© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Тоҷикистон: Чигуна издивоҷҳои бармаҳал зиндагии духтаронро табоҳ мекунанд

Дар баъзе аз манотиқи Тоҷикистон ҳанӯз ҳам суннатҳои қадимии номзадии  бармаҳал вуҷуд дорад. Духтаронро ҳанӯз дар синини 12-13-солагӣ, бе он ки домоди ояндаро дида бошанд, ба ӯ номзад мекунанд. Ва дар мавриди идомаи таҳсили духтарон дар мактаб ва донишгоҳ фақат номзад ё шавҳари ояндаашон метавонад тасмим бигирад.


Ба канали мо дар  Telegram  ҳамроҳ шавед!


Маҳина Акрамзода дар синфи 11-и мактаби рустои Сурхи ноҳияи Исфара, дар шимоли Тоҷикистон, як минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон, таҳсил мекунад. Алакай 5 сол аст, ки ӯ номзад шуда ва ҳамсари ояндааш 22 сол дорад.

«Мо ҳаргиз бо ҳам дидор надоштем. Домодро волидонам интихоб карданд. Ман мехоҳам пизишк шавам ва номзадам бо ин тасмим мувофиқат кард,»- мегӯяд Маҳина.

Ӯ аз ҷумлаи андак духтаронест, ки ҳамсари ояндаашро мешиносад, ҳарчанд онҳо боре ҳам бо ҳамдигар суҳбат накардаанд.

Ман намедонам кадоме аз онҳо номзадам аст. Медонам, ки маро фотеҳа кардаанд, аммо бо чи касе, намедонам.
Номзадии  бармаҳали духтарон аз вижагиҳои рустои Сурх аст. Сокинони ин деҳкада аз мардумони мазҳабӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Дар ин русто 16431 нафар ба сар мебаранд, ки 8697 нафарашон занҳо мебошанд.

Ҳануз дар синини 12-13-солагӣ ва гоҳ ҳатто баъди таваллуд, волидон духтарони худро ба писарони хешовандони дуру наздик ва ё ёру рафиқони худ номзад мекунанд. Ин расм “гаҳворабахш” ном дорад, ки ба маънои “бахшидан аз гаҳвора” мебошад. Хонаводаҳое, ки ин расмро анҷом намедиҳанд, мавриди тамасхури ҳамдеҳаҳои худ қарор мегиранд.

Духтарон маъмулан интихоби волидонро мепазиранд, ҳарчанд хабар надоранд, ки волидонашон чи касеро барои онҳо интихоб кардаанд.

«Вақте ман аз дарс ба хона бармегардам, чанд навҷавон аз дунболам меоянд. Ман намедонам, кадоме аз онҳо номзади ман аст. Аммо медонам, ки маро фотеҳа (номзад) кардаанд, аммо намедонам бо чи касе,» – мегӯяд Мавзуна (ки номаш тағйир дода шуда) ва дар синфи 11 мехонад. Ӯро замоне, ки синфи 8 буд, хостгорӣ карданд ва танҳо чизе ки дар бораи ҳамсари ояндааш медонад, ин аст, ки ӯ аз хешовандонаш нест.

Издивоҷ дар навбати аввал?

Дар мактаби рақами 29-и деҳаи Сурх аксари духтарони синфҳои болоӣ мегӯянд, ки онҳо алакай номзад шудаанд. Онҳоро аз хурдсолӣ чунин тарбият кардаанд, ки хонадорӣ ва муроқибат аз ҳамсару фарзандонро ҳадафи аслии зиндагии худ қарор бидиҳанд.

Яке аз толибилмони синфи 11 мегӯяд, ки бо интихоби волидонаш мувофиқ аст ва омода аст ба тарбияти фарзандон машғул шавад, агар ҳамсараш ба ӯ иҷозаи идомаи таҳсил надиҳад.

Масъулони мактаб мегӯянд, ки ҳанӯз даҳ сол пештар давраи комили таҳсилоти мутавасситаро фақат писарон анҷом медоданд. Имрӯз, бар асоси маълумоти мақомот, ҳамаи духтарон ҳам таҳсилро то ба охир мерасонанд, чунки ҳукумати Тоҷикистон шадидан бар фаъъолияти онҳо назорат мекунад.

Дар соли 2011 дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи масъулияти падару модар барои таҳсил ва тарбияи фарзанд» тасвиб шуд. Тибқи иттилоъи Додситонии кул, дар соли 2017 ҳудуди 16 ҳазор парванда алайҳи волидоне, ки ин қонунро нақз кардаанд, боз шудааст. Онҳо ба маблағи 1,3 млн сомонӣ(138 ҳозар дулор) ҷарима шудаанд. Дар соли 2016 расонаҳои маҳаллӣ аз боз шудани 474 парванда алайҳи волидон хабар доданд.

Пештар расми “гаҳворабахш” дар саросари Тоҷикистон маъмул буд, аммо ҳоло ин маросим тақрибан ба фаромушӣ супурда шудааст. Номзадии бармаҳал танҳо дар баъзе аз манотиқи дурдаст ба монанди рустои Сурх сурат мегирад. Ва дар ин ҷо духтарон банудрат барои таҳсил ба донишгоҳ мераванд.

 «Аксари ҷавонписарони деҳаи мо намехоҳанд, ки ҳамсарони ояндаашон дар донишгоҳ таҳсил кунанд. Онҳо аз таҳсили духтарон дар донишгоҳ монеъ мешаванд. Аммо ҳар духтар ҳаққи интихоб дорад,» – мегӯяд Моҳчеҳра Каримзода.
Духтаре дар синфи 10-ум таҳсил мекунад ва пас аз анҷоми мактаб мехоҳад дар риштаи рӯзноманигорӣ (дар донишгоҳ) таҳсил кунад. Ӯ ба касе номзад нашудааст ва мухолифи суннати номзадии  бармаҳал аст, зеро ба бовари ӯ ин расм ҳаққи духтаронро зоеъ мекунад.

«Ман фикр мекунам, ки ташкили хонавода бо фарде ношинос мушкилоти зиёдеро ба бор меоварад. Ҷавонписарон ба номзадҳои худ фармон медиҳанд, ки фалон кор накун ва беҳмон ҷо нарав… Дар натиҷа, ихтилофу нофаҳмиҳои зиёде ба миён меояд ва метавонад ба фурӯпошии хонавода анҷомад,» – мегӯяд Каримзода.

Мавориди талоқ ва сиқти ҷанин

Ҳатто агар тарафи домод бо таҳсили арӯси оянда мувофиқат кунанд, боз ҳам худи духтарон баночор аз идомаи таҳсил даст мекашанд, зеро ҳамаи фикрашон ба хариду омодагӣ барои маросими арӯсӣ ва зиндагии минбаъда машғул хоҳад шуд, – мегӯяд Муаззам Назирова, раиси кумитаи занони деҳкадаи Сурх.

Муаззам Назирова. Акс: CABAR.asia
Муаззам Назирова. Акс: CABAR.asia

Ба гуфтаи ӯ, агар қаблан 70 дарсади духтарони русто зуд издивоҷ мекарданд, ҳоло ин нишондод ба шарофати корҳои таблиғотӣ то 30 дарсад камтар шудааст.

«Бе он ки аз духтар бипурсанд, ӯро фотеҳа (номзад) мекунанд ва ин мушкилоте дар пай дорад. Издивоҷҳои бармаҳал маъмулан боиси ба дунё омадани кӯдакони носолим ва сиқти ҷанин мешавад. Азбаски духтарон барои фарзанддорӣ омода нестанд, навзодон маъмулан фавт мекунанд,» – мегӯяд Назирова.

Ба гуфтаи Назирова, мардум мебинанд, ки дар натиҷаи издивоҷҳои бармаҳал хонаводаҳои зиёде аз ҳам мепошанд ва духтарон бо кӯдакони кӯчак дар даст танҳо мемонанд. Бино бар ин, мардум худашон аз ин расм даст мекашанд.

Бо ин ҳол, аз миёни 661 духтари толибилм 200 нафар алакай номзад шудаанд. Аммо тавре ки Назирова мегӯяд, дар натиҷаи корҳои таблиғотӣ тайи шаш моҳи ахир 80 духтар аз номзадони худ даст кашиданд ва бо афроди дилхоҳи худ издивоҷ карданд.

Қаблан даст кашидан аз фотеҳа (номзадӣ) гуноҳ маҳсуб мешуд, аммо ҳоло духтарон ҳаққи худро медонанд ва бидуни тарс аз волидони худ шавҳари ояндаашонро интихоб мекунанд. Духтарони мо аз донишгоҳ бо дипломи сурх фориғ мешаванд, аммо волидон онҳоро ба шавҳар медиҳанд. Ҷавононе ҳам ҳастанд, ки бо духтарони таҳсилкарда издивоҷ мекунанд ва онҳо аҳли дарку фаҳм ҳастанд. Аммо дар айни замон волидоне ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд ҳарчи зудтар фарзандонашонро хонадор кунанду ҳаҷ бираванд.
Интихобе нест

«Пештар духтарони синфи 4-5-ро номзад мекарданд. Ҳоло синни номзадиро то синфи 9 боло бурдаанд. Шавҳари оянда ба номзадаш дастур медиҳад, ки рӯсарии калонтаре бандад, дар чорабиниҳои мактаб ширкат накунад ва ба ҷашнҳои арӯсӣ наравад,» – мегӯяд Мунира Муҳиддинова, муаллимаи мактабе дар Исфара.

Мунира Муҳиддинова. Акс: CABAR.asia
Мунира Муҳиддинова. Акс: CABAR.asia

Бо ин ҳама корҳои таблиғотиву рӯшангарӣ алайҳи номзадии бармаҳал ин расм ҳанӯз ҳам аз масоили умда ба шумор меравад. Дар соли 2011 дар Тоҷикистон синни издивоҷ аз 17 ба 18 боло бурда шуд. Ҳамакнун аҳли хонаводаи домод мунтазир мемонанд, то номзадаш ба синни издивоҷ бирасад, сипас ҷашни арӯсиро барпо мекунанд.

Мавориде буда, ки то имтиҳоноти давлатӣ замоне тӯлонӣ боқӣ монда, аммо духтар ба синни 18 қадам ниҳодааст. Тарафҳо ҷашни арӯсиро як рӯз баъд аз зодрӯзаш барпо мекунанд ва тарафи домод ба духтар иҷоза намедиҳад, ки имтиҳоноташро бисупорад, – мегӯяд Муҳиддинова.

 Аксари духтарони фотеҳашуда мегӯянд, ки бо интихоби волидонашон мувофиқанд ва таъкид мекунанд, ки чораи дигаре надоранд, ҳатто агар домодҳои оянда аз идомаи таҳсилашон монеъ шаванд.

 «Ман наметавонам ҳарфи волидонамро рад кунам. Чунки баъд ҳама ба ҳоли мо хоҳанд хандид.» Маҳина Акрамзода.
 Маҳина, ки базудӣ бо номзади баргузидаи волидонаш издивоҷ мекунад, ҳатто фикри мухолифат бо хостаи волидонашро ба худ роҳ намедиҳад. Ӯ дар посух ба ин суол ки агар фарди дигареро дӯст дорӣ, чи хоҳӣ кард, қотеъона мегӯяд, ки бо номзади баргузидаи волидонаш издивоҷ хоҳад кард.

«Ман наметавонам аз ҳарфи волидонам сарпечӣ кунам. Чунки он вақт ҳама бар мо хоҳанд хандид, – мегӯяд ӯ.


Маводи мазкур дар чорчӯби тарҳи «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project» ва бо кумаки молии Вазорати хориҷаи Норвегия омода шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин матоаб баёнгари мавзеъи расона ва сарпарасти ин тарҳ нест.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: