Коршиносон ва ҳомиёни ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон даъват доранд, барои баҳодиҳии матолибе ташхиси мустақилро ба роҳ монанд, ки паҳнкунандаи ақидаҳои мамнуъ дониста мешаванд.
Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ изҳор медоранд, ки мақомоти қудратӣ ва додгоҳии Тоҷикистон бо истифода аз номукаммалии қонунҳои зиддитеррористӣ алайҳи мунаққидони ҳукумат мубориза мебаранд. Дар бархе ҳолатҳо касоне пушти панҷара мераванд, ки “гуноҳашон” танҳо фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва танқид кардан аз фаъолиятҳои ҳукумат аст.
Созмонҳои байналхалқии ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, аз моддаҳои ҷиное сӯистифода накунанд, ки ба муборзи зидди ифротгароӣ равона шудаанд. Сарфи назар аз ин, боздошт ва ҳабси корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ барои “лайк”, “класс” ва гузоштани шарҳ зери навиштаҳои дигарон идома дорад. Вакилони мудофеи ин гуна боздоштшудаҳо аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ меварзанд ва мақомоти давлатӣ низ дар ин бора иттилои муфассал намедиҳанд.
Дар ин таҳқиқот мо талош кардем, ки ба суолҳои зер посух пайдо кунем:
- Барои кадом амалҳои интернетӣ шаҳрвандонро аз озодӣ маҳрум мекунанд;
- Чаро танҳо ниҳодҳои давлатӣ ҳақ доранд, ки ташхис гузаронанд ва хулоса диҳанд;
- Чаро дар Тоҷикистон марказҳои мустақили ташхисе мавҷуд нест, ки ба ташхиси касбӣ машғул бошанд.
Қурбонии танқид?
Ҷунайдулло Худоёров, сокини ноҳияи Рашти Тоҷикистон ибтидои соли 2018 бо айби ифротгароӣ 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯро баъди як шарҳаш зери навиштае дар шабакаи иҷтимоии “Однокслассники” ба додгоҳ кашиданд.
Аммо, ба гуфтаи Худоёров, сабаби асосии ҷалби вай ба ҷавобгарии ҷиноӣ навиштаҳои дигараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд, ки дар онҳо аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Рашт интиқод мекард.
“Тобистони соли 2017 аз Русия ба Тоҷикистон омадам. Вақте камбуду ноадолатиҳоро дидам, хостам, онро расонаӣ кунам, то ҳукумати кишвар бохабар шавад ва пеши роҳи баъзе аз қонуншиканиҳоро гирад”, – гуфт дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ Ҷунайдулло Худоёров.
Худоёров мегӯяд, он вақт раиси кони ангишти ноҳияи Раштро барои мумфарш накардани роҳ то маҳалли кон ва тасмимҳои мудири маорифро барои ҷамъоварии чормағз аз хонандагон танқид кард.
Билохира ӯро моҳи январи соли 2018 боздошт ва ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оварданду хабар доданд, ки нисбаташ бо қисми дувуми моддаи 307 Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Асоси боздошт ва ҳабси вай шарҳе шуд, ки дар бораи равияи дар Тоҷикистон мамнуи “Салафия”, ки аз сӯи Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 ва 2014 экстремистӣ эътироф шудааст[1], навишт ва ӯро дар “пайравӣ аз ин ҷараён” айбдор карданд.
Айб ва ҳукме, ки Худоёров ҳаргиз ба он розӣ набуд, аммо натавонист, дар додгоҳ бегуноҳии худро собит созад.
Бо ин гуна бархӯрд ва сарнавишт танҳо сокини ноҳия Рашт нест, ки рӯ ба рӯ шудааст. Бино бар оморҳои мухталиф, шумори ин гуна афрод дар Тоҷикистон ба садҳо тан мерасад, ки дар мавриди парвандаҳои бархе аз онҳо расонаҳо хабар додаанд.
Авфи «ифротгароҳои интернетӣ»
Бахтовар Сафарзода, вакили порлумони Тоҷикистон 25 октябри соли 2019 – рӯзе, ки лоиҳаи қонун “Дар бораи авф” дар порлумон баррасӣ шуд, гуфта буд: “… Бо пурра авф кардани нафароне, ки ҷинояти дар қисми 2 моддаи 307 (3) Кодекси ҷиноятӣ пешбинигардидаро содир кардаанд, зиёда аз 500 нафар маҳкумшуда аз адои минбаъдаи ҷазо озод карда мешавад. <…> Ин модда <…> кирдорҳои ҷавонон ва нафаронеро дар бар мегирад, ки аз гумроҳӣ, нофаҳмӣ, ҳавою ҳавас ё дигар ғараз тавассути интернет ё шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи телефони мобилӣ зери маводи манъкардашуда ба истилоҳ “лайк”, “класс”, “коммент” ё дигар шакли мусоидаткунии паҳнкуниро гузоштаанд”.
Эзоҳ: Қисми 2 моддаи 307 (3) моҳи ноябри соли 2016 қабул шудааст. Ин маънои онро дорад, ки додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо баъди ба иҷро даромадани қонуни мазкур шаҳрвандонро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб кардаанд. Зоҳиран, то қабули қонуни авф дар моҳи октябри соли 2019, бино бар гуфтаи вакили порлумони Тоҷикистон, 500 шаҳрванд ба асоси қисми 2 моддаи 307 (3), ба ҷавобгарӣ ҷалб шудааст.
Дар ҷараёни ин таҳқиқоти рӯзноманигорӣ мо талош кардем, ба таври иловагӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон, Додситонии кулли Тоҷикистон, Кумитаи дин ва Вазорати адлияи Тоҷикистон шумори зиндониёнеро дақиқ кунем, ки дар солҳои охир бо айбҳои ифротгароӣ маҳкум шудаанд, аммо аз ҳеч кадоми ин ниҳодҳо посухи дақиқ нагирифтем.
Додситонии кул дар посух ба дархости рӯзноманигорӣ навишт, ки “расонаҳо набояд аз озодии баён сӯистифода кунанд”. Додгоҳи олӣ низ дар посух ба ин суол гуфт, “додгоҳҳои зинаҳои поёнӣ омори алоҳидае дар бораи қисми 2 моддаи 307 (3) пешниҳод намекунанд”.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 14 феврали соли 2020 иттлоъ дод, ки дар соли 2019 мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 161 шаҳрвандро “бо иттиҳоми узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро дастгир кардаанд”. Ҳамаи иттилое, ки мақомоти Тоҷикистон дар бораи шумори боздоштшудаҳо ва судшудаҳои солҳои охир бо иттиҳоми экстремистӣ доданд, аз ҳамин иборат аст: 500 кас аз зиндон озод ва 161 каси дигар (он ҳам дақиқ нест, чанд тани онҳо дар экстремизм гумонбар мешаванд) дар соли 2019 боздошт шудааст.
Ибтидои соли ҷорӣ расонаҳо навиштанд, ки бар асоси омори расмӣ, аз соли 2015 ба ин тараф наздик ба 1400 нафар бо айбҳои террористиву экстремистӣ зиндонӣ шудаанд.
Кӣ муҳри ифротгароӣ мезанад?
Абдураҳмон Мавлонов, сардори раёсати таҳлил ва ташхиси маводи динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи 5 феврали соли ҷорӣ гуфт, дар соли 2019 ин кумита 308 дархост дарёфт кардааст, ки мақомоти гуногун аз онҳо ташхиси 4049 адабиёти динӣ, 7855 брошюра, 21 дафтар, 39 сомона, 209 диск, 26 телефони мобилӣ, 4 ноутбук, 6 флешкарта, 5 компютер бо 13 ҳазору 188 навори видеоиро дархост кардаанд.
Аз ин шумора танҳо ба 129 адабиёти динӣ, 2613 брошюра, 21 дафтар, 125 диск, 3 ноутбук, 12 телефони мобилӣ, 4 компютер ва 4 флешкорт ҷавоби манфӣ дода шудааст. Яъне танҳо ин миқдор маводи воридшуда аз ҷониби экспертони Кумитаи дин “ғайриифротгароёна” дониста шудаанд.
Ба гуфтаи Мавлонов, таҳлили динии маводро на танҳо Кумитаи дин, балки сохторҳо ва мақомоти дигар ҳам анҷом медиҳанд.
“Асосан Маркази ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббии назди Вазорати адлия ба ташхис машғул аст. Онҳо вобаста ба соҳа мутахассисонро барои ташхиси мавод даъват мекунанд. Баъзан мутахассисони моро ҳам барои таҳлилу ташхиси мавод ҷалб мекунанд”, – шарҳ дод Абдураҳмон Мавлонов.
Мавлонов бештар аз ин шарҳ надод. Дар ҳоле, ки ҷузъиёт ва шеваҳои ташхис дар Кумитаи дин рушан нест, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Департаменти давлатии ИМА мегӯяд, ташхисҳои давлатӣ дар бештари маврид фикри айбдосозиро пуштибонӣ мекунанд.
“Экстремизм – ифодаи мафкура ва фаъолияти экстремистие, ки барои бо роҳи зӯроварӣ ва амалҳои дигари зиддиқонунӣ ҳал намудани масъалаҳои сиёсӣ, ҷамъиятӣ, иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ (мазҳабӣ) равона карда шудааст”, – чунин шарҳ дода шудааст мафҳуми экстремизм ё ифротгароӣ дар Қонуни нави ҶТ “Дар бораи муқовимат бо экстремизм”, ки 2 январи соли 2020 ба иҷро даромад.
Қонуни мазкур амалҳоеро ҳам, ки ба барангехтани адоват ё бадбинии миллӣ, нажодӣ, минтақавӣ ва ё динӣ равона шудаанд, ба ифротгароӣ рабт медиҳад.
Ин қонун ҳамчунин шеваҳои мубориза бо экстремизм ва 13 ниҳоди масъул дар мубориза бо экстремизро муайян мекунад.
Ташхиси мустақил барои қабули қарори одилонатар кӯмак мекунад
Ташхиси алтернативӣ ва ё мустақили парвандаҳои марбут ба ифротгароӣ дар кишрваҳои Осиёи Марказӣ танҳо дар Қазоқистон ва Қирғизистон мавҷуд аст.
Инга Сикорская, коршиноси соҳаи расонаҳо, роҳбари созмони пажуҳишии “Мактаби сулҳофар ва технологияҳои расонаҳо дар Осиёи Марказӣ”, ки ба пажуҳиши мавзуҳои марбути ифротгароиву терроризм дар расонаҳои Осиёи Марказӣ машғул аст, мегӯяд, сарфи назар аз он ки хулосаи ташхиси мустақил мумкин аст, аз сӯи додгоҳ ба эътибор гирифта нашавад, дар ҳар сурат метавонад, ба ҷониби ҳимоя кӯмак расонад.
“Барои намуна, соли 2019 додгоҳе дар Қирғизистон парвандаи марбут ба барангехтани таҳаммулнопазириро баррасӣ кард. Муфаттишон ба хулоса расиданд, дар навори дар интернет нашршуда (ки боиси боз шудани парванда гардид), таҳаммулнопазириву бадбинӣ ҷо надорад. Ҷониби ҳимоя бар ин бовар буд, ки дар навор барангехтани бадбинӣ ва тарғиби таҳаммулнопазирии ҷинсӣ мавҷуд аст. Ташкилоти мо ташхис гузаронид ва исбот кард, ки навор забони душманонаи ғайриқонунӣ дорад ва бадбиниро тарғиб мекунад. Натиҷаҳои пажуҳиши мустақил ба вакилон кӯмак кард, ки аз мавқеи худ беҳтар ҳимоят кунанд, ақидаи ҷониби айбдорсозиро рад ва дар додгоҳ пирӯз шаванд. Ҳамин аст фоидаи ташхиси мустақил, яъне ба вакили мудофеъ кӯмак расонидан”, – гуфт хонум Сикорская.
Вай пешниҳод дорад, ки дар Тоҷикистон низ марказҳои мустақили ташхис ташкил карда шаванд.
Аммо Вазорати адлияи Тоҷикистон фикри дигар дорад. Абдуманнон Холиқзода, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи 7-уми феврал гуфт, “дар Вазорати адлия экспертиза ҳаст, ба илова чанд ниҳоди дигар маркази экспертиза доранд. Ин маънои онро надорад, ки экспертиза мустақил набошад. Экспертҳо (-и давлатӣ, аз идора) босалоҳият ҳастанд. Агар саволе ба ваколати эксперт дохил нашавад, марказ ваколат дорад, ки экспертҳоро аз дигар ниҳодҳо, ташкилоти давлативу ғайридавлатӣ ҷалб созад”.
Вай ҳамчунин афзуд, феълан дар Тоҷикистон маркази баргузории экспертизаи мустақил мавҷуд нест.
Мушкили дигари анҷом додани ташхис ин аст, ки дар кишар низом ва тартиби ягонае мавҷуд нест, ки маҷмуи ташхисҳои равониву забонӣ ва мазҳабиро ба танзим дарорад. Чунин таҷриба дар Қирғизистон ва Қазоқистон мавҷуд аст ва Тоҷикистон ҳам метавонист, аз ин таҷриба истифода кунад.
Қаҳрамони таҳқиқоти мо, Ҷунайдулло Худоёров, ки дар оғози соли 2018 бо айби ифротгароӣ зиндонӣ ва дар тирамоҳи соли 2019 дар пайи қонуни авф озод шуд, мегӯяд, ташхиси Кумитаи дин ӯро пайрави ҷараёни мамнуъи “Салафия” номид, ки аз сӯи Додгоҳи олӣ дар соли 2009 ва 2014 ифротгаро эътироф шудааст[2], ҳарчанд, ба гуфтааш, вай “салафӣ” набуду нест.
“Дар моҳи январи соли 2015 мақолаеро дар Родиёи Озодӣ хондам, дар бораи шинохти равияи “Салафия” буд, ки аз сӯи Додгоҳи олӣ дар соли 2009 ва 2014 ифротгаро эътироф шудааст. Онҷо нафаре навишта буд, ки касоне риши дароз мегузоранд, почаҳояшон кӯтоҳ <…> онҳо “салафиянду террористу экстремист”. Ман ҳамчун як мусалмон ва тоҷик сари ин фикр кардам, ки сар карда аз Паёмбарамону имоми Аъзам то Садриддин Айнӣ ва ҳоло бузургони дигар риш доранду доштанд, оё террористу экстремист ҳастанд?”, – суол мегузорад Худоёров.
Ва Худоёров дар посух навишт, ки “агар манзур аз “салафӣ” пӯшидани шими почакӯтоҳ, <…> мубориза зидди ширку бидъату хурофот бошад”, пас вай ҳам “салафӣ” аст ва мазҳабаш, яъне мазҳаби Ҳанафия низ “салафӣ” аст…”.
Саидбаширӣ Руҳулло, диншинос ва хатмкардаи донишгоҳи дар Шарқи Наздик машҳури Ал-Азҳар, муаллифи мақолаи “Ҷонибдорони салафия ва дигар равияҳои исломӣ назди Худо гунаҳгоранд”, ки дар сомонаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) “Ховар” нашр шуд, менависад: “Салафиҳо ба шакли зоҳирии ҳаёти диниашон аҳамият медиҳанд ва зоҳиран афроди дигарро маҳкум мекунанд”. Ин муаллиф ҳамчунин навиштааст, ки: “Дар қарни XXI, замони пешравӣ дар соҳаҳои гуногун, салафиҳо дар тамоми олам ба таблиғи чунин афкори ифротии худ машғуланд ва таблиғи онҳо боиси нооромии кишварҳо гаштааст”.
Ба навиштаи Саидбаширӣ, олимони ислом аъзои созмони “Салафия”-ро (ки аз сӯи Додгоҳи олӣ дар солҳои 2009 ва 2014 ифротгаро эътироф шудааст, шарҳи идора), ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: ҷиҳодӣ (яъне, онҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ақидаҳои хушунатбор кор мегиранд) ва сиёсӣ.
Барои намуна Саидбаширӣ Руҳулло мисол меорад, ки “идиалогияи салафиҳо илҳомбахши бисёре аз гурӯҳҳои мусаллаҳи терористӣ, мисли ДОИШ (бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 террористӣ ва экстремистӣ эълон ва фаъолияташ манъ шудааст, шарҳи идора), “Ал-Қоида” (аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 созмони террористӣ эълон ва фаъолияташ дар ҳудуди кишвар манъ шудааст, шарҳи идора) ва ҳаракати “Толибон” (аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2006 созмони террористӣ эълон ва фаъолияташ дар ҳудуди кишвар манъ шудааст, шарҳи идора) аст. Ин гурӯҳҳо хушунат ва зӯровариро барои аҳдофи худ сармашқ мешуморанд”.
“Салафиҳо матнҳои исломӣ ва таърихиро аз нав тафсир намуда, дар аҳдофи сиёсию ваҳшонии худ истифода мебаранд”, – хулоса мекунад Саидбаширӣ Руҳулло.
Методикаи печидаи экспертиза
Дар ҷараёни ин таҳқиқот мо талош кардем, бо вакилони мудофеъ ва коршиносони мустақил дар Тоҷикистон дар бораи ташхис ва шеваҳои ифротгаро эълом кардани шаҳрвандон суҳбат кунем. Бо сабабҳои барои таҳқиқот номаълум, коршиносон ва вакилони мудофеъ нахостанд дар ин бора суҳбат кунанд.
Аммо Инга Сикорская мегӯяд, дар ҳар сурат қисми асосии ташхиси давлатӣ оид ба ақидаҳои динӣ ва ақидаҳои дигаре, ки барои давлат писанд нестанд, ҳамеша ба нафъи айбдоркунанда кор мекунанд. Ташхиси давлатии ақидаҳои ифротӣ саволҳо ва шубҳаҳои зиёдеро ба бор меорад, мегӯяд Сикорская.
Сикорская дар бораи таҷрибаи Қирғизистон навиштааст, ки онҷо низ ташхисҳои гуманитарӣ дар бештари маврид ба нафъи айбдоркунанда хулоса медиҳанд.
Ба гуфтаи вай, дар кишварҳои мухталифи дунё, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷрибаи маҳаллӣ, методологияҳои худӣ мавҷуд аст.
“Барои мисол, дар Тоҷикистон набояд методологияи дар Қирғизистон ё Қазоқистон коркардшударо истифода бурд, зеро забон дигар аст, идеологияи низом фарқ мекунад, шароити сиёсӣ тафовут дорад, қонунгузорӣ фарқ мекунад”, – гуфт Сикорская.
«Интернетро бояд дуруст истифода бурд»
Дар ҳоле, ки ҷузъиёти ташхису таҳқиқи парвандаҳои марбут ба моддаҳои ифротгароӣ дастраси умум нестанд, расонаҳои асосан давлатӣ дар Тоҷикистон алайҳи “лайк”-у “класс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғот мебаранд. Дар яке аз охирин чунин матолиб Афшини Муқим, котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва маросимҳои назди Ҳукумати ҶТ, ки рӯзи 12 феврал дар сомонаи “Ҷумҳурият” нашр шуд, навиштааст:
“Муруре ба саҳфаҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки мутаассифона, ҳанӯз ҳам гурӯҳу афроди сиёҳдил ин ҷо ҳузури густурда доранд. Онҳо ҳадис ё нақле аз рӯзгори саҳобагон, сабти видеоӣ ё аудиоии як ҳаммаслаки худро дар саҳифаашон гузошта, онро ба таври худ ва мувофиқ ба ғаразҳои нопокашон шарҳ медиҳанду “фатво”, ҷавонон, гоҳо калонсолони ноогоҳ аз ислому фармудаҳои Худо, онро писандида, “лайк” мегузоранд ва ҳамин тавр доираи паҳншавии маводи хусусияти ифротидошта фарохтар шудан мегирад”.
Муаллифи дигар, Ҳикматулло Хоҷаев, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақолае дар АМИТ “Ховар” аз волидон даъват мекунад, ки ба фарзандонашон “лайк” гузоштанро омӯзонанд ва ба ин тартиб аз “ифротгаро” шудани фарзандонашон пешгирӣ кунанд:
“Корҳои тарғиботию ташвиқотӣ (аз тариқи телевизиону радио бо воситаи роликҳои иҷтимоӣ) оид ба зарари ифротгароии иттилоотӣ дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо роҳи гузаронидани суҳбату вохӯриҳо ҷоннок карда шаванд. Дар ин самт ҷалб кардани волидайни ҷавонон мувофиқи мақсад мебошад. Ба ҷавонон фаҳмонида шавад, ки аз веб–сайтҳои ба ифротгароии иттилоотӣ вобастабуда дуруст истифода бурда шавад (масалан, дар гузоштани “лайкҳо” эҳтиёткор бошанд)”, – менависад Ҳикматулло Хоҷаев, корманди Маркази таҳқиқоти стратегӣ.
Шумори чунин мақолаҳо дар саҳифаҳои интернетии марбут ба Тоҷикистон ва саҳифаҳои дигаре, ки мухотабонашон тоҷикистониён ҳастанд, зиёд аст.
Аммо чанде аз созмонҳо ва кишварҳои хориҷӣ муборизаҳои Тоҷикистонро алайҳи терроризму экстремизм мубориза бо дигарандешӣ ва озодии шаҳрвандон меноманд.
Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи «Freedom House» дар рейтинг ё баҳодиҳии соли 2019 навишт, ки Тоҷикистон кишвари “ноозод” аст ва дар ин кишвар сензураи сахти интернет ва дастрасии маҳдуд ба иттилоъ амал мекунад.
Ба замми маҳдудиятҳои мавҷудаи қонунӣ ва назорати мақомот, ҳамзамон, дар кишвар рӯйхати расмии муҳтаво ё контенти марбутаи созмонҳои ифротгарову террористӣ, ки аз сӯи додгоҳ мамнуъ эълом шудаанд, мавҷуд нест ё дар дастраси умум қарор надорад. Ба фарқ аз Тоҷикистон, дар кишварҳои ҳамсоя ва Русия рӯйхати мушаххаси муҳтавои манъгардида дастрас аст.
Департаменти давлатии ИМА дар гузорише вазъи Тоҷикистонро дар соли 2018 таҳлил кард ва навишт, ки мақомоти Тоҷикистон аз моддаҳои ифротгароӣ барои саркӯби фаъолон сӯистифода мекунанд.
Даъвое ки мақомоти Тоҷикистон қабул надоранд. Аммо касоне, ки барои “лайк”-у “комментария” муҷозот шудаанд, низ аз шеваи фаъолияти мақомоти Тоҷикистон интиқод мекунанд.
“Лайк гузоштан ду маъно дорад, масалан як нафар амалҳои террористиву экстремистиро мебинад, лайк мегузорад то ташвиқу тарғиб кунад, дигаре лайк мемонад, то мардум ҳамин ваҳшату дахшатафканиро бинанду огоҳ бошад аз ин гуна хатарҳо… Ин муфаттишҳои мо дигар то он ҳад олим шудианд, ки аз дилу фикри инсонҳо гӯё бохабаранд ва барояшон фарқе надорад, кӣ гунаҳкор аст ва кӣ бе гуноҳ”, – мегӯяд, Ҷунайдулло Худоёров, ки барои навиштани шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиндонӣ шудааст.
Ин тадқиқоти журналистӣ дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.
[1] . Ҷумҳурии Тоҷикистон. Созмонҳои террористиву ифротгаро// Маркази зиддитеррористии ИДМ. URL: https://www.cisatc.org/1289/134/160/1268
[2] . Ҷумҳурии Тоҷикистон. Созмонҳои террористӣ ва ифрогтаро.//Маркази зиддитеррористии ИДМ. URL: https://www.cisatc.org/1289/134/160/1268