Бо шурӯи фасли тирамоҳ шикояти сокинони манотиқи Тоҷикистон аз қатъ шудани нерӯи барқ дигарбора зиёд шуд. Онҳо мегӯянд, набудани барқ дар фасли сармо зиндагии онҳоро душвор ва хароҷоташонро бештар мекунад.
Файзигул Раҳимова, сокини деҳаи Лолазори ҷамоати Машъал (ноҳияи Вахши вилояти Хатлон) чанд сол аст, ки бо наздик шудани сармо бо мушкили маҳдудияти нерӯи барқ мувоҷеҳ мешавад.
“Барқро қатъ мекунанд, хонаҳо зуд хунук мешавад. Вақте ҳезум ва дигар сӯзишворӣ тамом мешавад, зиндагӣ боз душвортар мегардад. Рӯзҳои барф чӣ тавр хонаро гарм карда, хӯрок пазам? Шабона ҳамагӣ чанд соат барқ медиҳанд, рӯзона умуман барқ надорем”,- мегӯяд Раҳимова.
Ба гуфтаи ӯ, маблағе ки шавҳараш аз муҳоҷирати меҳнатӣ мефиристад, барои харидани ҳезум ва дигар маводи сӯхт кофӣ нест.
Дилдора, як сокини ноҳияи Данғара мегӯяд, хонаводаи онҳо ҳанӯз дар фасли тобистон барои омодагӣ ба қатъ шудани нерӯи барқ маводи сӯхт захира мекунад.
“Тобистон таппак мекунем ва дар сардӣ хонаро бо он гарм нигоҳ медорем”,- мегӯяд Дилдора.
Аммо ба гуфтаи вай, на ҳамаи сокинон чорвои хонагӣ доранд, то барои зимистон таппак захира кунанд.
Назокат Ҳусейнова, сокини ноҳияи Кушониён гуфт, имсол ду тонна ангишт харидааст. Аммо агар зимистон сарду тӯлонӣ бошад, ин барои оилаи ӯ, ки аз 12 нафар иборат аст, кофӣ нахоҳад буд.
“Умедворам ки маҳдудияти нерӯи барқ бардошта мешавад. Хонаводаи мо калон аст ва бе нерӯи барқ бароямон мушкил мешавад. Дар деҳот на ҳар кас имкони харидани ангиштро дорад. Мардум барои гарм кардани хонаҳояшон дарахтонро мебуранд”,- илова мекунад Назокат.
Мақомоти вилояти Хатлон маҳдудияти нерӯи барқро тасдиқ мекунанд, аммо онро як мушкили муваққатӣ медонанд.
Ба гуфтаи сармуҳандиси “Шабакаҳои барқи ҷануб” Раҷабалӣ Бояков, мақомот шабона аз соати 17:00 то 00:00 ва субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ба аҳолӣ нерӯи барқ медиҳанд.
“Президент дар шаҳри Норак мушкили энергетикиро баррасӣ карда, дар бораи зарурати сарфаи нерӯи барқ сухан ронд. Мо намедонем, ки ин то кай давом мекунад, аммо дар рӯзҳои сарди зимистон мардумро бо нерӯи барқ таъмин хоҳем кард”,- гуфт Бояков.
Корманди дигари ҳамин ниҳод тавзеҳ дод, ки маҳдудият танҳо дар деҳот амал мекунад, марказҳои шаҳру ноҳияҳо бидуни маҳдудият бо нерӯи барқ таъмин ҳастанд.
Матлуба Хушматова, сокини ноҳияи Қубодиён корхонаи хурди коркарди шир дорад. Аммо бо далели маҳдудияти нерӯи барқ аз моҳи октябр ба ин сӯ муваққатан фаъолият намекунад.
“Танҳо дар фасли баҳор, ки лимит бардошта мешавад, ба кор шурӯъ мекунем, зеро коргоҳи мо рӯзона бе барқ кор карда наметавонад”,- иброз дошт Хушматова.
Вай афзуд, дар сурати набудани нерӯи барқ шир ва дигар маҳсулот зуд вайрон мешаванд.
Нурия Гулбиддинова, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷбур шуд, маоши моҳонаи худро барои харидани ангишт, ҳезум ва шамъ сарф кунад.
“Барои хӯрдан, ҳоло маҷбурам, ки қарз бигирам. Мо омодаем, ки пули барқро сари вақт пардохт кунем, аммо талаб дорем, ки нерӯи барқ бидуни маҳдудият дода шавад”,- шикоят мекунад Гулбиддинова.
Ҷорӣ шудани лимити барқ дар шаҳру ноҳияҳо на танҳо зиндагии сокинонро дар рӯзҳои сарди тирамоҳу зимистон мушкил мекунад, балки ба раванди таҳсил ҳам халал мерасонад.
Ҳабибулло Мусоев, директори мактаби №26-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мегӯяд, онҳо наметавонанд ба хонандаҳо дарси информатика омӯзонанд, зеро рӯзона барқ нест ва компютерҳо кор намекунанд.
Назар Шодалиев, омӯзгори мактаби миёна аз ноҳияи Шаҳритус мегӯяд, хонандаҳо аз дарс ақиб мондаанд.
“Рӯзона барқ нест, хонандаҳо дар дарсҳое, ки компютерҳои синфӣ истифода мешаванд, иштирок намекунанд. Мо худамон субҳ ба кор меоем, пеш аз он ки чой омода шавад, барқ хомуш мешавад. То бегоҳ як пиёла чойи гарм нӯшида наметавонем. Дар мактаб нерӯи барқ нест ва шароити мо бад аст”,- мегӯяд манбаи CABAR.asia.
Идораи хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки бо фарорасии сардиҳо буридани дарахтон зиёд мешавад.
Ба хусус аксар вақт сокинон барои гарм кардани манзилҳои худ дарахтони писта ва бодоми талхро ғайриқонунӣ мебуранд.
Ба гуфтаи Зуҳрубек Шарифов, намояндаи ин ниҳод дар ноҳияи Кӯшониён, ҳамасола то 10 нафарро, ки барои гарм кардани хонаҳояшон ба буридани дарахтон мераванд, боздошт ва ҷарима мекунанд. Ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқ ба мавсими сармо рост меояд ва мардум маҷбуранд барои гарм кардани манзилҳояшон дастбакор шаванд.
Исломиддин Умронов, як сокини ноҳияи Кӯшониён, ки дар бозори “Фаровони”-и шаҳри Бохтар ба фурӯши бухорӣ ё печҳои худсохт машғул аст, мегӯяд, пас аз ҷорӣ шудани маҳдудияти нерӯи барқ теъдоди муштариёнаш афзоиш меёбад.
“Дар бозор печҳои худсохт мефурӯшам, ки бо ҳезум ва ангишт кор мекунанд. Аз сабаби маҳдудияти нерӯи барқ тиҷорати ман пешрафт кард – ҳоло рӯзона то даҳ печ мефурӯшам. Ман ҳам дар деҳот зиндагӣ мекунам ва танҳо дар соатҳои муайян барқ медиҳанд”,- мегӯяд Умронов.
Вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои сераҳолии Тоҷикистон аст, ки 90 дарсади сокинони он дар деҳот ба сар мебаранд. Ҳамасола аз тирамоҳ то баҳор сокинон инҷо ба мушкили маҳдудияти нерӯи барқ мувоҷеҳ мешаванд.