© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Даромади миллионҳо доллар аз ташхиси мошинҳо дар Тоҷикистон: “Рушди роҳнавард” чи кор мекунад?

Таҳқиқоти рӯзноманигории CABAR.asia собит кард, ширкате, ки дар Тоҷикистон масъули анҷом додани ташхиси ҳатмии техникии воситаҳои нақлиёт аст, амалан ҳеч хизмате анҷом намедиҳад ва ба ҷамъоварии даромад аз ҳисоби ташхиси “рӯи коғаз” машғул аст.


Ба саҳифаи мо дар Фейсбук обуна шавед!


Нуқтаи ташхиси техникии "Рушди Роҳнавард". Акс аз CABAR.asia
Нуқтаи ташхиси техникии “Рушди Роҳнавард”. Акс аз CABAR.asia

Дар Тоҷикистон ҳудуди 500 ҳазор воситаи нақлиёт – мошини сабукрав, борбар, мусофирбар – мавҷуд аст. Ҳамаи ин мошинҳо дар сол як маротиба аз ташхиси техникӣ (техосмотр) мегузаранд. Ташхис барои мошинҳои сабукрав 250 сомонӣ (тақрибан 22$) ва барои дигар навъи нақлиёт 350 сомонӣ (наздики $31) муқаррар шудааст. Даромади тахминӣ аз ташхиси мошинҳо дар як сол зиёда аз 132 млн сомонӣ ё бештар аз 11,5 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар ин бозор ширкате бо номи “Рушди раҳнавард”, зоҳиран, яккатозӣ мекунад. Дар ҷараёни таҳқиқот мушаххас шуд, ки Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи (ҶСП) “Рушди роҳнавард” амалан дар суроғаи пешини ҶСП “Фароз” ҷойгир аст. Ҳамчунин муайян гардид, ки дар “Рушди роҳнавард” бархе аз кормандони пешини ҶСП “Фароз” фаъолият доранд. 

“Фароз” ширкати марбут ба Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳури Тоҷикистон буд, ки дар моҳи апрели соли 2020 хабари комилан баста шуданаш расонаӣ гардид. “Фароз” якбора дар чанд самт, аз ҷумла хариду фурӯши сӯзишворӣ, ҷамъоварии шираи камол, сайёҳати лижаронӣ, кандани конҳо ва ғайра фаъолият мекард. Ин ширкат ҳамчунин дар чанду шаҳру ноҳияи кишвар мактабҳои ронандагӣ ва нуқтаҳои ташхиси техникӣ дошт.

Аммо он чи ба “Рушди роҳнавард” рабт дорад, ин аст, ки ширкати мазкур 10 майи соли 2019 дар мақомоти андози Тоҷикистон сабт шуда ва зоҳиран хизматрасониҳои марбут ба бахши воситаҳои нақлиётро, ки пештар “Фароз” мерасонд, ҳамакнун “Рушди роҳнавард” соҳиб шудааст. “Рушди роҳнавард” дар Тоҷикистон ташхиси ҳатмии техникии мошинҳоро анҷом медиҳад, рақамҳои “зебо”-и қайди давлатиро тавассути музояда ба фурӯш мегузорад ва фаъолияти мактабҳои ронандагиро пеш мебарад.

Ошкоргӯиҳои ронандаи “Тико”

“Тико” – мошини сабукрави истеҳсоли Узбекистон аст, ки барои камхарҷӣ ва арзонии қисмҳои эҳтиётиаш дар Тоҷикистон ҳам муштарӣ дорад. Як ҷавони “тикосавор” нақл кард, ки дар маркази шаҳри Душанбе корманди БДА ӯро ба хотири аз кор мондаи чароғаки самтнамо (поворотник)-и мошинаш нигаҳ дошта, мехоҳад, ҷарима бандад. Ин ҷавон ба нозири роҳ мегӯяд, на танҳо чароғаки самтнамо, чароғҳои дигари мошинаш низ аз кор мондаанд, чархҳояш ҳам фарсуда шудаанд ва дар маҷмуъ, мошинаш афгор аст. Нозири роҳ мегӯяд, дар ин сурат “Тико”-ро ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ мебарад. Аммо ҷавон посух медиҳад, ки нақлиёти вай аз ташхиси техникӣ гузашта ва БДА ҳуҷҷат додааст, ки мошин “дар ҳолати хуби техникӣ” қарор дорад, биноан, нозир нахуст бо ташхисгару муоинагар ҳисобашро баробар кунад, баъд бо соҳиби “Тико”. Корманди БДА ҷуз ин ки ҳуҷҷатҳои ронандаро баргаронад ва роҳи сафед таманно кунад, чораи дигаре пайдо намекунад…

Ташхиси техникӣ бо усули “тоҷикона”

Дар воқеъ, ташхиси техникии нақлиёт дар Тоҷикистон чи гуна сурат мегирад?

Пеш аз пардохтан ба ин суол ду нуктаро бояд мушаххас кард: яке ташхиси техникӣ ва дигар муоинаи техникӣ.

Дар Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” омадааст, муоинаи техникии автомобилҳо ҳатмӣ аст ва воситаҳои нақлиёте, ки аз муоинаи техникӣ  нагузаштаанд, барои истифода иҷозат дода намешаванд. Ташхиси техникии воситаи нақлиёт – санҷиши чарху чамбарак, чароғҳову шишаҳо, муҳаррик ва дигар қисмҳои муҳимро ширкати хусусӣ, дар асоси шартнома бо БДА, анҷом медиҳад. Муоинаи техинкӣ аз сӯи кормандони БДА – баъд аз анҷоми ташхиси техникӣ – газаронида мешавад. 

Муаллифи ин таҳқиқот бо нияти озмоиш ду моҳи пеш воситаи нақлиётеро аз ташхису муоина гузаронид ва 4 соати дигар мушоҳида кард, ки Нуқтаи ташхиси техникии ҶСП “Рушди роҳнавард”, воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Расулов, 75 (нишондоди харитаи Google), шаҳри Душанбе чи гуна фаъолият мекунад. Бино ба талаботе, ки дар ташхисгоҳ овезон аст, ҳангоми ташхиси техникӣ қисмҳои зерини воситаи нақлиёт бояд санҷида шаванд:

– чарҳо

– муҳаррик ва сохтори он

– чамбарак

– дигар ҷузъиёти нақлиёт

– системаи тормоз

– шишаҳо ва низоми тозасозии шишаҳо, обпошакҳо

– чароғҳо ва чароғакҳо ва ғайра.

Дар сурати корношоям будани яке аз ин қисмҳо воситаи нақлиёт бояд барои таъмир фиристода шавад ва танҳо баъди таъмир дубора ба ташхисгоҳ оварда ва аз сари нав аз ташхис гузарад. Аммо бино бар озмоиш ва мушоҳидаи муаллиф дар нуқтаи ташхиси техникии воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Расулов 75, на танҳо воситаҳои нақлиётро ташхис намекунанд, балки бидуни ҳузури воситаҳои нақлиёт низ ҳуҷҷати гузаштан аз ташхисро медиҳанд. 

Афроде, ки дар наворе зер дар даст ҳуҷҷат аз нуқтаи ташхис берун меоянд, зоҳиран, соҳибони мошинҳо ё миёнаравҳое ҳастанд, ки бидуни овардани воситаи нақлиёт ба ташхисгоҳ, ҳуҷҷати гузаштан аз ташхисро дарёфт мекунанд.

Як пурсиш дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук“ собит кард, ки чунин тарзи додани санади ташхис ва муоинаи техникӣ танҳо хоси ташхисгоҳи кӯчаи Ҷ. Расулов, 75-и шаҳри Душанбе набуда, дар чанд нуқтаи ташхиси шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар ҳамин ҳолат ҷо дорад.

10WhatsApp
9Facebook
8Facebook
7Messages
6Messages
5Messages
4Messages
3Messages
2Facebook
1Facebook

ҶСП “Рушди роҳнавард” ба суолҳо посух намедиҳад

То охири соли 2019 ширкатҳои марбут ба ҶСП “Фароз” ба ташхиси техникии мошинҳо машғул буданд. “Фароз” дар охири соли 2019 эълон кард, ки чандин ширкатҳои тобеашро мебандад. Аз ҷумла ширкатҳое, ки ба ташхиси техникӣ машғул буданд.

БДА посух надод, ки чанд ширкат дар бозори муоинаи техникии нақлиёт фаъолият мекунад. Аз “Рушди роҳнавард” низ ҳозир нашуданд, ки дар бораи фаъолияти худ иттилоъ диҳанд. Вале ронандагон аз шаҳри Душанбеву вилоятҳои Суғду Хатлон гуфтанд, дар ҳуҷҷатҳои ташхиси техникии онҳо муҳри “Рушди роҳнавард” зада шудааст. Бино ба иттилои Кумитаи андози назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСП “Рушди роҳнавард” 10 майи соли 2019 бо РМА-и 040055515 дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудааст.

Дар бораи ин ширкат дар манбаъҳои озод – сомонаҳо, расонаҳо – маълумоти хеле кам мавҷуд аст. Ин ширкат бо вуҷуди он ки фаъолияти густарда дорад, сомонае надорад, ки дар барои фаъолияташ иттилоъ диҳад. Дар моҳи августи соли 2020 расонаҳо як хабари марбут ба ин ширкатро ба таври густарда пӯшиш доданд. Хабар аз он иборат буд, ки дар вилояти Суғд яке аз омӯзгорони мактаби ронандагии ҶСП “Рушди роҳнавард” барои омода кардани ҳуҷҷати ронандагӣ пора талаб карда, аз сӯи мақомоти коррупсия боздошт шудааст. Хабари дигар дар бораи ин ҶСП аз шаҳри Кӯлоб аст. “Рушди роҳнавард” ба таври ройгон ҷавононро пеш аз рафтан ба артиш ронандагӣ меомӯзад.

Мактабҳои ронандагии Хуҷанду Кӯлоб дар гузашта аз ширкатҳои марбут ба ҶСП “Фароз” буданд.

Ҳамзамон ҳангоми ҷустуҷӯи “Рушди роҳнавард” дар интернет сомонаи rakam.tj нишон дода мешавад. Сомонае, ки тавассути музояда ба фурӯши рақамҳои “зебо”-и қайди давлатии мошинҳо ва дигар амвол машғул аст.

Барои таҳияи ин таҳқиқот талош шуд, ки назари ҷониби “Рушди роҳнавард” гирифта шавад. Аз ҷумла талош шуд, ки ширкат ба суолҳо дар бораи чанд нуқтаи ташхис доштан, чи қадар даромад кардан, кай ташкил шудан ва ғайра посух диҳад. Дархости журналистии аввалро ба унвонии “Рушди роҳнавард” дар охири моҳи ноябри соли 2020 Дилором Раҳимова, сухангӯи пешини ҶСП “Фароз” қабул кард. Дилором Раҳимова худро сухангӯи “Рушди роҳнавард” муаррифӣ кард.

“Рушди роҳнавард” дар кӯчаи Ҷ. Расулов, 10, дар шаҳри Душанбе – қароргоҳи пешини ҶСП “Фароз” ҷойгир аст. Мудири ин ширкат Ҷунайдулло Ширинов аст, ки дар гузашта мудири ҶДММ “Муоинаи техникии автомобилии пойтхат”-и марбут ба “Фароз” буд.

Баъди тақрибан 5 рӯзи қабули дархост аз “Рушди роҳнавард” посух доданд, ки бино ба мавҷуд набудани суроға дар дархости рӯзноманигорӣ ва “риоя накардани талаботи қонунҳои марбут ба ВАО”, ба суолҳои рӯзноманигор посух дода намешавад.

Муаллиф бо иҷрои талаботи қонун дубора талош кард, ки дархости рӯзноманигориро ба “Рушди роҳнавард” супорад. Аммо се рӯз пайи ҳам бо баҳонаи ин ки Дилором Раҳимова дар коргоҳ нест, муаллифро аз назди дарвозаи “Рушди роҳнавард”гардониданд.

Муаллиф рӯзи 10 декабри соли 2020 бо корманди дигари “Рушди роҳнавард” бо номи З.Ғ. тамос гирифт. З.Ғ. худро нахуст муовини Ҷунайдулло Ширинов, баъдтар муҳосиби “Рушди роҳнавард” муаррифӣ карда, гуфт, роҳбараш ҳам гирифтори вабои коронавирус аст ва ҳам “пояшро шикастааст”. Ба маҳзи он ки сари кор ҳозир шуд, З.Ғ. масъалаи дархостро дар миён мегузорад ва онро қабул мекунанду ба суолҳо посух медиҳанд. Вале бо гузашти як моҳ аз суҳбати аввал З.Ғ. дигар ба тамосҳои телефонӣ посух надод. Ба ин тартиб, ҶСП “Рушди роҳнавард” – ширкати “меросбар”-и ҶСП “Фароз” – аз қабули дархости рӯзноманигорӣ ва посух додан ба суолҳои рӯзноманигор сарпечӣ кард.

БДА ҳеч ҳолати бе ташхис додани ҳуҷҷати муоинаро ошкор накардааст

Дар як посухи хаттӣ Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон гуфт, ки то охири моҳи декабри соли 2019 дар кишвар тақрибан 500 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст. Ба иттилои БДА, дар саросари кишвар 62 нуқтаи ташхиси ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт мавҷуд аст, ки аз ин шумор 13 нуқтаи он сайёр ҳастанд.  Аммо БДА нагуфт, ки барои анҷом додани ташхиси техникии мошинҳо бо кадом ширкат ё ширкатҳо шартнома бастааст. (Танҳо ронандаҳо аз вилояти Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе гуфтанд, дар ҳуҷҷатҳои ташхиси онҳо муҳри ҶСП “Рушди роҳнавард” зада шудааст).

БДА мегӯяд, ширкатҳои хусусӣ санҷиши ҳолати техникии воситаи нақлиётро анҷом медиҳанд. Ширкатҳои хусусӣ барои амалӣ намудани фаъолияти санҷиши ҳолати техникӣ бо БДА шартнома мебанданд. БДА баъди анҷоми санҷиши ҳолати техникӣ, муоинаи техникӣ (санҷиши дурустии кори ташхисгаронро) анҷом ва талон медиҳад. Зимнан, кормандони БДА ҳангоми муоина дар ташхисгоҳҳо ҳузур доранд ва шоҳиди анҷом додани ташхиси техникии автомобилҳо ҳастанд.

Агар фарз кунем, ки аз 500 ҳазор воситаи нақлиёти мавҷуд дар Тоҷикистон 70 ҳазори он борбар ва мусофирбар бошад, бо назардошти пардохти 350 сомонӣ (наздики $31) ҳаққи ташхиси техникӣ дар сол 24 млн 500 ҳазор сомонӣ (бештар аз $2,1 млн) даромад ҳосил мешавад. 430 ҳазор воситаи нақлиёти сабукрав бо пардохти 250 сомонӣ (тақрибан $22 ) ба ширкати ташхисгар дар сол 107 млн 500 ҳазор сомонӣ (зиёда аз $9,5 млн) даромад меорад. Дар маҷмуъ, даромади ширкати ташхисгар дар сол аз ҳисоби 500 ҳазор воситаи нақлиёт зиёда аз 132 млн сомонӣ ва ё бештар аз 11,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби дигар, зиёда аз 370 ҳазор сомонӣ (бештар аз 32 ҳазор доллар) дар рӯз. Бо ин маблағ мешавад, ҳар рӯзе дар маркази шаҳри Душанбе як хона харид.

Ин маблағ тахминӣ аст ва даромади воқеӣ аз ташхиси 500 ҳазор воситаи нақлиёт дар Тоҷикистон метавонад, кам ё зиёдтар аз 132 млн сомонӣ бошад. ҶСП “Рушди роҳнавард”, сарфи назар аз талаботи қонун, ҳозир нашуд, ки дар бораи фаъолияти худ иттилоъ диҳад. Ҳамчунин шарҳ диҳад, ки агар мумкин аст, бидуни ҳузури нақлиёт ва анҷом додани ташхис, санади гузаштан аз ташхис дода шавад, пас 250/350 сомониро барои кадом хизматрасонӣ мегирад?

Барои муқоиса, дар Қирғизистони ҳамсоякишвар муоинаи техникӣ барои воситаҳои нақлиёти сабукрав аз соли 2012 ба ин тараф бекор шудааст.

Дар Русия воситаҳои нақлиёти нав то 3 сол аз муоина техникӣ озод ҳастанд. Воситаҳои нақлиёти аз 3 то 7-сола дар ду сол як маротиба аз ташхис мегузаранд. Аммо мақомоти Русия барои пешгирӣ аз кортҳои тақаллубии муоинаи техникӣ ва таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо қонунҳо ва муҷозоти сахттар таҳия мекунанд.

Абдурақиб Қодиров, коршиноси масоили нақлиёт ва роҳҳо мегӯяд, аз он ҷо ки бештари нақлиёти воридотӣ ба Тоҷикистон мошинҳои дасти дувум ҳастанд, ташхиси техникӣ бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

“Як қисми мошинҳои воридотӣ дар кишварҳои аввале, ки истифода мешуданд, барои мисол, кишварҳои соҳили Балтик, ё Куриёи Ҷанубиву Ҷопон дучори садамаҳои ҷузъӣ ё ҷиддӣ шудаанд. Онҳоро таъмир кардаву ба Тоҷикистон меоранд. Ин мошинҳо дар ҳолате қарор доранд, ки ҳангоми садама ҳатто болиштҳои бехатариашон фаъол намешаванд”, – гуфт коршинос.

Ба боварии Қодиров, яке аз сабабҳои асосии зиёд шудани садамаҳо ҳолати техникии нақлиёт аст.

“Бештар “Опел” ва “Мерседес” ҳастанд, ки ба садама дучор мешаванд. Инҳо нақлиёти дасти дувум ҳастанд. Бо назардошти синну соли нақлиёт, онҳо аз муоина намегузаранд. Муҳлати муқарраркардаи корхонаи истеҳсолӣ барои истифодаи ин нақлиёт гузаштааст. Парки техникии Тоҷикистон куҳна шудааст”, – афзуд Абдурақиб Қодиров.

Ҳангоми мурури хабарҳои марбут ба садамаҳои нақлиётӣ дар сомонаи ВКД, тавре Қодиров гуфт, мушоҳида мешавад, ки бештари садамаҳо бо иштироки мошинҳои навъи “Опел” ва “Мерседес” рух медиҳанд.  Сомонаи ВКД хабар медиҳад, дар нимаи аввали соли 2020 бар асари 440 садамаи нақлиётӣ 151 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, 516 нафар ҷароҳат гирифтаанд.

Дар соли 2019 дар қаламрави Тоҷикистон 1212 садамаи роҳу нақлиёт ба вуқӯъ пайвастааст, ки дар натиҷаи садамаҳо 391 нафар ба ҳалокат расида, 1314 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД дақиқ накардааст, ки чи теъдод аз ин садамаҳо ба иллати корношоямии мошинҳо рух додаанд.

Сарфи назар ин ки ин бозори ташхиси техникии автомобилҳоро дар Тоҷикистон кӣ соҳиб шудааст ва чи қадар даромад дорад, моҳияти ташхиси техникӣ аз ин иборат аст, ки воситаҳои нақлиёт дар ҳолати хуби техникӣ ба роҳ бароянд ва бе хатар ҳаракат кунанд.

Дар ҳоле, ки озмоиши рӯзноманигорӣ ва изҳороти корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ собит кард, дар Тоҷикистон бидуни гузаштан аз ташхиси техникӣ метавон, санад дарёфт кард, БДА мегӯяд, дар соли 2020 (то моҳи декабр) “ҳолатҳои бе гузаштан аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ соҳиби талони муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гаштан, аз сӯи БДА ошкор карда нашудааст”.

Ҳамакнун суол аз ин иборат аст: агар “Тико”-и афгор ба садама дучор шавад, кӣ гунаҳкор ҳисобида мешавад – БДА, ширкати санҷишгар ё соҳиби мошин?

Посухи ин суоли риторикӣ дар моддаи 213 Кодекси ҷиноятии ҶТ маҳфуз аст. Кодекс шахсеро масъул медонад, ки истифодабарии нақлиёти аз ҷиҳати техникӣ носозро иҷозат додааст. Кодекс аз ду соли зиндон то даҳ соли зиндонро пешбинӣ кардааст.


Ин таҳқиқоти журналистӣ дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, нивишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: