© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Интихоботи президентии Тоҷикистон: номзадҳо ғолибро бо гулдаста табрик мекунанд

Мавҷуд набудани кинояву ишорот ва мунозироти номзадҳо, қароргоҳи маъракаи холӣ, рекламахои таблиғотӣ аз тарафи Раҳмон президенти амалкунанда, ҳамла ба ҷонибдорони воқеӣ мухолифин ва хешовандони онҳо – маҳз ҳамин тавр маъракаи пешазинтихоботии 2020-ро дар Тоҷикистон тавсиф додан мумкин аст. Яке аз ин номзадхои ба қайд сабтиномшуда эълон кард, ки ғолибро бо гулдаста табрик хохад кард.


Ба канали мо дар Telegram обуна шавед!


Пятеро кандидатов, зарегистрированных Центризбиркомом РТ для участия в выборах. Фото: CABAR.asia
Панҷ номзаде, ки Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар интихобот сабти ном кардаанд. Акс: CABAR.asia

Рӯзи якшанбе 11 октябр, мардуми Тоҷикистон барои 7 соли оянда раисиҷумҳурро интихоб мекунанд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) панҷ номзадро ба қайд гирифт. Дар байни онҳо Президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода, раиси Ҳизби коммунисти Мироҷ Абдуллоев, раиси Ҳизби сотсиалисти Абдуҳалим Ғаффорзода ва роҳбари Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ Рустам Раҳматзода мебошанд.

Шаби 9 октябр марҳилаи маъракаи таблиғотӣ ки аз 15 сентябр шурӯъ шуд ба охир мерасад. Шанбе 10 октябр  “рӯзи сукут” эълон шуда буд.

Ҳамин тариқ, номзадҳо ба таври расмӣ барои пешниҳоди барномаҳои худ 25 рӯз доштанд. Аммо, ба гуфтаи нозирон, он замон танҳо дастаи  президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, ки аз моҳи ноябри соли 1992 раҳбари Тоҷикистон мебошад, назаррас буд.

Номзад Эмомалӣ Раҳмон комилан дар  фазои шабакаҳои телевизиони давлатӣ бартарӣ дошт.

Маъракаи таблиғотии  Раҳмон, ки саросари кишвар фаро гирифта буд, дар он хизматчиёни давлатӣ ва варзишгарон низ иштирок намуданд.

121163398_896194834118187_732393949801122077_n
121164494_3152028058258809_5009887326703555163_n
121193247_682196769087260_7315219715554042002_n
121181651_836296700445593_5549754073188527123_n
121226423_3935139156502760_6522482393289217531_o
121145438_388259928857604_57203855985094551_n
120893288_185337313142240_8362370174663038236_o

Моҳи сентябр президенти амалкунанда бо мақсади “ошноӣ бо зиндагии мардум” ба манотиқи Тоҷикистон як қатор сафари корӣ анҷом дод. Аммо, коршиносон бар он назаранд, ки ин корҳо бахше аз барномаи интихоботи президенти амалкунанда буд. Дар ин сафарҳо, Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи як қатор иншоот ширкат варзид, ки қисми зиёди онҳоро соҳибкорони маҳаллӣ бунёд кардаанд. Аз Хадамоти матбуоти президент дар бораи ифтитоҳи ҳавзҳои моҳӣ, меҳмонхонаҳо, зеристгоҳҳо, коргоҳҳои дӯзандагӣ ва ҳатто як боғчаи хусусӣ хабар дода буд.

Чор рақиби расмии президенти амалкунанда аслан бо таблиғоти пешазинтихоботӣ машғул набуданд. Алалхусус маҳдуият ва иштирок дар вохӯриҳо бо намояндахое,ки КМИР дар баъзе минтақаҳо ташкил кардааст, вуҷуд дошт.

Дар Душанбе, бино ба мушоҳидаҳои рӯзноманигорон, танҳо плакатҳои интихоботии раҳбари Ҳизби аграри дида мешуд. Аз чониби номзадҳои дигар  баромадҳои пеш аз интихоботи дида намешуд.

Ҳеҷ кадоме аз ин чор номзад ҷуръат ба танқиди президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмонро накарданд.

Баръакс, номзадҳо дар бораи хидматҳои президент сухан гуфтанд ва Абдуҳалим Ғаффорзода ҳатто гуфт, ки “Эмомалӣ Раҳмон синаи кӯҳро канда, дар он ҷо нақб сохт.”

Барномаҳои интихоботӣ ва  шиорҳои ҳамаи номзадҳои ба қайд гирифташуда аз бисёр ҷиҳатҳо ба ҳам мувофиқат мекарданд. Масалан, Ҳизби Аграрӣ бо шиори “Ҳаёти шоиста барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон” ба участкаҳои интихоботӣ пешбари шуданд, дар ҳоле ки Ҳизби ҳокими Халқии Демократӣ (ҲХДТ)  “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ин  шиорро садо дода буд.

Ҷолиби диққат аст, ки маъракаи интихоботии номзадҳо сарфакорона баргузор гардид. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон эълом дошт, ки онҳо барои маъракаҳои интихоботӣ тақрибан 40 ҳазор сомонӣ (камтар аз 4 ҳазор доллар) сарф кардаанд. Роҳбарияти ҳизбҳои дигар, аз ҷумла ҲХДТ  гуфтанд, ки онҳо тақрибан ҳамин миқдор пулро сарфа намудаанд..

Ҳамла ба раҳбари ҲСДТ ва писари муовини раиси ҲСДТ

Дар маъракаи интихоботӣ ба Раҳматилло Зойиров,  раҳбари Ҳизби сотсиал-демократӣ (ҲСДТ) аз сабаби он,ки у  интихоботро бойкот карда онро ғайриқонунӣ ва зиддихалқӣ номид ҳамла намуданд.

Раҳматилло Зойиров иддао дорад, ки ба ӯ ҳамла кардаанд. Акс: ozodi.org

Тавре Раҳматилло Зойиров дар Фейсбук хабар дод, шоми 22 сентябр ба ӯ дар наздикии манзилаш дар Душанбе ашхоси номаълуме ҳамла намудаанд. Ба роҳбари ҲСДТ якчанд маротиба дар сар ва гарданаш зарба зада  сипас “бо оҳане дар рӯй” зарба заданд.

Пас аз ин ҳодиса Зойиров ба Вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат накард ва инчунин у изҳори нобоварӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро изҳор кард.

«Се сол қабл – 9 ноябри соли 2017 – ВКД аз рӯи далели ҳамла ба ман парвандаи ҷиноӣ боз кард – он вақт низ ин ҳамингуна буд. Аммо то ба имрӯз, пас аз 3 сол, ҳатто як ишораи ҷавоб аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ вуҷуд надорад », – гуфт Зойиров ба платформаи таҳлилии CABAR.asia.

Валле Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қайд намуд,, ки Раҳматилло Зойиров аз сабаби ба чоҳ афтиданаш захмӣ шудааст. Тибқи иттилои ВКД, Зойиров бо саг сайр мекард, ва гӯё у соҳиби худро ба хандақ кашидааст.

Инчунин шоми 4 октябр писари Махмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ, латукӯб карда шуд. Ба гуфтаи Одинаев, писари ӯ, ки ронандаи таксии хусусӣ аст, муштариёнро ба тарабхонаи “Шоми Шӯроб” ба  шаҳри Ҳисор бурдааст.

Махмурод Одинаев. Акс: ozodi.org

Махмурод Одинаев ин воқеотро истисно накард, аз сабаби оне, ки метавонад ангезаи сиёсӣ дошта бошад.

“Мақомот мехоҳанд маро ва дигар мунаққидони ҳукуматро бо ин роҳ битарсонанд, то мо фаъолияти сиёсии худро боздорем” гуфт Одинаев.

Аммо Вазорати корҳои дохилӣ ангезаҳои сиёсии ин ҳодисаро рад кард ва изҳор дошт, ки писари Одинаев он рӯз “дар ҳолати мастӣ, бо меҳмонони дигари тарабхона муноқиша карда ва латукӯб шудааст.”

Ба гуфтаи коршиноси сиёсӣ Абдумалик Кодиров, аз рафти интихобот хаминро гуфтан мумкин аст,ки дар маъракаи  пешазинтихоботи рақибони президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон доварӣ кардааст.

“Дар ҷараёни маъракаҳои таблиғотии ин номзадҳо аён гашт, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо барномаи ҷиддӣ надоштанд ва ҳатто онро нахостанд”, – гуфт Кодиров.

Абдумалик Кодиров. Фото: CABAR.asia

Вай бовар дорад, ки Фаромуз Иргашев, ҳуқуқшиноси 30-сола аз шаҳри Хоруғ, ягона номзади мустақил буд, ки тасмими худро барои ширкат дар ин маърака гирифтааст. Аммо номзади худпешбарӣ Иргашев ба далели он ки имкони ҷамъоварии 260 000 имзои лозимро надошт, натавонист дар КМИР сабти ном шавад.

«Масъулони амнияти Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки ҳамаи онҳое, ки аз доираи « сенарияи интихобот »берун мешаванд, метавонанд ба ороми ва осудаги таҳдид расонанд.. Аз ин рӯ, онҳо намегузоранд, ки касе “берун” ба ин раванд ворид шавад. Зеро ҳаводиси Беларус ҳамаро ба тарсу ҳарос овард. Дар Беларуссия низ касе интизор набуд, ки се зан тамоми вазъи кишварро тағйир медиҳанд ”, – гуфт Кодиров.

КМИР инчунин қобилияти расонаҳои мустақилро барои инъикоси рӯйдодҳои интихоботӣ маҳдуд кард. Ин ниҳоди давлатӣ аз аккредитатсия ба Азия-Плюс, ки яке аз маъруфтарин расонаҳои мустақили кишвар аст, ба он оварда расонид,ки даст кашад. Далел, он  буд, ки “Азия-Плюс” аз сабти номи дубора нагузаштааст.

Ба гуфтаи коршиносон, мақомот мехоҳанд, ки интихобот бидуни ҳодиса ва садама баргузор шавад.

Онҳо пешгӯӣ мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон тақрибан 80 дар сади овозҳоро ба даст хоҳад овард ва рақибони ба қайд гирифташуда ҳеҷ даъвое нахоҳанд гуфт.

Яке аз ин номзадҳо Абдуҳалим Ғаффорзода аллакай изҳор доштааст, ки “омода аст бо табрик ба ғолиб бо гулдаста равад”.

Ин шашумин интихоботест, ки пас аз истиқлол дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Аз соли 1994 инҷониб, Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба даст меорад.


Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR “Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст. Фикрҳои дар мақола баёншуда мавқеи ҳайати таҳририя ва донорро инъикос намекунанд.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: