Дар асри глобалӣ, Интернет амалан ба як асбоби амалишавии ҳуқуқи инсон ба озодии сухан табдил меёбад. Аз ин лиҳоз, дар хусуси ҳуқуқи ба танзим даровардани дастрасӣ ба Интернет хеле муҳим аст, мегӯяд коршиноси соҳаи Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ Асомиддин Атоев ва ҳуқуқшинос Хуршед Қурбоншоев.
Интернет, шабакаи умумиҷаҳонӣ, кайҳост ба як воситаи дастраси умум табдил ёфтааст, ки дар амалишавии ҳуқуқҳои инсон имконияти васеъ фароҳам меорад. Он ҳамчун шабакаи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ё системаи умумиҷаҳонии шабакаҳои компютерӣ ва коммуникатсионӣ барои эҷод ва коркард, нигаҳдорӣ ва интиқоли иттилоот шарҳ дод мешавад. Илова бар ин, система барои шабакаҳои рақамӣ ва гаҷетҳо, ки ба осонӣ ба Интернет пайваст мешаванд, боз аст.
Интернет кайҳост ҳамчун заминаи асосии рушди ҷомеаи иттилоотӣ эътироф шудааст. Бо вуҷуди ин, то ҳол, ҳатто дар ҳуқуқи байналмилалӣ таърифи дақиқи ҳуқуқии Интернет ҳамчун системаи кибер-физикӣ вуҷуд надорад.
Сохторҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ, ки дар танзими масъалаҳои киберафзо манфиатдоранд, дар ҳуҷҷатҳои худ чунин истилоҳотро – «технологияи иттилоотӣ- коммуникатсионӣ» (ТИК), «шабакаҳои насли нав», «шабакаи глобалӣ», «киберафзо» ва ғайра, ки мувофиқи он дар танҳоӣ наметавонанд тамоми моҳияти хусусиятҳои Интернетро шарҳ диҳад.
Қобили зикр аст, ки интернет ба таври умум ҳамчун восита ё воситаи интерактивии дастрасии мултимедиявӣ ба захираҳои иттилоотӣ эътироф мешавад ва дар натиҷа зарур аст дар он муносибатҳои ҳуқуқиро ба танзим дароранд, на ин ки ин фазои инкиофёбандаро.
Мафҳуми ҳуқуқии Интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ
Аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон мафҳуми ҳуқуқиеро, ки дар қонуни намунавии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Дар бораи асосҳои танзими Интернет», ки соли 2011 таҳия шудааст, истифода мебарад. Бояд қайд кард, ки ҳамаи ин муқаррарот хусусиятҳои пурраи Интернетро ҳамчун платформаи боз, ки ба пешрафти иҷтимоӣ мусоидат мекунад, фаро нагирифтаанд, балки танҳо сифатҳои техникиро дар шакли хурд тавсиф мекунад.
Ин муқаррарот бо муқаррароти Интернет, ки аз ҷониби Шӯрои Федеролии Шабакаи ИМА соли 1995 пешниҳод гардидааст, дар зер оварда мешавад (Ҷадавалро ниг.) муқоиса шудааст.
Ҳуқуқ ба дастрасӣ ба Интернет дар Осиёи Марказӣ
Аксар вақт «Интернет»-ро бо Воситаи ахбори омма баробар мекунанд. Аммо, дар ин ҷо байни ин ду мафҳум фарқ гузоштан бамаврид аст, зеро «Интернет» воситаи нақлиёт ва воситаи ба даст овардан, ҷустуҷӯ ва паҳн кардани иттилоот мебошад.
Интернет – муҳимтарин дороии ҷомеа буда, таъмини дастрасӣ ба он як масъалаи муҳим аст ва пандемияи Ковид – 19 далели ин гуфтаҳост. Масалан, гузариш ба таълими фосилавӣ ба хонандагон ва донишҷӯён имкон дод, ки барномаи таълимӣ фармоишҳои онлайнӣ барои интиқоли ғизо, доруворӣ ва дигар маводи зарурӣ, инчунин паҳн кардани маълумот дар бораи усулҳои муҳофизат ва табодули таҷриба дар мубориза бар зидди коронавирус ҳадди ақал кам кардани ҳама хатарҳои мавҷуда мусоидат кард.
Ҳамчунин, пандемияи КОВИД-19 нишон дод, ки то чӣ ҳад дастрасӣ доштан ба Интернет муҳим аст, то аз пешрафти ҳама соҳаҳо, хусусан дар шароити карантини умумиҷаҳонӣ бехабар намонӣ. Дар давраи пандемия Интернет худро ҳамчун як усули бехатари муошират муаррифӣ кард, ки тамоми соҳаҳоро аз маориф то иқтисод устувор нигоҳ медорад.
То ҳол танзими дақиқи ҳуқуқии дастрасӣ ба Интернет вуҷуд надорад, гарчанде аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид эълон ва эътироф шуд, ки дастрасӣ ба Интернет як ҳуқуқи бунёдии инсон аст.
Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон тавсия додааст, ки ҳуқуқи инсон дар фазои оффлайн ва онлайн баробар этироф карда шавад. Аммо, бо вуҷуди ин, қатъномаҳои СММ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳатмӣ нестанд, аз ин рӯ, кишварҳо нисбати ҳуқуқи рақамӣ муносибати гуногун доранд ва то ҳол як созишномаи ягонаи байналмилалӣ, ки дастрасии интернетро ҳамчун ҳуқуқи инсон танзим мекунад, қабул нашудааст. Ҳамин тариқ, як қатор кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ аз қабули ин далел худдорӣ мекунанд. Ҳарчанд, қонунгузории кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳолатҳои маҳдуд кардани дастрасӣ ба Интернетро дар бар мегирад.
Мутаассифона, чунин бархурди пароканда дар танзими дастрасӣ ба интернет ва дигар ҳуқуқҳои дар он амалигардида боиси риоя нашудани меёрҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва поймол шудани ҳуқуқи рақамии инсон дар кишварҳои Осиёи Миёна мегардад.
Дарк кардан зарур аст, ки Интернет кайҳост дигар воситаи муоширати классикӣ нест, балки муҳити афзояндаи мултимедиявӣ буда, барои татбиқи як қатор ҳуқуқҳои инсон имкониятҳои бештар дорад.
Дар Интернете ғайр аз маълумот гирифтан, ҷустуҷӯ ва паҳн намудани иттилоъ, боз чунин ҳуқуқҳои инсон ба мисли ҳуқуқ ба меҳнат, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба соҳибкорӣ, ҳуқуқ ба эҷодкорӣ, ҳуқуқ ба озодии сухан ва изҳори андеша ва ғайра ба ҳам алоқаманд мебошанд. Агар давлатҳо ҳадди ақал танзими ҳуқуқии дастрасӣ ба Интернетро тамин накунанд, ва ҳадди аксар онро ҳамчун як ҳуқуқи ҷудонашаванда ва конститутсионии инсон этироф накунанд, дар бораи рушди иттилооти ҷамиятии комил ҳарф задан барвақт аст. ҳар як маҳдудияти беасоси дастрасӣ ба Интернет метавонад боиси поймол шудани маҷмӯи ҳуқуқҳои инсон гардад.
Бо дарназардошти хусусиятҳои васеи Интернет ва дарк кардани он ки он метавонад хатарҳо низ ба вуҷуд орад, яъне барои ҷиноятҳои киберӣ имконият фароҳам орад (нақзи ҳуқуқи инсон дар маҷмуъ, аз ҷумла роҳзанӣ, поймол кардани ҳуқуқи муаллиф ва дигар ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ, шикастан ва дуздии малумоти шахсӣ, паҳн кардани идеяи терроризм ва ифротгароӣ), бояд байни таъмини амният (дар асоси принсипҳои зарурӣ ва мутаносибӣ) ва нигоҳ доштани принсипи шаффофият ва пешгӯишаванда дар таъмини ҳуқуқӣ дастрасӣ ба Интернет қатъӣ риоя карда шавад.
Зарурат ва мутаносибӣ – меъёри асосии қонунгузории ҷомеаи демократӣ мебошад. Ин меъёрҳо омили муҳими татбиқи бомуваффақияти имкониятҳои Интернет ҳам барои таҳкими принсипҳои демократӣ дар кишвар ва ҳам барои баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодӣ ватанӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Ҳар як миёнарав, ватанӣ ва ё хориҷӣ, метавонад ба мавҷудияти натанҳо маҳсулот (маълумот, барномавӣ ва виртуалӣ), балки хидматҳо ҳам барои воридот ва ҳам барои содирот аз он саҳм мегузорад. Риояи меъёрҳои дар боло зикршуда барои коҳиш додани маҳдудиятҳои беасос дар дастрасӣ ба Интернет, ки ба ҳифзи манфиатҳои баъзе идораҳо бар зарари миллӣ нигаронида шудаанд, мусоидат мекунад.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯшишҳои инфиродӣ барои танзими қонунии дастрасӣ ба Интернет мушоҳида мешавад. Масалан, дар Туркманистон қонун дар бораи танзими ҳуқуқии рушди Интернет қабул шудааст, ки сиёсати давлатро дар мавриди таъмини дастрасӣ ба шабака муайян мекунад.
Тибқи ин сиёсат, давлат бояд дастрасии ҳамагонӣ ва баробар ба Интернетро тавассути бунёд ва дастгирии инфрасохтори сохторҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ таъмин намояд, инчунин дар таъмини имтиёзҳо ҳангоми хизматрасониҳои интернетӣ ба гуруҳҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, рушди инфрасохтори хадамоти пайвастшавӣ ба Интернет дар манотиқи деҳот, дурдаст ва душворгузари Туркманистон пешниҳод шудааст.
Аммо, дар кишвар татбиқи амалии нормаҳои дар боло зикршуда на ҳамеша бо қувваи қонун тамин карда мешавад. тибқи маълумотҳои расонаҳо, мушкили таъмини дастрасӣ ба Интернет қаблан вуҷуд дошт, аммо бо омадани раисиҷумҳури нав Сердар Бердимуҳаммедов, масдудшавӣ ва маҳдудсозии датрасӣ ба Интернет танҳо шиддат гирифт.
«Ҳоло ба ҷои бастани суроғаҳои инфиродӣ, ки шумораи онҳо ба даҳҳо ҳазор нафар мерасад, онҳо интернетро дар маҷмуъ масдуд мекунанд, аммо дар он «сӯрохӣ»-ҳои иҷозатдодашуда дар шакли сомонаҳои алоҳидае боқӣ мондаанд, ки барои вафодорӣ тафтиш карда мешаванд».
Ба фарзи чунин мисолҳо метавон ба ташаббуси таъмини датрасӣ ба хидматҳои онлайнӣ такя кард. Дар асри рақамишавӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ сайъ доранд, ки бо дигар кишварҳо, масалан, дар пешниҳоди хидматҳои давлатӣ дар формати рақамӣ баробар бошанд.Дар Қазоқистон «ҳукумати электронӣ»пурра фаолият мекунад, дар Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон барои дар шакли рақамӣ тағйир додани хизматраониҳои давлатӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии кофӣ қабул шудааст. Бо вуҷуди ин, бояд дар назар дошт, ки бидуни таъмини дастрасии тамоми аҳолӣ ба Интернет ва эҳтироми бетарафии шабака (асосан, провайдерҳои Интернет бояд ба ҳама ҳуқуқҳои якхела барои дастрасӣ ба Интернетро фароҳам оранд) чунин лоиҳаҳо боиси «нобаробарии рақамӣ»мешаванд.
Дар баробари ин, сатҳи фарогирии интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои соли 2021 чунин аст:
Қазоқистон -81.90%
Қирғизистон-50,40%
Ӯзбекистон-55,20%
Тоҷикистон-34,90%
Туркменистон-33,20%
Яке аз сабабҳои чунин нобаробарии рақамӣ миёни кишварҳо, ба бовари коршиносон, бидуни табъиз ва ҳатто гоҳо бесарусомонӣ қатъи Интернет ва маҳдудияти суръати интиқоли маълумот аст. Давлатҳо, чунон ки таҷриба нишон медиҳад, одатан ин амалро тавассути таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иттилоотӣ асоснок мекунанд.
Чунин қатъкунӣ зарари иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳамчунин сиёсӣ мерасонад, ки дар натиҷа мутаносиб набуда, ба оқибатҳои манфӣ оварда мерасонад. Хароҷоти иқтисодӣ метавонад сабабгори қатъ шудани муомилоти молиявӣ, халалдор шудани савдо ва саноат ва бадтар шудани нобаробарии мавҷудаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гардад.
Масалаи нархгузорӣ низ ба маҳдудияти датрасӣ ба Интернет таъсири ҷиддӣ мерасонад. Масалан, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ арзонтарин Интернетро сокинони Қирғизистон (0,6доллар барои 1ГБ) ва Қазоқистон (0,8 доллар барои 1 ГБ) доранд, дар Ӯзбекистон каме гаронтар (1,3 доллар барои 1 ГБ), аз ҳама бештар сокинони Тоҷикистон (3,5 доллар барои 1ГБ) ва Туркманистон (17,5 доллар барои 1 ГБ) пардохт мекунанд.
Бо назардошти аҳамияти дастрасӣ ба Интернет ва тавсияҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ, кишварҳоро зарур аст:
– дар сатҳи ҳуқуқӣ таъмини дастрасӣ ба Интернетро танзим намоянд;
– дастрасӣ ба Интернетро ҳамчун яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон эътироф намоянд;
– ташвиқ ва мусоидат кардан дар бартараф кардани нобаробарии рақамӣ ва нигоҳ доштани бетарафии шабакавӣ
– ба шаҳрвандон кафолати ҷуброни зарар аз маҳдудиятҳои беасос дар дастрасии Интернетро пешниҳод намояд.
Агар давлатҳо ба ҳар ҳол имкониятҳои иҷозат додан ё қатъ карданро дида бароянд, онҳо бояд шаш талаботи асосии зеринро ҷиддӣ риоя кунанд. Ҳамагуна қатъи Интернет бояд:
- a) дар қонуни якмаъно ва дастраси умум бо риояи принсипҳои мешгӯикунанда ва шаффофият дақиқ асоснок карда шавад
- b) барои ноил шудан ба ҳадафи қонунӣ, ки дар қонуни башарӣ муаян шудааст, бо риояи принсипҳои зарурӣ ва мутаносибӣ муҳим будан.
- c) Мутаносибан бо ҳадафи қонунӣ ва воситаи камтар фарогир барои ноил шудан ба ин ҳадаф бошад, ва мувофиқан онҳо бояд то ҳадди имкон аз нигоҳи давомнокӣ, фарогирии ҷуғрофӣ ва шабакаҳо ва хидматҳои таъсиррасон маҳдуд бошанд;
- d) барои пешгирӣ аз таъсири сиёсӣ, тиҷоратӣ ё дигар таъсири номатлуб бояд аз ҷониби суд ё дигар мақомоти мустақили судӣ пешакӣ тасдиқ карда шавад;
- e) ба ширкатҳои ҷамиятӣ ва телекоммуникатсионӣ ё провайдерҳои хидматрасонии интернет бо тавзеҳи дақиқи асосҳои қонунии қатъ ва тафсилоти ҳаҷм ва давомнокии он пешакӣ эълон карда шавад;
- f) таъмин намудани механизмҳои пурмазмуни ҷуброни зарардидагоне, ки ҳуқуқҳои онҳо дар натиҷаи қатъшавӣ осеб дидаанд, аз ҷумла тавассути мурофиаи судӣ дар судҳои мустақил ва беғараз; мурофиаи судӣ бояд сари вақт анҷом дода шавад ва кафолат диҳад, ки қатъи ғайриқонунӣ бар хилофи қонуни амалкунанда содиршуда, ҳатто пас аз қатъшавӣ қатъи дахлдор эътироф карда шавад.
Бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ, давлатҳо бояд дар пешниҳоди саривақтии малумоти дақиқ дар бораи дилхоҳ маҳдудияти дастрасӣ ба Интернет, ки онҳо метавонанд ҷорӣ кунанд, аз ҷумла маҳдуд кардани бархе хизматрасониҳои коммуникатсионӣ ва платформаҳо ва ё бастани шабакаҳои хусусӣ манфиатдор бошад, Илова бар ин, кишварҳо набояд истифодаи воситаи рамзгузорӣ ё гузаштан аз маҳдудиятҳо, ва ё каналҳои мушаххаси алоқа, ба мисли шабакаҳои хусусии виртуалиро манъ ва ҷиноят кунад, баракс, бояд датрасӣ ба ин воситаҳоро барои тамини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла, ҳифзи малумоти шахсӣ ба эътибор гирад.
Дар хотима мехоҳем бори дигар қайд намоям, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба Интернет -яке аз ҳуқуқҳои ҷудонашавандаи инсон буда, дорои мундариҷаи хоси худ буда, онро бояд давлатҳо таъмин намоянд. зеро худи он амалишавии ҳуқуқ ва дигар ҳуқуқҳо ва озодии шаҳрвандонро таъмин менамояд. Бо дарназардошти суръате, ки тағйирот дар рушди ҷомеа тавассути истифодаи ТИК ба вуқуъ мепайвандад, барои амалӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо эҳтиром гузоштан ба манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо, ҳам шаҳрвандон ва ҳам давлат муҳим аст. Ҳамзамон, зарур аст, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба Интернет тавассути муайян кардани имкониятҳои мушаххас, уҳдадориҳои манфӣ ва мусбӣ ба дӯши давлатҳо, инчунин созмонҳое, ки ба фаолияти марбут ба Интернет машғуланд, муқаррар карда шавад.
Имрӯз Интернет – як ҷузи ҷудонашавандава муҳими ҳаёти иҷтимоии инсон мебошад. Маҳдуд кардани дастрасӣ ба он қобилияти иштироки фаъолонаи шахсро дар ҷомеа коҳиш медиҳад. Дар робита ба ин, масъалаи зарурати тамини ҳуқуқ ба дастрасӣ ба Интернет ҳамчун як ҳуқуқи бунёдии инсон, аз қабили ҳуқуқ ба зиндагӣ, ҳуқуқ ба иттилоот ё озодии ҳаракат муҳим аст.