Беш аз 80 руҳонии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон иштирокдори давраҳои омӯзишии IWPR буданд. Ин машғулиятҳо дар ҳамкорӣ бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон аз 1 то 5 октябр дар се минтақаи ВМКБ – ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва шаҳри Хоруғ баргузор шуданд.
Ҳадафи ин машғулиятҳои омӯзишӣ баланд бардоштани донишу малакаи кор бо интернет аз сӯи имом-хатибону халифаҳо бо мақсади коҳиш додани сатҳи таҳаммулнопазирии динӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ буд.
Акс аз CABAR.asia
Барномаи вижаи “Абзорҳои расонаӣ барои рушди таҳаммулпазирӣ ва мубориза бо таблиғоти ифротгароии хушунатбор” ҷиҳати таҳкими дарку фаҳмиши зарурати таҳаммулпазирии динӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ва беҳтар намудани малакаҳо дар муқобила бо таблиғоти ифротгароии хушунатбор, ки дар интернет зиёд дучор меоянд, равона шудааст.
Руҳониён бо меъёрҳои нави ҳуқуқӣ, аз ҷумла тағйиру иловаҳое, ки ҷазо барои истифодаи “лайк” ва ба дигарон “қисмат кардан”-и матлабҳоеро, ки мазмуни даъватҳои экстремистӣ дар шабакаҳои иҷтимоиро доранд, бештар мекунад, ошно шуданд. Онҳо инчунин дар мавриди ин ки дар куҷо ва чӣ гуна дар интернет мағзшӯӣ анҷом мешавад, маълумот гирифта, бо абзорҳои муосири муошират бо аҳолӣ шинос шуданд.
Намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба руҳониёни Бадахшон дар бораи Консепсияи сиёсати давлатӣ дар бахши дин суҳбат намуда, дар зимн ба зарурати посух додан ба таблиғоти дурӯғ ва истифода аз номи Ислом ҳангоми мағзшӯӣ кардани ҷавононе, ки дониши кофии динӣ надоранд, таъкид намуданд.
Иштирокдорони тренинг дар бораи таърихи дин дар қаламрави Тоҷикистон, анъанаҳои таҳаммулпазирӣ дар қадим, ки дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза намояндагони адёни мухталиф дар фазои субот ба сар мебурданд, маълумоти кофӣ гирифтанд.
Таваҷҷуҳи асосӣ дар ин машғулиятҳо ба баланд бардоштани саводи расонаии имом-хатибон, токтикҳои дасткории ташкилотҳои экстремистӣ равона шуда буд. Дар ҷараёни тренинг, руҳониён ба сатҳи зарурӣ истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернетро аз худ каданд.
Аснои қисмати амалии машғулиятҳо имом-хатибону халифаҳо зери раҳбарии тренер Муҳаммадӣ Ибодуллоев ба интернет ворид гардида, бо браузерҳо шинос шуданд, тарзи истифодаи ҷусторҳо ва паёмрасонҳоро ёд гирифтанд. Дар мисоли ҳолатҳои воқеӣ, онҳо шоҳид шуданд, ки дар интернет на ҳамаи иттилоъ дуруст мебошад ва аксаран афроде ба дасткорӣ даст мезананд, ки мехоҳанд манфиатҳои худро бароварда созанд.
Коршиносони IWPR Муҳаммадӣ Ибодуллоев ва Лола Олимова дар мавриди имконият ва василаҳои санҷидани маълумот дар интернет гуфтанд. Онҳо инчунин ба иштирокдорон фаҳмонданд, ки ҳангоми дарёфти ин ё он иттилоъ ба кадом омилҳо бояд таваҷҷуҳ кард.
Мушкили дастрасӣ ба интернетро тақрибан ҳамаи руҳониёне, ки дар навоҳии куҳистон зиндагӣ мекунанд, доранд. На ҳамаи онҳо смартфонҳои муоссир, ки имкон медиҳанд дар ҳар нуқтае роҳат ба интернет ворид шавед, доранд. Интернети хонагиро бошад, дар куҳистон на ҳама ба худ иҷозат медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, имом-хатибон ва халифаҳои ВМКБ ваъда супурданд, ки дар самти беҳтар намудани донишҳои техникии истифодаи интернет кор хоҳанд кард, зеро маълумоти аз машғулиятҳо гирифта онҳоро мутақоид намуд, ки бидуни дастрасӣ ба интернет намешавад дар ҷараёни тамоми рӯйдодҳо қарор дошт.Бар илова, руҳониён иқрор карданд, ки имконоти интернет теъдоди мухотабони онҳоро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш хоҳад дод.