Коршиносони тоҷик ҳушдор медиҳанд, ки истифодаи ангишт мушкилоти ҷиддии экологиро дар пай хоҳад дошт. Аммо мақомот мегӯянд, бо шарофати ангишт метавонанд пойтахтро бо гармӣ таъмин карда, ҷойҳои нави корӣ таъсис бидиҳанд.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, давоми 8 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар як миллиону 250 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 33 ҳазор тонна бештар мебошад.
Барои муқоиса тазаккур медиҳем, ки 12 моҳи соли 2014 ҳамагӣ 870 ҳазор тонна ва соли 2001 тақрибан 20,5 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст.
Асосан ин навъи маводи сӯхт дар корхонаҳои “Фон-Яғноб” ва “Зидеҳ” истихроҷ мешавад.
Мақомот мегӯянд, афзоиши истихроҷи ангишт дар кишвар имкон медиҳад, ки манзилҳо бо гармӣ таъмин шуда, ҷойҳои нави корӣ эҷод шаванд. Аммо ба пешгӯии коршиносон, дар сурати афзоиши истихроҷи ангишт Тоҷикистон метавонад ба мушкилоти ҷиддии экологӣ мувоҷеҳ гардад.
Муаззама Бурҳонова, раиси созмони зистмуҳитии “Дастгирӣ” аз он нигарон аст, ки партовҳои корхонаҳои ангишт ва семент дар Душанбе ба саломатии сокинон хисороти ҷиддӣ мерасонанд.
“Дуд ва партовҳои корхонаи семент ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки аз ангишт истифода мебаранд, ба саломатии сокинон хисороти ҷиддӣ мерасонанд. Пеш аз ҳама бояд мизони партовҳоро кам кунем, зеро 18 корхонаи семент дорем ва ҳамаашон аз ангишт истифода мебаранд. Аммо мақомот бар ин назаранд, ки мизони партовҳо дар Тоҷикистон дар қиёс бо кишварҳои дигар хеле кам мебошад”,- мегӯяд коршинос.
Тимур Идрисов, таҳлилгари мустақили бахши зистмуҳитӣ таъкид мекунад, ки истихроҷ ва истифодаи ангишт “ба муҳити зист таъсири бисёрҷанба ва манфӣ” мерасонад.
“Ҳар андоза миқёс ва ҳаҷми истихроҷи ангишт зиёд бошад, ҳамон андоза мушкили экологӣ зиёд мегардад. Дар ҳоли ҳозир, беш аз 90 дарсади ҳаҷми умумии ангишт бо роҳи боз истихроҷ мегардад. Ин ба он маъно аст, ки худи релеф, обҳои зеризаминӣ ва олами ҳайвонот аз таъсири манфии он бенасиб намемонанд, атмосфера бошад, ифлос мегардад”,- гуфт Тимур Идрисов.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ҳоли ҳозир беш аз 200 корхона дар кишвар аз ангишт истифода мекунад. Дар Тоҷикистон беш аз 36 кон мавҷуд аст, ки қариб тамоми намудҳои ангиштро доранд.
Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, истифодабарандаи асосии ангишт дар кишвар маҳсуб мешавад. Бар пояи омори расмӣ, дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 ба ин иншоот ворид кардани беш аз 1100000 тонна ангишт пешбинӣ шудааст. То охири моҳи август, мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 зиёда аз 740 ҳазор тонна ангишт оварда шудааст.
Намояндаҳои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 мегӯянд, 99,9 дарсади партовҳо дар халтаҳои махсус ҷамъоварӣ шуда, ҳамагӣ 0,1 дарсади он ба атмосфера меравад. Абдулло Ҳабиров, корманди МБГ Душанбе-2 ба CABAR.asia гуфт, Тоҷикистон танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ метавонад истихроҷ ва истифодаи ангиштро қатъ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат баҳрабардорӣ аз чанд нерӯгоҳи барқи обиро ба нақша гирифтааст:
“Дар ҳоли ҳозир лоиҳаҳои сохтмони ду неругоҳи барқи обӣ дар Зарафшон бо иқтидори 400 мегаватт таҳия мешаванд. Дар баробари ин, дар назар аст, ки дар якҷоягӣ бо Узбекистон як нерӯгоҳи дигар дар Сурхоб ба кор андохта шавад, ки метавонад мардумро бо нерӯи барқ таъмин намояд”,- мегӯяд Абдулло Ҳабиров.
Вобастагии иқтисоди Тоҷикистон аз ангишт чӣ гуна аст?
Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон кишварест, ки ҳоло ангишт маводи сӯхти рақами аввал ба ҳисоб меравад ва иқтисоди кишвар то андозае аз он вобастагӣ дорад.
Абдурақиб Қодиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, дар шароити феълӣ дар таъмини нафту гази табиӣ мушкилоти ҷиддие вуҷуд
дорад. Аз ин рӯ, дар даҳсолаҳои наздик даст кашидан аз ангишт тақрибан имконнопазир аст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳолат ягона умеди давлату мардум ангиштсанг аст, ки метавон дар фасли зимистон бо он хонаҳоро гарм кард.
“Дар ягон ҳуҷҷати расмӣ дар бораи даст кашидан аз ангишт ягон ишорае нест. Ҳарчанд онро метавон бо гази табиӣ ё маҳсулоти нафтӣ иваз кард, аммо Тоҷикистон захираи дохилии гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ надорад, аз ин рӯ мо онҳоро аз хориҷ ворид мекунем. Бо ҳамин далел, истифодаи дигар маводи алтернативӣ низ имконнопазир аст. Дар манотиқи дурдаст бошад, истифодаи ангишт аз нерӯи барқ дида арзонтар мебошад”, - афзуд иқтисоддон.
Дар ҳамин ҳол, коршинос мегӯяд, ҳоло дар Русия, Тоҷикистон ва Қазоқистон алтернативаи воқеӣ ба ангишт вуҷуд надорад.
“Шароити ҷуғрофӣ ва сарвати маъданҳои зеризаминии Тоҷикистон чунин вазъиятеро ба вуҷуд овардааст, ки имрӯз истифодаи ангишт масъалаи ҳаёту мамот аст”, - илова кард Қодиров.
Сокинон чӣ мегӯянд?
Дар Тоҷикистон сокинони минтақаҳо ҳарчанд аз хатари ангишт огоҳ ҳастанд, аммо дар фасли сармо ба таври густарда аз он истифода мекунанд. Ҳамасола чандин нафар дар кишвар дар пайи ихроҷи гази карбон аз бухориҳо мефавтанд.
Гулбаҳор, як сокини ноҳияи Тоҷикобод (тақрибан дар 200 километрии шимолу шарқи Душанбе) ҳамасола аз ангишт истифода мекунад.
Гулбаҳор мегӯяд, бо вуҷуди он ки ангишт як сӯзишвории нисбатан гаронбаҳост ва дуди он ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад, хонаводаи ӯ илоҷи дигаре ба ҷуз аз истифодаи онро надорад.
“Ҳезуму таппак зуд месӯзанд, ангишт бошад, аз шом то субҳ сӯхта, хонаро гарм нигоҳ медорад”, - мегӯяд ӯ.
Тоҷиддин, сокини рустои Кабирободи ноҳияи Ваҳдат (21 километрии шарқи Душанбе) қасд дорад, бо фарорасии фасли зимистон ангишт бихарад. Ӯ мегӯяд, ба далели мушкилоти молӣ чанд сол боз барои гарм кардани манзил аз ҳезум ва таппак истифода мекард. Аммо имсол новобаста аз вазъи молӣ, тасмим дорад, ки ангишт захира кунад.
“Истифодаи таппак ва ҳезум назар ба ангишт осонтар аст. Аммо онҳо мисли ангишт гармӣ намедиҳанд, субҳ хона аллакай сард мешавад. Аз ин рӯ, ангишт мехарам, ҳарчанд нархи он гаронтар мебошад”,-гуфт ӯ.
Тоҷиддин медонад, ки ангишт метавонад марговар бошад, аммо мегӯяд, ҳангоми истифодаи он бояд аз эҳтиёт кор гирифт.
Ба гуфтаи Муаззама Бурҳонова, Тоҷикистон имкони коҳиши ихроҷи гази карбон ҳангоми истифодаи ангиштро дорад.
Ӯ таъкид мекунад, ки корхонаҳои сементбарорӣ бояд аз ширкатҳои чинӣ таҷҳизоти вижаи тозакунанда, ки арзиши гароне доранд, харидорӣ кунанд.
“Дар баробари ин, МБГ Душанбе-2 ва корхонаҳои сементбарорӣ метавонанд ба ҷойи ангишт аз газ истифода кунанд, ки сабаби коҳиши ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда мегардад”,- мегӯяд Бурҳонова.
Инчунин, бо истифодаи технологияҳои каммасраф ва гузариши тадриҷии корхонаҳо ба истифодаи нерӯи барқи НБО-и Тоҷикистон мешавад ба коҳиши газҳои зиёновар ба атмосфера даст ёфт.
Ин матлаб дар доираи лоиҳаи IWPR “Amplify, Verify, Engage: Information for Democratisation and Good Governance in Eurasia”, ки аз ҷониби ВКХ-и Норвеж маблағгузорӣ мешавад ва лоиҳаи “Рушди расонаҳои нав ва рӯзноманигории рақамӣ дар Осиёи Марказӣ”, ки онро Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) бо дастгирии Ҳукумати Бритониёи Кабир амалӣ мекунад, таҳия шудааст. Муҳтавои матлаб баёнгари нуқтаи назари расмии IWPR, ВКХ Норвеж ё Ҳукумати Бритониёи Кабир нест.