© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Танфурўшӣ дар Тоҷикистон: Ҳеҷ кас ҷуръати қонунӣ кардани ин фаъолиятро надорад

Дар Тоҷикистон фаъолияти занони фоҳиша ҳоло ғайриқонунӣ аст. Коршиносон мегўянд, қонунигардонии фаъолияти ин соҳа дар ҷомеаи суннатии тоҷик солҳои наздик ғайриимкон аст.


Шоми Душанбе. Акс: CABAR.asia
Шоми Душанбе. Акс: CABAR.asia

Дар Тоҷикистон омори дақиқ оид ба шумораи занони фоҳиша вуҷуд надорад. Тавре ба пойгоҳи таҳлилии CABAR.asia аз Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар  доданд, дар соли 2018 тақрибан шаш ҳазор зан ҳамчун фоҳиша ба қайд гирифта шудааст. Миёни онҳо 32 нафар духтарони ноболиғ, тақрибан 1500 нафар аз 18 то 30 сода, боқимонда – аз 30 боло мебошанд.

Дар Тоҷикистон тибқи моддаи 130 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъумарии Тоҷикистон барои танфурўшӣ ҷазои маъмурӣ пешбинӣ шуда. Дар ҳаҷми аз 500 то 2000 сомонӣ (тақрибан 50-200 доллари ИМА) ҷарима мешавад. Дар сурати боздошти такрорӣ ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 рўз имконпазир аст. 

Обидҷон Шарифзода, ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар суҳбат бо CABAR.asia иқрор шуд, ки ҳангоми гузаронидани рейдҳои кумитаи мазкур дар якҷоягӣ бо ВКД миёни боздоштшудаҳо ноболиғон низ ба назар мерасид.   

«Ноболиғон ба ин амалҳои бадахлоқона тавассути одамони дигар даст  мезананд», – гуфт Шарифзода.

Тибқи маълумотҳои вай, волидони аксари ин ноболиғон ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва кўдакон дар зери парастории хешовандон мебошанд.

«Вақте зан ба ин амалҳо даст мезанад ва дар хона кўдакони ноболиғ дорад, ин аллакай ба тарбия ва ахлоқи кўдак таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин ҳолат, эҳтимоли зи           ёд вуҷуд дорад, ки кўдак ҳангоми калон шуданаш аз паи модар меравад», – гуфт ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо занон ва оила.

Мо кор пешниҳод мекунем, онҳо рад мекунанд

Caбоҳат Рустам. Акс: Радиои Озодӣ
Caбоҳат Рустам. Акс: Радиои Озодӣ

Сабохат Рустам, котиби матбуотии Кумитаи кор бо занон ва оила ба CABAR.asia  гуфт, ки ба чунин занон, ки ҳангоми гузаронидани рейдҳо боздошт шуда буданд, мақомот ҷойҳои корӣ пешниҳод карда буд. Аммо, ба гуфтаи Сабоҳат Рустам, танҳо дар ҳолатҳои кам онҳо ба иваз кардани корашон розӣ мешаванд.

«Зеро маоше, ки барои кори доимӣ ва мавсимӣ пешниҳод  мешавад, барои онҳо хеле кам аст. Барои онҳо фоҳишагӣ – воситаи осони пули зиёд ба даст овардан аст, – гуфт вай.

Дар соли 2020 танҳо 7 нафар занони фоҳиша пешниҳоди кумитаро дар мавриди кори доимӣ ва мавсимӣ пазируфтанд.

Фариштамоҳ Гулова. Акс: CABAR.Asia
Фариштамоҳ Гулова. Акс: CABAR.Asia

Фариштамоҳ Гулова, раҳбари Созмони ғайриҳукуматии «Имкониятҳои баробарӣ» мегўяд, ки созмони вай низ барои занони фоҳиша дар ҷустуҷўӣ кори дигар кўмак мерасонад. Онҳо курсҳои дўзандагӣ, хўрокпазӣ ва корҳои технологиро мегузаранд.

«Мо 70 нафарро, аз ҷумла мардонро низ таълим додем ва мехоҳем онҳо худро таъмин карда тавонанд. Мутаассифона, танҳо аз 15 нафар, 10 – мард ва 5 – зан тавонистанд роҳи худро дигар намоянд, кор пайдо намуда, мустақил шаванд», – гуфт Гулова.

Қаноат Иброҳимова, ҳуқуқшиноси Созмони ғайриҳукуматии «Лигаи занони ҳуқуқшинос» бар ин назар аст, ки бештари занони фоҳиша маҷбуранд ба ин кор ҷалб шудаанд».

«Ман фикр мекунам, ки агар мардҳо онҳоро ба ин кор маҷбур насозанд, агар ҷойҳои кори таъсис дода шавад, ягон зан ба ин амал даст намезанад. Фикр мекунам, агар дар ин кор 20% занҳо гунаҳгор бошанд, пас боқимонда 80% мардҳо гунаҳгоранд. Ҳангоми гузаронидани рейдҳо маълум шуд, онҳое, ки занонро ба ин кор ҷалб мекунанд, асосан мардҳо мебошанд», – гуфт Иброҳимов.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода дар нишасти хабарии  моҳи феврали соли ҷорӣ ҳамчунин изҳор дошт,  на танҳо занон гунаҳгоранд, балки «мардон ҳамчун муштарӣ гунаҳгоранд, ки занон танфурўшӣ мекунанд».

Кумитаи кор бо занон ва оила ба парлумон пешниҳод кардааст, то ба Кодекси оила тағйирот ворид созад, ва мардонро низ ҳамчун муштарӣ дар борабари занони ба фоҳишагӣ машғулбуда ҷазо диҳанд.

«Агар мардҳо дар ин амал даст назананд, ва ба ин гуна занон маблағи калон надиҳанд, онҳо ба ин кор машғул намешаванд», – гуфт Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Занони фоҳиша ба кадом бемориҳо гирифтор мешаванд?

Коршиносони соҳаи тиб тасдиқ мекунанд, ки бештари занони фоҳиша, ки аз ташхиси тиббӣ мегузаранд, бо сабаби риоя накардани қоидаҳои эҳтиётӣ мубталои ВНМО ҳастанд.

Зуҳро Нурляминова. Акс: formator.info
Зуҳро Нурляминова. Акс: formator.info

Зуҳро Нурляминова, мутахассиси ВНМО дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегўяд заноне, ки зуд – зуд ҳамхобаи худро иваз мекунанд, ва дар ҳамин ҳол аз воситаҳои эҳтиётӣ истифода намебаранд, бештар хатари гирифторӣ ба бемориҳои гуногунро доранд.

Ба қавли вай, тадқиқот дар миёни занони танфурўш ихтиёрӣ дар ҳар шаш моҳ гузаронида мешавад.

«Вазифаи мутахассисони Вазорати тандурустӣ аз он иборат аст, ки онҳоро бо тавсияҳои худ ба ташхис ҷалб кунанд ва аҳамияти ташхисро фаҳмонанд», – гуфт ҳамсуҳбати CABAR.asia.

Мақомот изҳор медорад, ки барои пешгирии афзоиши теъдоди занони фоҳиша бо кўмаки мутахассисон мубориза мебарад. Аммо коршиносон афзоиши онро бо маоши паст, муҳоҷирати меҳнатӣ ва тарбияи нодуруст дар оила рабт медиҳанд.

Сабоҳат Рустам, сардори шуъбаи иттилооти Кумитаи кор бо занон ба CABAR.asia гуфт, ки яке аз омилҳои номатлуб фосиқии ҷавонзанон аст ва имрўз дар ҷомеа бояд бардошта шавад.

Таҳлили гузаронидаи кумита ва ВКД нишон дод, ки одамони ба чунин амал машғулбуда ба вазъи иқтисодии оила, таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ва муносибати аъзои оила вобастагӣ дорад. Айни замон ин амал аксаран аз ҷониби занон ва духтарони аз оилаҳои ноустувор ва носолим сурат мегирад, яъне чунин оилаҳоро оилаҳои осебпазир меноманд.

«Ин бисёр масъалаи васеъ аст ва натанҳо Кумитаи кор бо занон ва Вазорати корҳои дохила, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд доир ба ин масъала чораҳо андешанд. Зеро агар имрўз ин рўйдоди манфиро пешгирӣ накунем, фардо номи миллати тоҷик доғдор мешавад», – гуфт Сабоҳат Рустам.

Мақомот пешниҳод дорад ҷазои даллагиро сахт намояд

Коршиносон мегўянд, ки занонро бояд дастгирӣ кард ва бо кори муносиб  ва маоши хуб таъмин намуд, то рўзгорашонро пеш бурда тавонанд. Дар ҳамин ҳол, зарур аст роҳҳое ки тавассути Туркия ва Аморати Муттаҳидаи Араб ба фоҳишагӣ мебарад, баста шавад.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи кишвар ба наздикӣ ба парлумон лоиҳаи қонунро оид ба мубориза бо тунфурўшӣ пешниҳод кард, ки ҷазо дар намуди маҳрум кардани ҳуқуқи падарӣ ва модарии шахсоне, ки ба даллагӣ ва ташкили фоҳишахонаҳо машғул мебошанд, пешбинӣ мекунад. Палатаи поёнии парлумон (Маҷлиси намояндагон) 11 январ лоиҳаи қонунро бозбинӣ намуда, интизор меравад, ки рўзҳои наздик онро тасдиқ намояд.

Онҳо ба он назаранд, ки кўшиши маҳрум кардан аз ҳақи падарӣ ва модарӣ метавонад сатҳи фоҳишагиро дар Тоҷикистон поин барад, зеро дигарон метарсанд, ки хонаҳои худро ба фоҳишаҳо ва мизоҷони худ ба иҷора диҳанд.

Ойниҳол Бобоназарова. Акс: CABAR.Asia
Ойниҳол Бобоназарова. Акс: CABAR.Asia

Ойниҳол Бобоназарова, коршиноси тоҷик мегўяд, ки дар Тоҷикистон касе ҷуръат намекунад, то ба парлумон қонунӣ кардани ин фаъолиятро пешниҳод созад ва ҳатто агар нафаре  инро пешниҳод ҳам кунад, парлумон ин қонунро тасдиқ намекунад. Ба андешаи вай, дар ҷое, ки 98-99 фоизи аҳолиаш мусалмонҳо аст, қабули чунин қонун имконпазир нест.

«Бубинед, ҳатто Руссия, ки бештари қонунҳояшро бо услуби ғарбӣ қабул мекунад, қонунигардонии фоҳишагиро тасдиқ накард», – гуфт Бобоназарова.

Обидҷон Шарифзода, ҳуқуқшиноси Кумитаи кор бо занон ва оила низ зидди қонунигардонии танфурўшӣ аст.

«Он менталилети ҷомеаи суннатии тоҷикро вайрон карда, ҳамзамон дигар омилҳои манфиро ба бор меорад», – изҳор дош Шарифзода.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: