IWPR Tajikistan ҳамроҳ бо намояндагони Кумитаи занҳо ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон бо фаъолони ноҳияи Ванҷи ВМКБ дидору гуфтугӯ карданд.
Дар ин мулоқот, ки 2 октябр баргузор шуд, сабабҳои аслии афзоиши таҳаммулнопазирии динӣ ва пайвастани ҷавонон ба гуруҳҳои мухталифи экстремистӣ ва террористӣ баҳсу баррасӣ шуданд.
Коршиносони IWPR, бо фаъолони ноҳияи Ванҷ дар мавриди таҳаммулпазирӣ ва зарурати тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтироми интихоби дигарон суҳбат карданд.Иштирокдорони мулоқот мушкилоти аслиеро ба баррасӣ гирифтанд, ки ба андешаи онҳо сабаб мешаванд, то ҷавонон ба гуруҳҳои мухталифи экстремистӣ ва террористӣ пайваст шаванд.
Мавҷуд набудани ҷойҳои корӣ, сатҳи поини дониш, норасоӣ ё адами курсҳои забономӯзӣ, машғулиятҳои гуногун вобаста ба шавқу завқи кӯдакон ва набудани таълимоти динӣаз шумори мушкилоте унвон шуд, ки ҳалли он метавонад ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири мусбат расонад.
Фаъолони ноҳияи Ванҷ ба гуруҳҳо тақсим шуда, амалҳо ва иқдомотеро пешниҳод ва таҳия карданд, ки метавонад вазъиятро дар самти ҷилавгирӣ ва муқобила бо афзоиши мизони ифротгароӣ миёни ҷавонон беҳтар созад. Мушкили аслӣ дар ноҳияи Ванҷ нарасидан ё адами ҷойи корӣ аст. Фаъолони ноҳия ба ин хулоса расиданд, ки бо истифода аз захираҳои маҳаллӣ мешавад ҷойҳои зиёди корӣ таъсис дод.
Барои мисол, таъсис додани корхони истифодаи регҳои мармар, корхонаи омода кардани хишт, корхонаи мумфаршбарорӣ, сехи коркарди чӯб ва сехи омода кардани маҳсулоти чӯбӣ, сехи коркарди чарм, сехи консервбарорӣ ва сехи коркард ва интиқоли меваҳо ба бозорҳои дигар…
Аснои коркарди тавсияҳо худи фаъолон хеле хурсанд буданд, ки бо истифода аз захираҳои маҳаллӣ чӣ қадар ҷойҳои зиёди корӣ таъсис додан имкон пазир аст.
Мулоқот ва гуфтугӯҳои IWPR дар доираи лоиҳаи “Субот дар Осиёи Марказӣ тавассути муколамаи озод” баргузор мешаванд.