Макомоти Тоҷикистон хулосаҳои коршиносони байналмилалиро дар бораи набудани шаффофият дар буҷаи кишвар рад мекунанд. Бо вучуди ин, коршиносон мегӯянд, шумораи бандҳои махфии буҷед танҳо дар солҳои охир афзудааст.
Тоҷикистон дар рӯйхати Тадқиқоти умумиҷаҳонии буҷаи кушода (OpenBudgetSurvey) давоми соли 2020 дар пойни руйхат қарор дорад.
Тавре ба CABAR.asia Уктам Ҷумаев, коршинос оид ба шаффофият ва ҳисоботдиҳии буҷати давлатии Иниститути Ҷамъияти кушодаи Бунёди СОРОС – Тоҷикистон (ҳамзамон пажуҳишгар оид ба шарики Байналмилалии буҷетӣ) шарҳ дод, ки баъзе ҳуҷҷатҳои буҷети кишвар маълумоти ҳадди ақалро дорад.
«Дар марҳилаҳои иҷро ва назорати буҷа ҳисоботи солона ба нашр нарасид. Ҳамчунин ҳисоботи аудитӣ низ барои омма дастрас нест. Версияҳои шаҳрвандии ҳисоботи солона, семоҳа ва аудитӣ таҳия ва нашр карда намешавад», – гуфт вай.
Гузашта аз ин, ба гуфтаи вай, раванди буҷет «қариб пурра набудани шаффофият» ва сатҳи пасти иштироки ҷомеа дар ташаккули он тавсиф мешавад.
Тибки Тадқиқоти кушодаи буҷа, Тоҷикистон бо 17 имтиёз (нокифоягии шаффофият ва ё набудани он) аз 100 имтиёзи имконпазир дар байни 117 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 101 – ум қарор дорад. Ҳамзамон нишондоди миёнаи ҷаҳонӣ 45 холро ташкил медиҳад (шаффофияти маҳдуд).
Кишвари ҳамсояи Қирғизситон 63 имтиёз (шаффофияти назаррас). Қазоқистон -58 (маҳдуд), Ӯзбекистон ва Туркманистон дар рейтинг шомил нашуданд.
Тоҷикистон дар соли 2012 ба тадқиқоти шохиси буҷети кушод шомил шуда, аз 100 холи имконпазир танҳо 17 хол гирифт. Холи баландтарин – 30 (ҷойи 81-ум дар байни 102 кишвар) – соли 2016 ба даст омадааст.
Вазорати молия эътироз мекунад ва сомонаи навро ваъда медиҳад
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти хабарии моҳи август изҳор дошт, ки ӯ то ҳол бо рейтинги навшудаи OpenBudgetSurvey шинос нашудааст.
«Гумон дорам, мо бояд бо он шинос шавем, ва агар онҷо ягон носаҳеҳӣ вуҷуд дошта бошад, мо бояд муаллифони рейтинггро барои бознигарии арзёбии худ даъват кунем. Аниқ кардан лозим аст. ки онҳо маълумоти заруриро аз куҷо гирифтаанд ва дар асоси чӣ ба ин хулоса расидаанд» – гуфт вазир.
Ба қавли вай. Вазорати молия дар чаҳорчӯби тартиби муқарраршуда дар кишвар, солҳои охир ҳамкориро бо шарикони байнамилалии рушд тақвият додааст.
«Мо намедонем, ки тибқи кадом меъёрҳо, бо истифодаи кадом маълумотҳо онҳо ба ин хулоса расиданд. Бо масъулияти комил гуфта метавонам, ки ҳамаи нишондиҳандаҳои марбут ба буҷет бо истиснои рақамҳои мақомоти дифоъ ҳифзи ҳуқуқ, суд ва прокуратура, ки маълумотҳои махфӣ ҳисоб мешаванд, дар сомонаи мо дастрас мебошад», – қайд кард вазир.
Вай хабар дод, ки дар ояндаи наздик сомонаи нави мукаммалтарини Вазорати молия ба кор оғоз мекунад, ки дар он маълумоти муфассал дар бораи ҳамаи соҳаҳои бахши молия нашр хоҳад шуд.
«Ба ҳар сурат, барои баҳодиҳӣ ташаккур мегӯем. Мо хоҳем донист, ки дар куҷо хатогӣ дорем ва кӯшиш мекунем, то дастрасии маълумотро беҳтар намоем, ва дар ниҳоят на дар охири рейтинг, балки дар ҷойи 30 ё ҳадди ақал дар ҷойи 40-ум қарор гирем», – афзуд вай.
Ба қавли коршиносон, дар ҳақиқат, давоми се соли охир пас аз таъини Қаҳҳорзода ба сифати роҳбари идораи мазкур, маълумотҳои оид ба истифодабарии буҷа хеле дастрас гардиданд. То ин дам, чунин маълумотҳо дар сомонаи Вазорати молия хеле дер нашр мегардид, ва табиист, ки он то андозае аҳамияти худро гум мекард. Масалан, маълумот дар бори иҷрои буҷет дар семоҳи аввали соли 2019 танҳо дар моҳи июли ҳамон сол нашр карда шуд. Имсол маълумот дар ҳамин давра дар сомонаи вазорат дар миёнаҳои моҳи апрел нашр шуд, ва маълумоти нимсола – дар моҳи июл, яъне, се моҳ пештар нисбати соли 2019 пайдо шуданд.
Шояд, ба ин тағйирот қарори ҳукумат се сол пеш мусоидат карда, ба Вазорати молия супориш дода шуда буд, ки дар сомонаи худ оид ба иҷрои буҷет барои ҳар семоҳа саривақт – дар моҳи пас аз ин давра нашр кунад.
Аммо Вазорати молияи Тоҷикистон чун пештара маълумот оид ба буҷаи шахрвандонро – на нусхаи ғайритехникии буҷети давлатӣ, барои он таҳия мешавад, то оммаи васеъ дарк кунад, ки маблағхои давлатӣ барои чӣ сарф мешаванд, нашр намекунад.
Барои муқоиса дар Қазоқистон буҷаи шаҳрвандӣ аз соли 2011 нашр мешавад.
Чӣ намерасад?
Тадқиқотгари кишвар оид ба Шарикии байналмилалии буҷетӣ Уктам Ҷумаев ба CABAR.asia гуфт, ки Индекси буҷети кушод дар асоси якчанд санҷишҳои байнисоҳавӣ: пурсиши коршиносони мустақил, таҳлили маълумот ва шарҳои Вазорати молия тартиб дода шудааст.
«Дар ниҳоят мо ҳамачиро ҳисоб мекунем ва хулоса мебарорем», – гуфт вай.
Ба мушкилоти асосие, ки ба шаффофияти буҷет монеъ мешавад, вай пеш аз ҳама ба нашри бемаҳали мундариҷа ва маълумоти камёфт дар ҳуҷҷатҳои нашршуда ишора мекунад.
«Яъне, маълумоти пуррае, ки бояд дар ин ҳуҷҷатҳо бошад, ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест», – гуфт Ҷумаев.
Ғайр аз ин на ҳама ҳуҷҷатҳо ба талаботи мундариҷа ҷавобгӯ аст. Масалан, ба лоиҳаи буҷа бояд 7-8 ҳуҷҷати иловагӣ ворид гардад, ки мардум то қабули қонун ба он дастрасӣ дошта бошад.
«Аммо ин ҳуҷҷатҳо, ки бояд маълумоти бештарро ошкор созад, муттаасифона мавҷуд нест», – гуфт коршинос.
Таҳлилгари масоили молиявӣ Акбар Саидов, ки дар соҳаи андоз ва буҷаи кишвар таҷрибаи корӣ дорад, бо камбудиҳои дар татқиқот нишондодашуда розӣ аст.
«Дар буҷети тасдиқшудаи давлатӣ ҳатто тақсимоти маълумот барои ҳар вазорат ва идора мавҷуд нест. Маълумот дар бораи хароҷоти соҳаҳои алоҳида ҷамъбаст ва дар як параграф оварда шудааст. Масалан, маълумот дар бораи «хоҷагию манзилӣ, ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал», «саноат ва сохтмон», – гуфт таҳлилгар.
Коршиносон ҳамчунин ба он таваҷҷуҳ кардаанд, ки дар буҷа як банди «хароҷоти дигар» аст, ки дар соли равон тақрибан 15% -и маблағи буҷа (беш аз 3 млрд. сомонӣ ё 262 млн. доллари ИМА) ҷудо мешавад. Маълум нест, ки ин маблағҳо ба чӣ сарф мешаванд.
Рӯзноманигори мустақил Валентина Касымбекова мегӯяд, ки дар даҳ соли охир дар қонуни нашршудаи буҷа 22 сатр бароварда шудааст. Аз ҷумла, ин маълумот доир ба хароҷоти мудофиа ва маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судӣ ва прокуратура мебошад.
«Ғайр аз ин, барои омма буҷаи палатаи болоӣ ва поёнии парлумон пӯшида гардидааст. Комиссияи марказӣ ва райъпурсӣ, Дастгори иҷроияи Президенти ҶТ, хароҷоти сафарҳои кории хориҷии намояндагони мақомот, ҳамлу нақли ҳавопаймоҳо ва дигар хароҷотҳо», – қайд кард Касымбекова.
Ба гуфтаи рӯзноманигор, пештар ин маълумотҳо ошкорро буданд.
«Маълум аст, ки ин ба беҳбудӣ ва амнияти Тоҷикистон осеб нарасондааст», – гуфт Касымбекова.
Иқтисодшиноси тоҷик, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт мақомот ба талошҳои касе, ки ба сиёсати буҷет таъсир мерасонад, хеле ҳассос аст. Тибқи ҳисобҳои ӯ, ҳоло дар маҷмуъ тақрибан 20 дарсади хароҷоти буҷет зери соя қарор дорад.
«Мақомот бар он боваранд, ки тақсим намудани маблағҳои буҷа – ин инҳисори шахсии онҳост. Онҳо ҳарос доранд, ки дар як лаҳза мардум аввал ба хароҷоти мақсаднок таваҷҷуҳ мекунанд, ва баъдан эҳтимол дорад ҳатто масъалаи назорати шаҳрвандӣ барои истифодаи маблағҳои шаҳрвандӣ ба миён ояд», – гуфт иқтисодшинос.
Ҳамзамон, ба қавли вай, мақомоти кӯшиш мекунанд маоши бархе категорияҳои хизматчиёни давлатиро пинҳон кунанд. Пеш аз ҳама, ин маоши кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, додгоҳҳо, додситонӣ аст, ки ҳаҷми онҳо дар воқеъ нисбатан ночиз аст.
«Ба мардум фаҳмонидан мушкил аст, ки бо чунин даромади кам мансабдорон барои машинаҳо гаронарзиш ва қасрҳои зебо аз куҷо маблағ меёбанд», – гуфт ҳамсуҳбати CABAR.asia.