Коршиносон бар ин назаранд, ки мушкилоти асосии телевизионҳои ҷумҳуриявии точик, ки солҳои охир шуҳраташонро аз даст медиҳанд, ин надоштани рақобат дар сатҳи миллӣ мебошад.
Ардашер Гулмуродзода, сокини 23-солаи Душанбе мегӯяд, аз сабаби он ки дар телевизионҳои тоҷик барномаҳои хубу ҷолиби таҳлилӣ нест, онҳоро тамошо намекунад.
«Ҳамчунин барномаҳои телевизионҳо якранганд: як сужаро якбора дар ҳама шабакаҳо намоиш медиҳанд. Телевизионҳои хориҷӣ дигаргунаанд. Онҳо барои диққати тамошобинро ҷалб кардан, рақобат мекунанд ва барномаҳои хуб таҳия мекунанд», – мегӯяд Гулмуродзода.
Ба гуфтаи вай, талошҳои махсусгардонии шабакаҳои телевизионӣ «мутаассифона» натиҷаи мусбат надоданд.
«Шабакаи аввал (пештар ТВ «Тоҷикистон») ҳоло пурра сиёсӣ шудааст, ва ҳатто филм ва мусиқӣ намоиш намедиҳад. Ҳарчанд «Шабакаи аввал»-и Руссия инро ба хотири ҷалби бинанда анчом медиҳад», – мегӯяд Гулмуродзода.
Гулмуродзода гуфт, ки чанд сол мешавад ҳатто телевизионҳои маҳаллиро ҳам тамошо намекунад.
«Як муддат ман ТВ «СМТ»-ро (аввалин ва ягона шабакаи мустақил дар Душанбе – идора.) тамошо мекардам. Шабакаҳои маҳаллӣ аз давлатӣ бо он фарқ мекунанд, ки онҳо вақти кам доранд. «СМТ» ахбори «Настоящего времени»-ро намоиш медод, ду-се клип-консерт ва реклама пахш мекард, аммо вақти эфир кам доштанд», – гуфт Гулмуродзода.
Ба қавли Бобоҷон Шафеъ, сокини 64-солаи Душанбе, шабакаҳои ҷумҳуриявӣ барояш ягон қолибият надоранд.
«Танҳо баъзан барномаҳои фарҳангӣ-адабиро тамошо мекунам, – гуфт Шафеъ.
Барномаҳои хабарии телевизионҳои ҷумҳуриявӣ барояш бисёр хастакунанда менамояд.
«Баъзан дар бораи кадом як бригадири чорводор гузориши тӯлонӣ сабт менамоянд, ки ин бештар ба барномаи хоҷагии қишлоқ монанд аст», – гуфт Шафеъ.
Ба қавли вай, дар пахши бархе барномаҳои телевизионҳои ҷумҳуриявӣ вай худро ҳатто аз рӯи графикаашон нороҳат эҳсос мекунад.
«Сатрҳои зиёди шабакаи «Ҷаҳоннамо» метавонад одамро кӯр кунад. Намедонам, шояд ин танҳо барои ман чунин бошад?»-мегӯяд Шафеъ. Тибқи маълумоти КТМ, – як ширкати таҳлилии истеъмоли расонаҳо дар Тоҷикистон, бинандаи тоҷик рӯз аз рӯз камтар шабакаҳои телевизионии миллиро тамошо мекунанд ва бештар ба шаьакаҳои хориҷӣ мегузаранд.
Дар пажуҳиши ахири КТМ бо номи «Таҳлили истеъмоли телевизионҳо дар соли 2021» гуфта мешавад, ки саҳми тамоми шабакаҳои телевизионии дохили Тоҷикистон ҳамагӣ 49 дарсади тамошобинони миллиро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумотҳои пажуҳиш, шабакаҳои хориҷиро 51% -и аудитория, миллиро 38%, минтақавӣ ва маҳаллиро 11% тамошо мекунанд.
Ин ширкат қайд мекунад, ки коҳиш ёфтани таваҷҷуҳи бинандаи тоҷик ба шабакаҳои телевизионии миллӣ – ин тамоюли устувори солҳои охир аст. Масалан, дар соли 2015 46 дарсади аҳолии Тоҷикистон, дар соли 2020 42 дарсад, дар соли 2021 38 дарсади мардуми Тоҷикистон телевизионҳои миллиро тамошо кардаанд.
Тибқи маълумотҳои КТМ, маъруфтарин шабакаҳои телевизионии хориҷӣ русӣ, узбекӣ ва гуруҳе аз шабакаҳои моҳвораии форсизабон GEM TV мебошанд.
Дар баробари ин телевизион яке аз муҳимтарин манбаъҳои иттилоот боқӣ мемонад. 81%-и аҳолии Тоҷикистон ҳамарӯза телевизион тамошо мекунанд.
Шералӣ Ҷурабоев, бозоршинос, муассиси оҷонсии таблиғотии Total Advertising Group бар ин назар аст, ки ба далели коҳиши тамошобинони шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, тиҷорати байналмилалӣ аз ҷойгир кардани таблиғ дар эфири онҳо худдорӣ мекунанд.
«Мо ҳаҷми дақиқи буҷаи пешбинишуда, ки ширкатҳои байналмилалӣ барои тамошобинони телевизионҳои тоҷик сарф мекунанд, намедонем. Аз ин рӯ, мо метавонем танҳо тахмин кунем. Ин ҳаҷм метавонад то як миллион доллари амрикоиро ташкил диҳад», – гуфт Ҷурабоев ба хабарнигори CABAR.asia.
Дар бораи сифати пасти барномаҳои телевизионҳои маҳаллӣ президенти Тоҷикистон Эмомоалӣ Раҳмон борҳо гуфтааст. Бори охир дар ин маврид ӯ соли 2019 зимни вохӯрӣ бо намояндагони ВАО-и давлатӣ (ВАО-и мустақил, аз ҷумла, хориҷи даъват нашуда буданд) гуфта буд, ки дар шароити муосир онҳо рақобатпазир нестанд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон барои мисол кори шабакаҳои телевизионии “Евроньюс” ва “Aль-Ҷазира”-ро овард, ки сари вақт хабар пахш мекунанд ва роҳбари Дастгоҳи президент Озода Раҳмонро супориш дод, ки барномаҳои телевизионро мониторинг гузаронад. Айни ҳол маълум нест, ки ин гуна мониторинг гузаронида шуд ва натиҷааш чӣ аст.
Дар Тоҷикистон тамоми телевизионҳои миллӣ давлатӣ мебошанд. Кӯшишҳои таъсиси шабакаи миллии ғайридавлатӣ бо сабаби ба қайд нагирифтан, муваффақ нашуданд.
Тамоми шабакаҳои телевизонии ғайридавлатӣ минтақавӣ мебошанд, ки бештари онҳо дар вилояти Суғд қарор доранд. Асосан барномаи ин шабакаҳои телевизионӣ ҷанбаи дилхушӣ доранд, оид ба мушкилоти сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавод тақрибан нест.
Коршиносон ба кормандони телевизионҳо тавсия медиҳанд аудиторияашонро омӯзанд
Беш аз ду сол мешавад, аммо аз рӯи натиҷаи пажуҳиш ва вокуниши тамошобинон кори телевизионҳои тоҷик беҳтар нашудааст.
Яке аз роҳбарони телевизиони давлатӣ бо шарти ифшо нашудани номаш ба хабарнигори CABAR.asia гуфт, ки бо интиқоди роҳбари давлат розӣ аст ва онҳо кӯшиш доранд вазъро беҳтар намоянд.
«Ҷое кор ҳаст, онҷо танқид ҳам ҳаст. Ҳукумат ба кори телевизионҳо диққати калон медиҳад. Мо ҳамчунин кӯшиш карда истодаем то муҳтавои барномаҳоямонро беҳтар намоем. Аммо набояд кори рӯзноманигорону кормандони техникиро аз назар дур созем. Дар телевизион барномаҳои хуб ҳаст. Мо дар бораи шахсиятҳои шинохта мавод таҳия мекунем, барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хуб низ дорем», – гуфт ҳамсуҳбати CABAR.asia.
Мунаққидон мегӯянд, ки ҳукумат телевизионро ҳамчун як шабакаи асосии таблиғот истифода мебарад, ки ин ба мундариҷаи барномаҳои телевизионҳои ҷумҳуриявӣ таъсир мерасонад.
Шаҳло Акобирова, рӯзноманигор ва коршиноси расонаҳои хабарӣ сабаби аслии рукуд дар телевизионро набуди бозори рақобатпазир дар ин соҳа медонад
Ба қавли вай, бештари роҳбарияти телевизионҳо дар Тоҷикистон чӣ гунна шиносоии тамошобини худро намедонанд ва ҳатто аз абзорҳои муосири муайянкунии он хабар надоранд.
«Имрӯз шабакаҳои телевизионии мо намедонанд барои кӣ барнома пешниҳод мекунанд. Зарур аст, ки бинандаи худро омӯзанд, кӣ кадом шабакаро ва кадом барномаро тамошо мекунад, кадом вақт ва барои чӣ ба дигар шабака мегузарад», – гуфт Акобирова.
Вай ҳамчунин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард. ки шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ сарфи назар аз сифати маҳсулоти медиаашон, пайваста аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд.
Стандартҳои дугона ва омодасозии сусти кадрҳо барои ТВ
Шаҳло Акобирова бар ин назар аст, ки мақомот нисбат ба телевизионҳои давлатӣ ва мустақил стандартҳои дугонаро татбиқ мекунанд. Масалан, гуруҳи аввал ба литсензия ниёз надорад, дар ҳоле, ки хусусӣ ба иҷозатнома ниёз дорад ва раванди дарёфти он осон нест.
Дар қатори дигар монеаҳо вай барои телевизионҳои ғайридавлатӣ қарореро ёдовар шуд, ки моҳи майи соли ҷорӣ қабул гардида буд, шабакаҳои телевизионии мустақил, ки бе ин ҳам буҷаи ночиз доранд, вазифадор шудаанд, ки як фоиз аз даромади солонаашон ба Кумитаи давлатии радио ва телевизион супоранд.
Акобирова ҳамчунин аз сифати таълим дар факултаҳои журналистика дар донишгоҳҳои Тоҷикистон норозигӣ баён кард.
«Студияҳои таълимӣ ҳаст, аммо дар онҳо танҳо наворгириро меомӯзанд. Аммо донишҷӯён дониши асосӣ, ки барои кор бо видео дар телевизион зарур аст, аз худ намекунанд. Бештари барномаҳои таълимии онҳо ба филологҳо бахшида шудааст, аз ҷумла: услуб, забон, адабиёт. Умуман, дар факултаҳои журналистика мо бештари фанҳоеро надорем, ки барои омода кардани журналистон зарур бошад», – гуфт Акобирова.
Абдуқодир Талбаков, ки чанд сол роҳбарии телевизиони «Пойтахт»-ро ба уҳда дошт, гуфт телевизионҳои давлатӣ бод алели адами мутахассисони ҳирфаӣ, маҳдуд будани имконоти молӣ ва аз ҳад зиёд сиёсӣ шудани барномаҳои телевизионӣ рақобатро аз даст медиҳанд.
«Бештари телевизионҳои миллии мо ҳоло асосан донишҷӯёнро ба кор ҷалб мекунанд. Ва роҳбарони ин шабакаҳо кормандонро ба хотири симои зоҳирӣ қабул мекунанд, на ба хотири дониш ва таҷриба», – гуфт вай.
Боз як мушкили дигари телевизионҳоро коршинос дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги тиҷоратии ҷаҳонӣ ва шабакаҳои телевизионӣ медонад.
«Шарикони аксари барномаҳои телевизионӣ дар ҷаҳон ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ мебошанд. Дар кишвари мо ин гунна мисолҳо амалан вуҷуд надорад», – гуфт Талбаков.
Коршиносон мушкили асосиро дар монополияи барномаҳои телевизионҳои давлатӣ медонанд. Ба қавли Шаҳло Акобирова, зарур аст сабти номи ширкатҳои хусусии телевизиониро, ки метавонанд бо ширкатҳои телевизионҳои давлатӣ рақобат намоянд, содда карда шавад.
«Имрӯз шабакаҳои телевизионии мо бо шабакаҳои пурқудрати хориҷӣ рақобати шадид доранд. Ягона ҳавасмандӣ барои истеҳсоли муҳтавои балансифат эҷоди бозори рақобатпазир аст», – мегӯяд Акобирова.