© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

СУҒД: Коҳиши шомилшавии сокинон ба гурӯҳҳои ифротӣ

Шаҳру ноҳияҳои Исфара, Истаравшан  ва Спитамени вилояти Суғд  маҳалҳои осебпазир дар мавриди шомил шудани сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротгаро ном бурда  мешавад.  Дар ин бора муовини раиси Суди вилояти Суғд Манзура Латифзода дар нишасти матбуотии нимсолаи соли равон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


Бино ба маълумоти ӯ   солҳои  охир нисбат ба  67 нафар сокинони Исфара  36 парвандаи ҷиноӣ  бо иттиҳоми  узвият  ба ҳизбу ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротӣ баррасӣ шуда,  ҳукми он қувваи қонунӣ даромадаанд. Ин нафарон дар ҷангҳои хориҷи кишвар иштирок намуда,  ҳамчунин ба ҳизбу ҳаркатҳои мамнӯъ шомил шудаанд.

Масъалаи гаравидани сокинон ба равияҳои ифротӣ дар ноҳияи Спитамен низ ташвишовар арзёбӣ карда мешавад. Судияи Суди ноҳияи Спитамен  соли 2016-ум  6 парванда нисбати 7 нафарро мавриди баррасӣ қарор додааст, ки аз ин шумора 2 нафари онҳо дар муқовиматҳои давлатҳои исломӣ иштирок кардаанд.  Ҳукми ин нафарон  низ эътибори қонунӣ пайдо кардааст.Масъулин мегӯянд, ки солҳои охир дар ноҳияи Спитамен шумораи парвандаҳо бо ҷурми гаравидан ба гурӯҳҳои ифрогаро коҳиш ёфтааст.  

“Аз ҷониби  кормандони мақомоти дахлдори Федератсияи Руссия  дар якҷоягӣ бо кормандони  ВКД ҶТ  онҳо  (нафарони дар боло буда яъне 7 нафар дар назар аст) дастгир шуда, нисбаташон  парвандаҳо оғоз карда  шудаанд ва  моҳиятан  тафтишӣ пешакӣ ба анҷом расида ба суд ирсол карда шудаанд.  Нисбати онҳо  аз ҷониби суд ҷозои сазовор таин карда шудааст”-мегӯяд Лоиқшо Закирзода раиси суди ноҳиия Спитамен

Раиси суди ноҳияи Ҷаббор Расулов Содиқ Ваҳҳобзода изҳор медорад,  ки сабаби асосии пайвастани сокинони  ин ноҳия ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро  ин фаъол будани шабакаҳои интернетӣ аз ҷумла   Вайбер маҳсуб мешавад.  Давоми як соли охир нисбати 29 нафар сокинони ноҳияи  Ҷаббор Расулов  7 парванда баррасӣ шудааст.  Шаш  нафар  шаҳрвандони ин ноҳия бинобар хабар надодан дар мавриди шомилшавии  атрофиёнашон  ба ҳизбу гурӯҳҳои мамнӯъ ба мақомотҳои дахлдор,  маҳкум гардидаанд. Раиси суди ноҳияи мазкур  қайд кард, ки дар умум ҷазои 35 нафар сокинони Ҷаббор Расулов давоми соли 2016-ум  ҳукми қонунӣ гирифтааст.  

“Бо воситаи Вайбер,  интренет  онҳо бо якдигар мулоқот карда,  бо азму иродаи худ яъне  барои рафтан ба Сурия розигӣ додаанд.  Онҳо ҳаракатҳое ҳам карда буданд, ки  шиносномаи хориҷӣ дастрас кунанд.  Аз тарафи мақомоти тафтишотӣ ҳамаи ин тасдиқ шуда бо ҳукми суд  парванда баррасӣ шудааст. Шикояти онҳо низ дар суди вилоятӣ баррасӣ шуда, тасдиқи худро наёфтааст. ” баён медорад, Содиқ Ваҳҳобзода.  

Шаҳри Истаравшан аз минтақаҳои дигари  осебпазири Суғд мебошад ва бино ба маълумотҳо дар як соли охир нисбати 14 нафар 4 парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ду нафар аз онҳо дар ҷангҳои давлатҳои исломӣ иштирок намудаанд. Бештари парвандаҳо ин пайвастан ба ҷараёни мамнӯи “Салафия” маҳсуб меёбад.  Дар маҷмӯъ дар вилояти Суғд  дар нимсолаи аввали соли равон  48 парванда баррасӣ шуда,  ҳукми он эътибори қонунӣ гирифтааст.

Абдураҳмон Қодирӣ, собиқ раиси вилояти Суғд
Абдураҳмон Қодирӣ, собиқ раиси вилояти Суғд

Собиқ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ дар нишаасти хабарии нимсолаи аввал гуфт, дар мавриди пешгирии ин падидаи номатлуб аз ҷониби масъулин корбарӣ идома дорад ва хушбахтона дар ин давра шомилшавӣ ба қайд гирифта нашудааст  ва аксаран имрӯзҳо парвандаҳои солҳои пеш баррасӣ шуда истодааст.

“Дар вилояти Суғд  ба кишварҳои Ироқу Сурия  рафтану гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои гурӯҳҳои ифротӣ қариб ки ба назар намерасад. Фақат ҳозир мо дастгир ва ошкор карда истодаем,  он ҳолатҳо,  он қонуншикиниҳое ки солҳои пештар  буданд.  Ҳоло мо пешгирӣ карда истодаем, ки  айни замон  шомилшавӣ ба назар намерасад. Лекин як хатари дигар ҳаст Афғонистон. Ман ахбороти телевизиони “Тулӯъ”-ро дидам. Ҳаракати гурӯҳҳои ифротгаро ба   минтақаҳои тоҷикнишини Афғонистон аст.  Ин хатари калони ҷиддӣ аст,  инро роҳбарияти ҷумҳурӣ ҳам медонанд ва   мо  низ кӯшиш мекунем, ки аз гуна ҳолатҳо пешгирӣ кунем.   Ман дирӯз аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурсидам ки ба таври мушаххас гуфта метавонед ки чанд кас нобуд шуд чанд кас монд. Маълумоти дақиқи надоранд,  чунки  бо  Сурияву Ироқ   алоқа нест”

Коршиносон ҳам изҳор медоранд, ки имрӯз давлату ҳукумат бо пиёда кардани барнома ва мулоқоту  чорабиниҳо  бо аҳолӣ аз шомилшавии сокинон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои гурӯҳҳои иртиҷоӣ пешгирӣ карда,  сафи онҳоро коҳиш додааст. Аммо на бояд аз ин хотирҷамъ шуд, бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдор  боз ҳам пурзӯр карда шаванд, зеро ки дар  замони ҷаҳонишавӣ  таҳдиди ҳар гуна хатарҳо  аз эҳтимод  дур нест.      

Афзал Босолиев

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

 

 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: