоӣ ҳаст, ки танҳо дар Украина ва Русия ба миқдори зиёд истеҳсол мешаванд ва «ҷанг ба нархҳо ва ҳаҷми интиқол ба бозори ҷаҳонӣ таъсири зиёд мерасонад».
«Тоҷикистон аз воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва манобеъи энержӣ вобастагии зиёд дорад ва ҳама тағйирёбии нархҳо дар арзиши ниҳоии маҳсулот дар Тоҷикистон зоҳир мешавад. Аксар вақт ба самти афзоиши назаррас», - мегӯяд иқтисодшинос Нур Сафаров.