Тавтеаи пушти парда байни афроди баландмақоми ҳукумати Афғонистон ва “Толибон” (ҳаракати дар кишварҳои Осиёи Марказӣ террористӣ ва мамнӯъ) омили аслии пирӯзии бармаҳали Толибон гардид. Аммо дар маҷмӯъ суқути режим дар Кобул натиҷаи нокомии сиёсати 20-солаи ИМА ва ҳукумати Афғонистон буд. Ин нуктаро Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик дар як матлаби таҳлилӣ таъкид кардааст.
Ҷаҳиши сареъ ва муваффақи ҳаракати “Толибон” (ҳаракати дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мамнӯъ ва террористӣ) ба қудрат нигаронии амиқеро миёни ҳамсояҳои Афғонистон ва дар маҷмӯъ миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бор овардааст.
Ва шояд, саволҳои аз ҳама маъмул дар ин замина ба омилу сабабҳое пайвастагӣ доранд, ки боис ба муваффақияти сареъи низомӣ ва сиёсии “Толибон” шудаанд.
Чӣ тавр, артиш ва пулиси афғон, ки барои таҷҳизот ва омӯзиши онҳо даҳҳо миллиард доллар масраф шудааст, тақрибан бидуни муқовимат кишварро ба дасти “Толибон” доданд?
Чаро аҳолӣ барои дифоъ аз ҳукумат иқдом накард ва бештари шаҳру вилоятҳо хеле содаву осон таҳти назорати воҳидҳои “Толибон” қарор гирифтанд?
Бо кадом сабаб на ҳукумат, на мухолифин ва на ҷомеаи шаҳрвандии кишвар натавонистанд ҳадди ақал иқдомҳоеро барои эҷоди монеа дар роҳи расидани “Толибон” ба қудрат созмон диҳанд?
Барои посух гуфтан ба ин пурсишҳо аввалтар аз ҳама баррасӣ мекунем, ки механизми интиқоли қудрат дар шаҳру вилоятҳо дар асл чӣ гуна сурат гирифт. Инчунин ба таври мухтасар дар бораи рӯйдод ва тамоюлҳои муҳиме суҳбат хоҳем кард, ки дар бист соли охир, яъне дар замони ҳузури НАТО ва ИМА дар Афғонистон мушоҳида шудаанд.
Механизми тасарруфи қудрат
Ҳамарӯза далелҳо ва иттилооти наве аз Афғонистон мерасад, ки шаҳодат медиҳанд, дар ин кишвар сенарияи хуб омодашуда ва тарҳрезишудаи интиқоли қудрат ба дасти “Толибон” амалӣ гардидааст.
Ба ибораи дигар, аллакай ҳама асосҳо мавҷуданд муътақид бошем, ки “Толибон” дар чаҳорчӯби созишҳои пешакӣ миёни як қисми ҳукуматдорони Афғонистон ва фармондеҳии низомӣ аз як тараф ва ҳаракати “Толибон” аз тарафи дигар, ба қудрат расиданд.
Сухан дар бораи як силсила созишҳои байни ИМА ва Покистон меравад, ки барои қонунӣ кардани ҳаракати “Толибон” ва ба қудрат расидани он дар доираи ба истилоҳ “раванди сулҳ” имконият фароҳам овард.
Ин созиш таъсиси ҳукумати эътилофиро пешбинӣ мекард, ки дар он ҳам намояндаҳои ҳукумати Афғонистон ва ҳам “Толибон” бо шартҳои каму беш баробар ҳузур доштанд.
Ҳамин тариқ, дар сурати муваффақ шудан, ИМА имкон пайдо мекард, тасвири ҳалли бомуваффақияти низоъро эҷод кунад ва бидуни коҳиши имиҷ Афғонистонро тарк созад, Покистон бошад, имкони воқеии ба сари қудрат овардани “Толибон”-ро, ки аз он пуштибонӣ мекунад, ба даст меовард.
Илова бар ин, шакли ҳукумати эътилофӣ ба ИМА имкон медод ҳадди ақал як қисмати раҳбарони ғарбгароро дар қудрат нигоҳ дорад ва ҳамин тариқ назоратро ба равандҳои сиёсӣ дар Афғонистон ҳифз кунад.
Барои оғози раванди музокирот, ИМА як қатор гузаштҳои ҷиддие кард – панҷ раҳбари маъруфи “Толибон” бо сарварии яке аз асосгузорони ин ҳаракат Мулло Бародарро аз зиндон озод кард ва ба музокироти мустақим бо “Толибон” бидуни иштироки намояндаҳои ҳукумати Афғонистон розӣ шуд.
Музокироти чандмоҳа дар шаҳри Доҳа (Қатар) 29 феврали соли 2020 бо бастани шартномаи сулҳ байни ИМА ва ҳаракати афғонистонии “Толибон” ба охир расид. Ин паймон хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, манъи фаъолиятҳои “Ал-Қоида” дар қаламравҳои таҳти назорати “Толибон”, инчунин хотима додани ҷанг ва оғози музокирот байни “Толибон” ва ҳукумати Афғонистонро пешбинӣ мекард.
Дар созишнома механизм ва ҷадвали хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ муфассал нишон дода шуд. Мебоист он дар чанд марҳила, то 11 сентябри соли 2021 анҷом шавад. Ҳамзамон, дар музокироти миёни ИМА ва “Толибон” муайян нашуд, ки ҳукумати эътилофӣ чӣ гуна ташкил карда мешавад.
Тасмим гирифта шуд, ин масъалаҳо дар музокироти дохилӣ, ки мебоист моҳи марти соли 2021 оғоз мешуд, баррасӣ шавад. Аммо ин музокирот ҳамин тавр шурӯъ нашуд; ҳайати ҳукуматӣ чанд маротиба ба Доҳа парвоз кард, аммо раҳбарияти “Толибон” бо баҳонаҳои гуногун оғози кори онро ба таъхир андохтанд.
Дар натиҷа, созишномаи сулҳ дар асл якҷониба танҳо аз сӯи ИМА амалӣ карда шуд, ки нерӯҳояшро тибқи ҷадвали мувофиқашуда берун кард. Аммо азбаски музокироти расмӣ байни ҳукумати Афғонистон ва “Толибон” амалан шикаст хӯрд, тамоми раванди минбаъдаи интиқоли қудрат дар ҷараёни созишҳои пасипардагӣ миёни як гуруҳ мақомдорони Афғонистон ва раҳбарияти “Толибон” ҳал шуд.
Маҳз ҳамин созишҳои ғайрирасмӣ ба эҳтимоли қавӣ механизми зерини ба қудрат расидани “Толибон”-ро пешакӣ муайян карда буданд:
Аввалан, дар сатҳи олии сиёсӣ, роҳбарияти Афғонистон тамоми низоми идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии муқовимат ба ҳаракати “Толибон”-ро хароб кард.
Тавре имрӯзҳо маълум мешавад, ходимони калидии сиёсӣ ва низомии ҳукумати Афғонистон то андозае бо “Толибон ҳамдаст будаанд. Ба эҳтимоли зиёд, тавтеаю тахрибкорӣ на имрӯзу дирӯз, балки хеле пештар оғоз шудааст.
Масалан, вакилони парлумон дар вилояти Бадахшон ҳукумати Афғонистонро ба он муттаҳам карданд, ки солҳои тӯлонӣ монеи маҳв кардани пойгоҳҳои “Толибон” дар ин вилоят шудааст.
Ҳамчунин далелҳое мавҷуданд, ки ҳангоми ҳамлаҳои ахир аз Кобул ба мансабдорони маҳаллӣ ва низомиёни вилоят дастурҳои мустақим дода шудааст, ки муқовимат накунанд ва ба “Толибон” таслим шаванд.
Масалан, далелҳои мавҷудияти чунин фармонҳо унвонии раҳбарони муқовимат дар Ҳирот ва Мазори Шариф аз ҷониби як қатор мансабдорони баландпояи Кобул мавҷуд аст.
Ҳамчунин аз манобеи Афғонистон маълум аст, Кобули расмӣ таҳвили силоҳу муҳимоти ҷангӣ ба пойгоҳҳои низомӣ ва пардохти маоши низомиёнро қатъ намуда, дар бораи таслим шудани иншооти низомӣ дастурҳои мустақим додааст.
Сониян, роҳбарияти Афғонистон барои халалдор кардани сафарбарнамоӣ ва мусаллаҳсозии мардум дар вилоят ва шаҳрҳои кишвар ҳар кори лозимро анҷом дод. Ҳукумат то охирин лаҳза созмон додани хезишҳои мардумиро ба дарозо кашид; танҳо дар охирҳои моҳи июл ва аввали август, вақте ки вазъият дар ҷабҳаҳо фалокатбор шуд, ҳукумати Афғонистон дар ниҳоят аз аҳолӣ даъват кард, ба хезишҳои мардумӣ шомил шаванд. Бо вуҷуди ин, тахрибкорӣ идома ёфт: масалан, бино ба иттилои шоҳидони айнӣ, вақте аслиҳаи хезишҳои мардумии Шибиргон тамом шуд, гарнизони маҳаллӣ бо истинод ба дастурҳои боло аз кӯмак ба онҳо даст кашид.
Ҳамчунин, дар охирин мусоҳибаи худ Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх ва раҳбари дастаи мардумии Мазори Шариф мегӯяд, давоми ду моҳи набардҳо аз артиши кишвар танҳо 300 мил силоҳи кӯҳнаи М-16 гирифтанд, ки ягон тир бо худ надоштанд, дар ҳоле ки анборҳои гарнизони маҳаллӣ аз силоҳу муҳимоти ҷангӣ пур буданд.
Вай инчунин дар бораи тавтеаҳои мансабдорони маҳаллӣ ва низомиён, даъватҳо барои қатъ кардани муқовимат аз сӯи мансабдорони баландпоя, созиши паси пардаи фармондеҳии гарнизони ҳарбии Мазори Шариф бо “Толибон” ва ғайра хабар дод.
Дар Ҳирот ва Мазори Шариф мақомоти низомӣ ва мулкии маҳаллӣ бо “Толибон” ҳамдаст шуда, нақшаи ба дуввумиҳо асир додани раҳбарони муқовиматро кашиданд. Дар натиҷа, Исмоилхон, фармондеҳи номдори ҷиҳодӣ дар Ҳирот, ҳангоми мулоқот бо волӣ ва фармондеҳони низомӣ боздошт шуд; дар Мазори Шариф бо сабабҳои тасодуфӣ аз чунин сенария пешгирӣ гардид.
Сеюм, дар мавридҳои зиёде, мақомоти афғон дар маҳалҳо бо ҳар роҳ ба таслим шудани маҳаллаҳои аҳолинишин мусоидат мекарданд ва аксар вақт ҳамчун миёнарав байни “Толибон” ва сарварони маҳаллӣ амал мекарданд. Ҳамин тариқ, бештари ноҳия ва шаҳрҳо бар асоси созишномаҳои байни раҳбарони ғайрирасмии маҳаллӣ (қумандонҳои саҳроӣ, рӯҳониён, пешвоёни маҳал) ва фармондеҳони “Толибон” таҳти назорати “Толибон” қарор гирифт.
Созишҳои таслим бар асоси формулаи “садоқатмандӣ ва итоаткорӣ ба ивази кафолати амният ва дахлнопазирии моликият” тартиб дода шудаанд. Ҳамин гуна созишномаҳо бо фармондеҳони гарнизонҳои низомӣ ва роҳбарони маъмуриятҳои маҳаллӣ баста шуданд. Матбуоти Афғонистон аз далелҳои зиёде дар бораи пардохти маблағҳои назаррас ба раҳбарони маъмурият ва мансабдорони низомӣ барои таслим кардани иншооти низомӣ ва мулкӣ, хабар медиҳанд.
Масалан, чунин иттиҳомот нисбат ба волии вилояти Пактиё садо медоданд, ки пас аз суқути вилоят ва парвози ӯ ба Кобул боздошт гардид.
Аз тарафи дигар, дар аксари мавридҳо аҳолӣ ва ҷамоатҳои маҳаллӣ ба нерӯҳои амниятӣ фишорҳои мустақим меоварданд ва онҳоро маҷбур мекарданд, ки аз ҷанг ва харобкорӣ дар шаҳру деҳот ҷилавгирӣ кунанд. Дар натиҷаи чунин фишорҳо нерӯҳои амниятӣ ва пулиси Бадахшон, Пактиё, Тахор, Урузгон ва ғайра маҷбур шуданд, ба душман таслим шаванд ё маҳалҳои аҳолинишинро бе ҷанг тарк кунанд.
Ҳанӯз гуфтан душвор аст, ки дар ташкили тавтеа дар сатҳи ҳукумат нақши фасод чӣ қадар асту нақши сиёсати бузург чӣ қадар. Ба эҳтимоли зиёд, ин ҷо як қатор омилҳо нақш бозидаанд: мулоҳизаҳои сиёсӣ, созишҳои паси парда, ришвахӯрии бевоситаи мансабдорон, бӯҳрони идоракунӣ, шантаж (далелҳои таҳдид ба оилаҳои халабонҳо ва афсарони афғон мавҷуданд) ва ғайраву ҳоказо.
Ва аммо созиши пушти пардаи мақомдорони сатҳи болои ҳукумати Афғонистон ва “Толибон” омили аслии пирӯзии “Толибон” муаррифӣ мешавад. Зимнан, яке аз далелҳои равшани чунин тавтеа ин аст, ки чеҳраҳои асосии сиёсати Афғонистон имрӯз дар ҳукумати нав худро хеле хуб эҳсос мекунанд.
Дар муқоиса бо ҷараёни афзояндаи далелҳо дар бораи таъқиб ва қатли ғайриқонунии рӯзноманигорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳеч далели муҷозот шудани мансабдорони баландпоя вуҷуд надорад. Баръакс, раисҷумҳури пешин Ҳомид Карзай ва хонаводаи ӯро дар Кобул бидуни мушкил пешвоз мегиранд: бародари президент Ашраф Ғанӣ ошкоро ба “Толибон” пайваст; нахуствазир Абдулло Абдулло аз номи “Толибон” ба ҳайси миёнарав бо нерӯҳои муқовимати зидди “Толибон” амал карда, онҳоро барои розӣ шудан ба созишномаи сулҳ даъват кард.
Сабаб ва омилҳо
Бояд таъкид кард, ки танҳо як тавофуқи паси парда наметавонист сабаби суқути босуръати режими тарафдори Амрико дар Афғонистон шавад. Созишҳо дар бораи таслим шудани қудрат натиҷаи бӯҳрони бузургмиқёси сиёсӣ дар кишвар мебошанд, ки бо як қатор омилҳои объективӣ ба вуҷуд омадаанд.
Омили асосӣ шикасти комили стратегияи Амрико дар Афғонистон дар чаҳор самти калидӣ аст: 1) миллатсозӣ 2) ҳалли бӯҳрони Афғонистон); 3) татбиқи дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ; 4) идеология ва таблиғ. Ҳар яке аз ин самтҳоро дар алоҳидагӣ баррасӣ мекунем:
Дар заминаи миллатсозӣ, ИМА ва НАТО дар аввал вазъи Афғонистонро хеле содда тасаввур мекарданд, аз ин рӯ, ба зарурати кушодани гиреҳи печидаи зиддиятҳо ва мушкилоти дохилии Афғонистон омода набуданд.
Гап дар сари он аст, ки дилеммаи асосии мухолифати сиёсӣ дар кишвар мушкилоти қудрат аст. Саволи асосӣ ин аст, ки Афғонистон оянда чӣ гуна хоҳад буд – як давлати миллии паштунҳо, ки дар асл аз рӯзи таъсисёбиаш ҳамингуна буд ё як ниҳоди федералӣ, ки ақаллиятҳои шимол ҳадди ақал ба захираҳо ва қудрат дастрасии баробар дошта бошанд.
Аз замони дахолати шӯравӣ, тавозуни анъанавӣ ва садсолаҳои сиёсӣ ва қавмӣ дар кишвар ба таври шадид вайрон карда шуд – солҳои 80-90-ум ақаллиятҳои шимол захираҳои ҳарбӣ ва иқтисодиро ба даст гирифт ва дигар ба бартарии сиёсии аксарияти паштунҳо розӣ нестанд.
Дар навбати худ, паштунҳо намехоҳанд воқеиятҳои нав ва тақсимоти низомӣ-сиёсиро қабул кунанд; маҳз бо ҳамин сабаб, бисёре аз қабилаҳои паштунҳо то ҳол ҳаракати “Толибон”-ро дастгирӣ мекунанд, чунки онро амалан ягона қуввае медонанд, ки қодир аст вазъро дар кишвар ба ҳолати аввала баргардонад.
Пас аз вуруд ба Афғонистон, Ғарб тасмим гирифт кишварро ба шакли давлати миллии афғон (паштунҳо) баргардонад – қисман бинобар мавқеи Покистон ва қисман аз ин нигоҳ, ки ақаллиятҳои миллӣ наметавонанд назоратро дар тамоми қаламрави ин кишвар нигоҳ доранд.
Аз ин рӯ, аз оғоз стратегияи ИМА воқеан аз дастгирии раванди “паштунсозӣ”-и сохторҳои қудратӣ ва амниятӣ иборат буд. Аллакай миёнаҳои солҳои 2000-ум, амрикоиҳо ба татбиқи нақшаи безараргардонии Эътилофи Шимол шурӯъ карданд ва тадриҷан намояндагони онро аз ҳукумат, артиш ва нерӯҳои амниятӣ бартараф карданд.
Дар матбуот ва нашрияҳои илмии Ғарб интишороти сершумор дар бораи бартарияти тоҷикон ва аққалиятҳои дигар дар артиш ва пулис нашр шуданд, ки гӯиё нисбат ба паштунҳо беадолатона буда, ба таҳкими маъруфияти “Толибон” дар байни паштунҳои норозӣ мусоидат мекунад.
Ҳукумати Карзай ва баъдан Ғанӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи амрикоиҳо тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, то Эътилофи Шимолро аз ҳам бишкананд, раҳбарони онҳоро бо ришва бихаранд ва безарар гардонанд, инчунин иқтидори сиёсии онро якбора кам кунанд.
Ҳарду президент сиёсати паштунсозии дастгоҳи маъмурӣ ва сохторҳои қудратиро дар музофотҳои шимолӣ пеш мебурданд; соли 2015 аксари волӣ ва ҳайати фармондеҳиро дар минтақаҳо афроде ташкил медоданд, ки аз марказ таъин шудаанд. Инчунин, мақомот дар барҳам додани қобилияти ҷангии сохторҳои собиқи Эътилофи Шимол, ки дар симои онҳо таҳдиди асосии суботи кишварро медиданд, хеле бомуваффақият анҷом доданд.
Мушкилот дар он буд, ки шарики ягона ва табиии НАТО дар сатҳи маҳаллӣ ҳамин Эътилофи Шимол буд, ки манфиатҳои ақаллиятҳои миллиро ифода мекард, дар ҳоле ки ҷунбиши “Толибон”, ба эътилофи Ғарб мухолиф буд, чун анъана ба аксарияти паштунҳо такя мекард.
Дар натиҷа, Эътилофи Шимол имрӯз тахриб гардид, аммо аксарияти паштунҳо то ҳол аз “Толибон” ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳамин тариқ, раванди дубораи паштунсозӣ, моҳиятан, бо сари қудрат омадани “Толибон” ба охир расид.
Каме дертар, аллакай дар замони маъмурияти Барак Обама, амрикоиҳо ба хулосае омаданд, ки президент Карзай, ки ба гурӯҳи қабилаҳои паштун-дурронӣ тааллуқ дорад, нисбат ба паштунҳои гилзай табъиз мекунад, ки гӯиё бо ин сабаб ба таври оммавӣ аз “Толибон” пуштибонӣ мекунанд.
Бо мақсади рафъи ин “беадолатӣ” онҳо президенти нав – Ашраф Ғаниро аз қабилаи гилзай ба қудрат расонданд, ки ба тоза кардани кадрҳо шурӯъ карда, ҳамқабилаҳо ва хешовандони худро ба вазифаҳои калидӣ таъин кард. Дар натиҷаи чунин сиёсат, амрикоиҳо як қисми дуррониҳоро бар зидди худ гардонданд ва ҳам ба оромсозии гилзайҳо ноил нашуданд.
Қисмати муҳими гилзайҳо, ки ба қудрат расиданд, бо хешовандони худ дар ҷониби дигари хатти ҷабҳа робитаи наздик доштанд, ки баъдан ба омодагии артиш ва ҳукумат ба муқовимат бо “Толибон” таъсири манфӣ расонд.