© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Самаранокии СААД дар шароити таъғирёбии системаи амниятии минтақа

Муҳаққиқ Наврӯз Каримов дар мақолаи худ барои CABAR.asia самаранокии СААД, оиннома ва буҷаи он, бартарӣ ва нуқсонҳои иштирок дар ин созмонро мавриди таҳлил қарор додааст.


Ба шабакаи Telegram-и мо обуна шавед!


Ҷаласаи видеоконфронси Шӯрои Амнияти Дастаҷамъона санаи 2 декабри соли 2020, манбаъ: https://odkb-csto.org/
Ҷаласаи видеоконфронси Шӯрои Амнияти Дастаҷамъона санаи 2 декабри соли 2020, манбаъ: https://odkb-csto.org/

Ҳам НАТО (Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ) ва ҳам Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) тибқи талаботи оинномаи СММ фаъолият бурда, дар қаламрави худ пойгоҳҳои низомии шариконро ҷой додаву бо терроризм мубориза мебаранд ва ҳамлаи мусаллаҳона ба як узви блоки ҳарбӣ-сиёсиро таҷовуз ба ҳама кишварҳои узв мешуморанд. … Чунин шабоҳат ифодагари далели он аст, ки СААД ҳамчун як созмони мухолиф бо НАТО таъсис дода шудааст[1], гарчанде ҳанӯз моҳи феврали соли 2009 дабири кулли СААД Николай Бордюжа инро рад карда буд[2].

Дар мақолаи мазкур оид ба самаранокии СААД: “Оё метавонад СААД масоиле, ки дар оинномааш дарҷ шудааст, ҳал намояд?” мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Барои чӣ то ин замон ин созмон дар ягон муноқишаи ҳарбӣ, аз ҷумла задухӯрд дар Қарабоғи Кӯҳӣ, ки Арманистон – узви СААД, яке аз иштирокчиёни он буд, дахолат накардааст? Барои дарёфти посух ба ин суол, оиннома ва буҷаи созмон, қудрати низомии кишварҳои ширкаткунанда ва нақши онҳо дар СААД, бартарӣ ва нуқсонҳои узвият дар ин созмонро мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Миёни имконот ва вазифаҳои СААД ва НАТО мувозӣ карда мешавад.

Усули дахолат накардан

Соли 2010 ҳангоми задухӯрдҳои шадиди байниқавмӣ дар ҷануби Қирғизистон, СААД мавқеи “беамалӣ” -ро интихоб кард. Бори аввал Бишкек бо хоҳиши кӯмак муроҷиат кард, аммо ҷавоби рад гирифт. Он замон, президенти Русия Дмитрий Медведев ин мавқеи созмонро тавзеҳ дода гуфт[3], ки меъёри ҷалби нерӯҳои посдори сулҳи СААД – вайрон кардани марзҳои як давлати иттиҳод аз ҷониби давлати дигар аст ва мушкилоти дохилии мардуми қирғизро ба заъф ва ноӯҳдабароии ҳукумати қаблӣ “дар баровардани ниёзҳои мардум” арзёбӣ кард. Ҳангоми инқилоби навбатӣ дар Қирғизистон, моҳи октябри соли 2020 низ, СААД ба вазъи бӯҳронии кишвар, бо назардошти воқеаҳои ҷорӣ ҳамчун мушкилоти дохилӣ, дахолат накард.

Ҳангоми ташдиди низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, СААД ва Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ҳукумати Арманистон гуфтанд, ки иқтидори мудофиавии ин созмонро барои ҳимояи як давлати иттиҳод истифода бурдан ғайриимкон аст, чун ҷанг дар қаламрави кишвари узв нест. Ин қарор тибқи моддаи 5 оинномаи СААД шарҳ дода шудааст[4], ки дар он гуфта мешавад ташкилот меъёри дахолат накардан ба корҳои дохилии аъзои худро риоя мекунад ва вазифадор аст, ки давлатҳои иттиҳодро танҳо дар сурати таҳдидҳои кишварҳои сеюм муҳофизат кунад. Яъне, на бӯҳрони соли 2010 дар Қирғизистон ва на ҷанг барои Қарабоғи Кӯҳӣ ба ин гурӯҳ дохил намешуданд.

Иртиботи Арманистон дар СААД бинобар равобити дуҷониба бо Русия бештар аст, назар бо дигар аъзоёни созмон. Гап сари он аст, ки  кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Беларус ҳаводиси Қафқози Ҷанубиро ҳамчун таҳдид ба амнияти худ эътироф намекунанд, вале барои Русия ҳузур доштанаш дар ҳудуди Арманистон, бинобар доштани нуфузи худ дар Қафқоз, муҳим аст. Аз ин рӯ, Русия барои ҳалли низоъ ба Қарабоғи Кӯҳӣ нерӯҳои посдори сулҳи худро фиристод, ки барояшон муаяссар шуд, то муваққатан оташбас эълон карда, табодули асирони ҳарбиро ташкил намоянд.

Феълан кӯмаки Русия ба Арманистон дар доираи СААД чандон осон даст намедиҳад ва бештар маврид ин ёрӣ танҳо дар шакли миёнарав ва машваратчӣ ҳангоми кӯшишҳои баргузории гуфтушунидҳои дипломатӣ миёни Ереван ва Боку дида мешавад. Шояд, майл надоштани Русия барои муҳофизати Арманистон аз эҳтиёткории ҳуқуматдорони рус нисбат ба сиёсатмадорони тавассути “инқилоб” сари қудратомада бошад. Гузашта аз ин, Н. Пашинян бо як қатор лоиҳаҳо бо НАТО[5] низ фаъолона ҳамкорӣ мекард, аммо ҳузури ҳарбӣ-сиёсии Русияро дар қаламрави Арманистон ҳамчун кафолати амнияти кишвар медонист. Албатта, ин кӯшишҳои сарвазири Арманистон барои “якбора нишастан дар ду курсӣ” ба Маскав писанд набуд.

Русия маҳаки СААД

Таҳлили зарфиятҳои низомӣ ва хароҷоти кишварҳои узви СААД нишон медиҳанд, ки пешбарандаи асосии созмон Русия аст.[6]  Соли 2015 саҳми Русия дар СААД 50% -и буҷаи тасдиқшударо ташкил медод, замоне ки 5 кишвари дигари аъзо, ҳамагӣ 10% бақияи буҷаро пардохт карданд.[7] Воқеан, буҷаи НАТО бештар диверсификатсия шудаасту[8] ваколати ИМА ҳамагӣ 16% аз ҳисоби умумиро ташкил медиҳад ва Олмон низ ҳамин миқдорро барои узвият пардохт мекунад.  Яъне, аз 30 кишваре, ки дар блоки ҳарбӣ иштирок мекунанд, беш аз 50% буҷаро 4 кишвар мепӯшонанд ва инҳо ҳам ИМА, Бритониёи Кабир, Фаронса ва Олмон мебошанд. Тавре дида мешавад, тақсими ӯҳдадориҳои молиявӣ дар НАТО нисбат ба СААД бештар хислати баробарӣ дорад.

Тибқи иттилои вазорати молияи Беларус барои соли 2020, Шӯрои дастаҷамъонаи амнияти СААД буҷаи созмонро ба миқдори 419,8 миллион рубли русӣ тасдиқ кард ва ҳиссаи Беларусия дар он мисли ҳарвақта бетаъғир – 10% аз ҳисоби умумӣ, мондааст[9]. Маълумоти ҳамсонро дар сомонаи вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёфта намешавад, аммо бо вуҷуд, имкон тахмин кардан аст, ки қисмати Тоҷикистон (ва дигар давлатҳои аъзо) дар соли 2020 ҳамчунин аз 10 фисадӣ аз ҳисоби умумии буҷа, яъне 41 миллиону 980 ҳазор рубли русӣ (муодил ба 566 доллари амрикоӣ) иборат аст.  

Ҳиссаи 50% Маскавро ба ташвиш намеорад, зеро СААД ба Русия имкон медиҳад, ки нуфузи низомию сиёсии худро дар минтақа нигоҳ дорад. Бо шарофати моддаи 7 оинномаи СААД, кишварҳои узв наметавонанд дар қаламрави худ пойгоҳҳои низомии хориҷиро бидуни розигии дигари аъзоёни созмон ҷойгир кунанд. Табиист, ки Русия маблағгузори асосии молиявӣ ва низомии ин созмон аст ва чун қарорҳо дар СААД бо ризоияти умум қабул карда мешаванд, пас Федератсияи Русия воқеан ҳуқуқи манъ кардани ҷойгиркунии пойгоҳҳои НАТО-ро дар ҳудуди кишварҳои узви СААД ба даст меорад.

Ба Русия барои нигоҳдории субот дар минтақа, доштани пойгоҳҳо дар кишварҳои ҳаммарз бо давлатҳои дорандаи яроқи ҳастаӣ, хеле муҳим аст.  Арманистон бо Эрон ҳаммарз буда, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо Чин ҳамсарҳаданд. Ҳамзамон, Тоҷикистон на он қадар дур аз марзи Ҳиндустон, ки аз ҳудудаш террористон имкони убури сарҳадро тариқи Афғонистон доранд, ҷойгир аст. Мавқеи ҳудудии Беларус барои Русия арзиши беназир дорад, зеро аввалӣ бо кишварҳои Паймони Атлантикаи Шимолӣ – Литва ва Полша ҳамсарҳад аст.

Қудрати низомии кишварҳои СААД бо нерӯҳои Паймони Атлантикаи Шимолӣ қобили қиёс нест. Ҳангоми баррасии зарфиятҳои СААД, одатан танҳо имкониятҳои Федератсияи Русияро ҳамчун узви ягонаи созмон, ки дорои пойгоҳҳои низомии хориҷӣ ва иншооти калон дар Арманистон, Беларус, Қирғизистон ва Тоҷикистон аст, бояд ба назар гирифт. Соли 2020, дар раддабандии солонаи “Global Firepower” оид ба қудрати низомӣ миёни 138 кишвар, Русия дар ҷойи 2-юм қарор гирифт[10]. Яъне, дар сурати муноқишаҳои мусаллаҳона, Русияро зарур аст танҳо ба нерӯҳои худ такя кунад.

Дар ин маврид шумораи сарбозони Русия дар қаламрави СААД низ шаҳодат медиҳанд. Теъдоди артиши кишварҳои узви СААД баробар 1 миллиону 256 ҳазор сарбоз аст, ки 80%-и он хизматчиёни ҳарбии Русия мебошанд[11]. Дар артиши НАТО шумораи сарбозон 3 миллиону 462 ҳазор нафаранд, ки аз ин миён 40% сарбозони амрикоӣ мебошанд[12].  Дар ин маврид вобастагии созмонҳоро аз бозингарони асосӣ дидан мумкин: дар НАТО кишварҳои узв аз Иёлоти Муттаҳида, нисбат ба кишварҳои узви СААД аз Русия, ду маротиба камтар вобастагӣ доранд, ки ин қобилиятҳои дастаҷамъӣ ва созмонии СААД-ро дар қиёс бо НАТО заифтар мекунад. Шояд, яке аз сабабҳо он аст, ки НАТО пайваста сафи худро бо аъзои нав пурра мекунад, аммо ҳайати СААД аз замони қабули оиннома амалан бетағйир мондааст, бе назардошти ҳолате, ки Ӯзбекистон соли 2006 ба узвияти ин созмон ворид шуду соли 2012 онро тарк кард[13].

СААД ба кишварҳои узв чӣ медиҳад?

СААД аслан на ҳамчун блоки ҳарбӣ-сиёсӣ, балки чун инфрасохтори тиҷорат ва интиқоли имтиёзноки техникаи ҳарбӣ ва омӯзиши сарбозони кишварҳои собиқ шӯравӣ фаъолона истифода мешавад. Ин созмонро мешавад ҳамчун “ташкилоти интиқолдиҳанда” барои гузариши кишварҳои ИДМ аз стандартҳои ҳарбии шӯравӣ ба стандартҳои муосир баҳогузорӣ кард.

Масалан, саҳми Тоҷикистон дар СААД соли 2020 тақрибан ним миллион долларро ташкил дод, аммо танҳо дар соли 2019 ин кишвар ба миқдори даҳ маротиба бештар аз мандати худ аслиҳа гирифтааст. Яъне, моҳи феврали соли 2019 Тоҷикистон ба маблағи 9 миллион доллар силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ гирифта[14], охири моҳи октябри ҳамон сол, Русия ба Тоҷикистон боз ба маблағи 5 миллион доллари дигар кӯмаки низомӣ интиқол додааст[15]. То соли 2025 Русия ваъда додааст, ки ба артиши Тоҷикистон 200 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад[16]. Сармоягузорӣ, одатан дар ин маврид, силоҳи аз кор баромада ва ё кӯҳнашудаест, ки Тоҷикистон онро бо хушнудӣ қабул мекунад, зеро ройгон аст. Ба давлатҳои узв имкон дода мешавад, ки силоҳҳои навро аз Русия бо нархҳои имтиёзнок харидорӣ кунанд. Аз ин имконот, асосан Беларус ва Қазоқистон фаъолона истифода мебаранд.

Ҳамкории кишварҳои узв[17] барои муқобила бо таҳдидҳои терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки аз ҷумла дар марз бо Афғонистон ба миён меоянд, густарда роҳандозӣ шудааст. Аз соли 2003 то 2019, дар доираи амалиёти минтақавии СААД бо номи “Канал” – 385 тонна маводи мухаддир, 14 ҳазор силоҳи оташфишон ва 392 адад лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Аз соли 2008 то 2019 СААД кӯшиш дорад, ки бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза барад ва дар доираи Амалиёти “Нелегал” тавонист 1,5 миллион ҳолати қонуншикании муҳоҷиратро муайян карда, 4 ҳазор нафаре, ки таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд, дасгир намояд. Ҳамчунин ба маблағи 90 миллион доллар қонуншиканонро ҷарима баста, беш аз 13 ҳазор парванди ҷиноятӣ боз шудааст.

Машқҳо бо қувваҳо ва воситаҳои таъминоти моддию техникии ҚВС СААД "Эшелон-2020", августи соли 2020, манбаъ: https://odkb-csto.org/
Машқҳо бо қувваҳо ва воситаҳои таъминоти моддию техникии ҚВС СААД “Эшелон-2020”, августи соли 2020, манбаъ: https://odkb-csto.org/

Соли 2020 ду маротиба машқҳои низомии нерӯҳои дастаҷамъии СААД “Эшелон – 2020” ва “Бародарии вайроннашаванда – 2020” баргузор шуданд. Дар раванди мубодилаи иттилоотӣ ва машварат, машқҳои низомии СААД яке аз механизмҳои асосии пешгирӣ ва мубориза алайҳи таҳдидҳои амниятӣ мебошанд. Аз соли 2009 инҷониб, ин созмон фазои маҷозиро низ ҳифз мекунад ва дар доираи амалиёти “Прокси” то охири соли 2019, дастрасӣ ба 32 ҳазор сайти интернетие, ки созмон дар фаъолияташон муҳтавои ҷиноӣ ёфтааст, маҳдуд карда, дар ҳамин асос 15 ҳазор парвандаи ҷиноӣ боз намудааст.

Новобаста аз баргузории муназзами амалиётҳои минтақавӣ (“Канал”, “Нелегал” ва “Прокси”) ва мавҷудияти Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, механизмҳои огоҳонӣ ва пешгирии муноқишаҳо дар СААД бесамар мебошанд. Масалан, СААД натавонист муноқишаҳо дар Ошро соли 2010, ё заду хурд дар Қарабоғи Кӯҳиро соли 2020 пешгӯӣ ва пешгирӣ кунад. Тӯли 18 соли охир ин созмон бетарафиро нигоҳ дошта, ҳеҷ кадоме аз тарафҳоро дастгирӣ накардааст.

Ҳузури Русия дар СААД ба таври расмӣ ҳуқуқи бартарии нуфуз дар минтақаро тасдиқ мекунад ва ба ин васила, кишварҳои узви СААД аз дастгирии сиёсӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бархӯрдоранд.

Барои чӣ СААДро танқид мекунанд?

Баъзе санадҳои меъёре, ки дар СААД истифода мешаванд, механизмҳои зарурии татбиқро доро нестанд. Масалан, дар СААД заминаи меъёрии ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ мавҷуд аст, аммо механизмҳои татбиқи он шарҳ дода нашудаанд. Бинобаран, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ то ба имрӯз дар ин созмон хеле маҳдуд аст.

Набудани стратегияи ягонаи вокуниши давлатҳои узви СААД барои ҳалли муноқишаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба суботи сиёсии дохилии минтақаи Авруосиё таъсири худро худро гузошт. Ин далел дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар 2 декабри соли 2020 низ эътироф карда шуд[18].

Мавриди зикр аст, ки аксари муноқишаҳои мусаллаҳона дар ҷаҳон, оғоз аз соли 1946, хусусияти дохилӣ доштанд[19]. Меъёрҳои дахолати накардани СААД ба корҳои дохилии аъзоёни он, нерӯҳои бузурги созмонро барои амалишавӣ маҳдуд мекунанд. Ҳамзамон, дар бештар маврид худи кишварҳо наметавонанд муноқишаҳои дохилиро бидуни миёнарав ҳал кунанд, аммо дахолати СААД ва Русияро намехоҳанд.

Мисоли равшан, муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки сари ҳар чанд вақт бархӯрдҳо бо марзбонон ва аҳолии сарҳадӣ ба миён меоянд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз дахолати ҷониби сеюм ба ин вазъ, бинобар шарҳи “делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳои давлатиро кори дохилии кишварҳои узви СПАД” номидан, даст кашид[20]. Вале бояд қайд кард, ки чанд сол аст ин ихтилоф дар доираи гуфтушунидҳои дуҷониба ҳалли худро наёфта истодааст.

То имрӯз нерӯҳои посдори сулҳи СААД боре ҳам дар муноқишаҳои мусаллаҳона ширкат накардаанд, аз ин рӯ баҳогузории арзиши воқеии онҳо ғайриимкон аст. Ҳамзамон, шумораи нерӯҳо дар системаи амнияти дастаҷамъии СААД[21] то соли 2020 тақрибан 26 600 нафарро ташкил медиҳад, ки ин гувоҳи афзоиши ночизи қувваҳои низомии Нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ аз оғози таъсиси онҳо – соли 2009, ки он замон ин шумора 20 ҳазор нафар буданд, мебошад[22].

Таълимот “Бародарии шикастнопазир -2019, манбаъ: https://odkb-csto.org/
Таълимот “Бародарии шикастнопазир -2019, манбаъ: https://odkb-csto.org/

Раванди ҳамкориҳои гуманитарӣ дар СААД, алахусус дар самти фарҳангию маърифатӣ, соҳаи илмӣ ва таблиғи арзишҳои демократӣ, хеле суст ҷараён мегирад. Ва ин яке аз сабабҳои асосии мавҷуд набудани симои мусбати СААД ҳамчун посдори сулҳ мебошад.

Камбуди барномаҳои таҳқиқотӣ на танҳо ба номи СААД, балки ба фаъолиятнокии он низ таъсири манфӣ мерасонад: мавҷудияти функсияҳои таҳлилӣ ва пешгӯӣ, имкони пешгирии шиддати низоъро дар минтақаи Авруосиё дошта, метавонад ба таври даврӣ ба мардум ҳисоботи пураро дар бораи корҳои анҷомдодашуда пешниҳод кунанд. Он гоҳ, иштирокчиёни нави эҳтимолӣ шояд СААД-ро ҳамчун як сохтори муҳим ва муассири минтақавӣ арзёбӣ кунанд.

Саҳми кишварҳои дигари узв дар СААД, ба фарқ аз Русия, хеле ночиз аст. Бинобаран, СААД ҳамчун ғизодиҳандаи русӣ бар ивази ҷойгирнамоии пойгоҳҳои низомии Русия дар қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна, Беларуссия ва Арманистон дониста мешавад.

Дар соли 2021 дигаргуние мешавад?

2 декабри соли 2020 дар ҷаласаи онлайнии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД изҳорот дар бораи ташаккули тартиботи одилона ва устувори ҷаҳонӣ қабул карда шуд, ки траекторияи кори ташкилотро таъғир медиҳад[23]. Дар изҳорот кори ҷудогонаи конфронтатсионии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои бонуфуз, ки боиси низоъҳо шудаанд, нарм танқид карда мешавад.

Аъзои Шӯрои Амнияти Дастаҷамъӣ бар онанд, ки барои ба даст овардани натиҷаҳои мушаххаси субот дар ҷаҳон, бояд фаъолияти СААД, ИДМ, СҲШ, САҲА, НАТО ва ИА якҷоя ба роҳ монда шавад. Ҳамин тариқ, созмон диққати худро аз муҳофизати танҳо манфиатҳои худ, ба фароҳам овардани фазои умумӣ ва тақсимнашавандаи амният, ки дар он пешниҳод намудани мубодилаи ростқавлона ва шаффофи иттилоотӣ байни тарафҳо пешниҳод мешавад, равона мекунад. Дар ин замина, Владимир Путин ва Александр Лукашенко пешниҳод карданд, ки ба кишварҳои хоҳишманди ҳамкорӣ бо СААД, имкони гирифтани мақоми нозир ва шарик фароҳам оварда шавад.

Ғояи тартиботи нави байналмилалӣ ба принсипи арзишҳои СММ – “амнияти ҳар кас амнияти ҳама аст” шабеҳ дорад. Гарчанде СААД эътироф мекунад, ки раванди ҳамгироӣ ба «организми ягонаи ҷаҳонӣ» тӯлонӣ ва душвор хоҳад буд ва то ба ҳол чунин ғояҳои дабдабанок ғайриимон ба назар мерасанд.

Ҷолиби диққат аст, ки Н.Пашинян барои кумак дар ҳалли низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, на ба созмон, балки ба Владимир Путин ташаккур гуфт, зеро дуюмӣ оташбасро маҳз бо нерӯҳои посдори сулҳи Русия ба даст овард, на нерӯҳои СААД.

Тоҷикистон мақоми раиси СААД-ро қабул кард ва соли 2021 ҳуқуқ дорад, ки дар рӯзнома, пеш аз ҳама, масъалаҳои афзалиятнокро барои Душанбе пешниҳод кунад ва Эмомалӣ Раҳмон дар байни онҳо инҳоро зирк кард:[24]

  • Мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ.
  • Ҳамкории густурдаи СААД бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ.
  • Эҷоди механизми таъмини амнияти тиббӣ ва биологии кишварҳои иштирокчӣ.

Хулоса ва тавсияҳо

СААД аслан барои мубориза бо намудҳои нави таҳдидҳо – терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва хариду фурӯши одамон, таъсис дода шудааст. Аммо созмон, ҳанӯз ҳам механизмҳои воқеан амалкунандаи ҳалли низоъҳои муосири байналмилалӣ ва дохилиро надорад. Таъсиси механизмҳо имкониятҳои ташкилотро дар таъмини амнияти минтақавӣ тақвият мебахшад. Имрӯзҳо самаранокии СААД ва ҳамкорӣ бо Русия аз нигоҳи низомӣ хеле ночиз аст.

Дар сохтори афзалияти амниятӣ, бояд муҳофизат аз таҳдидҳои гибридиро муҳимтар дониста, буҷаи созмонро ба манфиати худ тақсим кард. Фазои маҷозӣ на танҳо дар доираи амалиёти инфиродӣ, балки бояд ҳамеша назорат ва ҳифз карда шавад. Мутахассисони мудофиаи киберфазо, ба монанди қисмҳои низомӣ, бояд барои дарёфт, безарар кардани таҳдидҳо ва беҳтар намудани инфрасохтор, амалиётҳоро анҷом диҳанд.

Дар СААД функсияҳои пешгӯикунанда ва таҳлили вазъ мавҷуд нест, ки бояд ин бандҳо ба оиннома дохил карда шаванд, то ташкилот на танҳо омодаи посух ба ҳолатҳои бӯҳронӣ бошад, балки дар сурати сар задани чунин вазъ бояд фаъолона амал кунад. Бо истифода аз механизмҳои пешгирикунанда ва машваратӣ метавонад афзоиши низоъҳоро пешгирӣ кард. Барои ҳалли ин мушкил, ба СААД тавсия медиҳем, ки ҳамкориҳоро дар соҳаи илм тақвият бахшида, амалияи таҳлили ҳарсолаи минтақавӣ ва таҳияи усулу тавсияҳоро оид ба пешгирии таҳдидҳои нав дар системаи амнияти Осиёи Марказӣ, Беларуссия ва Арманистон оғоз намоядБа ин кор метавонанд Шӯрои таҳлилии илмии аллакай тасдиқшуда, Ассотсиатсияи таҳлилии СААД ва коршиносони мустақил, машғул шаванд.

Амният ва субот дар минтақа, аз ҷумла, бо фазои солими иҷтимоию иқтисодӣ алоқаманд аст. Пандемия, ки ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва хонаводаҳо зарбаи сахт зад, метавонад заминаи наверо барои афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ фароҳам орад. Албатта, масъалаҳои иҷтимоӣ ба рӯзномаи СААД дохил карда нашудаанд, аммо онҳо ба рисолати асосии он рабт доранд. Барои нигоҳ доштани иқтисодиёт ва баргардонидани суръати рушд ба сатҳи пеш аз бӯҳрон, СААД метавонад ҳамкориҳоро бо дигар ташкилотҳои минтақавӣ, аз қабили Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва СҲШ тақвият бахшида, муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупоро беҳтар созад.

Фаъолияти СААД ношаффоф аст ва дар доираҳои коршиносон саволҳои гуногунро ба миён меорад. Эҷоди симои як созмони муассир ва муфид аз СААД талаб мекунад, ки на танҳо маъракаҳои таблиғотӣ, балки барои барномаҳои башардӯстона маблағ ҷудо кунад. Инчунин созмонро зарур аст, ки дар манбаъҳои расмии худ баъзе ҳуҷҷатҳои дар ҷаласаҳо қабулшуда, аз ҷумла тасдиқи буҷа ва хароҷоти нақшавиро нашр кунад.


Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project» омода шудааст. Фикрҳои дар мақола баёншуда, мавқеи ҳайати таҳририя ва маблағзузоронро инъикос намекунанд.


[1] Новиков Андрей Вадимович. “Военно-политический потенциал ОДКБ как противовес политике НАТО” Austrian Journal of Humanities and Social Sciences, №. 3-4, 2016, стр. 74-77.

[2] “Вооружение для защиты. Странам, входящим в ОДКБ, помогут отразить агрессию”, ОДКБ, 16.02.2009, https://odkb-csto.org/news/smi/vooruzhenie_dlya_zashchity_stranam_vkhodyashchim_v_odkb_pomogut_otrazit_agressiyu/

[3] “Силы ОДКБ для стабилизации ситуации в Киргизии пока применяться не будут-Медведев”, Today, 11.06.2011, http://today.kz/news/mir/2010-06-11/61874-medvedev-3/.

[4] “Устав Организации Договора о коллективной безопасности”, 07.09.2002, ОДКБ, https://odkb-csto.org/documents/documents/ustav_organizatsii_dogovora_o_kollektivnoy_bezopasnosti_/

[5] “Пашинян: Армения не стремится в НАТО”, “МИР24” интернет-портал, 11.12.2018, https://mir24.tv/news/16339122/pashinyan-armeniya-ne-stremitsya-v-nato.

[6] “Об утверждении структуры расходов средств федерального бюджета, предусмотренных Минфину России на реализацию в 2015 году межгосударственных договоров в рамках Содружества Независимых Государств (с изменениями на 16 декабря 2015 года)”, Правительство Российской Федерации, 10.02.2015, N 195-р, http://docs.cntd.ru/document/420252767.

[7] “О Бюджете Организации Договора о коллективной безопасности на 2015 год и о корректировке долевых взносов государств – членов ОДКБ на финансирование деятельности постоянно действующих рабочих органов ОДКБ на 2015 год”, Совет коллективной безопасности ОДКБ, 23.12.2014, http://continent-online.com/Document/?doc_id=36998266

[8] “NATO common-funded budgets and programmes cost share arrangements valid from 1 january 2021 to 31 december 2024”, НАТО, 2020, https://nato.int/nato_static_fl2014/assets/pdf/2020/5/pdf/200505-cost-shares-cb-mb-nisp-20-24.pdf

[9] “О финансовых аспектах сотрудничества в рамках Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ)”, Министерство финансов Республики Беларусь, http://www.minfin.gov.by/upload/ministerstvo/cooperation/odkb.pdf.

[10] “2020 Military Strength Ranking”, Global Firepower, дата обращения к источнику: 07.01.2021, https://www.globalfirepower.com/countries-listing.asp.

[11] Russia Military Strength (2020), Global Firepower, дата обращения к источнику: 07.01.2021, https://www.globalfirepower.com/country-military-strength-detail.asp?country_id=russia.

[12] “United States Military Strength (2020)”, Global Firepower, Accessed: 07.01.2021, https://www.globalfirepower.com/country-military-strength-detail.asp?country_id=united-states-of-america.

[13] “Сессия Совета коллективной безопасности 19 декабря 2012г.”, 20.12.2012, ОДКБ, https://odkb-csto.org/session/2012/session201212/?sphrase_id=66966.

[14]“Россия передала Таджикистану военную продукцию на 9 млн долларов (ФОТО)”, “МИР24” интернет-портал, 25.02.2019, https://mir24.tv/news/16349937/rossiya-peredala-tadzhikistanu-voennuyu-produkciyu-na-9-mln-dollarov.

[15]  “Россия передала Таджикистану партию военной техники и вооружения на $5 млн”, Радио Озоди, 29.10.2019, https://rus.ozodi.org/a/30242289.html.

[16] Александр Хроленко, “Модернизация Вооруженных сил Таджикистана: проблемы и решения“, Sputnik, 28.05.2019, https://tj.sputniknews.ru/columnists/20190528/1029019608/tajikistan-modernizaciya-vooruzhennye-sily-problemy-reshenie.html

[17] “Организация Договора о коллективной безопасности (ОДКБ)” МИА «Россия сегодня», 03.03.2020, https://ria.ru/20191128/1561700756.html.

[18] Секретариат ОДКБ, “Сессия Совета коллективной безопасности ОДКБ в формате видеоконференции, 2 декабря 2020 года”, 02.12.2020, Youtube, https://youtu.be/JSFhHN8ATwY.

[19] Петтерссон, Тереза и Питер Валленштейн. “Armed Conflicts, 1946–2014.” Journal of Peace Research, том 52, № 4, июль 2015, стр. 536–550, doi:10.1177/0022343315595927.

[20] “Сообщение МИД Таджикистана в связи с заявлениями Министра иностранных дел России”, 29.05.2020, Министерство иностранных дел Республики Таджикистан, https://mfa.tj/ru/main/view/6038/soobshchenie-mid-tadzhikistana-v-svyazi-s-zayavleniyami-ministra-inostrannykh-del-rossii.

[21] “Коллективные силы оперативного реагирования ОДКБ”, Объединенный штаб ОДКБ, https://jscsto.odkb-csto.org/voennaya-sostavlyauschaya-odkb/ksorodkb.php.

[22] “Институт Партнерства и Наблюдательства”, ОДКБ. https://odkb-csto.org/institute.

[23] “ЗАЯВЛЕНИЕ Совета коллективной безопасности Организации Договора о коллективной безопасности о формировании справедливого и устойчивого мироустройства”, 02.12.2020. ОДКБ. https://odkb-csto.org/documents/statements/zayavlenie-soveta-kollektivnoy-bezopasnosti-organizatsii-dogovora-o-kollektivnoy-bezopasnosti-o-form/

[24] “Участие в Совете коллективной безопасности Организации Договора о коллективной безопасности”, 02.12.2020. Президент Республики Таджикистан. http://president.tj/ru/node/24752.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: