© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Робитаҳои кандашудаи Қирғизистону Тоҷикистон

Бар асоси иттилои ғайрирасмӣ, то пандемияи коронавирус ҳамасола тавассути гузаргоҳҳои марзӣ ва минтақаҳои назоратнашавандаи рустоҳо беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба вилояти Ботканти Қирғизистон меомад. Онҳо асосан барои кор, табобат ва истироҳат меомаданд. Аммо пас аз муноқишаҳои мусаллаҳона дар баҳори соли 2021 муносибатҳои дуҷониба қатъ гардид.


Ба канали Telegram мо обуна шавед!

Низои мусаллаҳона дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон, ки охирҳои моҳи апрели соли 2021 ба вуқӯъ пайваст, ба зиндагии маъмулии шаҳрвандони ду кишвар ҳам бетаъсир намонд. Ин пеш аз ҳама ба онҳое таъсир расонд, ки сарҳадро бо мақсади кор, таҳсил ё тиҷорат убур мекарданд.

Сокини вилояти Боткант Дониёр Сайдимаров ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад ва 90 дарсади мусофирони ӯ шаҳрвандони Тоҷикистон буданд. Ӯ мегӯяд, аз тирамоҳ то тобистон пайваста мусофиронро аз шаҳри Ош то марзи Тоҷикистон мебурд. Инчунин дар ин давра муҳоҷирони тоҷик аз Русия ба ватан бармегарданд ва аз саршавии баҳор то тобистон ба Русия мераванд. Билети ҳавопаймо дар Қирғизистон арзонтар аст, аз ин рӯ шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя ба Русия рафтанро авлотар медонистанд. Рӯзона аз як хатсайр ба Ош ӯ метавонист 6-7 ҳазор сом (70,95-82,77 доллари ИМА) кор кунад.

“Ба ғайр аз ин, савдогарони тоҷик пайваста ба шаҳрҳои Ош, Бишкек, Қара-Суу омада, аз онҷо ба Чину Дубай мерафтанд. Тобистон барои истироҳат ба Иссиқул мерафтанд. Ба ҳисоби миёна мо 60 ронанда ҳастем, ки ба овардану бурдани мусофирони тоҷикистонӣ машғул будем”,-мегӯяд Сайдимаров.

Аммо шурӯъ аз моҳи апрел, пас аз баста шудани марзҳо кор нест. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар тамоми рустоҳои наздимарзии Қирғизистон дружиначиёни мардумӣ созмон дода шудааст, ки на одамон ва на нақлиётро иҷозаи аз марз гузаштан намедиҳанд. Аз ин рӯ муштариҳо нестанд ва ронандаи таксӣ акнун пушти чанбари мошини боркаш нишастааст.     

“Ҳоло ҳама чиз дигар шудааст. Чанд вақт пештар як ронанда мусофиреро ба марзи Тоҷикистон бурд, онҷо дружиначиёни мардумӣ онҳоро боздошт карда, дубора ба Ош фиристодаанд. Акнун намедонам оянда чӣ мешавад. Хуб мешуд, агар ҳарчӣ зудтар масъалаи сарҳадро ҳал мекарданд, то оянда дигар ягон муноқиша сар намезад”,-изҳор медорад Сайдимаров. 

Таҳвили маҳсулоти Тоҷикистон қатъ шуд

Оқилбек Дилшодов. Акс аз: CABAR.asia
Оқилбек Дилшодов. Акс аз: CABAR.asia

Оқилбек Дилшодов соҳиби мағозаи хурде дар рустои наздимарзии Қарабоқи вилояти Боткант аст. Ӯ дар гузашта маҳсулоти мавриди ниёзаш, монанди мева, сабзиҷот, сметана, кефир, ҳасиб ва маҳсулоти қаннодиро аз Тоҷикистон харидорӣ мекард. Ҳафтае як маротиба дар русто бозори калон созмон дода мешуд, ки савдогарон аз кишвари ҳамсоя маҳсулоти худро меоварданд. Аммо ҳоло марзҳо баста ҳастанд ва таҳвили молу коло ғайриимкон аст.

“Соли гузашта бо далели бурузи коронавирус марзҳо қисман баста буданд, аз ин рӯ савдогарони яклухтфурӯши тоҷик хеле кам меомаданд. Пас аз муноқишаҳои марзӣ бошад, маҳсулот аз қаламрави Тоҷикистон тамоман ворид намешавад. Ҳамсояҳои тоҷик пешниҳод мекунанд, ки маҳсулотро шабона рафта аз қаламрави онҳо бихарем, аммо ин ҳам хавфнок ва ҳам ғайриқонунӣ аст”,-мегӯяд Дилшодов.

Максатбек Баймурзаев. Акс аз: CABAR.asia
Максатбек Баймурзаев. Акс аз: CABAR.asia

Мақсадбек Боймирзоев низ соҳиби мағозае дар шаҳри Боткант аст. Ба гуфтаи ӯ, пештар 30-40 дарсади маҳсулоти мағозааш аз Тоҷикистон буд, маҳсулоти Қирғизистонро низ ба Тоҷикистон мебурданд. Аммо пас аз муноқишаҳо робитаҳои тиҷоратӣ бо ҳамсоякишвар канда шуд.

“Маҳсулоти Тоҷикистон нисбат ба маҳсулоти мо хеле арзонтар буд. Акнун мо танҳо маҳсулоти ватаниро мефурӯшем. Мутаассифона нархи онҳо гарон аст ва харидорон эътироз мекунанд. Аммо аз дасти мо коре намеояд, чунки мо худамон онҳоро бо нархи гарон мехарем”,-меафзояд Боймирзоев.

Ӯ мегӯяд, агар дар гузашта рӯзона ба ҳисоби миёна ҳазор сом (11,8 доллар) савдо мекард, ҳоло базӯр 600-700 сом (7-8 доллар) ба даст меорад.

“Албатта, мо наметавонем талаб кунем, ки сарҳадро боз кунанд. Аммо хуб мешуд агар ҳарчӣ зудтар хатти марзро муайян мекарданд ва тирпарониҳо дигар тамом мешуд. Давлатҳоро зарур аст аст, ки ин масъаларо ҳал карда, ба як фикри воҳид бирасанд. Барои мо сулҳу оромӣ лозим аст. Вақте дар кишвар сулҳу оромӣ аст, зиндагӣ беҳтар мешавад”,-таъкид мекунад соҳиби мағоза.

Ба гуфтаи рӯзноманигор аз Боткант — Жениш Айдаров, тоҷикистониҳо инчунин барои кори мавсимӣ ба Қирғизистон меомаданд. Вақте кор камтар буд, рӯзона 400-500 сом (4,7-5,9 доллар) даромад доштанд, дар мавсим бошад, вақте зардолу, тамоку, хасбеда ҷамъ мекарданд, даромади ҳаррӯзаашон то 700-800 сом (8,2-9,5 доллар) мерасид.  

Бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо мақсади табобат тавассути Боткант ба Бишкек мерафтанд, чун ба андешаи онҳо дар пойтахти Қирғизистон бемориҳои дилу раг ва маризиҳо дар заминаи осебшиносӣ беҳтар табобат карда мешаванд. Тобистонҳо бошад, сокинони рустоҳои наздики Тоҷикистон барои истироҳат ба деҳаҳои куҳии Қирғизистон меомаданд. Аммо имсол инҷо хомушӣ ҳукмфармост.

Муштариёни тоҷик дигар нестанд…

Акс аз: Cabar.asia
Акс аз: Cabar.asia

Робитаҳои тиҷорӣ миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон на танҳо дар минтақаҳои наздимарзӣ, балки дар шаҳрҳои бузург низ мавҷуд буд. Дамира Ортиқова соли 2017 дар шаҳри Бишкек корхонаи хурди дӯзандагӣ таъсис дод. Ӯ 20 нафар коргар дорад ва наздик ба 10 нафари дигар дар хонаҳояшон дӯзандагӣ мекунанд.

Ин корхона ба духтани либосҳои занона машғул аст ва моҳе тақрибан 1200 либос тавлид мекунад.

Дамира мегӯяд, тайи ин солҳо муштариёни доимии худро пайдо кардааст, ки аз онҳо мунтазам фармоиш мегирад. Миёни онҳо харидорон аз Русия ва Тоҷикистон ҳам ҳастанд. Тоҷикистониҳо маҳсулоти ӯро барои фуруш ба Русия мебаранд. Ҳарчанд ахиран яклухтфурӯшон аз Тоҷикистон зиёд нестанд, аммо ӯ муштариёни худро қадр мекунад ва мекушад, ки фармоишҳоро сари вақт ба анҷом расонад.

“Охирин маротиба либосҳои фармоишгирифтаро аввалҳои моҳи апрел ба шаҳр

Дамира Ортиқова. Акс аз: Cabar.asia
Дамира Ортиқова. Акс аз: Cabar.asia

и Хуҷанд фиристода будем. Баъди он аз ҷониби Тоҷикистон фармоишҳои нав нагирифтаем. Шояд акнун дигар фармоиш ҳам нарасад. Ҳатто агар онҳо хоҳанд, ки боз аз мо либос бихаранд, намедонам, ки чӣ тавр молро ба онҳо мерасонем. Ман шунидам, ки барои одамони одӣ кадом як маҳдудиятҳое барои гузаштани марз ҷорӣ кардаанд. Мо либосҳои духташударо бо таксиҳо мефиристодем, ба онҳо як миқдо пул медодем ва ин ҳам барои мо ва ҳам барои харидор фоидаовар буд”,-нақл кард Ортиқова.

Вай афзуд, ҳанӯз то ҳодисаҳои рӯзҳои 28-29 апрел дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон чан харидор аз бозори Дордой аз ӯ хостаанд, ки барояшон либос бидузанд, вале ӯ нахостааст, ки маслиҳатҳои қаблан бо харидорони тоҷик кардаашро нақз кунад. Акнун шояд фармоишҳои тоҷирони маҳаллиро қабул мекунад, дар акси ҳол корхонаи ӯ фармоиши камтар мегирад.

Барои таълим ба Қирғизистон

Бебахо Ашур. Аксҳо аз бойгонии шахсӣ
Бебахо Ашур. Аксҳо аз бойгонии шахсӣ

Боз яке аз паҳлӯҳои дигари муҳоҷирати тоҷикистониҳо ба Қирғизистон таҳсил мебошад. Рӯзноманигори оянда, хатмкунандаи Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ Бебаҳо Ашӯр соли 2016 бо ҳадафи таҳсил аз Тоҷикистон ба Бишкек омад. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон муассисаи олии таълимие нест, ки онҷо дарсҳо бо забони англисӣ гузаронда шаванд, аз ин рӯ тасмим гирифт дар Қирғизистон таҳсил кунад.

Ӯ мегӯяд, давоми чанд соли таҳсил дар Бишкек инҷо дӯстони зиёде пайдо кард ва шоҳиди меҳрубониҳои зиёди қирғизистониҳо шуд. Чанд соле, ки дар пойтахти Қирғизистон зиндагӣ кард, худро ҳамчун дар хонаи худ эҳсос намуд, чунки аз нигоҳи фарҳангӣ Қирғизистону Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат бо ҳам шабоҳат доранд. Аммо нақша дорад, ки пас аз имтиҳонҳои хатм ба Душанбе баргашта, онҷо кори муносиб пайдо кунад. 

“Ҳоло интизорам, ки вазъ дар сарҳади кишварҳоямон нисбатан оромтар шавад, то ҳангоми аз марз гузаштан ягон мушкил пеш наояд. Хабарҳо дар ин маврид, ки барои қитъаи замин дар марзҳои кишварҳои мо чунин ҳодисаҳои даҳшатнок сар зад, воқеан ба ман сахт таъсир расонд. Агар ба таърих нигоҳ кунем, кишварҳои мо ҳамеша ба ҳамдигар кумак мерасонданд. Масалан, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро гирем. Он вақт Қирғизистон ёрӣ расонда буд. Ман умедворам, ки ояндаи наздик ҳама чиз хуб мешавад”, – мегӯяд Бебаҳо. 

Ӯ афзуд, рӯзҳои муноқиша дар марз Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ барои ба ватан фиристодани донишҷӯёни тоҷик иқдом кард, аммо ӯ тасмим гирифт, ки дар Қирғизистон мемонад.

“Дӯстони қирғиз маро дастгирӣ карданд. Баъзеҳо пешниҳод карданд, ки дар гузаштани марз ёрӣ мерасонанд. Дар Бишкек дӯсти падарам зиндагӣ мекунад, ӯ гуфт метавонам ба вай умед бандам”,-илова кард Бебаҳо.  

Шероз Мирпочоев хатмкунандаи дигари Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ бошад, аз кумаки донишгоҳ барои гузаштан аз марз даст накашид. Ӯ мегӯяд, донишгоҳ барои ба ватан баргаштани донишҷӯёни тоҷик ду мусофиркаши хурд омода карда буд.

“Мо 16 нафар будем. Ва чун дар мусофиркашҳо ҷойи холӣ буд, донишгоҳи мо тасмим гирифт, ба донишҷӯёни тоҷик аз дигар муассисаҳои олии таълимӣ кумак кунад. Ин ҳама ройгон буд. Донишгоҳ пешакӣ насаби онҳоеро, ки ба гузаргоҳи марзӣ мераванд, пешниҳод кард, аз ин рӯ моро бидуни кадом монеа иҷозаи гузаштан доданд. Ман тасмим гирифтам, ки ба ватан баргардам, чун имсол донишгоҳро хатм кардам”, – мегӯяд Мирпочоев. 


 

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: