Корафтодагон мегӯянд, ки ҳангоми иваз намудани шиноснома аз онҳо маблағи иловагӣ мегиранд, аммо мақомот инро рад мекунад. Масъулин эътироф доранд, ки иҷроиши Қарори Ҳукумат ба тамдид зарурат дорад.
Ба канали мо дар Telegram бипайвандед!
«Ман шиносномаамро иваз кардан намехостам, чунки як сим-корт дар номам буд ва гуфтам агар онро қатъ кунанд, боке надорад», – мегӯяд Қиммат Билоловаи 69 сола, сокини вилояти Хатлон.
Вале яке аз наздиконаш гуфтааст, ки агар шиносномаашро иваз накунад, нафақа ва маблағе, ки тариқи бонк равон мекунанд, гирифта наметавонад.
«Ман маҷбур шудам барои иваз намудани шиноснома ба шуъбаи шиносномадиҳӣ омадам, чунки агар ин гапҳо дуруст бошанд, ман нафақаамро гирифта наметавонам», – гуфт Қиммат Билолова дар суҳбат бо CABAR.asia.
Ҳоло дар Тоҷикистон ба монанди Билолова ҳазорҳо одамон пушти дари шуъбаҳои шиносномадиҳӣ барои иваз намудани шиноснома навбат мепоянд.
Исмоил Зарифӣ, сокини 64 солаи шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд гуфт, ки бо сабаби беморӣ, то ҳол шиносномаи намунаи соли 1996 –ро, ки соли 2009 гирифтааст, иваз накардааст ва нахоҳад кард. Чунки дар шиносномаеро, ки соли 2009 гирифтааст, амали он бемуҳлат қайд шудааст.
Вай илова намуд, ки баъди гузаштани муҳлати муқаррар намудаи қарори ҳукумат бигзор сим-корташро бекор кунанд. Аз хомуш кардани сим-кортҳо касе, махсусан ҳукумат бурд намекунад.
Ба гуфтаи Исмоил Зарифӣ гарчанде, ки бе телефони мобилӣ мушкил ҳам бошад, вале ӯ сабр мекунад.
Бояд қайд кард, ки бо мақсади дар амал ҷорӣ намудани Қарори ҳукумати ҶТ аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» ҷиҳати аз нав бақайдгирии симкортҳои мобилии шахсоне, ки бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 ба қайд гирифта шудаанд, онҳо бояд сим-кортҳои худро бо шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи соли 2014 то 15-уми августи соли равон аз нав ба қайд гиранд.
Қарори мазкур баъд аз он нашр шуд, ки моҳи августи соли 2018 мақомот нархи як симкортро то 250 сомонӣ (ҳудуди 25 доллар) муқаррар намуд. Қарор буд, муқаррароти нав аз моҳи сентябри соли 2018 ба иҷро дарояд, вале баъдан бо дастури раиси ҷумҳур то якуми январи соли 2019 мавқуф гузошта шуд.
Ҳоло шаҳрвандони кишвар на танҳо аз иваз намудани шиноснома ва азнавбақайдгирии сим-кортҳо шикоят доранд, балки барои бархе гирифтани нафақа ва интиқоли маблағ тариқи бонкҳо низ мушкил пеш омадааст.
Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Ҳусейн Халилзода, зимни суҳбат бо CABAR.asia гуфт, ки хабарҳо дар мавриди бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 надодани нафақа ва гирифта натавонистани маблағи равонкардаи наздиконашонро дар бонкҳо тасдиқ намуд ва илова кард, ки доир ба ин масъала шикоятҳо буданд.
Ӯ қайд, ки чунин масъала дар яке аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҷой дошт ва ӯ дар доираи сафари корӣ бо намояндагии БДА «Амонатбонк» ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия мулоқот намуда, ин масъаларо баррасӣ намудаанд.
– Баъди ин ҳамроҳи муовини аввали вазир бо роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, БДА «Амонатбонк» ва намояндагони баъзе бонкҳо оид ба масъалаи мазкур, мулоқот намуда, ин масъаларо ҳал кардем. Дар мулоқот қайд гардид дар қонунгузорӣ ва қарори ҳукумат оид ба ин масъала ягон тағйиру илова ворид нашудааст ва онҳо ҳақ надоранд онро талаб намоянд.
Муҳоҷир: «Сим-кортам хомӯш шавад, мушкили ҷиддӣ аст»
Ҷонибек Раҳмонов, муҳоҷири тоҷик гуфт, ки солҳост як рақам дорад ва бо худ ба Русия бурдааст. Ҳар вақте ба Тоҷикистон меояд аз он истифода мекунад ва ба дӯстону наздикон тамос мегирад.
Ӯ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки дар Русия имкони гирифтани корти пластикӣ (ID-корт) нест. Омадан ба Тоҷикистон ва иваз кардани шиноснома хароҷоти зиёд дорад. Ӯ ҳоло иҷозат ва имконияти ба Тоҷикистон омаданро надорад. Маблағи моҳонаи ӯ ночиз асту танҳо барои ба оилааш равон кардан мерасад. Ҷонибек мегӯяд: “вақте зимистон ба Тоҷикистон бармегардам, аллакай сим-кортам кор намекунад ва ин як мушкили ҷиддӣ аст, барои ман”.
Ба монанди Ҷонибек чунин муҳоҷирон кам нестанд ва ҳамарӯза тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки тақдири сим-кортҳои онҳо чӣ мешавад? Чунки онҳо мехоҳанд сим-кортҳояшон бекор нашаванд, зеро тавасути ин рақамҳо онҳо бо хонаводаҳои худ тамос мегиранд.
Намояндагони ширкатҳои мобилӣ дар мавриди тамдид намудани муҳлати бақайдгирии шиносномаҳо мегӯянд, ки ин мушкилро бояд ниҳоди тасмимгиранда шарҳ диҳад.
Сардори маркази матбуотии ширкати мобилии «Вавилон Т» Холиқназар Ҷумъаев, гуфт: “онҳо бояд дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистонро иҷро кунанд ва дар асоси меъёру муқаррароти кишвар амал намоянд”.
Ба гуфтаи ӯ, дар қарори хадамот омадааст, ки баъд аз 15-уми август алоқаи муштариёне, ки бо шиносномаи нав сим-корти худро ба қайд нагирифтаанд, қатъ карда мешавад. Шояд, ба шаҳрвандон барои иваз кардани шиносномаҳояшон мӯҳлат дода мешавад, илова намуд Ҷумъаев.
Масъулин: Муҳлати ивази шиносномаҳо шояд тамдид шавад
Сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ВКД полковники милитсия Халилзода Ҳусейн низ гуфт, ки воқеан ҳам қисми зиёди муҳоҷирон дар хориҷи кишваранд ва дар муддати муайяншуда имкони иваз намудани шиносномаҳои худро надоранд.
Гурӯҳи кории иборат аз кормандони ВКД ба Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тамдид намудани муҳлати иваз кардани шиносномаҳо пешниҳод намудаанд ва он дар ҳоли омӯзиш қарор дорад.
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нурулло Маҳмадуллозода гуфт, ки воқеан ҳам дар ин муҳлат муҳоҷирон наметавонанд, баргашта шиносномаи худро иваз карда, сим-кортҳое, ки дар номашон аст, аз нав ба қайд гиранд.
Вобаста ба ин масъала, ӯ изҳори умедворӣ намуд, ки сохторҳои масъул ва Ҳукумати кишвар мушкилоти муҳоҷиронро ба назар гирифта, муҳлати иваз намудани шиноснома ва бақайдгирии сим-кортҳоро тамдид менамояд.
Ин савол дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқаи ҶТ низ борҳо такрор шуд. Гарчанде муовини раиси Хадамоти алоқа Илҳом Атоев ба саволи хабарнигорон посухи рӯшан надод, вале дар ниҳоят гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд масъалаи тамдиди мӯҳлати бақайдгирии сим-кортҳоро ба ҳукумат пешниҳод мекунанд.
Коршинос: Қарори мазкур ҳуқуқи муҳоҷиронро халалдор мекунад
Коршиносон мегӯянд, мақомот бояд пеш аз қабули чунин дастур андешаи онҳоеро ҳам мекарданд, ки дар хориҷ ҳастанду намехоҳанд, аз рақами телефони худ маҳрум шаванд. Ин як навъ поймол намудани ҳуқуқи шаҳрвандии муҳоҷирони меҳнатӣ аст.
Ҳуқуқшиноси тоҷик Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки қарори мазкур на танҳо ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони меҳнатиро халалдор мекунад, балки заминаҳои кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии онҳоро низ зери шубҳа қарор медиҳад.
Ба андешаи ӯ, муҳим аст, ки зимни баррасии минбаъда оид ба масъалаи мазкур масъулону ташаббускорон чунон амал кунанд, ки маҳдудият пеш наояд.
Шаҳрвандон аз талаб кардани маблағи иловагӣ шикоят доранд
Одина Давлатов, як ҷавони тоҷик, ки чанде пеш бо мушкилоти зиёд дар шуъбаи шиносномадиҳиии ноҳияи Панҷ шиносномаашро иваз намудааст. Ӯ гуфт, ки барои иваз намудани шиноснома тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ оварда, барои гирифтани маълумотнома дар ҷамоати деҳот маблағи андоз аз замин ва ҳаққи истифодаи обро низ пардохт кардааст.
– Дар шуъбаи «Амонатбонк»-и маркази ноҳия 97 сомонӣ (ҳудуди 10 доллари ИМА) барои иваз намудани шиноснома ва 7 сомонӣ барои изи ангушт, дар маҷмӯъ 101 сомонӣ маблағ супорида, расиди пардохтро гирифтам. Пеши шахси масъул ворид шудам, ӯ ҳуҷҷатҳои омодашударо гирифта, 10 сомонӣ (ҳудуди як доллар) талаб кард. Сипас, ба утоқи сардори шуъба даромада, тамоми ҳуҷҷатҳоро супоридам. Пеш аз баромадан ба ман як ҳуҷҷат пешниҳод кард ва 60 сомонӣ (ҳудуди шаш доллар) талаб намуд. Пурсидам, ки ин маблағ барои чӣ? Дар ҷавоб гуфт, ки хизмати шиносномадиҳӣ аст. Пули гуфтаашро додам ва аз сабаби он ки одамони зиёде дар навбат буданд, суҳбатро идома додан натавонистам.
Ба гуфтаи ӯ дар сурати ба чунин ҳолат дучор шудан шаҳрвандон метавонанд, тариқи телефонҳои боварии ВКД ҶТ, ки дар тамоми шуъбаҳои шиносномадиҳию бақайдгирӣ мавҷуданд, муроҷиат намоянд.
Халилзода шикоятҳо дар мавриди гирифтани маблағҳои иловагиро рад намуд ва гуфт, ки чанде пештар бо иштироки вазири корҳои дохилии кишвар ва тамоми роҳбарони шуъбаҳои шиносномадиҳию бақайдгирӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он дар мавриди роҳ надодан ба амалҳои хусусияти корупсионидошта ва нисбати корафтодагон хушмуомила будани кормандони шуъбаҳои шиносономадиҳӣ, таъкид гардид.
Мақомот мегӯяд, ҳадаф аз иваз намудани шиносномаҳо, таъмини амният, аз ҷумла роҳ надодан ба сӯистифода аз телефонҳо, зуд пайдо кардани иттиллои дақиқ дар бораи соҳиби телефон аст.
Хадамоти алоқа вобаста ба ин масъала гуфт, ки ин тасмим «барои пешгирии қонуншиканию ҷиноят, таҳдиди терроризму экстремизм, ки тавассути телефони мобилӣ сурат мегирад, гирифта шудааст. Барои амалӣ кардани ин тасмим, доштани пайи ангушти ҳар як муштарӣ зарур аст».
Ба гуфтаи вай, дар ҳолати мушаххас ҳадаф аз ҳисоби шаҳрвандон кушиши ҷалб кардани маблағ на танҳо ба буҷаи давлат, балки бо истифода аз фурсати муносиб қонеъ намудани манфиатҳои шахсии мансабдорони сатҳҳои гуногун оид ба гирифтани пораю муносибатҳои коррупсионӣ низ мебошад.
– Зеро, таҷриба нишон медиҳад, ки ба ғайр аз пардохти маблағи муқарраршуда шуъбаҳои шиносномадиҳии кишвар шаҳрвандонро барои додани маблағҳои иловагӣ бидуни санади тасдиқкунанда водор мекунанд. Аммо новобаста аз шикояту эроду эътирозҳо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ ё вакилон кору фаъолияти назоратии худро дар ин хусус татбиқ намекунанд ва вонамуд менамоянд, ки гуё аслан ягон мушкилу нофаҳмӣ вуҷуд надорад, – мегӯяд Ш. Ҳакимов.
Ин мавод дар доираи тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project», ки бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия иҷро мешавад, навишта шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матлаб баёнгари дидгоҳи хоси расона ва ё сарпарасти ин тарҳ нест.