Рӯзи дувуми ҳафтумин ҷашнвораи Go Viral дар Душанбе ҷолибу хотирмон баргузор шуд. Зиёда аз 500 нафар бо мақсади дарёфти донишҳои нав, ошноӣ бо ғояҳои навоваронаи Тоҷикистони муосир дар бахши фановариҳои расонаӣ, тиҷорат, фарҳанг ва ТИК ба кинотеатри “Зебуннисо” омаданд.
Рӯзи дуюми ҷашнвора бо суханронии Пабло Тутилло Малдонадо, масъули дипломатияи ҷамъиятии сафорати ИМА дар Душанбе оғоз шуд. Ӯ дар мавриди орзуҳояш барои омӯзиши забонҳои мухталифи хориҷӣ нақл кард, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳо тавонист онро амалӣ намояд.
“Иҷоза надиҳед, ки касе раванди рӯъёпардозии шуморо мутавақиф кунад, ба орзу кардан ва эҷод кардан идома бидиҳед”,- гуфт Пабло.
Ананд Кришна, мудири шӯъбаи матбуот, фарҳанг ва маорифи Консулгарии генералии ИМА дар Алмато низ бо суханронии худ ба ширкаткунандаҳои ҷашнвора ангеза бахшид.
“Ҳар яки мо орзуе дорем. Агар ба коре майл дошта бошед, онро иҷро кунед, ҳамкорӣ кунед ва эҷод кунед”,- гуфт Ананд.
Дар бораи паём фикр кунед!
Ҷаласаи нахустини рӯзи дуввумро дар бахши фарҳанг Мунира Оқилова, бунёдгузори бренди “Мунир”, тренер ва коршиноси риштаи ҳунармандӣ, сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ифтитоҳ намуд. Ин ҷаласа ба мавзӯи санъат ва тарроҳӣ бахшида шуд.
Рисолати ин бренд тадқиқот, омӯзиш ва истеҳсолот дар бахши ҳунармандӣ гуфта мешавад.
“Соли 2003 омӯзгориро тарк кардам ва бо як сӯзане, ки дар даст доштам, ба соҳаи ҳунармандӣ гузаштам”,-изҳор дошт Мунира.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо талош доранд нақшу нигори суннатиро бо маҳсулоти замонавӣ омезиш бидиҳанд.
“Ҳадафи мо интиқол ва табдил додани нақшу нигорҳо дар формати нав аст”,- мегӯяд Мунира.
Вай инчунин дар бораи таърих ва маънои нақшу нигори суннатии тоҷикон, робитаи амиқи онҳо бо унсурҳои гуногуни табиат ва зиндагӣ суханронӣ кард.
“Вақте шумо тарҳи худро таҳия мекунед, дар бораи паёме фикр кунед, ки мехоҳед бирасонед”, – афзуд Мунира.
Вай нақл кард, ки чӣ гуна бо истифода аз 10 аломате, ки аксар вақт дар ҳунарҳои дастӣ истифода мешаванд, метавон аҳамияти идея ва паёмро дар маҳсулоти худ баён кард.
Санъат ҳамчун василаи тағйироти иҷтимоӣ. Таҳти чунин унвон ҷаласаи дигари бахши фарҳанг шурӯъ гардид, ки дар он Вероник Дюклер ба иштирокдорони ҷавон маслиҳатҳои муфид ироа кард. Масалан, чӣ тавр бо ёрии санъат ва эҷодкорӣ метавон худро муаррифӣ кард ва равандҳои тағйирёбии иҷтимоиро ба вуҷуд овард.
Вероник аз таърихи артивизм ва дадаизм, падидаҳои иҷтимоию сиёсӣ, ки санъат, фаъолият ва худифодасозиро муттаҳид кардаанд, суҳбат кард. Вай асарҳои Франсиско Гойя, Густав Курбе ва Марта Рослерро мисол овард, ки истисмори коргарон дар Фаронса ва ҷангҳои Испания ва Ветнамро зери интиқод гирифтаанд.
Вероник бар аҳамияти кори гуруҳи ташаббускори “Tell me sister” (Ба ман бигӯ, хоҳарам”)-и Тоҷикистон таъкид намуд. Он ҳоло ба минбари бисёре аз заноне табдил шудааст, ки бо хушунати хонаводагӣ, таъқибу нақзи ҳуқуқу озодиҳо рӯбарӯ шудаанд.
“Бархе аз занони шуҷоъ ва ҷасур ба занони шуҷоъ ва ҷасури дигар, ки садо ва имкони сухан гуфтан надоштанд, садо ва имкон фароҳам оварданд, то шунида шаванд”,- гуфт Вероник.
Вероник ба саволи иштирокдорони ҷаласа дар бораи он ки дар артивизм ва стрит-арт кадом унсурҳо муҳиманд, ҷавоб дода, қайд кард, ки “возеҳӣ, хоно будан ва ва қобили фаҳм будани паём хеле муҳим аст”.
“Одамон аз табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бояд паёми шуморо фаҳмида тавонанд”,- гуфт Вероник.
Киҳо бояд аз зеҳни сунъӣ нигарон бошанд?
Дар ҷаласаи мубоҳисавии “Татбиқи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталиф: ҷанбаҳои амалӣ ва мушкилот”, коршинос Сиёвуш Мӯъминов дар бораи чӣ гуна истифода шудани зеҳни сунъӣ дар “Алиф Бонк”-и Тоҷикистон суҳбат кард.
Аз ҷумла, зеҳни сунъӣ, маълумоти шиносномаи муштариро мехонад ва онро ба система ворид мекунад. Ҳар дуюмин дархост аз ҷониби зеҳни сунъӣ тасдиқ карда мешавад, инчунин ба нақша гирифта шудааст, ки ёвари овозӣ, системаи тавсиядиҳанда, автоматикунонии баррасии пешниҳоди қарзҳо ва ғайра роҳандозӣ шавад.
Амира Иброҳимова, ҳаммуассиси мактаби робототехника ва барномасозии “RobX”, нақл кард, ки чӣ тавр ҳангоми сохтани роботҳо аз зеҳни сунъӣ васеъ истифода мешавад. Роботҳои сохташуда бояд вақтро ҳис кунанд, дар вақти воқеӣ фикр кунанд, таҳлил кунанд, вокуниш нишон диҳанд ва вазифаҳоро дар вақти воқеӣ иҷро кунанд.
Ахлиддин Низомиддинов ба иштирокдорон моҳияти омӯзиши мошинсозӣ ва зеҳни сунъиро фаҳмонд.
Таълимоти мошинӣ алгоритмҳое мебошанд, ки ба омори математикӣ асос ёфтаанд. Зеҳни сунъӣ аз таълимоти мошинӣ, омӯзиши амиқ дар асоси шабакаҳои нейронӣ ва додаҳои бузург иборат аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар Zypl.ai дар соли 2021 онҳо ба таҳияи скоринги қарзӣ (низоме ки сатҳи қарзпазириро арзёбӣ мекунад) шурӯъ карданд.
“Барои баланд бардоштани фоизи дақиқияти пешбиниҳо бо истифода аз таълимоти мошинӣ ва зеҳни сунъӣ мо пайваста ин маҳсулотро такмил медиҳем”,- гуфт Низомиддинов.
Ба гуфтаи Манучеҳр Ғаффорзода, таълимоти мошинӣ роҳи ҳалли мушкилот бидуни навиштани код аст.
“Шумо ашёҳои зиёдеро нишон медиҳед ва зеҳни сунъӣ ба фаҳмидани он чизе ки шумо мехоҳед, оғоз мекунад”,- гуфт ӯ.
Манучеҳр Ғаффорзода ба аҳамияти додаҳои бузург барои рушди зеҳни сунъӣ таъкид кард.
“Ҳар қадар маълумот зиёд бошад, таълим додани зеҳни сунъӣ беҳтар мешавад ва пешниҳоди маълумоти дақиқтар бештар мегардад”,- гуфт Ғаффорзода.
Дар ин ҷаласа оқибатҳои манфии рушди зеҳни сунъӣ ҳам баррасӣ гардид. Амира Иброҳимова инчунин хатарҳоро қайд кард – роботҳо на ҳама вақт дуруст меомӯзанд ва метавонанд зарар расонанд, зеро дар ин соҳа то ҳол назорат ва танзим вуҷуд надорад.
“Мушкилоти асосӣ ин эътимоднокӣ ва бехатарӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва миқдори ками маълумот мебошанд. Ҳамаи ин ба мо имкон намедиҳад, ки пешбинӣ кунем, ки робот чӣ гуна рафтор мекунад”,- гуфт Иброҳимова.
Манучеҳр Ғаффорзода ду саволи муҳимро ҷудо кард: чӣ гуна бояд зеҳни сунъӣ зери назорат гирифта шавад ва чӣ гуна ба он мубодилаи арзишҳои инсонӣ омӯзонда шавад. Аввалӣ имкон медиҳад, ки зеҳни сунъӣ танзим ва назорат карда шавад, дуюмӣ бошад, барои додани параметрҳои дуруст лозим аст.
Аҳлиддин Низомиддинов дар посух ба ин пурсиш, ки дар Тоҷикистон чӣ гуна метавон бо додаҳои воқеӣ кор кард, гуфт, давоми 5 соли охир дар кишвар таҳаввулоти ҷамъоварии маълумот оғоз шудааст, аммо ҳанӯз кофӣ нест.
“Агар сухан дар бораи иқтисод бошад, пас додаҳое мавҷуданд, ки метавонем баъзе пешгӯиҳо кунем, аммо дар соҳаҳои дигар нест. Аз ин рӯ, мо ба манбаъҳои хориҷӣ, масалан, ба платформаи Kaggle муроҷиат мекунем”,- гуфт коршинос.
Сиёвуш Мӯъминов бар ин назар аст, ки дар ҳоли ҳозир зеҳни сунъӣ инсонро иваз карда наметавонад, аммо метавонад ба сиёсати ҷалби кадрҳо таъсир расонад.
“Дар ҷое мо одамонро иваз мекунем, то хароҷот ва вақтро сарфа кунем. Пеш аз ҳама, одамоне бояд нигарон бошанд, ки кори муқаррариро иҷро мекунанд. Аммо дар хотир дошта бошед, ки мутахассиси хуб ҳеч гоҳ бе кор намемонад”,-таъкид намуд Мӯъминов.
Қадам ба қадам бренди шахсиро сохтам
Ҷаласаи дигар дар бахши ВАО ба миқёси устувории ҷаҳони рақамӣ бахшида шуда буд, ки онро Меган Уорд, бунёдгузор ва мудири кулли оҷонси брендингии Femology муаррифӣ намуд.
Ӯ ҷаласаро бо ёдоварӣ аз буҳрони ҷаҳонии соли 2008, замоне ки донишҷӯи донишгоҳ буд, оғоз кард. Модараш мисли одамони зиёде аз кор маҳрум шуд ва ин чиз сабаб гардид Меган тасмим бигирад, ки ба соҳаи дизайни графикӣ ворид шавад.
“Ман мустақилона ба омӯхтани барномаҳои Adobe ва забонҳои барномасозӣ шурӯъ кардам. Ҳатто хурдтарин дастовардҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мубодила кардам ва қадам ба қадам бренди шахсии худро эҷод намудам”,- гуфт ӯ.
Вай бештар дар мавриди бренди ширкат ва бренди шахсӣ суҳбат кард.
“Бренди шахсӣ барои муаррифии бештари маҳсулот, барои аз ҷиҳати молиявӣ мустақил шудан ва пайдо кардани имкониятҳои нав ба шумо кумак мекунад”,- гуфт Меган.
Аз дурбини ларзон натарсед!
Стас Чеботар, видеосоз ва блогер дар бораи чӣ гуна “вирусӣ” кардани наворакҳои иҷтимоӣ суҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ, 4 қадами эҷоди видео вуҷуд дорад.
Қадами аввал идея аст.
“Бидуни идея ҳеч чиз буда наметавонад. Шумо бояд 24/7 муҳтаво таҳия кунед. Пайваста”,- мегӯяд Станислав.
Ӯ маслиҳат медиҳад, ки тамоми идеяҳоро ба диктофон сабт кунед ва агар идеяе надошта бошед, зеҳнро тоза кардан лозим аст.
“Вақте идеяе фикр карда наметавонам назди девори сафед менишинам. Ман ба девори сафеди холӣ нигоҳ мекунам. Тамоми фикрҳоро аз сар дур мекунам. Фикре меояд, ман онро дур мекунам. Майна дилгир мешавад. Аммо вақте иттилоъ нест, майна ба тавлиди идея шурӯъ мекунад”,- мегӯяд ӯ.
Қадами дуюм навиштани сенария аст. Сарлавҳаи видео муҳим аст, ба мухотабон маълумоти муфид бояд пешниҳод кард.
“Барои сабт кардани видео ба шумо дурбини олӣ лозим нест, ба шумо дастҳои рост ва сар лозим аст”,-таъкид намуд ӯ.
Қадами сеюм – наворбардорӣ.
“Аз дурбини ларзон натарсед. Агар шумо идеяи хеле олиҷаноб дошта бошед, он муваффақ мешавад”,- мегӯяд Чеботар.
Қадами чорум танзим аст. Ӯ барои танзими видеоҳо барномаи CapCut-ро пешниҳод кард.
“Рақсҳо ё гурбаҳоро навор нагиред, чунин наворҳоро нақдинасозӣ кардан душвор аст. Беҳтараш коршиносии худро дар бахши мавриди алоқаи худ нишон диҳед”,- маслиҳат дод Чеботар.
Ҷаласа бо бозӣ анҷом ёфт. Иштирокдорон ба гуруҳҳо тақсим шуда, наворҳои кутоҳ сабт карданд. Ғолибон ба машварати яксоати ройгон, ки Станислав Чеботар баргузор мекунад, роҳ ёфтанд.
Катони рақамӣ: Омӯзиши воқеияти васеъшуда дар санъат
Меҳмони махсус аз Қазоқистон, тарроҳи 3D CG ва рассом Жанар Абраева дар бораи воқеияти афзоишёфта ва маҷозӣ сухан гуфт.
Ҳадафи ин ҷаласа нишон додани паҳлӯи графикаи виртуалӣ аз нуқтаи назари рассом буд.
Дар вақти қарантина Жанар ба сохтани либосҳои виртуалӣ шурӯъ кард.
“Дар давраи қарантин талабот ба либосҳои виртуалӣ афзоиш ёфт, он вақт ман ба омӯзиши ин соҳа шурӯъ кардам”,- мегӯяд ӯ.
Ба таъкиди Жанар, ҳамаи мутахассисон, новобаста аз он ки чӣ кор мекунанд, набояд аз баёни худ дар интернет ҳарос дошта бошанд.
“Намояндагони ҳамаи ихтисосҳо бояд намунаи корҳояшонро дар интернет нашр кунанд – кор, равандҳои фаъолияти худро нишон диҳед, зеро аз рӯи таҷрибаи ман, шумо билохира мухотабон, пасон менеҷер ва баъди ин ҷойи кор пайдо мекунед”,- маслиҳат медиҳад Абраева.
Вай инчунин дар бораи ниқобҳои AR, ки аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Instagram васеъ истифода мешаванд, сухан гуфт.
“Одамон аз чунин ниқобҳо барои эҷоди эфекти шигифтангез дар муҳтавои саҳифаи худ истифода мекунанд” – мегӯяд Жанар.
Тарроҳон дар кори худ либосҳои виртуалиро васеъ истифода мебаранд.
“Ин як барномаи олиҷанобест, то аввал тарроҳиро дидорисозӣ карда, вокуниши мухотабонро бубинед, ки оё ба онҳо писанд аст ё на. Агар он писанд омад, барои тавлиди он иқдом мекунед”,- гуфт Абраева.
Дар охири ҷаласа Жанар дарси маҳорат баргузор кард, ки иштирокдорон тавонистанд тарзи сохтани ниқобҳои AR-ро барои Instagram биомӯзанд.
Аз нишон додани чеҳраи худ натарсед
Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар бахши фарҳанг ба мавзӯи паҳн кардани ғояҳои муҳими иҷтимоӣ дар Instagram бахшида шуда буд ва онро Фарзона Саидзода, намояндаи гуруҳи ташаббускори “ Tell me sister” баргузор кард.
Фарзона ба аҳамияти сторителлинг тавассути чеҳраи инсон, таърих, эҳсос, таҷриба ва шодии он таъкид кард.“Хеле муҳим аст, ки саҳифаи шумо бидуни чеҳра набошад, аз нишон додани чеҳраи худ ва сухан гуфтан бо аудитория натарсед”,- гуфт Фарзона.
Фарзона дар бораи таблиғи идеяҳои муассири дорои аҳамияти иҷтимоӣ суханронӣ карда, ба иштирокдорони ҷаласа тавсия дод, ки ҳангоми эҷоди муҳтаво содагӣ ва кӯтоҳиро фаромӯш накунанд ва ҳамчунин ҳангоми таблиғи як масъалаи иҷтимоӣ гуруҳи ҳамфикронро дошта бошанд.
“Агар шумо хоҳед, ки як лоиҳаи иҷтимоиро оғоз кунед ва онро пеш баред, анҷоми ин кор дар сурате осону роҳат аст, ки агар тими худро дошта бошед”,-илова кард Фарзона.
Дар хотимаи ҷашнвора консерт баргузор шуд. Ҷашнвораҳои навбатии минтақавии Go Viral дар Остона ва Ишқобод баргузор мешаванд.