Давоми чанд моҳи охир дар Тоҷикистон пулис се блогерро бо гуноҳи бадахлоқӣ боздошт кард. Коршиносон мегӯянд ба ин васила мақомот мехоҳанд назорат аз болои афкори ҷомеаро пурзӯр намоянд.
18-уми январ Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе блогери 21-сола Ҳабибулло Ҳимматзодаро барои 5 шабонарӯз боздошт кард. Ӯро дар «паҳн кардани наворҳои таҳқиромез, истифодаи алфози қабеҳ ва бадахлоқона» айбдор мекунанд.
Моҳи декабр қабл аз ин бо ҳамин гуноҳ сокини Душанбе Саида Латифоваи 28-соларо низ ҷарима карданд. Маблағеро, ки вай бояд пардохт мекард, мақомот ошкор накарданд. Ба гуфтаи пулис, блогер «ҳангоми пахши мустақим дар шабакаи иҷтимоии Tik-Tok дигар ҳамсуҳбатони худро дашномҳои қабеҳ додаст».
На дар ҳодисаи аввал ва на дар дуввумӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дақиқ намегӯянд, ки маҳз кадом вожа ва ибораҳо сабаби боздошти онҳо шуданд. Аммо аксҳои блгеронро бо дастони завлонабаста нашр карданд.
Сару садоҳои бештарро дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошти сокини 19-солаи шаҳри Бӯстон Фотима Қурбонова моҳи ноябри соли 2022 ба бор овард. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ӯро дар «паҳн кардани наворҳои хусусияти шаҳвонӣ ва истифодаи суханони таҳқиромез» муттаҳам кардааст. Дар ҳамин ҳол мақомот мушаххас накардаанд, ки сухан маҳз дар бораи кадом навор меравад.
Фотима Қурбоноваро дар шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо бо як ибора мешинохтанд: «Дар берун онқадар сард аст, ки ҳатто тухмҳои шумо ях мекунад». Бо қарори додгоҳ ӯ ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс карда шуд.
Пас аз боздошти Қурбонова истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии тоҷик ба ду гуруҳ ҷудро шуданд. Дар гуруҳи аввал, ки бештар одамони диндор буданд, аз рӯйи дарки фаҳмишашон ва хусусияти муҳтавои шахсиашон қарори мақомотро дастгирӣ карданд. Онҳо ҳатто талаб карданд, ки барои духтар ҷазои сахтар дода шавад. Гуруҳи дигар, аз ҷумла фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ баён доштанд, ки дар давлати демократӣ барои ибрози андеша, ҳатто агар он суханони қабеҳ бошад, набояд боздошт ва зиндон кард.
Дар хадамоти матбуотии Идораи пулиси пойтахт гуфтанд, ки ҳадаф аз ин иқдом «баланд бардоштани маърифатнокию одоби истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани фарҳангу ҳуввияти миллӣ ба шумор меравад».
Коршиноси соҳаи ВАО-и тоҷик Абдумалик Қодиров чунин мешуморад, ки мақомот бо чунин амалашон чанд ҳадафро таъқиб мекунанд.
«Ҳадафи якум – назоратро аз болои афкори умум пурзӯр намудан, аниқтараш аз болои онҳое, ки афкори оммаро ба вуҷуд оварда метавонанд. Дуюм – вонамуд мекунанд, ки мақомот кор карда истодааст, ҳарчанд тарбияи блогерон вазифаи онҳо нест», – гуфт Қодиров.
Вай қайд мекунад, ки мақомот дар талоши танзими афкори ҷомеа ба ҳадде рафтаанд, ки худашон намедонанд, ки чӣ кор мекунанд.
Ба ҷуз аз ибораи умумии «навори дорои хусусияти шаҳвонӣ» ва «истифодаи алфози қабеҳ ва бадахлоқона» мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нишон надодаанд, ки блогерҳо дар асоси кадом қонуни мушаххас муҷозот шудаанд. Онҳо низ пас аз озод шуданашон дар ин бора чизе намегӯянд.
Абдумалик Қодиров мегӯяд, ки мушкил дар он аст, ки меъёрҳои ахлоқӣ – як бахши аз ҳад зиёд норӯшан аст. Чунин номуайянӣ, ба ақидаи таҳлилгар, ба мақомот иҷозат медиҳад, ки ҳар нафареро гӯё барои алфози қабеҳаш ҷазо диҳад.
«Мақомот ба ин тариқ хати муайяне кашида, фикр мекунад, ки аз рӯйи он рафтори шаҳрвандонро баҳогузорӣ карда метавонанд. Рафтори блогерони мо ғайриқонунӣ нест. Аммо мақомоти мо ҳар як сухани дағалонаро, ки қонун манъ накардааст, баҳона меоранд, то аз ҳаво парвандаҳои нав эҷод кунанд», – мегӯяд Қодиров.
Ба ақидаи рӯзноманигори тоҷик Ёқуб Ҳалимов, мушкили асос ӣ дар он аст, ки аксари истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ин кӯшишҳои мақомотро дастгирӣ карданд ва ин ба он оварда расонид, ки мақомот фишор болои блогерон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро пурзӯр кунанд.
«На ҳар нафаре, ки ҷазо мегирад, блогер аст. Корбарони оддӣ низ ҳастанд, ки гоҳ-гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо нашр мекунанд ва чизе менависанд. Ҳоло онҳо корбарони оддии шабакаҳои иҷтимоиро низ барои бадахлоқӣ ва бетартибӣ муҷозот мекунанд», – афзуд Ҳалимов.
Ба гуфтаи вай, натиҷа метавонад боздошти доимии корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ барои 5-10 шабонарӯз бо баҳонаҳои гуногун шавад.
Дар Раёсати пулиси шаҳри Душанбе ҳамчунин қайд мекунанд, ки «ин амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аз ҷониби шаҳрвандон дастгирӣ ёфт, дар оянда низ идома хоҳад ёфт» . Аммо коршиносон мегӯянд, ин боиси маҳдуд шудани ҳуқуқ ва озодии инсон мешавад.
Коршинос Абдумалик Қодиров бар ин назар аст, ки боздошти блогерон боиси маҳдуд шудани ҳуқуқи одамон ва афзоиши ҳукмҳои ғайриқонунӣ мегардад.
«Дар натиҷа чунин мешавад, ки бе иҷозати мақомот шумо дигар ба ҳеҷ чизе ҳуқуқ надоред. Шумо наметавонед ҳатто аз он ҳуқуқҳое, ки дар Конститутсия ба шумо дода шудааст, истифода баред. Дар натиҷа мо дар давлати пулисӣ қарор мегирем», — гуфт Қодиров.