© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар мавриди нақши тадқиқотҳои сотсиологӣ чӣ назар доранд?

Натоиҷи тадқиқоти сотсиологии Алишер Гардоншоев, хатмкардаи Мактаби таҳлилии CABAR.Asia, нишон медиҳад, ки бештари сокинони пойтахти Тоҷикистон ба пурсишҳои сотсиологӣ муносибати мусбат доранд. Дар ҳамин ҳол, чаҳоряки пурсидашудаҳо бар ин назаранд, ки ҳукумат бояд натоиҷи чунин пурсишҳоро ба инобат бигирад.


Душанбе, акси тасвирӣ. Манбаъ: www.ozodi.org
Душанбе, акси тасвирӣ. Манбаъ: www.ozodi.org

Гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ аз он ҷиҳат  муҳим аст, ки дар бораи ҷаҳони иҷтимоие, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, маълумот медиҳад. Ҳатто давлатҳо барои роҳандозии сиёсати дуруст ба тадқиқоти сотсиологӣ ниёз доранд. Масалан, дар тамоми нуқоти ҷаҳон пажуҳишҳои демографӣ анҷом мешаванд, ки барои ташаккули сиёсати некуаҳволии ҷамъиятӣ ба ҷомеа кумак мекунанд.

Ҳатто одитарин пурсиши демографӣ метавонад сохтори аҳолии ҳар ноҳия, шаҳр ва вилояти кишварро инъикос кунад, ки имкон медиҳад, таҷрибаи пешниҳоди хадамоти тиббӣ, маориф ва иртиботот ба аҳолӣ беҳтар карда шавад. Дар сурати набудани маълумот ва донишҳои демографӣ ниҳодҳои масъул наметавонанд дар мавриди ниёзҳои асосии аҳолӣ сиёсати дурустро таҳия кунанд, зеро онҳо намедонанд, чӣ қадар мактабу беморхона сохтан лозим аст.

Пажуҳиши сотсиологӣ бо ҳадафи густариши дониши мардум дар мавриди ҷомеа, равандҳо ва тағйирот дар ҳаёти ҷамъиятӣ, тавзеҳи сабабу оқибатҳои рафтор ва фаъолияти субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ (камбизоатӣ, бекорӣ, муҳоҷират, худкушӣ ва ғайра) нигаронида шудааст. “Барои он ки тадқиқоти сотсиологӣ ин рисолатро анҷом бидиҳад, ниёз ба  шароит дорад, мисли озодиҳо барои гузаронидани тадқиқот ва интишор кардани натиҷаҳои он, муҳити мусоиди иқтисодӣ ва сиёсӣ” [1].

Натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ ва маълумоти пешниҳодшударо намояндагони мақомоти давлатӣ, шахсони масъул ва дигар субъектҳои фаъолияти ҷамъиятӣ барои назорат, танзим ва ҳалли мушкилоти ба вуҷудомада истифода мебаранд[2].

Муаллиф барои рӯшан кардани афкори ҷомеа дар мавриди ин ё он масъалаи иҷтимоӣ ҳамроҳ бо доктори илмҳои ҷомеашиносӣ, профессор Шоназар Шоисматуллоев ва номзади илмҳои фалсафа, дотсент Фирӯз Миров тавассути пурсишномаи онлайн назарсанҷии хурди сотсиологӣ анҷом додааст, ки натиҷаҳои он дар ин матлаб мухтасар баён шудаанд[3].

Дар ин тадқиқоти хурд афкори ҷомеа дар мавриди ҷомеашиносӣ, зарурати тадқиқоти сотсиологӣ, доираи истифодаи натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ, эътимоднокии натиҷаҳои тадқиқот ва дигар масъалаҳои марбут ба тадқиқоти сотсиологӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Асоснок кардани пажуҳиш

Ҷомеашиносӣ ва тадқиқоти сотсиологӣ дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар қабули қарорҳои ҷамъиятӣ нақши муҳим доранд.

Пас аз Ҷанги ҷаҳонии дуюм, махсусан баъди таъсиси Созмони милали муттаҳид, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии кишварҳояшон хеле вусъат ёфт. Аз ҷумла, “Эъломияи ҳуқуқи башар” (1948), “Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ” (1976) ва “Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” (1976) ва ғайра озодӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат доданд.

“Эъломияи ҳуқуқи башар” аввалин санади меъёрӣ- ҳуқуқиест, ки аз ҳуқуқҳои тамоми мардуми ҷаҳон ҳимоят мекунад ва онро тамоми одамон истифода мебаранд. Дар асоси “Эъломияи ҳуқуқи башар” “Паймони байналмиллалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ” қабул гардид.

“Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ” ҷонибҳоро вазифадор мекунад, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии шахс, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, озодии эътиқод, озодии сухан, озодии ҷамъомадҳо, ҳуқуқ ба овоздиҳӣ, ҳуқуқи баррасии одилонаи судӣ ва ғайраро эҳтиром кунанд.

Имрӯзҳо ин ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ҷомеаи муосирро ҳамчун “шабакаи коммуникатсионӣ”-и бузурги мураккаб тавсиф мекунанд. Ҳуқуқ ва озодиҳои умумии шаҳрвандҳо, ки дар ин асноди ҳуқуқӣ ифода ёфтаанд, боиси эҷоди равобити мутақобилаи наздик байни кишварҳои гуногун шуда, ба ҳалли масъалаҳои ба миёномада мусоидат мекунанд.

Ҳатто намояндагони СММ барои ҳалли масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ аз тадқиқоти сотсиологӣ васеъ истифода мебаранд. Тавре сарвари иҷроияи Шӯрои байналмилалии илмҳои ҷомеашиносӣ қайд мекунад, “барои омӯхтани мушкилоти нобаробарии иҷтимоӣ ва ноил шудан ба дигар мақсадҳои ҷаҳонӣ тадқиқоти дарозмуддати сотсиологӣ зарур аст”.

Ҳадафи ин пажуҳиш омӯзиши афкори ҷомеа барои муайян кардани зарурати тадқиқоти сотсиологӣ дар Тоҷикистон, яъне муайян кардани муносибати ҷомеа ба ҷомеашиносӣ мебошад.

Дар мавриди пажуҳиш. Тадқиқот 186 нафарро фаро гирифт. Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни пурсиш хусусиятҳои зерини иҷтимоию демографии пурсидашудаҳо ба назар гирифта шудааст:

  • синну сол – аз 18-сола боло;

Гуруҳи мақсадноки тадқиқот:

  • сокинони шаҳри Душанбе.

Таҳияи абзори таҳқиқ. Ҳангоми таҳияи пурсишномаҳо (назарсанҷии онлайн) аз андешаи коршиносон, матолиби ВАО ва натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ васеъ истифода шудааст.

Дар тадқиқот 186 нафари касбу кори гуногун иштирок намуд. Аз рӯи тартиби синусолӣ 18-24-сола (67,2%), 25-34-сола (22,6%), 35-44-сола (6,5%) ва аз 45-сола боло – 3,8%. (нигаред ба диаграммаи 1 ва 2).

Диаграммаи 1. Синну соли пурсидашудаҳо (n=186,%)

Ҳамон тавр ки болотар ишора кардем, афкори умум фикри тамоми шаҳрвандон, сарфи назар аз сатҳи маълумоти онҳо мебошад, бинобар ин дар тадқиқот шахсони дорои сатҳи маълумоти гуногун ҷалб карда шуд. Аз шумораи умумии пурсидашудаҳо 41,9% маълумоти миёнаи пурра, 27,4% бакалавр, 12,4% маълумоти олӣ, 7,0% дараҷаи магистрӣ, 1,6% унвони илмӣ (номзади илм, доктори илм) доранд (нигаред ба диаграммаи 3).

Диаграммаи 2. Таҳсилоти пурсидашудаҳо (n=186,%)

Пеш аз ҳама, аз зарурати гузарондани пурсишҳои сотсиологӣ барои омӯхтани афкори ҷамъиятӣ савол дода шуд. Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот аксарияти пурсидашудаҳо – 68,8% омӯзиши афкори ҷомеаро зарур, 23,7% то андозае зарур шуморида, танҳо 6,5% гуфтаанд, ки омӯзиши афкори ҷамъиятӣ лозим нест. (ниг. диаграммаи 4). Нафароне ки омӯзиши афкори ҷамъиятиро зарур мешуморанд, қайд кардаанд, ки афкори ҷомеа бояд пайваста омӯхта шавад (69,8%). Ба андешаи 41,9 дарсади пурсидашудаҳо, мардум бояд дар мавриди ин ё он масъалаи иҷтимоӣ андешаи худро баён кунанд, 24,4 дарсади пурсидашудаҳо қайд карданд, ки ҳукумат барои ҳалли мушкилоти ҷомеа бояд андешаи мардумро биомӯзад. 9,9% посухдиҳандаҳо изҳор доштанд, ки андешаи мардум танҳо барои омор зарур аст (ниг. диаграммаи 5).

Диаграммаи 3. Зарурати омӯзиши афкори ҷамъиятӣ (n=186,%)

Диаграммаи 4. Агар лозим бошад, барои чӣ? (n=186,%)

Одамоне ки мегӯянд омӯзиши афкори ҷомеа шарт нест, нуқтаи назари худро чунин асоснок мекунанд: “Афкори ҷомеаро донистан бефоида аст, зеро касе онро ба инобат намегирад” ва “Ба натиҷаи пурсишҳо бовар намекунанд, зеро на ҳама ба саволҳо ҷавоби дуруст медиҳанд”. Синну соли пурсидашудаҳое, ки омӯзиши афкори ҷамъиятиро зарур намедонанд, асосан аз 45 боло аст. Ин нобоварӣ асосан аз он сабаб аст, ки насли калонсол ҷомеашиносиро “илми тақаллубии буржуазӣ, ки аз ҷониби Огюст Конти фаронсавӣ сохта шудааст”, медонанд. Инчунин, яке аз сабабҳои дигар ин аст, ки солҳои 90-ум ба рушди ҷомеашиносии мо таъсири хубе надошт.

Тавре аз натиҷаҳои пажуҳиш маълум мешавад, бештари пурсидашудаҳо гузаронидани тадқиқоти сотсиологиро зарур мешуморанд. 45,7% бар ин назаранд натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ барои худи ҷомеашиносон, ки бо ҳадафҳои илмӣ назарсанҷӣ мегузаронанд, зарур ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, 37,6% пурсидашудаҳо қайд кардаанд, ки натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ ба сиёсатмадорон ва мақомоти давлатӣ лозиманд. Ба андешаи 36,6 дарсади пурсидашудаҳо, натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ барои тамоми шаҳрвандоне, ки ба дарки афкори умум шавқманд ҳастанд, муҳим ва зарурӣ мебошад. 14,0%-и пурсидашудаҳо изҳор доштаанд, ки ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои хайрия ба натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ ниёз доранд. 11,8% пурсидашудаҳо бошанд, бар ин назаранд, ки тадқиқоти сотсиологӣ барои ВАО гузаронида мешавад. 10,8% посухдиҳандаҳо чунин мешуморанд, ки тадқиқоти сотсиологӣ барои корхона ва ташкилотҳои тиҷоратӣ заруранд (ниг. диаграммаи 6).

Диаграммаи 5. Киҳо ба натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ бештар ниёз доранд? (n=186,%)

Яке аз масъалаҳои сотсиологияи амалӣ сатҳ ё дараҷаи эътимоднокии натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ мебошад, ки боиси муҳокимаи зиёди мутахассисон ва шаҳрвандони одӣ гардид. Ба андешаи 44,1 дарсади пурсидашудаҳо, натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ андешаи шаҳрвандонро дар маҷмӯъ инъикос мекунанд. Қариб нисфи пурсидашудаҳо (46,2%) бар ин назаранд, ки натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ то андозае андешаи шаҳрвандонро инъикос мекунад ва танҳо 7,5% ба эътимоднокии натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ шубҳа доранд. Аз ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки аксари пурсидашудаҳо ба эътимоднокии иттилооте, ки дар натиҷаи тадқиқоти сотсиологӣ ба даст омадааст, бовар доранд (ниг. диаграммаи 7).

Диаграммаи 6. Натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ дар умум андешаи шаҳрвандонро инъикос мекунанд ё не? (n=186,%)

Барои бештар дарк кардани эътимоднокии натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ ва зарурати гузаронидани онҳо ба мусоҳибон якчанд баёния пешниҳод шуд, ки посухдиҳандаҳо бояд розӣ ё норозӣ будани худро баён медоштанд. Баёнияи аввал ин буд: “Пурсиши афкори ҷамъиятӣ кумак мекунад муайян шавад, ки одамон дар бораи вазъи шаҳрҳои худ чӣ андеша доранд, то бад ин васила ҳукумат ҳангоми қабули қарорҳо фикри мардумро ба назар гирад”. Аксарияти посухдиҳандаҳо (88,2%) бо ин андеша розӣ ва 11,8% розӣ нестанд. 68,3%-и пурсидашудаҳо ба баёнияи “Мақомот ва соҳибкорон натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологиро барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти худ истифода мекунанд” розӣ ва 31,7% розӣ нестанд.

58,6%-и пурсидашудаҳо ба ҷумлаи “Дар бисёр мавридҳо натиҷаи пурсишҳои афкори умум тавассути расонаҳо барои таъсиррасонӣ ба мардум ва маҷбур кардан ба коре истифода мешавад”, розӣ ва 41,4% розӣ нестанд. 72,6%-и пурсидашудаҳо ба таъкиди “Афкори ҷамъиятро асосан олимон меомӯзанд, зеро натиҷаҳои он барои дарки илмии ҷомеа зарур аст”, розӣ ҳастанд ва 27,4% розӣ нестанд. 39,2% ба баёнияи “Тадқиқоти сотсиологӣ танҳо барои ба даст овардани фоида ба ширкатҳои сотсиологӣ лозим аст” розӣ ва 60,8% розӣ нестанд. Бо баёнияи “Ҳеч кас ба натиҷаи пурсиши афкори умум аҳамият намедиҳад” 45,2% розӣ ва 54,8% розӣ нестанд. 86,6% бо ҷумлаи “Пурсишҳои иҷтимоӣ барои гирифтани иттилоъ аз мардум ва истифода аз ин иттилоъ зарур аст” мувофиқ ва 13,4% розӣ нестанд. (ниг. диаграммаи 8).

Диаграммаи 7. Сатҳи мувофиқати посухдиҳандаҳо бо баёнияҳо  (n=186,%)

Хулоса ва тавсияҳо

Аз таҳлили андешаҳои пурсидашудаҳо бармеояд, ки тадқиқоти сотсиологӣ барои омӯзиши афкору андешаҳои одамон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат намуда, натиҷаҳои онро мақомот ва тоҷирон барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти худ истифода мебаранд. Дар маҷмӯъ, дар асоси натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ чунин хулосаҳо баровардан мумкин аст:

  • омӯзиши афкори ҷамъиятӣ барои қабули қарорҳои муҳим ва ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёти одамон муҳим аст; ташкилоту муассисаҳои ҳуқуматӣ ва ғайриҳукуматӣ бояд барои муайян кардани вазъияти фаъолияти худ, ошкор намудани проблемаҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо мунтазам тадқиқоти сотсиологӣ гузаронанд;
  • бештари пурсидашудаҳо қайд мекунанд, ки натиҷаҳои тадқиқотҳои сотсиологӣ ба ҷомеашиносон, рӯзноманигорон, сиёсатмадорон, муҳаққиқони ҷавон, соҳибкорон ва ҳамаи ашхосе, ки ба фаҳмидани афкори ҷомеа таваҷҷуҳ доранд, лозим аст;
  • ба андешаи бештари пурсидашудаҳо, натиҷаҳои тадқиқоти сотсиологӣ андешаи шаҳрвандонро инъикос менамояд ва онҳо ба эътимоднокии иттилооти сотсиологӣ боварӣ доранд. Ҳамчунин, аксари пурсидашудаҳо бар ин назаранд, ки омӯзиши афкори ҷомеа барои ба инобат гирифтани фикру пешниҳодҳои шаҳрвандон дар раванди қабули қарорҳо мусоидат мекунад.

Ҳамин тавр, тадқиқоти сотсиологӣ барои муайян кардани проблемаҳои иҷтимоӣ, муайян кардани сабабҳои мушкилоти иҷтимоӣ ва ёфтани роҳҳои ҳалли онҳо ёрӣ мерасонад. Дар оянда мутахассисони соҳаи ҷомеашиносӣ барои муайян кардани сиёсати иҷтимоии давлат ва дурнамои рушди Тоҷикистон кумак хоҳанд кард. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар оянда дар ҳар муассиса ва ташкилот марказҳои илмӣ кушода мешавад ва олимони ҷомеашинос дар кори оммавӣ гардондани ин марказҳо нақши калон мебозанд.

Талабот ба тадқиқот сол то сол меафзояд ва нақши ҷомеашиносон дар ин бахш хеле бузург аст. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рӯйдодҳои номатлуби ҷаҳонӣ донишҳои ҷомеашинохтӣ метавонад ҷаҳонбинии илмӣ ва тамоюли арзишмандии одамон, бахусус сатҳи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии ҷавононро ташаккул диҳад.

Барои хубтар фаҳмидани аҳамияти тадқиқоти сотсиологӣ зарур аст, ки манфиатҳои он ба шаҳрвандон ва ҷомеа ёдрас карда шавад:

  • Некуаҳволии инсон баланд бардошта мешавад: Бештари тадқиқоти илуми иҷтимоӣ бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии инсон гузаронида мешавад.
  • Кумак ба тавсеаи дониш ва ислоҳи хатоҳои ҷорӣ: Тадқиқоти сотсиологӣ донишҳоеро, ки доред, муқаммал мекунад ва инчунин метавонад барои санҷиши далелҳо ё боварҳои иҷтимоӣ истифода шавад.
  • Фаҳмиш ё дарки ҳаёти иҷтимоиро таъмин мекунад: тадқиқоти сотсиологӣ барои ҷамъоварии иттилоъ дар мавриди падидаҳои иҷтимоӣ истифода мешавад. Он имкон медиҳад дар мавриди ҳаёти иҷтимоии гуруҳҳои мухталиф фаҳмиши дурусте дошта бошем.
  • Тадқиқоти сотсиологӣ ба мо кумак мекунад, ки дар бораи сохторҳои иҷтимоӣ ва гуруҳҳои иҷтимоӣ дониши дуруст ва боэътимод ба даст биёрем. Ин маълумот метавонад барои барҳам додани таассуф, тасаввуроти нодуруст ва хурофот, тезонидани раванди иҷтимоӣ ва ба вуҷуд овардани ҷамъияти фарогир истифода шавад.
  • Назарияҳои навро шакл медиҳад. Тадқиқоти сотсиологӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар соҳаҳои гуногуни тадқиқот назарияҳои нав тартиб бидиҳем. Назарияҳои зиёде дар мавриди роҳбарӣ, ангеза ва рафтори инсонӣ мавҷуданд, ки агар тадқиқоти сотсиологӣ набуд, вуҷуд надоштанд.
  • Бо мурури замон тадқиқоти сотсиологӣ барои эҷоди методология ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз қабили нашъамандӣ, зӯроварӣ, одоби корӣ, услуби роҳбарӣ, меҳнати кӯдакон ва нобаробарӣ истифода шудааст. Онҳо инчунин ҳамеша барои аз нав дида баромадани методологияҳои куҳна ё эҷоди усулҳои нав истифода мешаванд.

[1] Миров Ф.С. Знакомство с методами социальных исследований. (Шиносои бо методҳои тадқиқоти иҷтимоӣ). / Ф.С. Миров, Х. Шоинбеков, Дж. Джураев. – Душанбе: ООО “Авалон”, 2015. – С.116.

[2]  Шоисматуллоев Ш. Социология. / Ш. Шоисматуллоев, Х. Идиев, В.А. Бахромбеков, Ф.С. Миров. – Душанбе: Донишвар, 2019. – С.367.

[3]  Значение социологических исследований в таджикистанском обществе // Отчет о результатах социологического исследования (дата исследования: апрель-май соли 2022 г.)

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: