Пайравони ҳаракати Толибон (ташкилоти дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ) рӯзи 21 июн гузаргоҳи гумрукию тиҷоратии Шерхон-Бандар, воқеъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф карданд. Вазъи нерӯҳои давлатӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, бадтар шуд. Дар Тоҷикистон аллакай аз таҳдиди муҳоҷирати ҳазорон гурезаи афғон ҳарф мезананд.
Субҳи рӯзи душанбеи 21 июн, як гуруҳи мусаллаҳи Толибон (ҳаракати дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ) ба комиссариати Шерхон-Бандари вилояти Кундузи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, ҳамла кард. Бино ба иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, “134 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии Афғонистон ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми отряди сарҳадии “Панҷ” сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намоянд”.
“Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани маънавиёти инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд”,- гуфта мешавад дар изҳороти Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон.
Теъдоди низомиёни дигари афғон, ки кушта ё ба асорат афтодаанд, ҳудуди 100 нафар гуфта мешавад. Аммо ин ягона муваффақияти Толибон нест. Тибқи иттилои Дебора Лайонс, намояндаи вижаи Дабири кулли СММ, аз аввали моҳи май Толибон муваффақ шудаанд, ки аз 370 ноҳияи Афғонистон 50-тои онро забт кунанд.
Тақрибан 35-тои ин ноҳияҳо дар чор вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон ҷойгиранд.
Аз ҷумла, дар чанд шаҳраки вилояти Бадахшони Афғонистон ҷангҳо ҷараён доранд. Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон, ки бо Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст, аз эҳтимоли пайдо шудани гурезаҳо нигарон ҳастанд.
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ рӯзи якшанбеи 20 июн бо баргузории ҷаласаи изтирорӣ гуфт, омодаанд 5-10 ҳазор фирориро бипазиранд. Аммо ӯ хавф дорад, ки шояд теъдоди гурезаҳо хеле бештар, то 30 ҳазор нафар бошанд.
“Тобистони хунин” дар Афғонистон
Гузаргоҳи Шерхон-Бандар нуқтаи муҳими тиҷорати Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ мебошад. Генерал Нуралишо Назаров, муовини собиқи фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, бахши аъзами тиҷорати хориҷии Афғонистон бо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа тавассути ҳамин гузаргоҳ анҷом мешавад.
Коршиносон бар инанд, ки баргардонидани ин гузаргоҳ барои нерӯҳои давлатӣ аҳамияти бузурги амалӣ ва маънавӣ дорад.
Сиёсатшиноси афғон Фаҳим Куҳдоманӣ мегӯяд, артиши Афғонистон ба зудӣ Шерхон-Бандарро аз дасти Толибон раҳо мекунад.
“Толибон қудрати идора ва назорат кардани ин гузаргоҳро надоранд. Онҳо барномаи мушаххаси таъмини амният ва идораи маъмуриро надоранд”,-таъкид кард Куҳдоманӣ дар суҳбат бо CABAr.asia.
Вай муътақид аст, ки авзои кишвар бадтар мешавад.
“Мактабҳои динии Покистон тобистон ба таътил мераванд ва бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ҳазорҳо донишҷӯи ҷангҷӯ аллакай ба Афғонистон ворид шудаанд ва ё ворид шудан мехоҳанд. Афғонистонро тобистони хунин дар пеш аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки Толибон дар оянда метавонанд ба осонӣ шаҳрҳои мухталифи Афғонистонро тасарруф кунанд. Афғонистон ба ҷуз мубориза бо Толибон чораи дигаре надорад”, -афзуд Куҳдоманӣ.
Коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад бар инаст, ки тасарруфи Шерхон-Бандар ва дигар нуқтаҳои марзии Афғонистон дастоварди муҳим барои Толибон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои Амрико аз он кишвар мебошад.
“Ба ин тариқ, Толибон қудрати худро нишон медиҳанд ва таъкид мекунанд, ки яке аз роҳҳои муҳими иқтисодӣ ва тиҷоратии Афғонистонро бо ҷаҳони беруна зери назорат гирифтаанд”,- гуфт Қосими Бекмуҳаммад дар суҳбат бо сомонаи таҳлилии CABAR.asia.
Вай ёдовар шуд, ки Толибон қаблан ҳам шаҳри Кундуз ва дигар нуқтаҳои аҳолинишини ҳаммарз бо Тоҷикистонро дар солҳои 2015 ва 2016 забт карда буданд. Он вақт мақомот тавонистанд ин қаламравҳоро нисбатан зудтар аз дасти Толибон озод кунанд.
“Аммо ин навбат дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон ва адами шарики тавонои хориҷӣ, ки тавонад ба ҳукумати Кобул ёрӣ расонад, авзоъ мураккабтар шуд”,- таъкид намуд коршиноси тоҷик.
Ба гуфтаи Қосими Бекмуҳаммад, рафтори “бемасъулиятона”-и амрикоиҳо, ки тасмим гирифтанд, дар лаҳзаи муҳиме кишварро тарк кунанд, боиси нороҳатии мақомоти давлатӣ, артиш ва нерӯҳои амниятии минтақаҳо шуд.
“Тибқи арзёбии хадамоти ҷосусии ИМА, ҳукумати Афғонистон пас аз шаш моҳи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ суқут мекунад. Қаблан онҳо изҳор дошта буданд, ки ҳукумати Кобул то ду сол тоб хоҳад овард. Ба иборати дигар, онҳо афкори ҷамъиятиро дар Афғонистон, минтақа ва ҷаҳон дар бораи ногузирии бозгашти Толибон ба қудрат эҷод мекунанд”,- мегӯяд Бекмуҳаммад.
Дурнамои ҳузури гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон
Ба иддаои коршиносон, ваҳму ҳарос аз таҳдиди ҳузури оммавии гурезаҳо аз Афғонистон муболиға карда мешавад.
Ба гуфтаи Фаҳим Кӯҳдоманӣ, ҳатто дар сурати бадтар шудани авзоъ, гурезаҳои афғон талош хоҳанд кард ба кишварҳои Аврупо бираванд.
“Ҳатто агар онҳо ба Тоҷикистон ҳам биёянд, инҷо зиёд намонда ба кишварҳои ғарбӣ мераванд. Ҳатто хароҷоти зиндагии онҳо дар Тоҷикистон ҳам аз хориҷа фиристода мешавад”,- мегӯяд Куҳдоманӣ.
Қосими Бекмуҳаммад низ вуруди даҳҳо ҳазор гурезаҳои афғонро ба Тоҷикистон баъид медонад.
Ба гуфтаи вай, Тоҷикистон имкони қабули 10-15 ҳазор гурезаи афғонро дорад ва онҳо умдатан афрод ва хонаводаҳои кормандони мақомоти маҳаллӣ, нерӯҳои амниятӣ ва артиши Афғонистон хоҳанд буд.
“Гурезаҳои афғон асосан ба Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо меандешанд, кишварҳои дигарро ҳамчун макони зисти муваққатӣ медонанд”,-афзуд ӯ.
Толибон артиши Амрикоро шикаст доданд?
Фаъолшавии Толибон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, ки тирамоҳи соли ҷорӣ амалӣ мешавад, сурат мегирад. Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон, дар мусоҳиба бо радиои “Садои Амрико” гуфт, хуруҷи нерӯҳои ИМА эътимоди Толибонро афзоиш додааст.
“Онҳо гумон мекунанд, ки хориҷиёнро мағлуб кардаанд ва акнун навбати нерӯҳои афғон аст”,- гуфт Солеҳ.
Аммо сиёсатшиноси афғон Фаҳим Куҳдоманӣ муътақид аст, ки хуруҷи амрикоиҳо асари таблиғотӣ дорад, на амалӣ, чунки артиши Афғонистон кайҳост, ки бо террористон мустақилона мубориза мебарад.
“Табиист ки дар ҷанг муваффақиятҳо ва нокомиҳо мавҷуданд, аммо ман боварӣ дорам, ки артиши Афғонистон пирӯз хоҳад шуд, зеро Толибон аз пуштибонии васеъи мардум бархӯрдор нестанд. Дар ҳеч вилоят ё минтақаи Афғонистон шӯроҳои мардумӣ, сиёсӣ ва ё қавмӣ ҳоло ба ҷонибдорӣ аз Толибон ҳарф назадаанд”,- таъкид мекунад Куҳдоманӣ.
Қосими Бекмуҳаммад ба ин нукта, ки пас аз суханронии 14 апрели Ҷо Байден дар бораи хуруҷи артиши Амрико аз Афғонистон, амалҳои Толибон шиддат гирифт, розӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, вазъ дар Афғонистон аз иродаи ҳукумати Кобул, артиш ва нерӯҳои амниятӣ, аз ҷумла, аз шахсиятҳои сиёсии афғон, ки дар пайи ташкили шибҳанизомиёни мардумӣ алайҳи Толибон ҳастанд, вобаста хоҳад буд.
Ӯ бар ин аст, ки муваффақияти Толибон дар баъзе вилоятҳо метавонад ба ҳисобҳои нодурусти ҳукумати марказӣ дар самти таъмини амнияти онҳо марбут бошад.
“Ҳатто мумкин аст, ки баъзе нерӯҳо дар Кобул дидаву дониста ба тасарруфи баъзе шаҳристонҳо дар шимоли Афғонистон имконият дода бошанд. Ин иқдом ба саркӯби шахсиятҳо ва ҳизбҳои маъруфи ғайрипаштун равона шудааст. Дар ин робита, албатта, манфиатҳои геополитикии баъзе бозигарони минтақавӣ мавҷуданд”,- мегӯяд Бекмуҳаммад.
Ба гуфтаи коршиноси тоҷик, афзоиши нуфузи Толибон дар манотиқи ғайри паштунишин, ба вижа тоҷикзабонон, ба манфиати Покистон дуруст меояд.
Инчунин, ба гуфтаи Бекмуҳаммад, ин имкон медиҳад, ки ҳузури низомии он дар Осиёи Марказӣ бо баҳонаи афзоиши таҳдиди Толибон тақвият ёбад.
“Ба ибораи дигар, вазъи шадиди сиёсӣ ва низомӣ дар шимол ва шимолу шарқи Афғонистон ба сокинони ин минтақаҳо ва ҳамсояҳояшон дар Осиёи Марказӣ зарар мерасонад. Аммо барои баъзе бозигарони фаъоли минтақавӣ Афғонистон ин мизи худсохт барои ҳар завқ аст”,-иброз дошт Бекмуҳаммад.
Ба андешаи генерал Нуралишо Назаров, таҷовузи Толибон барои кишварҳои ҳамсоя таҳдид эҷод мекунад.
“Пештар, дар солҳои 90, Толибон мегуфтанд, ки ба мо Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ даркор нестанд. Аммо ҳоло тактикаи онҳо тағйир ёфтааст, агар онҳо қудратро ба даст гиранд, пас ба мо низ хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад”,- гуфт Назаров дар суҳбат бо CABAR.asia.
Аммо Қосими Бекмуҳаммад сенарияи ҳамлаи густурдаи гуруҳҳои мусаллаҳ ба қаламрави Тоҷикистонро аз эҳтимол дур медонад.
“Шояд баъзе гуруҳҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Осиёи Марказӣ талош кунанд, ки ин корро анҷом диҳанд, аммо артиш ва неруҳои амниятии Тоҷикистон ин талошҳоро зуд хунсо хоҳанд кард”, – гуфт ӯ.