© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Низоъҳои беохир дар ВМКБ. Омилҳо ва оқибатҳо

Чаро ҷуғрофияи эътирозҳо дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки охири ҳафтаи гузашта пас аз марги як сокини деҳот чанд тазоҳурот баргузор шуда буд, меафзояд?


Тазоҳурот дар Хоруғ 25 ноябри соли 2021. Акс: ozodi.org
Тазоҳурот дар Хоруғ 25 ноябри соли 2021. Акс: ozodi.org

Дар шарқитарин минтақаи Тоҷикистон – ВМКБ  пойгоҳи эътирозӣ афзоиш меёбад. Агар қаблан «нуқтаи гарм»-и асосӣ маркази маъмурии вилоят Хоруғ, ки дар он бештари ба истилоҳ раҳбарони ғайрирасмии вилоят ба сар мебаранд, «нуқтаи гарм» маҳсуб мешуд, пас дар чанд соли ахир навоҳии наздик ба марказ  пайвастанд.

Тазоҳуроти чаҳоррӯ за, ки ба гуфтаи манобеи мухталиф, чанд ҳазор нафарро дар майдони марказии шаҳри Хоруғ гирд оварда буд, шаби 28-уми ноябр пас аз он ки миёни намояндагони тазоҳургарон ва мақомот тавофуқ ба амал омад, анҷом ёфт. Тибқи маълумотҳои ВАО, мақомот розӣ шудаанд, ки аз ҳар гуна таъқиби  ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ худдорӣ кунанд, таҳқиқи фаврӣ, беғаразона дар қазияи марги Гулбиддин Зиёбеков, Гулназар Муродбеков ва Тутишо Амиршоевро гузаронида, ҳамчунин интернет ва ҳама намуди алоқа бо ВМКБро барқарор намоянд. 

Алишери Мирзонабот. Акс: khovar.tj
Алишери Мирзонабот. Акс: khovar.tj

Якуми декабр телевизиони маҳаллии «Бадахшон» бо такя ба мақомоти минтақавӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ дод, ки «иштирокчиёни гирдиҳамоии ғайриқонунӣ, ки 25-28 ноябр баргузор шуд,  ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд, агар ин ашхос ба дигар қонунвайронкунӣ даст назада бошанд».

Доир ба дигар масъулиятҳо дар назди эътирозгарон сохторҳои маҳаллӣ хабар намедиҳанд. То 3-юми декабр дастрасии сокинони оддӣ ба интернет то ҳол вуҷуд надорад.

Куштори пурасрор

Субот дар минтақа пас аз кушта шудани сокини маҳаллӣ Гулбиддин Зиёбекови 29-сола дар натиҷаи як амалиёти вижаи маъмурони амниятӣ дар деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа дубора вайрон гардид.

Дар изҳороти прокуратура қайд шудааст, ки Зиёбеков бо ҷурми гаравгонгирӣ, барангехтани кинаву адовати миллӣ, мазҳабӣ, маҳаллӣ ва динӣ  дар ҷустуҷӯ  қарор дошт,

Ба иттилои расмии мақомоти қудратӣ, «Зиёбеков Г.З.  ҳамроҳ бо шарикони гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ 1-уми феврали соли 2020 ёрдамчии прокурор Абирзода А.ро гаравгон гирифта, муддати 8 соат зери латукӯб ва шиканҷа қарор додааст».

Сокнинони маҳаллӣ тасдиқ мекунанд, ки Зиёбеков аз духтаре пуштибонӣ кардааст, ки дар прокуратураи ноҳиявӣ ваъда доданд, ки бар ивази муомилаи маҳрамона масъалаи заминро ҳал мекунанд.

Дар як навори видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, ёрдамчии прокурор мегӯяд, ки ба як духтар, ки рақами телефонро аз корманди пулиси маҳаллӣ дастрас кардааст, навиштааст, ки аз сокинон узр мехоҳад. 

Сокинони маҳаллӣ мегӯ янд, муноқиша ҳанӯз соли 2020 бо миёнаравии собиқ раиси вилоят Ёдгор Файзов ҳал шуда буд. Аммо бо омадани роҳбари нави минтақа, генерали Кумитаи Давлатии Амнияти Миллӣ Алишери Мирзонабот парванда аз нав боз гардид.

Фарзияи ҷонибҳо

Тибқи маълумоти расмӣ, зимни гузаронидани амалиёти махсус барои боздошти Зиёбеков ӯ  муқовимати мусаллаҳона нишон додааст. Онро наздикони марҳум қатъиян рад мекунанд. Дар шарҳи ВАО онҳо идао доранд, ки ӯ  дар роҳ аз ноҳияи Роштқалъа дар Хоруғ кушта шудааст, ки наздикон ҷасади ӯро бо ҳафт захми тир, аз ҷумла аз дилу сараш аз сардхона пайдо карданд. 

Дар хронологияи ҳодиса андешаи шоҳидон, наздикони Зиёбеков ва манбаҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  оварда мешавад,  ки муқобили фарзияҳо мебошад.

Мақомоти қудратӣ ба он ишора мекунанд, ки Зиёбеков бо худ тапончаи тамғаи «Макаров» дошт ва ҳангоми кӯ шиши истифодаи он аз тири ҷавобӣ ба ҳалокат расид. Наворҳои ошкор кардани аслиҳа дар ҳузури шоҳидони холис дар телевизиони маҳалии «Бадахшон» намоиш дода шуд. Аммо худи шоҳидон дар суҳбатҳо изҳор медоранд, ки онҳо зери фишор баёнотҳоро имзо кардаанд ва силоҳро дар дасти Зиёбеков надиданд.

Амалиёти эътирозӣ дар Хоруғ 25 ноябри соли 2021. Акс: ozodi.org
Амалиёти эътирозӣ дар Хоруғ 25 ноябри соли 2021. Акс: ozodi.org

Оғози эътироз

Марги Гулбиддин Зиёбеков боиси нооромиҳои сокинони Хоруғ ва вилояти Роштқалъа гардид. Эътирозҳо чор рӯ з идома ёфт, ва гоҳе ба ошӯ б табдил ёфт, ки дар ҷараёни он бино ба манобеи мухталиф, ду нафар кушта ва беш аз даҳ нафар захмӣ шуданд. Телевизиони давлатии «Бадахшон» хабар дод, ки 5 нафар аз кормандони мақомоти қудратӣ ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Дар бораи талафоти ғайринизомиён тариқи телевизиони давлатӣ хабар додап нашудааст.

Дар ин тазоҳурот ғайр аз сокинони Хоруғ намояндагони Бадахшон ва мардуми берун аз Тоҷикистон низ ҷалб шудаанд. Аз оғози тазоҳурот дар шаҳрҳои Русия, Бритонияи Кабир, Олмон, Австрия, Канада дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк раҳпаймоиҳои пуштибонӣ аз эътирозгарон баргузор шуданд. Эътирозгарон аз сиёсати Душанбе дар робита ба ВМКБ изҳори норозигӣ карда, хостгори ҳалли мусолиматомези мушкилоти пайдошуда шуданд. Дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ норозигии аз ин ҳам бештар мушоҳида мешавад.     

Певистамо Абдулмуминова, модари  Гулбиддин, 1-уми декаб изҳор дошт, ки ҳукумати ВМКБ нахостанд арзи ӯ ро қабул кунанд, аз ин рӯ , вай ният дорад барои вохӯрӣ бо Президенти Тоҷикистон талош варзад.

Таҷрибаи талх

Омилҳо барои нигаронии сокинони Бадахшон эҳтимол таҷрибаи даҳ соли охир, ки Душанбе пайваста кӯ шиши бо роҳи силоҳ ҳал намудани мушкилоти ба вуҷуд омадаи минтақаро мекард, гардид.

Дар соли 2012 амалиёти махсус барои дастгир кардани қотилони генерали КДАМ Абдулло Назаров дар Хоруғ, тибқи маълумотҳои расмӣ боиси марги 23 нафар ҳарбиён ва 21 нафар сокинони маҳаллӣ гардида буд. Ба ҷуз аз қотилони генерал, мақомот алайҳи ҷанговарони собиқи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки роҳбарони ғайрирасмӣ дар минтақа маҳсуб мешаванд, иттиҳом эълон кардаанд. Сокинони маҳаллӣ аз супурдани онҳо даст кашиданд, ки ин боиси задухурди ошкорои мусаллаҳона гардид.

Дар соли 2014 дар маркази Хоруғ ҳодисаи бо тирпарронии пулисҳо рух дод, ки дар натиҷа ду сокини осоишта ба ҳалокат расид. Дар шаҳр бенизомиҳо шуруъ шуд, дар ҷараёни он эътирозгарон биноҳои Шуъбаи корҳои дохила, прокуратураи вилоятӣ ва судро оташ заданд

Сентябри соли 2018  президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба ВМКБ аз роҳбарияти вилоят ва мақомоти амниятии маҳаллӣ, ки ба гуфтаи ӯ  бо ҷинояткорон мубориза бурда наметавонанд, шадидан интиқод карда буд.

«Агар шумо бо се-чаҳор ҷинояткор дар шаҳр мубориза бурда наметавонед, агар барои шумо ҳаракати нақлиётро дар шаҳр ба тартиб даровардан душвор бошад, ман метавонам қувваҳои мусаллаҳро ҷалб намоям», – гуфт президент дар ҷараёни вохӯриаш бо фаъолони вилоят.

Президент ба мақомоти қудратӣ дастур дод, ки дар Хоруғ давоми як моҳ тартиботро барқарор намуда, дар ҳолати зарурӣ таҳти максъулияти вай аз қувваҳои мусаллаҳ истифода баранд.

Аз ҳамон давра дар вилоят Ситоди байниидоравии таъмини тартибот ва қонун ташкил карда шуда, роҳбарони ғайрирасмӣ ба таври хаттӣ уҳдадор шудаанд, ки қонунро вайрон накунанд ва ба фаъолияти мақомоти вилоят дахолат накунанд ва собиқ директори иҷроияи хазинаи Оғохон дар Точикистон Ёдгор Файзов, ки дар минтақа обурӯ  дорад, ба вазифаи раиси вилоят таъин шуд.

Дар ҳамин ҳол, эътирозҳо берун аз Хоруғ идома мекард. Масалан, дар соли 2020 сокинони ноҳияи Рӯшон барои пуштибонии як сокини маҳаллӣ, ки алайҳи муносибати дағалонаи низомиён баромада буд, ва аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқ мавриди латукӯб қарор гирифт, баромаданд.

Мантиқи эътироз

Сафарбаркунии аҳолӣ ва барангехтани иқдомҳои эътирозӣ, эҳтимолан мақомоти тоҷик бо шахсиятҳои пешвоёни ғайрирасмӣ алоқаманд буда, ҷуғрофиёи он одатан бо ҳудуди маркази маъмурӣ – Хоруғ маҳдуд мешуд. Аммо тавре рӯ йдодҳои ахири минтақа нишон медиҳанд, потенсиали эътирозҳо дар минтақа аз чаҳорчӯ би муқарраршуда берун аст. Масалан, дар ноҳияҳои Ишкошим ва Рӯшон  митингҳои эътирозӣ барпо гардиданд.

Эътирозҳо дар  Рӯшон  16 июни соли 2020. Акс: ozodi.org
Эътирозҳо дар  Рӯшон  16 июни соли 2020. Акс: ozodi.org

Рӯзноманигор Анора Саркорова, зодаи Вилояти Мутори Куҳистони Бадахшон, сабабҳои норозигии мардумро аз як қатор омилҳое, ки дар чанд соли охир ҷамъ шудааст, вобаста медонад.

– Вилояти МуХтори Куҳистони Бадахшон қариб нисфи ҳудуди Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва бойтарин захираҳои маъдану об дорад. Дар ҳамин ҳол, Помир ҳатто аз рӯ йи меъёрҳои Тоҷикистон фақиртарин минтақа ба шумор меравад. Дар инҷо нарх назар ба дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ду-се баробар қимат буда, даромад хеле паст аст. Сатҳи баланди бекорӣ боиси муҳоҷирати оммавӣ гардид. Дар Помир заминҳои кишт кам аст ва аз ин рӯ , кишоварзӣ сокинони ин минтақаро таъмин карда наметавонад. Ҳамин тавр, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ вазифаи аввалиндараҷаи сохторҳои марказӣ мебошад. Аммо дар Душанбе тасмим мегиранд, ки ба курсии раиси вилоят на як мудири ботаҷриба, на менедҷери буҳронӣ, на ҳуқуқшинос, балки афсари амниятӣ таъин мешавад. Оё генерали хадамоти махсус ин мушкилотро ҳал карда метавонад? Метавонад, аммо танҳо бо роҳи маҷбурӣ ва ҷазо. Ба ҷои ҳалли мушкилоти камбизоатӣ ва шуғли аҳолӣ мақомоти маҳаллӣ бо кӯ маки мақомоти қудратӣ ҳама гуна ихтилоф, аз ҷумла, кӯ шиши ҳифзи шаъну шарафи наздикону пайвандони худро муҷозот мекунанд, – гуфт Саркорова ба CABAR.asia.

Дар чунин шароит, ба қавли рӯ зноманигор, бо назардошти он ки расонаҳои ҳукуматӣ талош доранд тазоҳуркунандагонро ба ҳайси ҷинояткор муаррифӣ кунанд, эътирозҳои осоиштаро ба амалиёти низомӣ баробар карда, дар бораи ҷиноятҳои нирӯ ҳои тартибот ва қудратӣ хомӯ шӣ ихтиёр мекунанд, ки муносибати ғаразноки онҳо ба минтақа эҳсос мешавад. 

Ёдгор Файзов. Акс маркази матбуоти раиси ВМКБ
Ёдгор Файзов. Акс маркази матбуоти раиси ВМКБ

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нишондиҳандаи  сатҳи баланди бекорӣ ва камбизоатӣ ва пастарин рушди иқтисодӣ ба шумор меравал. Сатҳи камбизоатӣ тақрибан 40 фоизро ташкил медиҳад, дар ҳоле, ки дар дигар минтақаҳо, тибқи сарчашмаҳои гуногун 20-30% ҳисоб карда мешавад. Минтақа бо инфрасохтори заиф, саноати рушднаёфта, мавҷудияти ҳадди ақали заминҳои кишоварзӣ фарқ мекунад. Саҳми ВМКБ, тибқи маълумоти расмӣ 2,1 фоизи корхонаҳои саноатиро ташкил медиҳад, ки 0,7 фоизи тамоми маҳсулоти саноатии кишварро истеҳсол мекунад.   

Бо сабаби шароити сангини иқтисодӣ бештари аҳолии қувваи корӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.

Равиши ноустувор

Даври нави муноқишаҳо дар минтақа баъди камтар аз як моҳ аз истеъфои Ёдгор Файзов ва ба ҷои ӯ  таъин шудани Алишери Мирзонабот оғоз шуд. Дар наворҳои гирдиҳамоии Хоруғ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, дида мешавад, ки Мирзонабот бо шиори «истеъфо» ба эътирозгарон наздик мешавад. Чунин талабот дар байни корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ – сокинони ВМКБ низ мушоҳида мешавад. Бо вуҷуди ин, мансабдор фаъолияташро дар курсии раиси вилоят давом медиҳад.

Коршиносон қайд мекунанд, ки дар сурати мавҷуд набудани ваколатҳои воқеӣ ҳеҷ як мансабдор наметавонад ба натиҷаҳои назаррас ноил шавад.

«Мушкил дар он аст, ки амалан ҳеҷ яке аз роҳбарони вилоят, ҳамчунин парлумони маҳаллӣ ваколатҳои воқеие, ки дар Конститутсия пешбинӣ шудааст, надоштанд. Роҳбари ботаҷриба дар шароити кунунӣ танҳо як чеҳраи сухангӯ и ҳукумати марказӣ мегардад, ки дар бораи ВМКБ қарор қабул мекунад, аммо манфиату шароити Помирро ба назар намегирад», – қайд мекунад Анора Саркорова.

Собиқ раис Ёдгор Файзов дар суҳбат бо CABAR.asia  гуфт, ки баъзан барои ҳалли оддитарин масъалаҳо ба вазирону раҳбарони соҳаҳои мухталиф муроҷиат кардан лозим меояд. Вай салоҳияти аслии худро «муоширати мустақим бо президент» номид, ки дар ҳалли масъалаҳои муҳим ба вай муроҷиат мекунад.

Оё раҳбари кунунӣ чунин имтиёзи шабеҳ дорад ё не, маълум нест. Ҳамчунин маълум нест, ки то куҷо ин марказ дар муносибат бо ВМКБ қаноатманд аст.

Нигоҳ аз берун

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов дар як таҳлили ҳаводиси Бадахшон мавҷудияти мушкилоти иҷтимоӣ – иқтисодиро иллати аслии низоъҳо хонда, дидгоҳи худро барои ҳалли мушкилоти минтақа пешниҳод мекунад.

Аз ҷумла, коршинос пешниҳод мекунад, ки барномаи рушди босуръати минтақаро таҳия намуда, нобаробарӣ дар рушди он рафъ карда, якчанд минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) воқеан фаъол ва Фонди рушди минтақа таъсис дода шавад. Барои рафъи шиддати мавҷуда, ба қавли вай аз постҳои доимӣ даст кашидан ва ҷойгиркунии кадрҳоро аз нав дида баромадан лозим аст то ки кадрҳои ба сафарҳои хизматӣ фиристодашуда камаш 20-30 фоиз ҳайати умумиро ташкил кунад.

Ҳамсуҳбати CABAR.asia, коршинос аз Душанбе, ки нахост номаш ифшо шавад, қайд мекунад, ки дар шароити феълӣ мақомот ба таври мунтазам эътимоди мардуми минтақаро коста мекунанд ва субот дар минтақа то ба куҷо муассир будани тавофуқ бастагӣ дорад.

«Агар ҳама чиз дар масоили муноқишаҳои соли гузашта, ки мақомот тафтишоти мустақил ва шаффоф наҷом надоданд ва баъзе парвандаҳо махфӣ ҳисобида мешуданд, ҳал шавад, ҳеҷ натиҷаи пешрафт ба даст намеояд. Ба ҷои ҳалли мушкилот метавонад як минтақае пайдо шавад, ки мухолифати ошкорро ба мақомотро дорад», – мегӯяд мусоҳиби CABAR.asia.

Ба қавли вай, ҳоло маълум нест, ки ҳукумат аз ҳодисаҳои қаблӣ сабақ гирифта бошад.

Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон  тамоми қисмати шарқии Тоҷикистонро, ки аз рӯ и масоҳат минтақаи калонтарини кишвар – беш аз 64 ҳаз. метри мураббаъ мебошад,  ишғол мекунад. Тибқи маълумотҳо дар оғози соли 2021, дар ВМКБ тақрибан 250 ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: