Эътирозҳо дар ВМКБ ҳеч гоҳ тарҳрезишуда ва созмонёфта набуданд ва ҳар навбат дар вокуниш ба ягон рӯйдод ба таври худҷӯш баргузор мешаванд. Ин нуктаро коршиноси мустақил ва магистри равобити байналмилалӣ Субҳия Мастоншоева дар як матлаби таҳлилӣ таъкид мекунад. Ба андешаи ӯ, ҷузъҳои иҷтимоиву иқтисодии вазъи буҳронӣ дар Помирро ҳам бояд дар назар гирифт, ки аксар ҳолат нақзи қонун аз сӯи мақомоти қудратӣ ҳам бар он изофа мешавад ва ин ҳама дар маҷмӯъ сабабгори норизоиятӣ мегарданд.
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон амалан ягона минтақае дар Тоҷикистон боқӣ мондааст, ки онҷо эътирозҳои оммавии аҳолӣ сурат мегиранд. Моҳияти оммавӣ буданро мешавад, ин гуна таъриф кард, ки аҳолӣ дар ҷавоб ба ҳуқуқвайронкуниҳои мухталиф зуд вокуниш намуда, ба ҳам меоянд, зеро зиндагӣ дар шароити душвори ҷуғрофӣ пайвандиву пайвастагии дохилии ҷомеа ва дараҷаи баланди дар вазъиятҳои гуногун паҳлӯи ҳам буданро шакл додааст.
Руҳияи эътирозӣ амалан нишонаи ғаризаи худмуҳофизатӣ буда, як навъ модели огоҳиҳои маданиро ташаккул медиҳад. Аммо давоми даҳ соли охир дар пайи ҳар вазъияти буҳроние, ки дар минтақа ба амал меояд, мақомот бидуни дарки амиқи норизоиятӣ гузинаи муколама бо аҳолиро сарфи назар карда, танҳо аз шеваи таъсиррасонӣ ба воситаи нерӯ ва қудрат кор мегиранд.
Эътирозҳо дар ВМКБ умдатан бар зидди худсарии мақомоти қудратӣ сурат мегиранд ва ҳар навбат он вокуниши худҷӯш ба ҳодиса ё рӯйдоди муайяне мебошад. Ҳеч гоҳе ин эътирозҳо тарҳрезишуда ва созмонёфта набуданд ва асос ё заминаи сиёсӣ ҳам надоштанд. Аммо мақомоти қудратӣ онро маҳз ҳамин хел нишон додан мехоҳанд.
Дар мавриди заминаҳои сиёсии буҳрон дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, сабабҳои берунӣ ва геополитикӣ дар сатҳи минтақавӣ таҳлил ва нуқтаназарҳои зиёде анҷом шудаву иброз гардидаанд. Дар ин мақола бо такя ба маълумоти воқеӣ талош мекунем мавзӯъро амиқтар баррасӣ кунем. Ин ки аҳолӣ ҳамарӯза бо чӣ чизҳое рӯбарӯ мешавад ва чӣ сабабҳое дар решаи норизоиятҳо нуҳуфтааст?
Сабабҳои асосии эътирозҳои даҳ соли охир
Эътирозҳои соли 2012 дар Хоруғ вокуниши мардум ба амалиёти низомие буд, ки бино ба иттилои манобеи мухталиф мунҷар ба ҳалокати 21 шаҳрванди осоишта гардид. Эътирозҳо дар моҳи майи соли 2013 дар Ишкошим дар робита ба як ҳодисае сурат гирифт, ки ба афсари КДАМ пайванд буд. Ин афсари амниятӣ бо духтари ноболиғе дар Ишкошим робитаи ҷинсӣ анҷом дода, барои ин амал ба ду соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум шуд.
Моҳи марти соли 2014, сокинони ноҳияи Рӯшон аз истифодаи нерӯи ҷисмонӣ аз сӯи маъмурони пулиси ВМКБ алайҳи 7 сокини ноҳияи Рӯшон ва тирборон шудани мошини онҳо, ки дар натиҷа як нафар бо ҷароҳатҳои вазнини сутунмӯҳра дар бемористон бистарӣ шуд, изҳори норизоиятӣ карданд. Ба намояндагони сохторҳои қудратӣ мошинронии сокинони маҳаллӣ хуш наомадааст ва гӯиё онҳо ба ҳаракати мошинҳои мақомоти интизомӣ халал расонидаанд. Соли 2014 ҳодисаи аз ҷониби кормандони пулис тирборон шудани як мошин бо ҳадафи боздошт кардани гумонбарон дар маркази шаҳри Хоруғ сабаби эътирозҳо гардид. Дар натиҷаи ин тирпаронӣ, ду нафар кушта ва чор каси дигар захм бардошт. Эътирозҳои ахир дар моҳи ноябри соли 2021 пас аз марги Гулбиддин Зиёбеков, сокини рустои Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, дар натиҷаи амалиёти махсуси мақомот сурат гирифт.
Марги ӯ вокуниши шадиди мардуми маҳаллиро ба бор овард, ки сабаби тазоҳуроти оммавии 4 шабонарӯзӣ гардид. Дар ҷараёни тазоҳурот неруҳои амниятӣ сӯи эътирозгарон тир холӣ карданд, ки дар натиҷа 2 сокини осоиштаи дигар кушта ва 17 нафари дигар захмӣ шуд. Талаби асосии ҳамаи ин эътирозҳо тафтиши мунсифонаи қазияҳо ва ҷазо додани гунаҳкорон буд, ки мутаассифона, амалӣ нагардид. Ба ин тартиб, эътимоди аҳолӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд ҳарчи бештар аз даст рафта, доираи ҷуғрофии норизоиятӣ ва доираи иштирокдорони он сарфи назар аз таъсири раҳбарони ғайрирасмӣ васеъ гардид.
Хусусияти фарқкунандаи эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021
Эътирозҳои моҳи ноябри соли 2021 чӣ аз ҷиҳати теъдод ва ҳайати ширкаткунандаҳо ва чӣ аз ҷиҳати давомнокӣ бузургтарин ба ҳисоб меравад. Зимнан, пас аз он ки эътирозгарон баъди чор шабонарӯз пароканда шуданд, руҳияи эътирозӣ хотима наёфтааст.
Зодагони ВМКБ ва дигар манотиқи Тоҷикистон тавассути муроҷиатномаҳо, мубоҳисаҳои онлайн ва баромадҳои инфиродӣ инак давоми беш аз дуюним моҳ мешавад, ки волоияти қонун ва адолатро талаб доранд. Чунин аксуламали тӯлонӣ чанд сабаб дорад.
Яке аз сабабҳои аслии эътирозҳо куштори ҷавоне ҳаст, ки қаблан ба пуштибонӣ аз духтари маҳаллие, ки гуфта мешавад аз ҷониби намояндаи додситонӣ озору азият шудааст, иқдом кард. Ин ҳодиса на танҳо дар худи вилоят, балки берун аз минтақа ва кишвар низ вокуниши мардумро ба бор овард.
Баъдан, дар ҷараёни тазоҳуроти моҳи ноябр ҳам сокинони Хоруғ ва ҳам чанд навоҳии дигар аз амалкарди неруҳои қудратӣ нигаронӣ карданд, ки нишондиҳандаи ҳамрайъӣ дар сатҳи минтақа мебошад. Ин як далели раднашаванда аст ва онро инчунин дар ҳайати ҷуғрофии намояндагии “Комиссияи 44” низ мебинем, ки ба сифати пул миёни аҳолӣ ва мақомдорон амал мекунад. Сабаби саввум ин аст, ки беш аз нисфи эътирозгаронро занони синну соли гуногун ташкил медод ва бештари онҳое ҳам, ки суханронӣ мекарданд занҳо буданд. Ин ҳолат ба нафъи назарияи иштироки раҳбарони ғайрирасмӣ ва гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар гирд овардани одамон ба майдон намебошад.
Иштироки занҳо ва талаби онҳо барои риояи қонуният дар ВМКБ-ро мешавад дар наворҳои сершумори шабакаҳои иҷтимоӣ баръало мушоҳида кард. Гирдиҳамоиҳои эътирозии зодагони ВМКБ ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар асосан аз ҷониби намояндагони ҷавони кишвар бо талаби риояи қонуният ташкил карда шудаанд. Бештари ҷавонони ВМКБ дар хориҷи кишвар қарор доранд ва қисмати бузурги онҳо босаводу мутахассисони баландихтисос буда, ба ҳеч ваҷҳ наметавонанд бо даъвати гуруҳҳои ба истилоҳ ҷиноии муташаккил сафарбар шаванд ва ё бо дастури раҳбарони ғайрирасмии ВМКБ амал кунанд.
Роҳбарони ғайрирасмӣ
Дар тамоми давраи мавҷудияти руҳияи эътирозӣ дар ВМКБ шореҳон дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ аксар вақт ин лаҳзаҳои буҳрониро ба фаъолияти раҳбарони ба истилоҳ ғайрирасмӣ рабт медиҳанд. Истилоҳи “роҳбарони ғайрирасмӣ” дар аввалҳо нисбат ба фармондеҳони собиқи саҳроӣ аз ВМКБ, ки дар доираи механизми мусолиҳаи миллӣ муттаҳид шуда, баъзеи онҳо мансабҳои расмӣ гирифтанд, истифода бурда мешуд. Аз ин ҳайат то имрӯз ҳамагӣ се роҳбари ғайрирасмӣ – Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Толиб Аёмбеков ва Ёдгор Шомуссаломов боқӣ мондаанд. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров феълан раиси Шӯрои маҳаллаи Хоруғи Боло аст, яъне ба муассисаи давлатии худидоракунии маҳаллӣ ҷалб шудааст.
Солҳои охир истилоҳи раҳбарони ғайрирасмӣ дар робита ба иттиҳомоти мухталиф алайҳи чӣ раҳбарони собиқи ғайрирасмӣ ва чӣ ҷавононе, ки миёни як доираи муайяни ҷавонон то андозае нуфуз доранд, ба маънои манфӣ истифода мешавад. Аммо давоми ин солҳо аз рӯи ин иттиҳомот ҳеч гуна тафтишоти расмӣ ва мурофиаи судӣ сурат нагирифтааст, аз ин хотир аҳолӣ намефаҳмад, ки сабаби ин ҳама вокуниши нерӯии номутаносиб ба ҳузури онҳо дар минтақа бидуни истифода аз механизмҳои ҳуқуқӣ аз куҷо сарчашма мегирад?
Ин истилоҳ ахиран нисбат ба афроде, ки дар байни ҷавонон нуфуз доранд, низ зиёд истифода мешавад. Гоҳ-гоҳ ба рӯйхати раҳбарони ғайрирасмӣ варзишгарон ё намояндагони фаъоли диаспораҳои хориҷи кишварро ҳам ворид мекунанд. Чунин тафсири хеле васеъ ва манфии истилоҳи “раҳбарони ғайрирасмӣ” инчунин сабаби муносибати шубҳаноки аҳолӣ ба мақомот мегардад, зеро зуҳури пешвоёни афкор дар байни ҷавонон ва аҳолӣ дар маҷмӯъ як раванди табиист ва маънои робита бо унсурҳои ҷиноятиро надорад.
Ҷинояткорӣ дар минтақа
Сабаби аслии эътироз ва норозигии мардум, тавре ки дар боло зикр гардид, ҳолатҳои мушаххаси марбут ба мақомоти қудратӣ буданд. Аммо ҷузъҳои иҷтимоиву иқтисодии вазъи буҳронӣ дар Помирро ҳам бояд дар назар гирифт, ки дар аксар ҳолат нақзи қонун аз сӯи мақомоти қудратӣ ҳам бар он изофа мешавад ва ин ҳама дар маҷмӯъ сабабгори норизоиятӣ мегардад.
Дар солҳои ҳокимияти Шӯравӣ, ВМКБ аз ҷиҳати содир шудани ҷиноят ба сари аҳолӣ дар мақоми поин қарор дошт. Аксар вақт мақомоти ҳифзи ҳуқуқ далели вазъияти буҳронӣ дар ВМКБ-ро ба сатҳи баланди ҷинояткорӣ дар минтақа вобаста медонанд. Аммо омори тамоюли афзоиш ё коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ барои ҷомеа дастрас нест, то маълум шавад, ки сабаби афзоиши ҷинояткорӣ дар минтақа дар чист, кадом навъҳои ҷиноят бештар содир мешаванд, кадом гуруҳи синну солӣ бештар ба ҷинояткорӣ даст мезанад? Инчунин дигар хусусиятҳои муҳим, ки барои таҳлили васеъ, аз ҷумла бо мақсади пешгирӣ аз ҷинояткорӣ мешавад аз онҳо истифода кард.
Охирҳои моҳи январи соли 2019 Додситонии кулли Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ аз 30% коҳиш ёфтани ҷинояткорӣ дар ВМКБ хабар дода, инро ба оғози фаъолияти ситодҳои байниидоравӣ дар тирамоҳи соли 2018 рабт дод.
Додситони кулл дар бораи мавҷудияти гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар ВМКБ сухан ронда, қайд кард, ки онҳо мисли ҳар ҷойи дигар дар ВМКБ ҳам вуҷуд доранд ва бо онҳо мубориза бурдан лозим аст. Ба омори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мизони ҷинояткорӣ дар ВМКБ дар соли 2019 — 30% ва дар соли 2021 — 13,2% коҳиш ёфтааст. Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2020 коҳиши ҷинояткорӣ дар ВМКБ – 11,3% ва вилояти Суғд – 1,4% мушоҳида шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, аз соли 2018 ба ин тараф дар вилоят коҳиши мизони ҷинояткорӣ мушоҳида мешавад, аммо дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи ноябр сатҳи баланди ҷинояткорӣ дар ин минтақа боз ҳам ҳамчун яке аз сабабҳои буҳрон садо дод.
Соли 2020 Ҳукумати кишвар Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятиро қабул кард, ки дар баробари дигар тадбирҳо, таҳияи чораҳои алтернативии ҷазои ҷиноиро, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманд нестанд, дар бар мегирад. Бино ба маълумоти Маркази байналмилалии пажуҳиши зиндонҳо, теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон тақрибан ба 10 ҳазор мерасад.
Аммо дар маҷмӯъ, маълумот дар бораи теъдоди маҳкумшудаҳо пӯшида буда, анҷом додани таҳлилҳо вобаста ба нишондодҳои гуногун имконнопазир аст. Дар муроҷиатномаи мардуми ВМКБ дар робита ба ҳодисаҳои моҳи ноябр, ки беш аз 15 ҳазор имзо ҷамъ овардааст, гуфта мешавад, давоми даҳ соли охир нисбат ба 1000 ҷавони ВМКБ ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ татбиқ шудааст.
Дар робита ба рӯйдодҳои моҳи ноябри соли 2021 дар ВМКБ нисбат ба 13 ҷавон, аз ҷумла барои буридани дарахтон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, додгоҳ бо дархости додситони ВМКБ 4 нафари онҳоро ба муҳлатҳои аз як то чор сол аз озодӣ маҳрум кард.
Баррасии парвандаи ду зодаи дигар аз ВМКБ, ки аз Русия оварда шудаанд, ҳоло дар шаҳри Душанбе идома дорад. Дар идома эълон шуд, ки алайҳи боз 6 нафари дигар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамин тариқ, танҳо дар робита ба рӯйдодҳои моҳи ноябр 17 нафар, ки аксаран ҷавон ҳастанд, метавонанд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд. Расонаҳо инчунин дар бораи манъи хуруҷ аз кишвар барои 66 сокини ВМКБ, ки дар тазоҳуроти рӯзҳои 25-28 ноябр ширкат доштанд, хабар доданд.
Шурӯъ аз соли 2012, пас аз ҳар тазоҳурот нисбат ба ҷавонони ВМКБ парвандаҳои ҷиноӣ боз мешавад, ки дар маҷмӯъ метавонад тамоюли хеле нигаронкунанда дошта бошад. Коршиносон зимни баррасии раванди дар ҷомеа мутобиқшавии маҳкумшудаҳо таъкид мекунанд, ки маҳбусон баъди адои ҷазо аксаран ба тамғагузорӣ ва табъиз дучор мешаванд – ҳангоми ҷустуҷӯи кор вақте маълум мегардад, ки доғи судӣ доранд ва аз маҳбас раҳо шудаанд, онҳоро ба кор қабул намекунанд.
Чунин муносибат хатари дубора содир кардани ҷиноят аз сӯи маҳкумшудаи собиқро меафзояд. Бо дарназардошти сатҳи бекорӣ дар ВМКБ доғи судӣ барои ҷавонон ҳатто пас аз муҳлати ҳадди ақали маҳрумият аз озодӣ чӣ дар пойтахт ва чӣ дар шаҳрҳои дигари кишвар ва чӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ боиси набудани дурнамо гардида, як печидагии беохири мушкилоти иҷтимоиро ба вуҷуд меоварад.
Тарафи иқтисодӣ
Бар асоси нишондоди аввалин Атласи Осебпазирӣ ва Устуворӣ дар кишвар, тақсимоти ҷуғрофии камбизоатӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ хеле нобаробар боқӣ мемонад. Тибқи арзёбиҳои расмии сатҳи камбизоатӣ дар соли 2015, баландтарин сатҳи камбизоатӣ дар ВМКБ (39%) мушоҳида мешавад. Тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ дар бораи камбизоатии гуногунҷанба далелҳои афзояндаи маҳрумият, нобаробарӣ ва осебпазириро дар дастрасии мардум ба молу хадамот, аз қабили ғизо, энержӣ, об, маориф ва тандурустӣ ошкор кардааст.
Дар ВМКБ аз ҳашт ноҳия дар шаштои он сатҳи камбизоатии гуногунҷанба нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи кишвар (64%) баландтар аст. ВМКБ дар масъалаи манзил ва инфрасохтор бо душвориҳои ҷиддӣ рӯбарӯст. Дар бузургтарин шаҳри вилоят — Хоруғ 50 дарсади аҳолӣ ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надорад. То 90 дарсади даромади аҳолӣ барои озуқа ва молҳои зарурӣ харҷ мешавад — нархи онҳо бо далели арзиши таҳвил нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар ду-се маротиба гаронтар мебошад.
Бекории ҷавонон
Бино ба гуфтаи раиси пешини вилоят, теъдоди бекорон дар ВМКБ дар соли 2020 марзи 16 ҳазор нафарро гузаштааст, аммо тибқи маълумоти расмӣ ин рақам ҳамагӣ ба 4327 мерасад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ яке аз омилҳои хавфи афзоиши ҷиноят, хушунат ва муноқишаҳо сатҳи баланди NEET (Not in Employment, Education or Training) мебошад, яъне гуруҳи ҷавононе, ки шуғл надоранд, ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд ё омодагии касбӣ-техникиро нагузаштаанд. Мақоми NEET на танҳо оқибатҳои иқтисодӣ, балки нуқсонҳои иҷтимоию равониро низ ба бор меорад. Пажуҳишгарон масирҳои гуногуни манфии интиқолдиҳандагони мақоми NEET-ро муайян мекунанд: аз даст додани самтгирӣ ё ҷиҳатгирӣ дар ҷомеа, ки эҳсоси беҳадафиро ташаккул медиҳад, беманфиат будан ва инзивои иҷтимоӣ, пайдо шудани мушкилоти вобаста ба саломатӣ, афзоиши майл барои ба даст овардани даромади бидуни меҳнат.
Ҳамин тариқ, NEET на танҳо як мушкилоти шахсӣ ва оилавӣ, балки хатари воқеӣ барои рушди ҷомеа мегардад. Тибқи иттилои соли 2016, дар ВМКБ 30,4 дарсади ҷавонони ҷинси марди аз 15 то 24 сола ба ин категория шомил будаанд. Барои муқоиса, дар маҷмӯъ, дар вилояти Хатлон 25,4% ба категорияи NEET шомил будаанд, ки аз онҳо 1,1%-аш мардонанд, дар вилояти Суғд 23,8% аз онҳо 0% мардон, дар НТҶ 36,1% аз онҳо 8,9% мардон будаанд. Дар чунин шарот ҷавонон маҷбуранд тарки кишвар карда, барои кор ба Русия бираванд. Бисёриҳо метавонанд ба осонӣ ба ягон намуди фаъолияти ғайриқонунӣ ҷалб карда шаванд, метавонанд аз озодӣ маҳрум гарданд, эҳтимолан метавонанд мавриди зӯроварӣ ё қурбонии фасод аз ҷониби мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гарданд ва наметавонанд чунин вазъиятҳои душвори зиндагиро мустақилона пушти сар кунанд.
Хулосаҳо
Ҳамин тариқ, аз назарияҳои геополитикии беруна, кадом як муборизаи сиёсӣ дар дастгоҳи ҳукумати марказӣ ва ё дигар назарияҳои таъсири номаҳдуди раҳбарони ғайрирасмӣ, дар минтақа вазъи воқеии дарозмуддати мураккаби иҷтимоию иқтисодӣ вуҷуд дорад ва дар якҷоягӣ бо зуҳуроти коррупсионӣ, худсарии мақомоти қудратӣ ва дар пасманзари он тамоюли беҷазоӣ сабаби норизоиятӣ ва бегонашавии аҳолии ВМКБ мегардад.
Мақомот дар тӯли даҳ сол, ҳатто дар ҳолати фаъолияти комиссияҳои муштарак аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ амалан ҳеч гоҳ талаботи аҳолиро дар мавриди барқарор намудани ҳақиқату адолат иҷро накарданд, ки дар ниҳоят ба он оварда расонд, ки намояндагони давлатӣ муҷозот нашуданд. Аммо дар ин замина, ҷавонони зиёде, аксаран дар натиҷаи мурофиаҳои ғайришаффоф ба зиндон маҳкум шуданд.
Дар сурати идомаи тамоюлҳои мавҷуда, дар оянда мақомот бо хатари комилан аз даст додани имкони баргузории ҳама гуна муколама бо аҳолӣ ё имкони ҷалби намояндагони қонунии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба равандҳои музокирот рӯбарӯ мешаванд. Зеро аҳолӣ комилан эътимодашро нисбат ба мақомот аз даст медиҳад ва механизми фаъолияти комиссияҳои муштарак аллакай барҳам мехӯрад.
Дар сурати мавҷуд набудани механизмҳои дигари муколамаи созанда бо мақомот, идомаи руҳияи эътирозӣ дар оянда низ ногузир буда, тавре таҷрибаи талх нишон медиҳад, тақрибан ҳамеша бо захмӣ ва талафот дар байни аҳолӣ ва эҳтимолан намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ анҷом меёбад.
Он ба як давраи беохири зӯроварӣ, хашми ҷомеа, ҳисси бегонагӣ ва ҷиноят табдил меёбад. Давоми ин даҳ сол дар Хоруғ ягон маҳаллае намондааст, ки дар он касе аз зарби тир намурда ё маъюб нашуда бошад.
Солҳои охир ин тамоюл аллакай ба ноҳияҳо паҳн шуда, қаламрави бештари вилоятро фаро гирифтааст. Бо ин суръат, ба зудӣ пайдо кардани ҷавонони то 30-солаи бе доғи судӣ мушкил хоҳад буд.
Бо назардошти вазъи ноором дар он сӯи сарҳад бо Афғонистон ва мушкилот дар марз бо Қирғизистон, дурнамои ба мавзеи ҳамеша ноором табдил додани як минтақа ба сулҳу амнияти тамоми кишвар хатари ҷиддӣ дорад. Дар сурати эътироф ва ҳал нашудани мушкилот, аз қабили заъфҳои институтсионалӣ, беҷазоии сохторӣ, фасодкорӣ, омилҳои мушобеҳ метавонанд дар манотиқи дигари кишвар низ ба чунин ҳодисаҳо оварда расонанд.