Ширкаткунандаи мактаби таҳлилии CABAR.asia, Азиз Тимуров, мегӯяд, ки “сиёсати осмонҳои боз ё озодсозии бозори миллии ҳамлу нақли ҳавоӣ метавонад барои афзоиши вуруди гардишгарони хориҷӣ ба кишвар замина фароҳам кунад.”
Ба канали мо дар Telegram обуна шавед!
Қӯи сиёҳ ва панҷараи фурсатҳо
Оғози соли 2020 ғанӣ аз рӯйдодҳое буд, ки камтар касе интизор дошт – рӯйдодҳои ғайри қобили пешбинӣ, ки маҷозан қӯҳои сиёҳ хонда мешаванд. Ин рӯйдодҳо маъмулан дунёро дигаргун месозанд. Яке аз ин қӯҳои сиёҳ ҳамагир шудани бемории COVID-19 аст, ки то кунун осебҳои ҷиддие ба иқтисоди ҷаҳонӣ задааст.
Бар асоси пешбиниҳо, ин буҳрон Тоҷикистонро дастикам бо коҳиши рушди иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад кард. Бонки Ҷаҳонӣ тахмин мезанад, ки тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистон дар соли 2020 фақат 1-1.7 дарсад рушд хоҳад кард, дар ҳоле ки ин шохис дар соли 2019 муодили 7.5 дарсад будааст. [1] Ба назари бархе аз коршиносон, Тоҷикистон базудӣ аз пулҳои интиқолии муҳоҷирон ҳам маҳрум хоҳад шуд ва даромади буҷҷааш ба таври чашмгире коҳиш хоҳад ёфт. Тиҷорат ва касбу корҳои хурду мутвассит дучори буҳрони шадиде хоҳанд шуд. [2]
Бо итминон метавон дар бораи таъсири манфии буҳрон дар бахши гардишгарии Тоҷикистон суҳбат кард. Соли 2019 теъдоди 1.2 миллион гардишгар аз ин кишвар боздид кардаанд. [3] Даромади ҳосил аз хадамоти гардишгарӣ ҳудуди 41,7 млн долларро ташкил додааст. Фурӯши билети ҳавопаймо ба гардишгарон низ 267,5 млн. доллар ба кишвар даромад овардааст.
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, ки ҳар меҳмони хориҷӣ илова бар пардохти билети ҳавопаймо, ба таври мутавассит аз 800 то 1400 доллар барои 6-12 рӯзи иқомати худ дар Тоҷикистон харҷ мекунад.[4] Агар ин додаҳо саҳеҳ бошад, пас метавон гуфт, ки соли гузашта аз бахши гардишгарӣ аз 960 млн. то 1,68 млрд доллар сармоя ба кишвар ворид шудааст. Агар буҳрони ҷорӣ то поёни нимсолаи аввал идома ёбад, пас зиёни ворида аз он аз 480 млн. до 840 млн. долларро ташкил хоҳад дод. [5]
Аммо дар канори буҳрон равзанае аз фурсатҳои тоза ва заминаҳои ҷадиде барои рушди иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши гардишгарӣ, фароҳам шудааст. Бар ҳамин асос, барои зимомдорон ин фурсат фароҳам шудааст, ки бо сабақ гирифтан аз таҷрубаи ҳамсоягон Тоҷикистонро дар ояндаи наздик ба кишваре рақобатпазир дар арсаи гардишгарӣ табдил бидиҳанд.
Тангнои рушди гардишгарӣ куҷост?
Тоҷикистон барои касби сармоя аз гардишгарон бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, бавижа Узбакистону Қирғизистон, рақобат мекунад.
Таваҷҷуҳ ба ин нукта бисёр муҳим аст, ки бештарин даромадро аз гардишгарӣ муассисоте ба даст меоранд, ки хориҷиён ҳангоми вуруд ба кишвар нахуст ба онҷо қадам мегузоранд. Гардишгарӣ ҳамин гуна арсаест, ки гомҳои ҷасуронаи ислоҳот дар кишварҳои ҳамсоя метавонад ҳосили ҳама гуна «суҳулатҳоро» барбод диҳад [6].
Барои мисол, ҳамсоягони наздики Тоҷикистон дар минтақа то кунун тадобири ҷиддие барои озодсозии бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ анҷом додаанд. Аз ҷумла, Узбекистон дар соли 1998 тавофуқномаи дуҷониба бо Иёлоти Муттаҳида дар бораи «осмонҳои боз»-ро имзо кард ва акнун танҳо кишвари минтақа аст, ки парвозҳои мустақим ба Амрикои Шимолӣ дорад. Дар соли 2012 Қирғизистон ҳам ширкати Turkish Airlines-ро аз озодии панҷуми ҳавоӣ бархурдор сохт. Ҳоло ин ширкат метавонад парвозҳое аз Истамбул ба Улан-Батор ва бозпас аз тариқи Бишкек анҷом бидиҳад. [7]
Дастрасии Тоҷикистон ба фурудгоҳҳои бузурги ҷаҳонӣ маҳдуд аст. Парвозҳои мустақим аз инҷо ба кишварҳое, ки мабдаъи сафари теъдоди зиёде аз гардишгарон маҳсуб мешаванд, хеле кам аст. [8] Мавқеъияти мумтозе, ки ширкатҳои маҳаллӣ дар бозори мусофирбарӣ ва ҳамлу нақли ҳавоӣ аз он бархурдоранд (дарвоқеъ, монополия ё инҳисори пинҳони онҳо), аз пешрафти санъати гардишгарии Тоҷикистон монеъ мешавад. [9] Фарзан, агар мо бихоҳем барои наздиктарин парвози оянда билет бихарем, қиматҳо метавонад ба шакле бошад, ки дар тасвири 1 омадаааст.
Гардишгарони хориҷӣ, ки тасмим ба мусофират мегиранд, омилҳои содае чун харҷи роҳ ва осонии масирро дар назар мегиранд. Дар чунин шароите, рӯйкарди «осмони баста» ба пойин рафтани сатҳи рақобатпазирии Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои ҳамсоя мунҷар мешавад.[10]
Манзур аз «осмони баста» вуҷуди монеъаҳо дар вуруди бозигарони хориҷӣ, масалан ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ё хутути ҳавоии камҳазина, ба бозори ҳамлу нақли ҳавоии кишвар аст. Албатта, ҳеч замонате вуҷуд надорад, ки баъд аз озодсозии ҳарими ҳавоии кишвар ширкатҳои ҳавопаймоӣ вориди бозор шаванд. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд шароити дигаре ҳам фароҳам шавад.
Барои муддати тӯлонӣ муштариёни аслии ширкатҳои ҳавопаймоӣ муҳоҷирони кории тоҷик буданд. Дар солҳои фаровонии кори муҳоҷирон пулҳои интиқолии онҳо 49.6% дарсади тавлиди нохолиси дохилии Тоҷикистонро ташкил медод. [11] Дар чунин вазъияте ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ангезаи камтаре ба эҷоди дигаргунӣ дар бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ доштанд.
Рукуди иқтисодӣ, аз равнақ уфтодани бозори кори Русия ва сиёсатҳои сахтгиронаи Кремлин дар заминаи муҳоҷират ба коҳиши пулҳои интиқолӣ ва маҳдудияти шароит барои муҳоҷирати бахши аъзаме аз тоҷикон ба Русия мунҷар шудааст. Ҳамагирии бемории COVID-19 ин вазъиятро боз ҳам бадтар кардааст.
Ҳазинаҳои зиёд барои хариди маводди сӯхтии гаронқимати ҳавопаймо ва таъруфаҳои болои хадамоти фурудгоҳ боиси боло рафтани нархи билети ҳавопаймо мешавад. Барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ ингуна ҳазинаҳои боло монеъи дигаре барои вуруд ба бозори ҳамлу нақли ҳавоии Тоҷикистон аст.
Бо таваҷҷуҳ ба ингуна ҳазинаҳои боло, ҳатто ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон худашон маҷбуранд дар фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя сӯхтгирӣ кунанд. Ин амр ҳам боиси нороҳатии мусофирон мешавад ва ҳам обруву эътибори ин ширкатҳоро ба хатар меандозад. [12] Эҳтимоли ин ки як ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ ё як хати ҳавоии камҳазина бихоҳад бо ҳазинаҳои болои ҳамлу нақл ба Тоҷикистон парвоз анҷом диҳад, бағоят андак аст. Тасвири 2
Лозим аст тангнои арсаи гардишгарӣ, ё бахши мушкилофарини ин арса, ки монеъи рушду тавсеъаи он мешавад, шиносоӣ шавад. Аз пайдо шудани хоҳиши сафар ба Тоҷикистон, то амалӣ шудани ин нияти гардишгари хориҷӣ мавонеъи бисёреро метавон интизор дошт. Дар ҳоли ҳозир, имкони дастрасии мустақим ва арзон ба Тоҷикистон тангнои санъати гардишгарӣ ва сиёсатҳои марбут ба он аст.
Оё «осмони боз» ба равнақи гардишгарӣ кумак мекунад?
«Осмонҳои боз» – таҷрубае байналмилалӣ барои озодсозии бозорҳои ҳамлу нақли ҳавоӣ аст, ки дар он назорати давлат бар таъйини масирҳо, мақсадҳо, ҳаҷму ҳазинаи билети ҳавопаймо ва бору коло, ва дигар маҳдудиятҳо лағв мешавад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ метавонанд ба таври муштарак аз рамзҳо истифода кунанд ва ҳавзаи қазоӣ барои парвозҳои чартери ё тиҷориро интихоб кунанд.[13] То кунун беш аз 400 тавофуқнома дар бораи «осмонҳои боз» дар ҷаҳон имзо шудааст ва беш аз 20 кишвар ба таври якҷониба ин сиёсатро ба роҳ андохтаанд. «Осмони боз» аз «озодии панҷуми ҳавоӣ» оғоз мешавад.[14]
Соли гузашта Қирғизистон ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ панҷумин дараҷаи озодии ҳавоиро дод. [15] Ин бад-он маъност, ки як ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ, ки зимни парвоз аз як нуқта ба нуқтаи дигар дар Қирғизистон таваққуф мекунад, метавонад дар инҷо мусофиронtро пиёда кунад ва мусофирони дигареро савор кунад ва роҳашро ба кишвари севум идома бидиҳад.[16]
Мубтакирони ин ислоҳот бар ин боваранд, ки ин иқдом ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ барои вуруд ба бозори Қирғизистон ангеза медиҳад. Худи ин кишвар метавонад ба конуне кӯчак барои таваққуф ва тронзит дар масири парвози ширкатҳои ҳавопаймоӣ байни Урупо ва Осиё табдил шавад. Бо афзоиши парвозҳои ҷадид ба кишвар, шумори гардишгарони хориҷии боздидкунанда ҳам афзоиш меёбад.
Мақомҳои Узбакистон низ бо ангезаҳои мушобеҳ дар бархе аз шаҳрҳои ин кишвар низоми «осмонҳои боз»-ро ба роҳ андохтанд. Онҳо интизор доранд, ки дар сол то 10 млн. гардишгарро ба кишварашон ҷалб кунанд. [17]
Мақомҳои ҳавонавардии Тоҷикистон бо озодсозии ҳарими ҳавоии ин кишвар мухолифанд ва ин амалро таҳдиде барои ширкатҳои маҳаллӣ медонанд.[18] Ин нигаронӣ дар ҳамаи кишварҳое, ки низоми осмонҳои бозро ҷорӣ карданд, қаблан вуҷуд дошт. Дар миёни кишварҳои ҳамсуд то кунун Ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон ва Арманистон «осмонҳояшонро боз» кардаанд. Русия ба таври озмоишӣ дар бархе фурӯдгоҳҳо осмонашро боз кардааст. Украина ҳам бахше аз ҳарими ҳавоии худро барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ озод сохтааст. [19]
Албатта, монанди ҳар ислоҳоти дигаре, «осмони боз» шояд натоиҷеро, ки интизор дорем, бор наёварад. Бархе аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ, монанди Sabena, Alitalia, Olympic Airlines, Air Jamaica, бо боз шудани бозорҳои ҷадид дучори варшикастагӣ шуданд ва ё хисороти молии ҷиддие диданд. Аммо аз тарафи дигар ширкатҳои нави ҳавопаймоӣ ва ё хутути ҳавоии камҳазинаи ҷадиде рӯи кор омаданд.[20]
Барои муқобала бо ин гуна хатарот давлати Тоҷикистон метавонад батадриҷ рӯйкардҳоеро барои пуштибонӣ аз шикратҳои миллӣ иттихоз кунад ва дар айни ҳол роҳашро ба самти озодсозии ҳарими ҳавоӣ ва бозори ҳамлу нақли ҳавоии худ идома диҳад. Ин амр манофеъи иқтисодӣ ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Арманистон ҳозир нашуд ширкати миллии «Армавиа»-ро аз варшикастагӣ наҷот бидиҳад ва дар соли 2013 режими осмони бозро ба таври якҷониба эълом кард. Ҳамон сол мизони рафтуомади мусофирон аз тариқи ҳавопаймо ба кишвар 20 дарсад афзоиш ёфт, дар соли 2017 афзоиши он 21 дарсад буд. Илова бар ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ширкатҳои нави ҳавопаймоии маҳаллӣ низ падид омаданд. [21]
Дар бештари маворид, кишваре, ки чунин сиёсатҳои озодигароёнаро дунбол мекунад, аз ин иқдом суди фаровоне ба даст меоварад: рафту омади мусофирон аз тариқи фурудгоҳҳо афзоиш меёбад, шумори гардишгарони хориҷӣ ба кишвар зиёд мешавад, ҳамлу нақли бору коло ҳам бештар мешавад, ки баъзе авқот ин ҳама ба рушди содироти колоҳои дохилӣ ҳам мунҷар мешавад.[22]
Бо ин ҳол, бояд гуфт, ки ҳеч як ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ, ҳеч хатти ҳавоии арзонқимате ҳануз вориди Узбакистон ё Қирғизистон нашудаанд.[23] Инро метавон ба муддати кӯтоҳе, ки аз замони ислоҳот сипарӣ шуда, ва ба буҳрони ҳамагирӣ иртибот дод.
Рақобат байни фурудгоҳҳо ва конунҳо барои пазироӣ аз ҳавопаймоҳои ширкатҳои миллӣ ва хориҷӣ метавонад паёмадҳои манфии озодсозии бозори ҳавонавардиро коҳиш бидиҳад. Ҳавопаймоҳои ширкатҳои хориҷӣ ва хутути ҳавоии камҳазина метавонанд конунҳои ҳамлу нақли ҳавоии судмандтареро барои худ интихоб кунанд ва аз канори кишварҳое, ки ҳарими ҳавоии баста доранд, рад шаванд.
Дар ҳар сурат, эъломи дараҷаҳои панҷум ва болотари озодии ҳавоӣ аввалин иқдом аз маҷмӯъаи тадобире барои расидан ба ин ҳадаф – рақобат ва интихоби қиматҳо дар бозори ҳамлу нақли ҳавоии бору мусофирон аст. Таҷрибаи кишварҳое, ки ҳарими ҳавоӣ ва бозори ҳавонавардии худро озод ва якпорча кардаанд, баёнгари афзоиши рафту омади мусофирон ва густариши ҷуғрофиёи парвозҳо аст. Ба унвони намуна метавон омори ҳамлу нақли ҳавоии мусофирон дар Арманистон ва Тоҷикистонро барои давраи солҳои 2013 то 2017 муқоиса кард. Тасвири 3. Аммо, набояд фақат аз «осмони боз» интизори «муъҷизае» дошт.[24]
Ҳукумат ҳангоми иҷрои сиёсати «осмонҳои боз» бояд чандин омилро дар назар бигирад, ки мумкин аст аз озодсозии ҳарими ҳавоӣ ва бозори ҳавонавардӣ монеъ шаванд. Аз ҷумла ҳузури лобистҳои қавие, ки тарафдори ҳифзи имтиёзҳо барои ширкатҳои маҳаллӣ ҳастанд, набуди мудирияти муассир дар ҳавонавардии маданӣ, набуди рақобати солиму одилона ва қоидаҳои яксон барои ҳамаи ширкаткунандагони бозор, рақобатпазир набудани ширкати миллии ҳавопаймоӣ ва санъати миллии ҳавонавардӣ, сиёсати номуассир дар арсаи гардишгарӣ ва сиёсати зиддиинҳисории нокоромад. Бидуни ҳалли ин мушкилот, ҳатто агар Тоҷикистон монанди Қирғизистон сиёсати «осмони боз»-ро ба таври якҷониба дунбол кунад, боз ҳам таъсири чунин сиёсати давлатӣ камрангу ночиз хоҳад буд.
Дар ҷаҳон илова бар осмони озод роҳкорҳои ҷойгузини дигаре ҳам вуҷуд дорад. Аз ҷумла метавон ба таҷрубаи Туркия ва Қазоқистон ишора кард, ки тарҷеҳ медиҳанд аз ширкатҳои миллии ҳавопаймоии худ, Turkish Airlines ва ё Air Astana, ҳимоят кунанд. Аммо баъид аст, ки аз таҷрубаи онҳо дар Тоҷикистон истифода шавад. Санъати ҳавонавардии Тоҷикистон аз манобеъи кофии иқтисодӣ ва мудириятӣ бархурдор нест.
Барои мисол, ширкати давлатии ҳавопаймоии Tajik Air, ки аз имтиёзот ва авлавиятҳои давлатӣ бархурдор ва аз пардохти хадамоти фурудгоҳ озод аст, чандин сол аст, ки аз буҳрони молӣ хориҷ нашудааст.
Ҷойгузини дигар метавонад хусусисозии ширкатҳои давлатии дорои мудирияти нокоромад ва ношаффоф бошад, ба шарти ҳифзи саҳоми аслӣ (50%+1) ё саҳоми муассис (25%+1) барои давлат. Масалан, Тошканд аз хусусисозии ширкати «Uzbekistan Airways» худдорӣ кард ва тасмим гирифт, ки ин ширкатро ислоҳ кунад ва мудирияти онро ба як ширкати хориҷӣ вогузор кунад.[25]
Беҳбуд бахшидан ба мудирияти ширкат ва боло бурдани эътибори он ба шарти ҳифзи шакли моликияти он сенориюест, ки дар мавриди Tajik Air мешавад ба кор гирифт. Дар ҳавопаймоии маданӣ намунаҳои муваффақе аз ширкатҳои давлатӣ вуҷуд доранд: Etihad Airways, Emirates Airlines/FlyDubai, Qatar Airways.[26] Давлат назорати комили ширкатҳое чун ширкати лаҳистонии LOT, AirBaltic, AirMalta, Nordica, Беловио (100%), тақрибан ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоии Чин, ширкати искондиновии SAS (75%), Singapore Airlines (56%), Finnair (56%), «Аэрофлот» (53,8%), Turkish Airlines (49,12%)-ро дар ихтиёр дорад.[27]
Акнун ба назар мерасад, ки мақомҳои ҳавонавардии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки ҳама чизро онгуна ки ҳаст, бигзоранд ва ҳеч ислоҳоте анҷом надиҳанд. Ин сиёсати ҳифзи инҳисор (монополия) аст. Тақрибан 15 сол тӯл кашид, то Қирғизистон бар лоббии қавии ҳавонавардӣ чира шавад ва низоми «осмони боз»-ро пиёда кунад. Беш аз 15 сол ҳеч пешрафте на дар санъати ҳавонавардӣ ва на дар ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ мушоҳида нашуда буд. Сиёсати «осмонҳои боз» метавонад бозори ҳамлу нақли ҳавоиро ба сатҳи болотар ва бо кайфияти беҳтаре савқ диҳад, агар иқдомоти дигаре ҳам анҷом шавад.
Натиҷагирӣ
Озодсозии ҳарими ҳавоӣ ва бозори ҳамлу нақли ҳавоии бору мусофирон дар Тоҷикистон бояд ба яке аз вазоифи умдаи давлат дар соли 2020 табдил шавад.
Агар сиёсати «осмонҳои боз» дар Узбекистон ва Қирғизистон дар давраи пас аз буҳронивируси вируси корона муваффақиятомез бошад, пас Тоҷикистон низ маҷбур хоҳад шуд санъати ҳавопаймоии худро озод кунад ва ба соири бозикунон иҷозаи вуруд ба бозори маҳаллиро бидиҳад. Вале ин корро дар мавқеъияти як бозигари вопасмонда анҷом хоҳад дод. Дар ғайри ин сурат, фурсатҳои густарда барои парвози арзон дар кишварҳои ҳамсоя аз бисёр ҷиҳот тоҷикистониҳоро ва гардишгарони хориҷиро водор месозад, ки аз фурудгоҳҳои Тошканду Бишкек истифода кунанд.
Агар “осмонро боз” накунед, пас метавонед онро аз даст бидиҳед. Зоҳиран барои кушодани ин гиреҳи мушкил дар шароити мо тадбирҳои муассиртари дигареро наметавон пешбинӣ кард.
Ин мақола дар чорчӯби тарҳи «Ҳамовозӣ барои дигарсозӣ — аз ҳошия то бодия» таҳия шудааст. Назароти баёншуда дар ин матлаб мавзеъи ҳайъати таҳририя ё ҳомии тарҳро бозтоб намедиҳад.
[1] World Bank, Tajikistan Macro Poverty Outlook – Spring 2020. Source: http://pubdocs.worldbank.org/en/636741492011112521/mpo-tjk.pdf
[2] Муллоджанов П., Экономика коронавируса: Чем обернется пандемия для Таджикистана. Source: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20200327/ekonomika-koronavirusa-chem-obernetsya-pandemiya-dlya-tadzhikistana
[3] Караев С., Комитет туризма: Таджикистан посетили 1,2 млн. туристов, четверть из них из Узбекистана. Source: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20200207/komitet-turizma-tadzhikistan-posetili-12-mln-turistov-chetvert-iz-nih-iz-uzbekistana
[4] Всемирный банк. Хотите развивать в Таджикистане туризм? Начните с интернета. https://www.vsemirnyjbank.org/ru/news/opinion/2019/12/03/how-to-develop-tourism-in-tajikistan?fbclid=IwAR11saGBmEIavj1Op4_CxgiKUwAhdj7lFKRfKc2pJ335Pqo1jLTEnO9LY6Q
[5] Раджаб Р., Землю — мигрантам. Source: https://fergana.agency/articles/116433/
[6] Бондаренко К. Снятие административных барьеров поможет развитию туризма в Таджикистане. Source: https://cabar.asia/ru/konstantin-bondarenko-snyatie-administrativnyh-barerov-pomozhet-razvitiyu-turizma-v-tadzhikistane/
[7] Намазаалы М. «Открыто небо». Что получит Кыргызстан, Бишкек, 2018
[8] Бондаренко К. Снятие административных барьеров поможет развитию туризма в Таджикистане. Source: https://cabar.asia/ru/konstantin-bondarenko-snyatie-administrativnyh-barerov-pomozhet-razvitiyu-turizma-v-tadzhikistane/
[9] Бондаренко К. Снятие административных барьеров поможет развитию туризма в Таджикистане. Source: https://cabar.asia/ru/konstantin-bondarenko-snyatie-administrativnyh-barerov-pomozhet-razvitiyu-turizma-v-tadzhikistane/
[10] Бондаренко К. Снятие административных барьеров поможет развитию туризма в Таджикистане. Source: https://cabar.asia/ru/konstantin-bondarenko-snyatie-administrativnyh-barerov-pomozhet-razvitiyu-turizma-v-tadzhikistane/
[11] Хасанова С. Денежные переводы трудовых мигрантов в Кыргызстане и Таджикистане: противоречивый эффект и «подводные камни». Source: https://caa-network.org/archives/9341
[12] Sputnik Казахстан, Почему таджикские авиакомпании летают через Шымкент. Source: https://ru.sputniknews.kz/society/20200123/12605168/tadzhikistan-aviakompanii-shymkent.html
[13] Намазаалы М. «Открытое небо». Что получит Кыргызстан, Бишкек, 2018
[14] Намазаалы М. «Открытое небо». Что получит Кыргызстан, Бишкек, 2018
[15] Сооронбаева А., Кыргызстан “открывает небо”. Что это значит? Source: https://cabar.asia/ru/kyrgyzstan-otkryvaet-nebo-chto-eto-znachit/
[16] Мирзабаев Ф., Что такое политика открытого неба и кому она нужна. Source: https://cabar.asia/ru/chto-takoe-politika-otkrytogo-neba-i-komu-ona-nuzhna/
[17] Ритм Евразии, Узбекистан вводит режим «открытого неба». Source: https://www.ritmeurasia.org/news–2019-08-22–uzbekistan-vvodit-rezhim-otkrytogo-neba-44451
[18] Эргашева З., Таджикистан не готов «открыть небо». Source: https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/economic/20131125/tadzhikistan-ne-gotov-otkryt-nebo
[19] Кравчук П., Кульчицкая Е., Мифы и реалии открытого неба: что изменит для Украины общее авиапространство с ЕС. Source: https://www.eurointegration.com.ua/rus/articles/2017/12/14/7074981/
[20] Коллектив авторов, Анализ регулятивного воздействия проекта Закона Кыргызской Республики «О внесении изменений в Воздушный Кодекс Кыргызской Республики», 2018
[21] Намазаалы М. «Открытое небо». Что получит Кыргызстан, Бишкек, 2018
[22] Мирзабаев Ф., Что такое политика открытого неба и кому она нужна. Source: https://cabar.asia/ru/chto-takoe-politika-otkrytogo-neba-i-komu-ona-nuzhna/>
[23] Spot, Почему «открытое небо» Узбекистана пока не смогло привлечь иностранные авиакомпании. Source: https://www.spot.uz/ru/2020/01/29/opensky/
[24] Мукашев А., Реализация политики “Открытого неба” в странах Центральной Азии. Source: https://cabar.asia/ru/realizatsiya-politiki-otkrytogo-neba-v-stranah-tsentralnoj-azii/
[25] Forbes Uzbekistan, Uzbekistan Airways хотят передать в управление зарубежной компании. Source: https://forbes.uz/process/economy/uzbekistan_airways_hotyat_peredat_v_upravlenie_zarubejnoy_kompanii/?fbclid=IwAR0AUf7m9NgqHXq16SEiagL6foIFCdXwGfhSZGBAQrz0ePVkKXi7SozitVE
[26] Spot, Решит ли приватизация проблемы «Узбекистон хаво йуллари»? Мнение эксперта. Source: https://www.spot.uz/ru/2018/06/25/nak-privatization/
[27] Spot, Решит ли приватизация проблемы «Узбекистон хаво йуллари»? Мнение эксперта. Source: https://www.spot.uz/ru/2018/06/25/nak-privatization/