© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Сохтмони НБО Роғун дар Тоҷикистон: коргарон аз тобистон маоши худро нагирифтанд

Коргарони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ҳатто барои рафтан ба хонаҳояшон маблағ надоранд.


Ба Telegram канали мо обуна шавед!


НБО Роғун. Акс: fergana.agency

Ба гуфтаи Акрами 40-сола,ки яке аз корманди НБО Роғун ҳаст, ваъда дода буданд, ки маоши худро то интихоботи президентӣ, ки 11 ноябр баргузор мешавад, хоҳанд гирифт.

«Баъдан гуфтанд, ки маошро пас аз омадани президент мегиред. Президент пас аз интихобот ба нерӯгоҳ омада рафтанд, аммо боз онҳо ба мо маош надоданд. Мо аз ширкат хоҳиш намудем, ки ба мо маблағ қарз диҳад, аммо онҳо низ гуфтанд, ки маош нагирифтаанд, ва онҳо низ ба пул ниёз доранд»-  гуфт Акрам.

Дар баробари Акрам, коргарони дигари НБО Роғун низ аз нагирифтани маош шикоят карданд. Нигаронии ин нафарон он аст, ки ба кормандони ширкати итолиёвии Salini Impregilo сари вақт маош медиҳанд, валле ба коргарони ширкатҳои Тоҷикистон аз тобистон маош намедиҳанд. Дар бунёди иншооти мазкур ширкатҳои зиёде фаъолият  мекунанд, ки бештарашон ширкатҳои маҳаллӣ мебошанд

Муҳаммад аз ноҳияи Рашт омада дар Роғун  кор мекунад. Сменаи кории ӯ 15 рӯзро дар бар мегирад, ва баъдан ҳамин қадар рӯз истироҳат мекунад

Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми ба охир расидани сменаи 15-рӯза, вақте ки онҳо бояд ба хона баргарданд, ҳамкоронаш гиря намекунанду бас

“Махсусан онҳое, ки аз дигар ноҳияҳо меоянд . Онҳо ҳатто барои бозгашт ба хона пул надоранд. Аҳвол аз ин ҳам бадтар буда метавонад? ” – мепурсад Муҳаммад

Барои ба анҷом расонидани ин тарҳ беш аз 1,5 миллиард доллар лозим меояд ва маълум нест, ки ҳукумати Тоҷикистон ин маблағро хоҳад гирифт. Барои ин аллакай як миллиард доллар қарз гирифта шудааст ва тақрибан ҳамин миқдор пул низ аз мардум ҷамъоварӣ шудааст.

Дар ҳоли ҳозир садҳо корманди нерӯгоҳи Роғун наметавонанд маоши худро бигиранд ва нерӯгоҳ барои ду соли аввали ба фаъолият шурӯъ кардари ин ду агрегат аллакай аз буҷа миллионҳо сомонӣ қарздор шудааст.

Дар моҳи июн вазири молия ваъда дод, ки музди меҳнати кормандон пардохта мешавад, аммо кормандон гуфтанд, ки он чизе, ки  ваъда дода буданд, мо ба даст накардем.

Напардохтани музди кори имрӯзҳо мушкили ягонаи НБО Роғун нест. Кумитаи андози Тоҷикистон моҳи октябр дар як гузориши худ гуфт, ки НБО Роғун ба яке аз калонтарин қарздорони андоз табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти Кумитаи андоз, дар тӯли ду соли фаъолияти агрегатҳои нерӯгоҳи Роғун, он аз андоз 43,2 миллион сомонӣ (беш аз 4 миллион доллари ИМА) қарздор аст.

Сохтмони НБО Роғун – саҳмияҳо ва евробондҳо

Сохтмони нерӯгоҳи Роғун аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт. Аммо пас аз парокандашавии СССР ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон фаъолияти нерӯгоҳ  қатъ гардид.

Соли 2004, ҳангоми сафари президенти Русия Владимир Путин, ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати русии “Русал” барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун шартнома ба имзо расонид. Валле баъдан, Тоҷикистон ин шартномаро  яктарафа қатъ кард ва ҳукумат эълон дошт, ки иншоотро ба сармояи дохилӣ месозад.

НБО Роғун. Акс: theopenasia.net

Бо ин мақсад,  соли 2010 ҳукумати Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмияҳои НБО Роғунро оғоз кард, ва аз мардум ва ширкатҳо 186 миллион доллар ҷамъ шуд. Тибқи иттилои расонаҳои Тоҷикистон, шаҳрвандон, пеш аз ҳама хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, маҷбур буданд, ки саҳмияҳоро харанд.

Бо назардошти он, ки зиёда аз 60 фоизи аҳолии Тоҷикистон ба таври камбизоатӣ зиндагӣ мекарданд, Бонки Ҷаҳонӣ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия дод, ки аз идомаи маъракаи фурӯши саҳмияҳо худдорӣ кунанд. Пас аз ин тавсия, маъракаи фурӯши саҳмияҳои НБО қатъ карда шуд. Аммо маблағҳое, ​​ки аз фурӯши саҳмияҳо ба даст омада, буданд барои сохтмони НБО Роғун сарф шудаанд.

Соли 2016 ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати итолиёвии «Salini Impregilo» барои ба итмом расонидани сохтмони НБО Роғун 3,9 миллиард доллар шартнома баст

Соли 2017 ҳукумат инчунин барои сохтмони Роғун маблағҳое, ​​ки аз фурӯши евробондҳо ба маблағи як миллиард доллар ба даст омадааст, сармоягузорӣ намудааст.

Ҳукумат эътироф мекунад, ки бо сармояи дохилӣ Роғунро  сохта намешавад

Файзиддин Каххорзода. Фото: minfin.tj

Айни ҳол Роғун асосан бо маблағи аз буҷаи Тоҷикистон ҷудошуда пеш рафта истодааст, ки ҳаҷми он ҳамасола беш аз 2,1 миллиард сомонӣ (беш аз 200 миллион доллар) мебошад.

Моҳи феврали соли 2020 вазири молия Файзиддин Каҳхорзода дар нишасти матбуотӣ эътироф намуд, ки Тоҷикистон наметавонад сохтмони нерӯгоҳи Роғунро танҳо ба анҷом расонад.

Аммо,то ба ҳол ҳукумат сармоягузори хориҷиро пайдо ннакардааст.

Баҳром Сироҷев, мушовири якуми гурӯҳи рушди лоиҳаҳои энергетикӣ назди президенти Тоҷикистон моҳи апрели соли равон гуфт, ки ҳукумат бо ширкати олмонии «Войт» дар бораи сохтмони Роғун гуфтушунид намуда истодааст.

Ба гуфтаи Сироҷев, «ин ширкат омодааст барои сохтани чаҳор агрегати  ннирӯгоҳи «Роғун» 400 миллион евро қарз ҷудо кунад ва дар сохтмони худи нерӯгоҳ низ ширкат варзад». Бо гузашти нӯҳ моҳ аз нашри ин хабар,  лоиҳа ҳанӯз ҳам амалӣ нашудааст.

Сайидмухиддин Дустмухаммадиен, таҳлилгари тоҷик, бар ин назар аст, ки пас аз изҳоротҳои расмӣ, мақомот қасд доранд сохтмонро мустақилона анҷом диҳанд

«Барои корҳои сохтмонӣ аз 150 то 200 миллион доллар дар сол зарур аст. Ин пулро аз ҳисоби буҷаи давлат сармоягузорӣ кардан мумкин аст» – мегӯяд Дӯстмухаммадиен.

Вай бар он ақида аст, ки ҳукумат аз маблағгузории сохтмони иншоот даст намекашанд, чун дар он сармоягузори асосӣ «ҳукумат ва ширкатҳои хусусии наздик ба элитаи ҳукмрони Тоҷикистон ҳастанд».

Ба гуфтаи Дустмухаммадиен, Тоҷикистон метавонад барои хариди чаҳор НБО қарзи дарозмуддат бигирад. 

Коршиноси дигари тоҷик, ки хост номашро махфи нигоҳ дорад, пешниҳод кард, ки ҳукумат воқеан аз идеяи ба итмом расонидани мустақили лоиҳаи Роғун даст накардааст.

«Ҳама кӯшишҳои иқтисодӣ барои ба даст овардани маблағгузории беруна натиҷа надоданд. Ва изҳорот дар бораи ҷустуҷӯи сармоягузорон ба хотири ором кардани мардум мебошад»-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, дар шароити бекории имрӯза  барои мақомот таъмин кардани майдони сохтмон бо кадр душвор намеояд.

Ҳамзамон, коршинос истисно накард, ки як қисми мушкилоти таъхир дар пардохт метавонад ба сӯиистифода аз сармоягузорони  маҳаллӣ рабт дошта бошад.

Ба гуфтаи Акрам, сохтмончии нерӯгоҳ, дӯконҳо ва мағозаҳои дар зодгоҳаш буда аз додани қарз ба оилаи ӯ худдорӣ мекунанд.

«Мо намедонем, ки аз кӣ қарз гирем. Ба мудирон шикоят карданро оғоз мекуни онҳо рӯирост мегӯянд, ки кор кардан ба шумо маъқул нест, коратонро тарк кунед. Ва мо ҷои рафтан надорем, дар ҳеҷ ҷо кор нест» – мегӯяд Акрам.

Муассисаҳои байналмилалии молиявӣ чандин борҳо аз ҳукумат даъват кардаанд, ки барои бунёди иншооти калон ба мисли Роғун аз буҷа маблағ ҷудо накунад, зеро ин метавонад ба барномаҳои амнияти иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонад.

Коршиносон мегӯянд, ки сохтмони НБО Роғун шояд тавонад то соли 2026, яъне то мӯҳлати фаъолсозии агрегати охирин ба анҷом расад.


Ин мавод дар доираи лоиҳа : IWPR «Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project» омода шудааст, ки бо дастгирии молиявии Вазорати корҳои хориҷии Норвегия амалӣ карда мешавад. Фикрҳои дар мақола баёншуда мавқеи ҳайати таҳририр ва донориро инъикос намекунанд.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: