© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Сабти номи симкортҳо бо шиносномаи нав: садҳо ҳазор нафар метавонад аз иртиботи мобилӣ маҳрум шавад

Дар Тоҷикистон беш аз 800 000 муштарӣ, ки симкортҳои худро бо шиносномаи нав сабти ном накардаанд, метавонанд аз алоқаи мобилӣ маҳрум шаванд.


Маъракаи густурдаи сабти номи симкортҳо дар Тоҷикистон беш аз шаш сол, яъне аз соли 2016 ба ин сӯ идома дорад. Аммо ҳанӯз нафароне ҳастанд, ки симкортҳои худро аз нав сабти ном накардаанд ва эҳтимол дорад пас аз 15 феврал бидуни алоқаи мобилӣ бимонанд. Ин тадбир, ба гуфтаи мақомот барои пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии алоқа, аз ҷумла бо ҳадафҳои терроризм мусоидат мекунад.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, то моҳи январи соли 2023 — 5,56 миллион муштарии алоқаи мобилӣ симкортҳои худро аз нав сабти ном кардаанд. Аммо дар баробари ин 2 миллион симкорти дигар ҳанӯз ин марҳиларо нагузаштаанд, ки 882 ҳазораш фаъол мебошанд.

Коршиносон бар ин назаранд, афроди мазкур шояд аз табақаи камбизоат бошанд, ки дар манотиқи дурдасти кишвар зиндагӣ мекунанд.

Раванди сабти номи дигарбораи симкортҳо дар Тоҷикистон кай оғоз шуд?

Моҳи декабри соли 2015 ҳукумати Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ” тағйирот ворид кард, ки бар асоси он ширкатҳои мобилӣ бояд сабти дигарбораи симкортҳоро анҷом медоданд.

То он вақт дар Тоҷикистон симкортҳо бидуни пешниҳоди шиноснома ҳам фурӯхта шуда, ҳатто ройгон паҳн карда мешуданд.

Моҳи апрели соли 2016 қарори ҳукумат содир шуд, ки Хадамоти алоқаро муваззаф кард, то 15 феврали соли 2023 раванди аз нав сабти номи тамоми симкортҳоро анҷом бидиҳад ва назорат кунад, ки ба номи як нафар на бештар аз ду рақами дилхоҳ оператори алоқа сабт нашуда бошад.

Аммо сабти номи симкортҳо танҳо бо ID-шиносномаҳо (пластикӣ), ки дорои маълумоти биометрии соҳиби он ҳастанд, мумкин аст. Ҳамин тариқ, дорандагони шиносномаҳои куҳна наметавонанд симкортҳоро дубора сабти ном кунанд.

Илова бар ин, аз соли 2016 дар Тоҷикистон фурӯши озоди симкортҳо дар хиёбонҳо иҷозат дода намешавад ва нуқтаҳои фурӯш бояд муҷаввиз бигиранд.

Мақомот зарурати дубора сабти ном кардани симкортҳоро чӣ гуна шарҳ доданд?

Мақомот мегӯянд, сабти дигарбораи симкортҳо барои “мубориза бо терроризм” зарур аст.

Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2015 зимни суханронӣ дар парлумон гуфта буд, дар чанд соли ахир беш аз 70 дарсади симкортҳои фаъоли ширкатҳои мобилӣ дар кишвар бидуни пешниҳоди аснод ба фурӯш рафтаанд.

Ба таъкиди ӯ, симкортҳои ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар минтақаи шимоли Афғонистон ба таври озод фурӯхта мешаванд ва он ҷо нуқтаҳои қабули пардохт барои телефонҳои мобилии Тоҷикистон боз шудааст.

“Маълумоте мавҷуд аст, ки дар марз бо кишвари мо ҷангиёни ҳаракати Толибон (дар Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шудааст) аз ин симкортҳои Тоҷикистон фаъолона истифода мекунанд”, – иброз дошта буд Умаров.

 Аммо Умаров нагуфт, ки ин чӣ гуна метавонад ба хатари терроризм дар Тоҷикистон таъсир расонад.

Коршиносон ангезаҳои мақомотро чӣ гуна шарҳ медиҳанд?

Як иқтисоддон, ки нахост номаш ифшо шавад, бар ин назар аст, ки ангезаи аслии мақомот тавассути суръат бахшидан ба раванди дарёфти шиносномаҳои намунаи соли 2014 пур кардани буҷет будааст.

Ба навиштаи расонаҳо, бланкаи чунин шиноснома 10 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Илова бар ин, барои гирифтани изи ангушт, маълумотномаи бақайдгирӣ, гуруҳи хун ва ғайра ҳадди ақал 5 доллари дигар масраф мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, мақомот кайҳо ба ин назаранд, ки шаҳрвандон барои алоқаи мобилӣ аз ҳад зиёд харҷ мекунанд. Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2010 ба ин сӯ дар ин бора ҳарф мезанад.

Эмомалӣ Раҳмон соли 2021 зимни ироаи паёми солона ба порлумон изҳор дошта буд, “давоми 10 соли охир аҳолии кишвар барои истифодаи алоқаи мобилӣ 30 миллиард сомонӣ (ҳудуди 3 миллиард доллар) сарф кардааст”.

 “Ин маблағи кам нест. Бо ин маблағ метавонистем сохтмони НБО-и Роғунро анҷом диҳем»,- гуфт ӯ.

Президент таъкид намуд аҳолии кишвар ҳамасола ба ширкатҳои мобилӣ, ки 90 дарсади он ба ширкатҳои хориҷӣ тааллуқ дорад, 3 миллиард сомонӣ (ҳудуди 300 миллион доллар) пардохт мекунад.

 “Моро лозим аст, ки фарҳанги истифодаи телефонҳои мобилиро бознигарӣ кунем. Ба ин хурсанд шудан лозим нест, оянда мушкилоти ҷиддӣ пайдо шуданаш мумкин аст, гирифторӣ ба бемориҳо, аз ҷумла саратони мағзи сар”,- иброз дошт раисиҷумҳур.

 Иқтисоддон ҳамчунин аз нақшаи мақомот барои то 100 доллар боло бурдани арзиши симкорт ёдовар шуд.

Ин тобистони соли 2018, дар авҷи маъракаи таблиғ барои сабти дубораи симкортҳо ва гирифтани ID-шиносномаҳо ба вуқӯъ пайваст. Тавре баъдтар маълум шуд, дар аввал ВКД ба ширкатҳои мобилӣ пешниҳод кардааст, ки симкортҳоро бо нархи 1000 сомонӣ бифурӯшанд, ки бо қурби он вақт 94,2 долларро ташкил медод. Аммо баъдан нархро то 250 сомонӣ (ҳудуди 25 доллар) поин бурданд.

Аммо ин нарх ҳам хеле баланд буд. Ин мавзӯъ тӯли чанд моҳ ҳам дар расонаҳо ва ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда баррасӣ шуд. Мардум намефаҳмиданд, ки чӣ гуна боло бурдани арзиши симкорт метавонад амнияти кишварро кафолат диҳад ва аз ҳамлаҳои террористӣ пешгирӣ кунад.  

Ба таъкиди мақомот, гумон аст, ки чунин симкорти гаронбаҳоро соҳиби он барои истифода ба нафари дигар бидиҳад, аммо аз ин бештар шарҳе ироа накарданд.

Дар натиҷа, пас аз интиқодҳо дар расонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ мақомот тасмими фурӯши симкортҳоро бо чунин арзиши гарон нахуст мутаваққиф ва сипас лағв карданд.

Ба гуфтаи иқтисоддон, агар мақомот воқеан аз амнияти кишвар нигарон буданд, сабти дигарбораи симкортҳоро бо шиносномаҳои куҳна низ иҷозат медоданд.

Байни азнавбақайдгирии симкорт ва гирифтани ID-шиноснома чӣ иртибот ҳаст?

Ҳоло танҳо бо шиносномаи нави биометрӣ симкортҳоро аз нав сабти ном кардан мумкин аст. Бо ин роҳ мақомот хостанд “бо як тир ду нишон” бизананд. Ғафур Иркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, чунин тадбир имкон медиҳад, ки дар бораи ҳар сокини кишвар маълумоти пурратар мавҷуд бошад ва дар сурати сар задани ҷиноят ё ҳолатҳои фавқулода зудтар вокуниш нишон диҳанд.

“Аммо як ҳолати дигар ҳам ҳаст – дар замири аксари аҳолии кишвар фарҳанги саривақт тамдид кардани шиноснома ё ҳуҷҷатҳои дигар ҳанӯз шакл нагирифтааст. Ва ба ин маърака пайванд кардани сабти дигарбораи симкортҳо беш аз нисфи аҳолиро маҷбур кард, ки рафта ин ID-шиносномаҳоро бигиранд”, – шарҳ медиҳад ӯ.

Аммо ба ақидаи ӯ, то ҳол як қишри аҳолӣ имкони гирифтани шиносномаи навро надоранд, онҳо зери хатти фақр ба сар мебаранд ва тавони анҷом додани чунин хароҷотро надоранд. Илова бар ин, аксари онҳо дар манотиқи дурдаст ва душворгузари Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва барои расидан ба марказ пул, нақлиёт ва вақт лозим аст. Баъзан ин сафар метавонад як рӯз тӯл кашад.

Тибқи маълумоти ахир, мизони фақр дар Тоҷикистон 22,5 дарсад буда, ҳудуди 2,5 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод тақрибан нисфи онҳо дар фақри шадид ба сар мебаранд.

Барои гирифтани ID-корт РМА, ташхиси гуруҳи хун, инчунин пардохти боҷи давлатӣ дар ҳаҷми 100 сомонӣ (10 доллар) ва доштани ҷойи қайд зарур аст, ки ҳамаи ин хароҷот дорад.

“Барои камбизоатон ин маблағи калон аст, зеро даромади онҳо дар як рӯз шояд камтар аз 1 доллар бошад. Илова бар ин, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки баъзеи онҳо умуман дар ягон ҷо сабти ном нашуда бошанд, зеро манзил надоранд. Ва дар сурати надоштани ҷойи қайд гирифтани шиносномаи нав ҳам ғайриимкон аст”, -қайд мекунад Иркаев.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи коршинос, ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ин 882 ҳазор симкорти фаъол, вале аз нав сабти ном нашуда дар дасти афроди фақир қарор дошта бошад, ки ба зудӣ метавонанд бидуни иртибот бимонанд.

Оё ширкатҳо ҳақ доранд симкортҳоро хомӯш кунанд?

Бале, онҳо чунин ҳуқуқ доранд. Тибқи моддаи 18-и қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ” операторҳо ва провайдерҳо метавонанд “дар сурати аз ҷониби истифодабарандаҳо вайрон кардани қоидаҳои муқарраргардидаи истифодаи алоқаи барқӣ хизматрасониро ба онҳо боздоранд”. Ва аз нав сабти ном кардан маҳз ҳамин қоида ба ҳисоб меравад ва агар муштарӣ онро риоя накунад, бидуни иртибот мемонад.

Бо онҳое ки зиёда аз ду симкорт доранд, чӣ мешавад?

Қоидаи доштани ҳамагӣ ду симкорт ба номи як нафар соли 2019 қабул гардидааст, ки ба таъкиди мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳамчунин барои ҳимоят аз амнияти миллӣ роҳандозӣ шудааст. Барои вайронкунандаҳо ҷазои маъмурӣ дар шакли ҷарима пешбинӣ шудааст.

Ва агар симкорти ба номи шумо сабтшуда ба дасти ҷинояткор, террорист ё ифротгаро афтад, пас шуморо аз 2 то 3 соли зиндон (КҶ, моддаи 341(1) таҳдид мекунад.

Ба андешаи Ғафур Иркаев, чунин чораҳои шадид, ки ҳамчун таъмини амният асоснок карда мешаванд, инчунин метавонанд нороҳатиҳои зиёде дар пай дошта бошанд.

“Масалан, барои таъмини муошират бо кӯдакон волидон маҷбуранд симкорти фарзандони ноболиғашонро ба номи худашон сабт кунанд. Ва агар теъдоди фарзандон аз як бештар бошад, пас волид қонуншиканӣ кардааст ва метавонад ҷарима шавад”,- мегӯяд ӯ.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: