© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

Илтиҳоби шуш ё коронавирус. Маҳбусони тоҷик аз чӣ мефавтанд?

Дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон аз замони эътирофи расмии мавҷуд будани коронавирус ё Covid-19 дар кишвар то ба ҳол 11 нафар бо ташхиси “илтиҳоби шуш” ҷон бохтаанд. Бархе аз маҳбусон ва наздикони онҳо нигаронанд, ки ин “илтиҳоби шуш” ҳамон коронавирус аст.


Ба канали мо дар  Telegram обуна шавед!


Раҳматулло Раҷаб. Акс аз саҳифаи шахсии Шӯҳрат Раҳматулло дар facebook.com
Раҳматулло Раҷаб. Акс аз саҳифаи шахсии Шӯҳрат Раҳматулло дар facebook.com

Раҳматулло Раҷаб, ки узви Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) буд, 5 сол мешавад, дар муассисаи ислоҳии №1 қарор дорад. Мақомот ӯ ва аъзои дигари ҲНИТ-ро ба даст доштан дар ошӯбе, ки аз сӯи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ташкил шуда буд, айбдор ва ба муҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд.

Наздикони Раҳматулло Раҷаб мегӯянд, ӯ ба COVID-19 мубтало шуда буд, вале тавонист ин бемориро пушти сар кунад.

Писари Раҷаб Шуҳрат Раҳматулло, ки ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад, ба CABAR.asia гуфт, падари ӯ охирҳои моҳи апрел бемор шуд. Ба гуфтаи Шуҳрат Раҳматтуло, падараш дар аввал аз дарди гулу шикоят мекард ва тасфаш аз 38 дараҷа поин намерафт.

Намояндагони муассисаи ислоҳӣ баъди хабари расонаҳо дар бораи вазъи Раҳматулло Раҷаб гуфтанд, ки ӯ ва чандин маҳбуси дигар барои он бемор шуданд, ки ҳангоми ифтор дар моҳи Рамазон оби сард нушиданд.

Аммо Шуҳрат Раҳматтуло мегӯяд, падараш баъди боло рафтани тасф ба нафастангӣ дучор шуда, иштиҳои худро низ гум карда буд.

“Ӯ ба воситаи телефони маҳбас бо хонавода тамос гирифт ва маълум буд, ки нафасгирияш мушкил шудааст. Ӯ дар суҳбати охирон ҳангоми хайрухуш гуфтааст, “агар бо ман чизе рух диҳад, пас бидонед, ки коронавирус сабаб шудааст”, – изҳор дошт писари Раҳматулло Раҷаб.

Рентгени қафаси сина аз Раҳматулло Раҷаб. Акс аз Шӯҳрат Раҳматулло
Рентгени қафаси сина аз Раҳматулло Раҷаб. Акс аз Шӯҳрат Раҳматулло

Сипас Шуҳрат Раҳматулло бо табибони хориҷӣ суҳбат карда, тавсияҳои онҳоро ба хонаводааш расондааст.

“Як табиб гуфт, ки ӯ бояд обмева бисёр бинушад. Мо ба маҳбас обмева бурдем ва баъди нушидани он вазъи падарам беҳтар шуд”, – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Раҳматулло, бемории падари ӯ ҳудуди як моҳ тул кашид ва хонаводаашон доруҳои лозимиро ба маҳбас мебурданд. Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, дар рафти суҳбат бо падараш маълум шуд, ки аз онҳо санҷиши коронавирус гирифта нашудааст ва танҳо якбор аз санҷиши компютерӣ гузаштаанд.

Шуҳрат Раҳматулло афзуд, ки табибон дар асоси натиҷаи санҷиши компютерӣ гуфтаанд, ки падараш ба бемории илтиҳоби шуш гирифтор шудааст.

Шуҳрат Рахматулло. Акс аз сафҳаи шахсӣ дар facebook.com
Шуҳрат Рахматулло. Акс аз сафҳаи шахсӣ дар facebook.com

“Вале ман натиҷаи ин санҷишро ба табиби хориҷӣ нишон додам ва ӯ гуфт, ки “эҳтимоли мубталошавии падари шумо ба коронавирус 90 дарсад аст”, – изҳор дошт вай.

Раҳматтуло Раҷаб ягона маҳбуси тоҷик нест, ки хабари мубталошавии ӯ ба коронавирус расонаӣ шуд. Пештар маҳбус Абдулфайз Раҷабов дар ин маҳбас ҷон бохта буд. Наздикони соҳибкори зиндонии тоҷик Зайд Саидов низ моҳи гузашта шикоят карданд, ки вазъи сиҳатии Саидов бад шудааст.

Вале намояндагони муассисаҳои ислоҳӣ ин интиқодро рад карданд

Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мубталошавии маҳбусон ба коронавирусро дар зиндонҳо рад кард.

Ӯ гуфт, аз замони эъломи расмии мавҷуд будани коронавирус дар Тоҷикистон 11 маҳбус бо ин нишонаҳо ҷон бохтанд, вале онҳо на ба коронавирус, балки ба илтиҳоби шуш мубтало буданд.

Мансурҷон Умаров. Акс аз ozodi.org
Мансурҷон Умаров. Акс аз ozodi.org

Бино ба омори расмӣ, то 16 июн дар Тоҷикистон ҷамъан 50 кас аз вируси корона ҷон бохтаанд.

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳамчунин мушкили норасоии дору дар зиндонҳоро рад кард. Вале эътироф намуд, ки наздикони зиндониён ба пайвандони худ дору мебаранд.

“Шояд маҳбусон аз наздикони худ доруҳоеро хостаанд, ки ба назарашон, таъсири бештар доранд. Мо аз Вазорати тандурустӣ ҳамаи доруҳоро дарёфт кардаем ва ҳатто дар анборҳо захира ҳам дорем. Мо мушкили норасоии рахтҳои хоб, дору, дастгоҳҳои рентген ва нафаси сунъӣ надорем”, – изҳор дошт Мансурҷон Умаров.

Мушкили дастрасӣ

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, баҳои воқеӣ додан ба вазъ дар маҳбасҳои Тоҷикистон дар робита ба коронавирус мушкил аст. Мақомоти тоҷик ба созмонҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорони мустақил иҷозати дастрасӣ ба муассисаҳои ислоҳиро намедиҳанд.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар арафаи сафари ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба кишвар, ки 1 майи соли равон сурат гирифт, ҳайатро даъват карданд аз зиндонҳо низ боздид кунад. Вале ин чиз сурат нагирифт ва намояндагони созмон низ худдорӣ аз рафтан ба зиндонҳои Тоҷикистонро ҳам шарҳ надоданд. Дар ҳоли ҳозир аз дохили зиндонҳо танҳо бо ду роҳ – тавассути мақомот ва суҳбатҳои телефонии худи маҳбусон хабар мерасад.

Мақомоти Тоҷикистон ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар зиндонҳо иҷоза намедиҳанд. Акс аз ozodi.org
Мақомоти Тоҷикистон ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар зиндонҳо иҷоза намедиҳанд. Акс аз ozodi.org

Наздикони маҳбусон мегӯянд, ягона “имтиёз”-е, ки мақомот дар давраи ҳамагир шудани коронавирус додаанд, ин сӯҳбати ҳаррӯзаи зиндониён бо хонаводаҳояшон аст. Вале бархе аз маҳбусон ишора карданд, ки на ҳама чизро мешавад гуфт, зеро суҳбатҳо гуш мешаванд ва “суханҳои ноҷо” барояшон мушкил эҷод хоҳад кард.

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ҳанӯз дар моҳи марти соли равон, ки ҳукумат вуҷуд доштани коронавирус дар кишварро манъ мекард, мулоқот бо маҳбусонро манъ намуда буд. Ин қарор ҳанӯз ҳам амал мекунад ва феълан маълум нест, кай бекор хоҳад шуд.

Вале расонаҳо дар бораи бемор шудани маҳбусон аллакай дар моҳи апрел хабар доданд. Маҳбус Раҳматулло Раҷаб ба наздиконаш гуфтааст, ки дар оғози сирояти беморӣ 47 кас бо нишонаҳои коронавирус дар бемористони муассисаи ислоҳии рақами 1 бистарӣ шудаанд. Ӯ ҳамчунин афзуда, ки рахтҳои хоби бемористони маҳбас пур шуда, барои беморон дар роҳравҳо низ ҷой ташкил кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи огаҳ аз шарити нигаҳдорӣ дар маҳбасҳои Тоҷикистон мегӯянд, вазъ бадтар аз онест, ки шумо аз берун тасаввур мекунед.

Шӯҳрат Қудратов. Акс аз сафҳаи шахсиаш аз  facebook.com гирифта шудааст.
Шӯҳрат Қудратов. Акс аз сафҳаи шахсиаш аз facebook.com гирифта шудааст.

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси тоҷик беш аз чаҳор сол дар зиндон буда, соли 2018 ба озодӣ баромад. Ӯ мегӯяд, дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ва ду зиндони дигари Тоҷикистон адои ҳукм кардааст. Ба гуфтаи вай, дар зиндонҳои Тоҷикистон барои табобати беморон одитарин шароит вуҷуд надорад.

Ҳамсуҳбати CABAR.asia гуфт, ҳамаи доруҳо, ҳатто сӯзандоруҳоро наздикони маҳбусон таъмин мекунанд.

“Барои табобати мубталоён ба коронавирус дастгоҳҳои махсус, ба монандаи дастгоҳи нафаси сунъӣ лозим аст. Ман ин гуна дастгоҳро дар зиндонҳо надидаам. Дар бораи доруҳои гаронарзиши зиддивирусӣ аслан метавон ҳарф назад”, – изҳор дошт  ҳуқуқшиноси тоҷик.

Ба назари Шуҳрат Қудратов сухани сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ки мегӯяд дар зиндонҳо тамоми шароит фароҳам аст, шубҳаовар мебошад.

“Мақомот медонанд, ки дастрасӣ ба зиндонҳо маҳдуд аст ва касе вазъро мустақилона тафтиш карда наметавонад”, – афзуд Қудратов.

Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус дар зиндонҳо, ба ҷуз аз манъи мулоқот бо маҳбусон даст ба иқдоми ҷиддие назад. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ борҳо мақомотро даъват карданд, ки бо пайравӣ аз таҷрибаи кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон маҳбусонро озод кунанд. Вале мақомот ин пешниҳодро напазируфтанд.


Ин мавод дар доираи лоиҳаи “Giving Voice, Driving Change – from the Borderland to the Steppes Project” омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: