Аз 1 ноябри соли 2022 дар Тоҷикистон воякӯбии кӯдакон алайҳи сирояти пневмококк оғоз гардид. Моҳи сентябр дар кишвар воякӯбии густурдаи ғайринақшавии кӯдакон бар зидди сурхча анҷом шуда буд. Чунин тасмимҳои пайвастаи мақомоти кишвар барои эмгузаронии кӯдакон метавонад боиси нигаронии волидон шавад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, чунин тадбирҳо барои зери назорат нигоҳ доштани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат мекунанд.
Дар гузашта дар Тоҷикистон кӯдакон зидди пневмококк воякубӣ намешуданд. Ваксинаи зидди ин сироятро ҷумҳурӣ ду сол мунтазир буд. Ҳамроҳ бо намояндаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ваксинаи нав барои кӯдакон мегӯем ва ҳамзамон мефаҳмонем, ки волидон қабл аз эмгузаронии фарзандони худ чиро бояд бидонанд. Дар матлаб инчунин аз иттилои нашршуда дар сомонаҳои Вазорати тандурустӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ истифода шудааст.
Дар тақвими эмгузаронии ҳар кӯдаки дар Тоҷикистон таваллудшуда воякӯбӣ зидди бемориҳои сил, фалаҷи атфол, гепатити В, кузоз, сурхча, баногӯшак, гулафшон (паротит), ротавирус, гулӯзиндонак, кабудсулфа, гемофилия шакли В пешбинӣ гардидааст. Аз 1 ноябри соли 2022 бошад, ба ин рӯйхат ваксинаи зидди пневмококк илова карда шуд.
Бештари ваксинаҳо комплексӣ ҳастанд. Гуруҳи дигари ваксинаҳо бошанд, дар фосилаи муайян такроран гузаронда мешаванд, то иммунитети устувортаре ба ангезандаҳои ин бемориҳо ташаккул ёбад.
Ҳамин тариқ, кӯдакони то 16-сола дар Тоҷикистон 21 маротиба воякӯбӣ мешаванд.
Тайи ду соли ахир дар Тоҷикистон чанд маротиба воякӯбии ғайринақшавии кӯдакон анҷом шудааст. Соли 2021 хатари эпидемияи фалаҷи атфоли навъи дуюм ба вуҷуд омад. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ он замон дар кишвар ҳолати фавқулоддаи дараҷаи 2 эълон кард. Ҳеч дармоне барои фалаҷи атфол, ки ба мағзи сар ҳамла карда, сабаби фалаҷи якумрӣ мешавад, вуҷуд надорад. Ягона шеваи муҳофизат аз ин маризӣ метавонад ваксина бошад. Соли 2021 дар Тоҷикистон дар ду марҳила эмкунии иловагии кӯдакон сурат гирифт. Тавре Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад, пас аз иқдомоти мазкур гардиши бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон қатъ шудааст.
Моҳи сентябри соли 2022 дар ҷумҳурӣ раванди эмгузаронии иловагии ғайринақшавии кӯдакони аз 6 моҳа то 15 сола бо ваксинаи MMR II ҷараён гирифт. Ин як ваксинаи ҳамаҷонибаест, ки метавнад ҳамзамон аз се вирус- сурхча, баногӯшак, гулафшон муҳофизат кунад.
“Чунин иқдомҳо ногузир буданд, чунки дар Тоҷикистон хатари паҳншавии бемории сурхак дар байни кӯдакон вуҷуд дошт. Бемории сурхак оқибатҳои зиёди вазнин дорад, ки метавонад ҳатто пас аз чанд соли гирифтор шудан ба он, зуҳур кунад. Сурхча метавонад боиси нобиноӣ, ношунавоӣ ё энсефалит (илтиҳоби мағз) гардад”,-шарҳ медиҳад Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба CABAR.asia.
Ба таъкиди ӯ, ҳукумати кишвар тадбирҳо ҷиҳати эмгузаронии иловагиро пас аз таҳлили вазъи эпидемиологии кишвар роҳандозӣ мекунад.
Шурӯъ аз 1 ноябр ба тақвими воякӯбии кӯдакон дар Тоҷикистон воксинаи нав алайҳи сирояти пневмококк изова гардид.
Ин ваксина Synflorix ном дорад, ки дар Белгия истеҳсол шуда, дорои сертификат ё иҷозатномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мебошад. European medicines Agency онро барои истифода дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо иҷозат додааст.
Synflorix як ваксинаи 10-валента мебошад, яъне метавонад кӯдакро аз 10 навъи маъмултарини пневмококк, монанди бемориҳои пневмония, менингит, сепсис, бронхит ва амсоли инҳо муҳофизат кунад.
Ин бемориҳо метавонанд барои кӯдак оқибатҳои вазнин дошта бошанд ва ҳатто боиси маргӣ ӯ шаванд. Аз ин рӯ, воякӯбӣ алайҳи ин маризиҳо дар тақвими эмгузаронии беш аз 160 кишвари ҷаҳон ворид шудааст.
Synflorix бо дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҳаҷми 273 ҳазору 200 воя ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Барои ба тақвими миллии эмгузаронӣ ворид кардани ин ваксина Тоҷикистон ду сол мунтазир шуд. Тавре ба CABAR.asia аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” иттилоъ доданд, дархост ба Эътилофи ҷаҳонии вақсин ва эмгузаронӣ барои ба тақвими ваксинаҳои тавсияшаванда дар Тоҷикистон ворид кардани ваксинаи зидди пневмококк се сол қабл ирсол шуда буд. Дархост соли 2020 пазируфта шуд ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон тасмим гирифт, аз моҳи ноябри соли 2022 ба истифодаи ваксинаи пневмококк шурӯъ кунад.
На ҳамаи кӯдакон зидди пневмококк воякӯбӣ мешаванд, балки онҳое ба ин маърака фаро гирифта хоҳанд шуд, ки моҳи ноябр ба синни 2-моҳагӣ расиданд. Эмгузаронӣ дар се давра ҷараён мегирад: дар 2,4 ва 12 моҳагии кӯдакон.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки кӯдакони аз 12 моҳа бузургтар камтар осебпазиранд. Аммо кӯдакони то яксола ба гуруҳи хавф шомил мешаванд, аз ин рӯ тасмим гирифта шуд, ки воякӯбӣ аз онҳое оғоз шавад, ки хатари мубтало шуданашон бештар аст. Тақрибан сухан дар бораи беш аз 240 ҳазор кӯдак меравад, ки ба ҳисоби миёна ҳамасола дар Тоҷикистон ба дунё меоянд. Ҳоло гуфта наметавонам, ки оё кӯдакони нисбатан калонтарро ҳам воякӯбӣ мекунем ё на”, – гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Мисли ҳама гуна ваксинаҳои дигаре, ки аз сертификатсияи СҶТ мегузарад, Synflorix низ мавриди озмоиш қарор гирифтааст. Тибқи ин озмоиш самаранокии ваксина баъди се марҳилаи он 90%-ро ташкил медиҳад. Истеҳсолкунанда таъкид мекунад, ки дар сурати гирифтани марҳилаи аввал барои пурра ҳосил намудани иммунитети устувор давраи дуюм ва сеюми онро ҳам гирифтан лозим аст.
Ин ваксина вирусҳои “зинда” ё заифшуда надорад, дар таркибаш полисахаридҳои 10 серотипи Streptococcus pneumoniae ва сафедаи таҳвилдиҳанда, инчунин мисли бисёре аз ваксинаҳо моддаҳои ёрирасон, мисли фосфати алюминий, хлориди натрий ва об дорад.
Вазифаи воякӯбӣ пайдо кардани вокуниши масунияти бадан ба ҳама гуна ангезандаҳо ва таҳрики он барои шинохт ва маҳв сохтани ангезандаҳо мебошад. Дар ваксинҳои гуногун роҳҳои мухталифи ба вуҷуд овардани аксуламали иммунӣ истифода мешавад.
Масалан, ваксинаҳои зидди касалии сурхак, фалаҷи атфол ё сил “зинда” мебошанд, зеро дар онҳо миқдори ками ангезандаҳои қобили ҳаёт, вале заиф вуҷуд доранд. Ҳарчанд қобилияти дар идома афзоиш ёфтани онҳо мавҷуд аст, аммо сабаби тавсеаи беморӣ намешаванд ва ба ин васила зидди ангезандаҳои мазкур антитела ба вуҷуд меоваранд.
Ва агар мухтасар бигӯем, полисахаридҳо ҳамон чизе ҳастанд, ки дар рӯйи ҳуҷайраҳои уфунат ё вирусҳо мавҷуд аст. Донишмандон муайян кардаанд, ки азбаски полисахаридҳои дар ҳуҷайраҳои бактериявӣ ва ҳуҷайраҳои бадани инсон мавҷудбуда аз ҳамдигар зиёд тафовут доранд, пас ин синфи пайвастагиҳо барои эҷоди ваксинаҳои мушаххас асос шуда метавонанд.
Ҳамин тавр маълум мешавад, ки системаи масуният, ки пас аз дучор шудан бо полисахариди вируси муайян ё сирояти пас аз ваксина антитела таҳия кардааст, метавонад ҳангоми дигарбора дучор шудан ҳамон полисахаридро аз сатҳи ҳуҷайраи вирус шиносоӣ намуда, аксуламали иммунӣ нишон бидиҳад. Ин аксуламал ба кӯдак имкон медиҳад ё тамоман бемор нашавад ва ё бемориро дар шакли сабуктар пушти сар кунад.
Бо ин вуҷуд, эҳтимол дорад, ки аксуламали иммунӣ на дар ҳамаи онҳое ки бо Synflorix ваксина шудаанд, ба вуҷуд биёяд. Мисли ин ки дар дигар ваксинаҳо низ ин эҳтимол вуҷуд дорад.
Мисли дигар ваксинаҳо, Synflorix ҳам таъсироти манфӣ ва аворизи ҷонибӣ дорад, ки дар ин маврид бояд дар маркази саломатии ҷойи истиқомати ҳар як волидайн таъкид карда шавад.
Тавре дар дастури истифодабарии ин ваксина нишон дода шудааст, пас аз воякӯбӣ ба пневмококк дар макони тазриқ метавонад сурхӣ ва варам пайдо шавад, кӯдак таб кунад, асабонӣ ва беқарор гардад ё баръакс хоболуд шавад. Аксар вақт иштиҳо метавонад бадтар шавад, аммо дарунравӣ ва қайкунӣ ба амал меояд. Баъзан ҳарорати кӯдак метавонад то 40 дараҷа боло равад.
Таъсири манфӣ ба ҳама гуна ваксина метавонад адами таҳаммули инфиродӣ ба ҷузъҳои ваксина бошад, ки дар аксуламалҳои шадид ва мушкилот пас аз ваксинаи қаблӣ зоҳир мешавад. Илова бар ин, таъсироти дигари манфӣ метавонад дар пайи таби баланд, бемории сироятӣ, шароити норасоии масуният (модарзодӣ ё дар давоми ҳаёт инкишофёфта), дар баъзе ҳолатҳо бемориҳои прогрессивии системаи асаб ва дигар бемориҳои музмини кӯдак ба вуҷуд биёянд.
Агар сухан дар бораи СШРВ (ОРВИ) ва сироятҳои рӯда меравад, пас воякӯбӣ пас аз 2-4 ҳафтаи баъди шифоёбӣ гузаронда мешавад.
Ба таъкиди Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» ҳар корманди соҳаи тиб вазифадор аст, ки пеш аз эмгузаронӣ ба волидайн дар мавриди таъсироти манфӣ ва аворизи ҷонибии ваксина суҳбат кунад.
Илова бар ин, шумо ҳуқуқ доред, ки ба саволҳоятон дар бораи муҳлати истифодаи ваксина, истеҳсолкунандаи он, таркиби ваксина, реҷаи ҳарорате, ки ин ё он ваксина нигаҳдорӣ мешавад, таъсироти манфӣ ва аворизи ҷонибӣ ҷавоб бигиред.
Шумо бояд бидонед, ваксинаҳое ҳастанд, ки ҳангоми нигоҳдорӣ таркиби онҳо ба таҳшини сафед ва моеъи шаффоф ҷудо мешаванд, ки ин нишонаи бад шудани сифати дору нест.
Synflorix ба ҳамин гуруҳ шомил мешавад. Ҳамшираи шафқат пеш аз истифода зарфи дорои ваксинаро то омехта шудан такон медиҳад.
Аммо, ваксинаҳое ҳастанд, ки набояд такон дода шаванд. Аз ин рӯ, пеш аз оғози истифодаи ваксинаҳо, кормандони тиббии масъули эмгузаронӣ ба омӯзишҳои махсус фаро гирифта мешаванд.
Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика тавсия медиҳад, қабл аз он ки кӯдак барои воякӯбӣ оварда шавад бояд аз муоинаи табиби педиатр гузарад ва ӯ барои эмгузаронӣ иҷозат бидиҳад. Духтур ҳарорати кӯдакро месанҷад. Аз ҳама нуктаи муҳим ин аст, ки кӯдак қабл аз воякӯбӣ бояд солим бошад.
Баъди эмгузаронӣ то ним соати дигар дар маркази саломатӣ бимонед. Дар сурати пайдо шудани ягон таъсироти манфӣ кормандони тиб ёрии аввалинро мерасонанд.
Аз духтур бипурсед, ки дар кадом ҳарорати бадан метавонед ба фарзандатон доруи пасткунандаи таб бидиҳед. Агар ҳарорат зиёда аз се рӯз давом кунад, ба табиби маҳалли зистатон муроҷиат кунед.