Ҳукумати Тоҷикистон аз сабаби вазъи Руссия «барномаи зиддибуҳронӣ»-ро роҳандозӣ кардааст. Аммо коршиносон мегӯянд, ки хеле дер шудааст, зеро барои омодагӣ ба чунин буҳрон солҳо лозим аст.
Муноⳤиша миёни Руссияву Украина ва таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав аллакай ба иⳤтисодиёти Тоҷикистон таъсир расонидааст. Иⳤтисоддонҳо пешгӯӣ мекунанд, ки кишвар ба камбуди орд ва равған – ду маводи муҳим барои хонаводаҳои тоҷик мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Асосан ин маҳсулотҳо аз Руссия ва Украина содирот мешаванд.
Тибⳤи маълумоти Вазорати рушди иⳤтисод ва савдои Тоҷикистон, ҳаҷми табодули коло миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соли 2021 1,3 млрд. доллар – беш аз 21,3 дарсади ҳаҷми умумии муомилотро ташкил дода буд. Аз Руссия бештар маводи сӯзишворӣ , чӯбу тахта ва маҳсулот ворид мешавад.
Иⳤтисодиёти Тоҷикистон инчунин азтинтиⳤоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Руссия сахт вобастагӣ дорад. Аз рӯйи маълумотҳои ғайрирасмӣ , дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кор мекунад. Дар соли 2021 онҳо ба ватан 1,795 миллиард доллари Амрикоӣ фиристоданд.
Тибⳤи арзёбиҳои Созмони Милали Муттаҳид, бар асари ҳаводиси Украина арзиши маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон метавонад 8 – 22% боло равад. Руссия ва Украина – истеҳсолкунандагони асосии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷаҳон мебошанд.
Мутахассисони ин созмон пешгӯӣ мекунанд, ки ба далели ⳤатъи интиⳤоли равғану гандум аз ин кишварҳо, ҳудуди 40 млн. нафар дар саросари ҷаҳон метавонанд ба фаⳤри шадид дучор шаванд.
Ғайр аз ин, ҷанги Украина бевосита ба воридоти маҳсулот аз дигар кишварҳо ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад. Беш аз 90% гандуми харидашуда аз Қазоⳤистон аст. Дар соли 2021 аз онҷо таⳤрибан 1 млн. тонна гандум ворид карда шуд. Ҳамзамон, бо далели ҷанги миёни Руссияву Украина ҳукумати Қазоⳤистон тасмим гирифт, ки барои содироти ғалла ба муҳлати ду моҳ (то 1 июн) барои 1 млн. тонна ғалла лимит ҷорӣ кунад. Ҳамин тарик, ҳаҷми миёнаи моҳонаи содироти ғалла 500 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод, дар ҳоле, ки дар моҳи феврал он бо тамоюли афзоиш дар сатҳи 600 ҳазор тонна буд.
Ҳанӯз моҳи апрели соли 2020 Вазорати кишоварзии Қазоⳤистон барои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои содироти ғалла дар ҳаҷми 200 ҳазор тонна квота муⳤарра карда буд, ба содироти орд бошад, – 60 ҳазор тонна. Ҳоло маълум нест, ки барои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ чӣ гуна квота муайян мешавад ва оё он мешавад ё не.Ҳамзамон, дар авоили моҳи март Руссия содироти шакар ва ғалладонаро ба кишварҳои Иттиҳоди иⳤтисодии АвруОсиё (ба он Руссия, Белорус, Қирғизистон, Қазоⳤистон ва Арманистон ворид мешаванд) то 31 –уми август муваⳤⳤатан манъ кард. Ҳарчанд Тоҷикистон узви ин созмон нест, ба он ҳам таъсир хоҳад кард, зеро ⳤисме аз ин маҳсулот тавассути кишварҳои АвруОсиё ба Тоҷикистон ворид мешаванд.
То куҷо барномаи зиддибуҳронии Тоҷикистон самарабахш аст?
Дар заминаи ҷанги Руссияву Украина ҳукумати Тоҷикистон барномаи зиддибуҳрониро ⳤабул карданд.
Аз ҷумла, ҳукумат бо маⳤсади пешгирӣ аз хатарҳои имконпазир барои иⳤтисоди миллӣ ситоди байниидоравӣ таъсис дод, ки дар охири моҳи феврал – аввали моҳи март наⳤшаи чорабиниҳо таҳия карда шуд. Ҳадаф – таъмини бозори озуⳤа бо маҳсулот ва маводи ниёзи аввал, пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ дар низоми бонкӣ , коҳиш додани фишор ба ⳤурби асъор, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ғайра мебошад.
Ҳамчунин, 16 март президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҷорӣ кардани моратория барои гузаронидани санҷищш фаъолияти соҳибкоронро аз апрели соли 2022 то 1 январи соли 2023 имзо кард. Дар мавриди дигар барномаҳои зиддибуҳронӣ маълумот мавҷуд нест.
Тибⳤи маълумотҳои Вазорати рушди иⳤтисод ва савдои Тоҷикистон, кишвар бо захираҳои маводи ғизоии кофӣ таъмин аст. Дар соли 2021 бо маблағ и 80 миллиард сомонӣ (ҳудуди 64 миллион доллари Амрикоӣ ) маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ , аз ҷумла, 828 ҳазор тонна орд, 876 ҳазор тонна гандум, 415 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ итеҳсол шудааст.
Аз рӯи кафолатҳои масъулин, захираҳои иⳤтидори ватанӣ метавонад ниёзи бозорро ба маҳсулоти нонпазӣ ва макаронро дар сатҳи зарурӣ ⳤонеъ гардонад.
Ғайр аз ин, Оҷонсии захираҳои моддии давлатӣ охири моҳи феврал тавонистанд аз пардохти боҷи гумрукӣ , андоз ва аксизҳо барои 100 ҳазор тонна ғалла, 40ҳазор тонна шакар, 20 ҳазор тонна орд, 5 ҳазор тонна равғани растанӣ , 5 ҳазор тонна гӯшт ва дигар маҳсулот озод шавад.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки ин иⳤдом ба бозори дохилӣ таъсири ҷиддӣ намегузорад, зеро ин ниҳод бештари маҳсулоти худро ҳамчун кӯмаки изофӣ ба ниҳодҳои давлатӣ таⳤсим мекунад.
«Онҳо дар бозор нуⳤтаҳои савдои худро доранд, аммо шумораи маҳсулоти онҳо начандон калон аст, ва асосан он дар дохили идораҳои давлатӣ таⳤсим мешавад», – гуфт коршинос Нур Сафаров ба CABAR.asia.
Дар ҳамин ҳол, тибⳤи маълумотҳои Бонки умумиҷаҳонӣ ва бонки Рушди Осиё, дар соли 2022 бо далели буҳрони иⳤтисодӣ дар Руссия рушди иⳤтисоди Тоҷикистон дар соли 2022 то 2 дарсад коҳиш меёбад.
Бонки Рушди Осиё ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, ки ба рушди бахши хусусӣ тавассути тадбирҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ мусоидат кунанд: яъне, кам кардани вобастагӣ аз ⳤарзҳои беруна тавассути рушди бозори дохилии сармоя. Ҳамчунин, коршиносон тавсия додаанд, ки гузоришҳои Вазорати молия дар бораи ⳤарзи давлатӣ , аз ҷумла ҳисоботӣ солонаи аудит гузаронидашудаи 15 корхонаи бузурги давлатӣ мунтазам нашр карда шавад.
Иⳤтисодшинос: «чораҳои зиддибуҳронӣ дер кард»
Иⳤтисодшиноси тоҷик Абдуманнон Шералиев бар ин назар аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд ҳанӯз ⳤабл аз аз оғози ҷанг дар бораи таъсиси захираҳо фикр мекард. Ба гуфтаи ӯ, болоравии нархи гандум ва равғани растанӣ ногузир аст. Сабаби ин ба гуфтаи вай, идомаи афзоиши ⳤимати ин маҳсулот дар ҷаҳон ва пеш аз ҳама ниёз ба он дар кишварҳои сарватманд аст.
«Ин маротиба низ бори гарони ин маҳсулот ба дӯши мардуми оддӣ меафтад», – гуфт Шералиев дар мусоҳиба бо CABAR.asia.
Ба ⳤавли вай, чунин тадбирҳо, ба мисоли зиёд кардани маҳсулоти дохилӣ , ҷалби бештари сармоягузорӣ ва наҷот додани бахши бонкдорӣ ҳамеша дар барномаҳои ҳукумат мавҷуд аст, аммо ҳеҷ кадоме амал намекунанд.
«Ҳатто агар ба амалигардонии ин тадбирҳо машғул шаванд ҳам, ин ҳеч аст. Барои пешгирии чунин буҳронҳо солҳо лозим аст, на ин ки пас аз рух додани он омодагӣ гирифта шавад. Тавре мегӯянд, набояд ҳангоми обхезӣ корҳои соҳилмустаҳкамкуниро фикр кард», – хулоса кард иⳤтисодшинос.
Умаров: бояд «иштиҳо»-и монополистҳоро муътадил кард
Доктори илмҳои иⳤтисодӣ , профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров бар ин назар аст, ки Тоҷикистон ҳамагӣ панҷ дар сади ғаллаи ниёзи худро аз Руссия харидорӣ мекунад, аз ин рӯ, набояд аз ҳад зиёд болоравии нархҳо сурат гирад.
Айни замон, ба гуфтаи вай, мушкили асосӣ – ин интиⳤоли маблағ аст ва сиёсати Бонки миллӣ бояд дар сафарҳо ба Аврупо ин масъаларо фавран ҳал намояд.
Умаров аз ҳукумат хост то «иштиҳо»-и монополистҳоро, ки ҳоло натанҳо маҳсулоти аз Руссия, балки дохилиро низ беасос боло мебаранд, муътадил созанд.
Болоравии нархҳо дар Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ҳуҷуми Руссия ба Украина ташдиди таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав зоҳир шуд. Орд, равған ва шакар якбора чанд фоиз гарон шуд. Масалан, як халта орд авоили моҳи март 270 сомонӣ буд, (ҳудуди 21,6 доллар) буд, дар охири моҳ то 325 сомонӣ (26 доллар) боло рафта, 14-15 дарсад афзоиш ёфтааст. Равған ва ⳤанд ба ҳисоби миёна мутаносибан 20 ва 14 фоиз зиёд шудааст.
Ҳамчунин, поин рафтани ⳤурби сомонӣ дар баробари доллари амрикоӣ аз 1300 барои 100 доллар ба мушоҳида меерасад.
Бо таваҷҷуҳ ба вазъи кунунӣ , бархе аз иⳤтисоддонҳо тавсия медиҳанд, ки Тоҷикистон воридоти маводи ғизоӣ , аз ҷумла орд, равған, шакар ва гречкаро «диверсификатсия» карда, саҳми Русияро дар воридот коҳиш диҳад. Масалан, равғанро аз чанд кишвар ворид кардан мумкин аст.
«Дар ин ҳолат, агар мушкилот, аз ҷумла, коҳиши истеҳсолот дар як кишвар ба миён ояд, зарар ба ҳадди аⳤал расонида мешавад. Боⳤимондааш аз кишвари дигар таъмин хоҳад шуд», – гуфт Аҳмад Каримзода, номзади илмҳои иⳤтисодӣ, профессори яке аз Донишгоҳҳои Тоҷикистон ба CABAR.asia.
Если вы нашли ошибку, пожалуйста, выделите фрагмент текста и нажмите Ctrl+Enter.