© CABAR – Центральноазиатское бюро по аналитической журналистике
При размещении материалов на сторонних ресурсах, гиперссылка на источник обязательна.

КАЛОНЗОДА: БАРОИ ИФРОТИҲО ҶАВОНОН «ГЎШТИ ЛАҲМ» ҲАСТАНД!

Ҳоҷӣ Ибодулло Калонзода, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Нури Ислом», диншинос ва яке аз чеҳраҳои шинохта дар як суҳбати ихтисосӣ аз заминаи пайдоиш ҷараёнҳои ифротӣ, сабабу омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои террористиву экстремистӣ, роҳҳои пешгирии он ҳарф зад. Журналист Ҷамшед Маъруф зимни суҳбат ба ин ва чанд суоли дигар посух ҷуст.

ДАР ТЎЛИ 70-80 СОЛ МАРДУМ ҚАРИБ, КИ АЗ ДИНИ ХУД БЕХАБАР БУДАНД!

– Қаблан сипос, ки таклифи моро барои суҳбати ихтисосӣ дар мавриди гароиши ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои террористиву ифротӣ қабул фармудед. Хуб, бигўед, ки заминаи пайдоиш ва пайвастшавӣ ба ин гуна ҷараёнҳо аз кай сарчамшма мегирад?

Ҳоҷӣ Ибодулло Калонзода
Ҳоҷӣ Ибодулло Калонзода

– Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим ва биҳи настаъйин. Вақте ки мо дар бораи як воқеияти имрўзаи ҳаёт сухан мегўем, албатта, мо бояд донем, ки дар заминаи пайдоиши ин воқеаҳо, ҳаёти имрўзаи мо, дар таърих оё омиле ҳаст ё не?! Ва албатта, заминаи ин шомилшавиҳо худи имрўз пайдо нашудааст, қисми асосӣ ба таърих вобастагӣ дорад. Яъне, гузаштагон, падарону модарони мо замони шўравӣ ба мисли имрўз аз дин баҳраманд набуданд. Дин дар дохили оила буд. Урфу одатҳои динӣ ҳамчун як урфу одатҳои оилавӣ, урфӣ амал мекард. Дин дар ҷомеа анқариб вуҷуд надошт, яъне мисли имрўзе, ки ҷомеаи озоди Тоҷикистон, мардум, халқ, миллати тоҷик аз динаш баҳраманд аст, дар замони шўравӣ баҳраманд набуд ва ин як заминаи аз маърифати динӣ билкулл дур шудани ҷомеа гашта буд. Яъне, аксарияти мардум, алалхусус ҷавонҳо, дар охири замони шўравӣ, дар тўли 70-80 сол қариб, ки аз дини худ бехабар буданд! Аз дин фақат ба мисоли урфу одати хонагӣ, ки падару модари мо дар сари дастархон масалан, дуо мекарданд, Қуръон мехонданд ё дар як маросими азодорӣ иштирок карда, Қуръон хонда, ба дуои фотиҳа мерафтанд, қисман рўза медоштанд, бисёр як доираи маҳдуди маърифати динӣ буд. Сухан дар бораи нуктаҳои нозуки дин намеравад. Умуман, ҳамчун мусалмон, мардуми боимон, мусалмонзода будем, аммо маърифати динӣ қариб ба сифр наздик буд ва ин ҷомеаро баъд аз шўравӣ, ба замони озодии истиқлолият Худованд насиб кард ва ҳама озод шуданд. Шукри Худованд, ки масҷидҳо ҳам пайдо гаштанд, китобҳо ҳам пайдо шуданд, аммо ба як ҷомеае, ки аз дин дар тўли 70-80 сол дур буд, пешкаш карда шуд. Ҷомеа ташнаи дин, масҷиду мадраса, Қуръон ва ташнаи хондан буд. Аз ин ҳолати ҷомеаи нав ба озодӣ расида душманон сўйиистифода карданд, чун душман медонад, ки ба куҷо ҳамла кунад ва мардуми тамоми ҷумҳурияҳои собиқ шўравӣ дар ин масъала осебпазиртарин буданд, алалхусус мардуми Осиёи Миёна ва мардуми Қафқоз – Доғистон, Чеченистон. Бубинед, ҳар куҷое, ки мусалмонон буданд, душманони ин миллатҳо ба мардум ва хусусан ҷавонон чаро таваҷҷўҳ карданд?!

Калонсолон ба ҳар ҳол каме бошад ҳам, аз урфу одатҳои халқӣ-мардумии динии мо баҳраманд буданд. Яъне, фикри мустаҳкам доштанд, кам доштанд, аммо собитқадам дар ин масъала буданд. Аммо ҷавонҳои замони истиқлолият, барояшон тамоми арзишҳои исломӣ дастрас буд ва аз падару модар фақат як чизи урфӣ гирифтанд. Яъне, заминаи тафаккури онҳо дар масъалаи маърифати исломӣ ба як биёбоне, ки холӣ аст, кишт кунед. Як киштзори холӣ, ки ҳам об дораду ҳам ҳавои хуб ва дар ин вақт, он тарафдорони ҷараёнҳои ифротӣ, ки таҷрибаи бисёр бойи садсолаҳо доранд, механизми корӣ, система ва пул доранд, онҳо таҳлил карда мегарданд, ки дар куҷои дунё бояд онҳо кишт кунанд. Яъне, ин ҷараёнҳоро байни мардуми ин кишварҳо дохил кунанд.

Аз он солҳои охири асри XX ҷараёни экстремистӣ-террористии «Ҳизб-ут-таҳрир» корашонро дар Осиёи Миёна оғоз карданд. Агарчӣ, ин заминаи Ҳизби наҳзати исломӣ (ҳизби мамнўъ дар Тоҷикистон) дар солҳои 70-уми асри гузашта буд. Аммо замони шўравӣ, бо системаи шўравӣ онҳо корашонро оғоз карда буданд. Солҳои 80-90-ум вақте ҷанги дохилӣ пайдо шуд, заминаи ин қувваҳо ва мақсадҳои ин ҳизб бо номҳои демократия, озодӣ, истиқлолият дар он замон пиёда мешуданд. Онҳо хилофати исломӣ месозем намегуфтан, балки ба ин шакл пешниҳод карда буданд. Вақте ба истиқлолият расидем, ин қувваҳо диданд, ки мардуми шўравии пешин дар ҳама кишварҳо мустақил шуданд, албатта, як давлати навбунёд, имкониятҳои имрўза он вақт набуд, буҷа маълум буд, тамоми ниҳодҳо ва системаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисод, ҳама қариб, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ вайрон шуданд, дар ин замон қувваҳои носолим ва тарафдорони ҷараёнҳои ифротӣ пинҳонӣ фаолияти худро дар ҷомеаи мо оғоз карданд. Вале бубинед, ин ҷараёнҳо китобҳои худро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп карданд. Баъдан, миёни мардум ва ҷавонони мо ин китобҳоро аз солҳои 90-ум оғоз карда, паҳн карданд. Яъне, таълимоти мо, мазҳаби Имоми Аъзам, ки урфию одатӣ буд, аммо маърифати динӣ надоштем ва ба ҷойи он ки китобҳои «Чаҳоркитоб»-ро хонем, ки мазҳаби Имоми Аъзам аст, душманон ҳаракат карданд, китобҳои мазҳабӣ, сиёсии худро ба забони тоҷикӣ тарҷума кунанд ва ба ҷавонони мо расонанд. Шумо фикр кунед, ки китоб дар куҷо чоп мешавад, дар куҷо тарҷума мешавад ва бепул оварда, тақсим карда мешавад?!

Чаро онҳо Қуръонро ба тоҷикӣ тарҷума карда, тақсим накарданд? Чаро онҳо китоби Имоми Бухориро ба тоҷикӣ тарҷума накарданд? Чаро онҳо «Чаҳоркитоб»-ро чоп карда, тақсим накарданд? Онҳо китобҳои худ – китобҳои ҷараёниву мазҳабиашонро ба забони тоҷикӣ оварданд, ки барои ин маблағ лозим аст. Пас, мақсаде доштанд, ки ҷавонони моро дар асоси таълимоти худ, яъне гурўҳҳое ташкил кунанд ва ҷавонон Исломро аз китобҳои онҳо дида, оғоз кунанд, на аз китоби Имоми Аъзам. Ҷавоне, ки ин китобҳоро ба даст мегирифт, оят, ҳадис ба тоҷикӣ навишта шудааст, вале мақсад салафӣ, ваҳҳобӣ, Ҷамоати Таблиғ, Ҳизби Таҳрир ва тарғиби ҳизби худашон буд. Медонанд, ки мо мазҳаби Имоми Аъзам ҳастем ва агар ин қадар дўст мешуданд, онҳо китобҳои дар боло зикршударо, китобҳои суннатии мазҳаби моро ба тоҷикӣ тарҷума карда, тақсим мекарданд ва мо мегуфтем, ки дар ҳақиқат дўст буданд. Аммо аз китобҳои мазҳабии мо дараке набуд.

Шукри Худованд, ки Пешвои миллатамон «Қуръон»-ро ба забони тоҷикӣ тарҷума карданд. Китобҳои Имом Бухорӣ, Ҷашни солгарди Имоми Аъзам, яъне вақте ки ин чизҳо пайдо шуд, бисёр андешаи дур ва чуқури Ҷаноби Олӣ буд, ки он кас ин масъалаҳоро бар зидди ин чизҳо ҷойгир карданд.

БОЯД ПАДАРОНУ МОДАРОН ҲУШЁР БОШАНД

– Пас, имрўз сабабу омилҳои асосии гароиши ҷавонон ба сафи равияҳои мухталифи террористиву ифротӣ дар чист?

– Яке аз омилҳое, ки дар ибтидо буд, ин адабиёти экстремистӣ, ки бо забони тоҷикӣ тарҷума шуда, байни ҷавонон тақсим карда шуд.

Омили дигаре, ки имрўз пайдо шудааст, ин Интернет. Яке аз қисмати манфии Интернет дар он аст, ки тамоми маълумоти ифротӣ ё мақсадии ин ҷараёнҳоро пайдо кардан мумкин аст. Ва ҷавонон аз сабаби он ки маърифати динии ҳуқуқии паст доранд, ба доми суханҳои ин шабакаҳои иҷтимоӣ меафтанд. Албатта, вақте ки дар шабакаи иҷтимоӣ ин суханҳоро мешунаванд, дар он тарафи шабака шахсоне нишастаанд, ки бисёр ҳам таҷрибаи калони таблиғӣ доранд. Онҳо шахсони тасодуфӣ не, балки шахсонеанд, ки дар ин соҳаашон бисёр таҷрибаи калон доранд: «роҳу равиш, тарз, услуб, ба дом афтононидан, «мағзи сарҳоро шустан» ва ҷавононро бо як роҳи одие, ки онҳо таҷрибаи бисёр калон доранд, ба дом меафтонанд».

Бинобар ин, имрўз ҷавононро зарур аст, ки одоби ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуданро ҳам донанд ва вақте ки Тоҷикистон эълон мекунад, ки зиёда аз 15-16 ҷараёни ифротӣ дар кишвар аз ҷониби Суди Олӣ ғайриқонунӣ ва террористӣ қабул карда шудааст, ҷавонон бояд дарк кунанд, ки ин ҷараёнҳо ғайриқонунӣ ҳастанд ва ҳар чизе, ки ба онҳо пешкаш ё даъват карда мешавад, онҳо ба як чизи ғайриқонунӣ, ба Ислому мардуму Тоҷикистон зид, муомила мекунанд. Ва ҳатман ҳамаи ин, хоҳ китоб, хоҳ шабакаи иҷтимоӣ, хоҳ мубаллиғон ва хоҳ муаллими онҳо бошад, онҳо Исломро истифода мебаранд. Онҳо ба воситаи ояту ҳадис сухан мекунанд, аммо ба манфиати худ. Онҳо маънии аслии оятро баён намекунанд, балки он миқдор баён мекунанд, ки бар манфиати худи онҳо бошад ва мардуме, ки аз ин чиз бохабар нест, ҳамон қисмати оятро мешунаваду фикр мекунад, ки ин маъно дар «Қуръон» будааст. Аммо давоми оятро онҳо намегўянду пинҳон мекунанд ва ин масъала мушкилӣ пайдо мекунад, ки як ҷавон ба фикри он ки Ислом ҳасту сухани Паёмбар (с) ҳаст, ба он тараф майл пайдо мекунад ва фикр мекунад, ки сухани онҳо ҳақ аст. Агар боз бардавом гўш кунад, онҳо чизҳои дигарро пешниҳод мекунанд, ки боз чуқуртар меравад ва гумроҳ мешавад. Бинобар ҳамин, бояд ҳушёр бошанд.

Омили дигар, ин муҳоҷират аст. Дар муҳоҷират мо намедонем, ки ҷавонони мо ҳамроҳи киҳо ҳастанд ва бисёр ҷавононе, ки аз муҳоҷират меоянд, тарзи намозхонии мазҳаби Шофеъӣ доранд. Яъне, мазҳаби Шофеъӣ ин дар Маскав ҳам ҳаст, ки доғистониву чеченҳо ба он пайравӣ мекунанд. Вақте аз онҳо мепурсем, ки чаро ин тавр намоз мегузоред, онҳо мегўянд, ки «мо дар Маскав намозро аз ҳамкорони доғистоние, ки дар сохтмон кор мекарданд, омўхтем».

Агар дар ин ҷо, падару модар ё очаю бобоҳо таълим надода бошанд ва ё надида бошанд, фикр карданд, ки тарзи намозхонӣ ҳамин хел аст. Онҳо фарқи байни мазҳаби Ҳанафию Шофеъиро намедонанд ва вақте ки ба онҳо огаҳ мекунем, ки ин тарзи хондани намози шумо ба мазҳаби Шофеъӣ тааллуқ дорад, ин мазҳаб асли суннат-вал-ҷамоат аст, хилофи мазҳаби мо нест, лекин мо мазҳаби худро дорем ва бояд мо пайрави мазҳаби худ бошем, онҳо ислоҳ мешаванд. Аммо онҳое, ки ба ҷараёни «салафӣ» ё ба ҷараёни «ваҳҳобӣ» дохил мешаванду адабиёти онҳоро мехонанд, онҳо ақидаи «салафӣ» пайдо мекунанд. Онҳо тарзи намозхонии хешро аллакай тағйир намедиҳанд. Онҳо фикр мекунанд, ки суханашон ҳақ аст ва барои онҳо омили навбатие, ки ба ғайр аз муҳоҷират дар он ҷо ба ин ҷараёнҳо шомил мешаванд, на ба мазҳаби Шофеъӣ, балки ба ҷараёни «Салафия» ё «Ваҳҳобия», онҳо на танҳо тарзи намозхонӣ, инчунин ақидаи ин ҷавононро низ вайрон мекунанд. Онҳо аллакай аз нуқтаи назари тафсири Қуръон, нисбати маъноҳои мўъмину мусалмон кист, мазмуни кофир будану шуданро мегўянд. Яъне, зина ба зина онҳоро боз ба доми худ дурустар мекашанд ва ин омил имрўз алайҳи бисёр ҷавонон хатар дорад. Дар ин масъала, бояд падарону модарон ҳушёр бошанд. Онҳо вақте аз Тоҷикистон занг мезананд, огаҳ кунанд, ки «бачам, ба ҳар ҳол мо дар ин ҷо шунида истодаем, ки мазҳаби Имоми Аъзам – мазҳаби мо, Пешвои мазҳаби мо, таълимоти мазҳабии мо. Баногоҳ, дар он ҷо ба касе ҳамроҳ нашав. Дар зери ниқоби дин ва Қуръону ҳадис боз ба ин ҷараёнҳои ифротӣ кашола накунад.

Омили навбатӣ ин маблағ аст, ки дар муҳоҷират ё дар хориҷ ё дар дохил. Куҷо набошад, системаи ин ҷараёнҳои ғайриқонунӣ маблағи зиёд доранд ва бо ҳар роҳ мехоҳанд, мақсадҳои худро пиёда кунанд ва бо роҳи маблағгузорӣ – ба тиҷорат, бо пайдо кардани кор, таъмин кардани оила, кўмакҳо ва оҳиста-оҳиста баъд китобу адабиёт. Яъне, ин ҳам яке аз роҳҳое, ки ҷавонони осебпазир, ки дар муҳоҷират мебошанду кор надоранд, онҳо медонанд, бо кӣ кор кунанд. Ҷавони 18-20-сола агар таҷрибаи ҳаёт надошта бошад ва ин масъалаҳоро дар мактабу хона нагуфта бошанд, барои ифротиҳо ин ҷавонон як «лахми гўшт» ҳастанд. Албатта, ба тарафи худ онҳоро бо тарғибот ва китобу маблағҳо узви ҷараёнҳои худ карданашон мумкин аст.

ДУШМАНОНИ ИСЛОМ ИМРЎЗ МЕХОҲАНД, КИ МАРДУМИ МОРО АЗ МАЗҲАБ БЕРУН КУНАНД

– Барои пешгирӣ намудани ин омилҳо роҳи ҳалро дар чӣ мебинед?

– Дар масъалаи он ки мо дар бораи омилҳо сухан мегўем, маърифати ҳуқуқии ҷавонони имрўзаро аз имрўз дар Тоҷикистон баланд кард. Дар оила вақте ки хавфи шомил шудани ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ ҳаст, падару модар ин қисмати тарбиявии оилавии худро бояд ҷоннок кунанд. Ба ҷавонҳо бояд дар синни мактабӣ, донишгоҳ, донишкада аз тарафи падару модар нуқтаи назари мазҳабии мо, бигзор бисёр соддаву одӣ бошад, лекин онҳо бояд фаҳмонанд, ки имрўз дар дунё душманони Ислом мехоҳанд, ки мардуми моро аз мазҳаб берун кунанд ва шумо фарзандони азиз ҳушёр бошед, ки мазҳаби мо, мазҳаби Имоми Аъзам аст. Намоз мехонед, намехонед, тарзи намозхонии мо ин аст, ақидаи мо ин аст, мо даст ба дуо мебардорем, Қуръон мехонем, ба гузаштагон сураи «Таборак» мехонем, ба қабристон меравем ва дар он ҷо сураву оят мехонем. Яъне, чизҳое, ки маълум ҳаст ва ба ин як дарси иловагӣ зарур нест. Падару модар ин чизҳоро медонанд ва ҳар чизе, ки медонанд, ҳамон чизро таълим диҳанд, як заминаи мазҳабии бисёр содда бошад ҳам, бояд фарзандони онҳо дошта бошанд.

Изофа бар ин, ҳамеша вақте телефонӣ гап мезананд, огаҳ кунанд, ки «фарзандам, ба хотири пул ё чизе баногоҳ ба доми онҳо наафт». Чунки ҷавонон дар он ҷо аз падару модар озодтар ҳастанд. Инчунин, маърифати динии худи фарзандонро дар оила аз ҷониби падару модар баланд кардан зарур аст. Дар мактаб ва ҳам донишгоҳҳо таълим додани одоби дин, ин ҳам бисёр як пешгирии шомилшавии ҷавонон аст ва дар баробари ин, вохўриҳои зиёде ба хотири бартараф шудани ин омилҳо мусоидат хоҳад кард.

АҚИДА, ДИН, МАЗҲАБ ЧИЗИ ФУРЎШӢ НЕСТ!

– Дар заминаи чанд омиле, ки қайд кардед, оё набудани адолати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ сабабгори гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротӣ шуда метавонад?

– Фикр мекунам, ки масъалаи ақида, дин, мазҳаб ин чизи фурўшӣ нест. Вақте як ҷавон дар оила, ҷомеа мазҳаби худро, миллати худро, урфу одатҳои худро ба таври бояду шояд таълим мегирад, масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ин ҷавонро аз ин нуқта берун бароварда наметавонад. Шумо бубинед, имрўз чанд фоизи ҷавонон мегараванд? Вақте ки мо чанд фоизи ҷавонон ба ин чиз гаравидан мегўем, агар ин омили иқтисодию иҷтимоӣ бошад, ба ҳама як хел таъсир мекунад. Лекин аз байни ин ҷавонон, нафароне пайдо мешаванд, ки ба ҷараёнҳои ифротӣ ҳамроҳ мегарданд. Яъне, ба онҳо фақат як омили иқтисодӣ сабаб мешавад гуфта наметавонем, чунки ин омил ба ҳама таъсир дорад. Агар ин омил таъсир мекард, аксарият бо сабаби ин омил ба ин ҷараёнҳо ҳамроҳ мешуданд. Вале як гурўҳи муайян ҳастанд, ки агар инро таҳлил кунем, онҳо ҷавонони осебпазиранд ва ҳар яки инҳоро агар омўзем, мо мебинем, ки вақте бархеи онҳо аъзои Ҳизби Таҳрир шудаанд, падару модари онҳо аз ин нуқтаи назаре, ки фарзандашон намоз мехонад, хурсанд шуданд. Вақте ки «Таҳрир» ҷавононро даъват кард, онҳо аз намоз шурўъ карданд. «Салафиҳо» ҳам аз намоз оғоз карданд. «Таҳрир» ба мазҳаб кор надошт, аммо «салафиҳо» ба мазҳаб кор доштанд. Бубинед, вақте ки дар баробари он ки шояд иқтисоди ин оила заиф буд, лекин падару модар аз он нуқтае, ки фарзандашон охири солҳои 80-90-уми асри гузашта намозхон шуд, онҳо хурсанд шуданд. Намозхонӣ яке аз омилҳое, ки ба Ҳизби Таҳрир қадами аввалин буд. Вақте як-ду-се қадам монданд, баъд ба мақсадҳои асосии худ оғоз каранд ва дар ҳамин зимн, имрўз вақте «салафиҳо» ба намозхонӣ даъват мекунанд, онҳо шакли намозхонии худ, ки тағйир доранду бе мазҳаб ҳастанд, онҳо пойҳои худро васеъ карданд, шакли зоҳирии худро дигар карданд, ришҳои калон монданд, сари луч мегаштанд, изорҳои калта мепўшиданд. Яъне, инҳо аллакай механизми худашонро кушоду равшан, боҷуръатона ва бидуни пинҳонӣ намоиш медоданд ва ин қисмати ҷавонҳо ба иқтисодиёт сару коре надоштанд, чун аксари онҳо тоҷир буданд, соҳиби дўкону даромади хуб доштанд.

Бубинед, чӣ қадар омилҳо фарқ мекунад?! Омили иқтисодӣ ба ин «салафиҳо» ин қадар ба мисли «таҳририҳо» таъсир накардааст, чунки инҳо худашон аллакай заминаи иқтисодии хуб доштанд. Лекин ҷузъе аз ин омили иқтисодӣ албатта ҳаст, вале асосӣ не.

ОН ЧИЗҲОЕ, КИ МАНЪ АСТ, ҲАТМАН БА ФАРЗАНДОНАМОН ТАЪЛИМ ДИҲЕМ

– Аз гуфтаи Шумо бармеояд, ки имрўз волидон бояд маърифати ҳуқуқиву динии фарзандонашонро коркард кунанд. Дар сурати муваффақ шудан, оё мешавад, ки садди роҳи гароиши ҷавононро гирифт?

– Бале, маърифтаи ҳуқуқӣ ин асл аст. Оё фарзанди мо медонад, ки Ҳизби наҳзати ислом, ҳизби экстремистӣ-террористӣ эълон шудааст? Имрўз мо бояд ин нуктаро донем, ки вақте ахбор ба забони тоҷикӣ дар бораи ДИИШ, харобӣ ва ҷанг қатлу кушторро нишон медиҳад, мо бояд фарзанду келинҳоямонро дар назди ТВ даъват кунем ва нишон диҳем, ки «бачам бубин, ин ба ном Давлати Исломӣ, ин кирду кор бо номи Ислом чӣ кор карда истодааст». Яъне, нисбати ин падида, бар замми он ки дар газетаву журналу мактабҳо мегўянд, таълими хонагӣ муассир аст, чунки падару модараш гуфта истодааст. Худамон тамошо кунем, афсўс хўрем, аммо ба фарзандон нагўем, пагоҳ шояд ин фарзанд ба доми инҳо меафтаду ба ҳамон ҷанг меравад. Афсўс, ки чӣ қадар рафтанд.

Бинобар ҳамин, маърифати ҳуқуқӣ аз нуқтаи назари он ки ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон он чизҳое, ки манъ аст, аз нуқтаи назари қонун ғайриқонунӣ эълон шудааст, ҳатман ба фарзандонашон таълим диҳанд. Маърифати динӣ ҳам ҳамчунин аст, он чизе, ки имрўз мо меросӣ медонем. Илова бар ин, китобҳои мазҳабии мо ба забони кириллӣ чоп шудааст. Чаро мо ба фарзандонамон ин таълимотро ба хотири он ки осебпазир нагардад, нодон нашавад, ба амали дигар гаравида наравад ва ба доми онҳо наяфтад, чизи аслии худро намеомўзонем?!

Аз ин рў, бояд мо зиракии худро гум накунем, ки ҳар як коре, ки душман омада, ба фарзандони мо таълим медиҳанду бар хилофи мазҳаб ва урфу одати мо ҳаст, мо онро роҳ диҳем, ҷомеа роҳ диҳад. Бубинед, имрўз маърифати динии оилавӣ зарур аст. Бигзор он миқдоре, ки имрўз падарону модарон медонанд ва онҳо зиёд медонанд, фақат мардуми мо намедонанд, ки ин аз мазҳаби мо аст. Сари дастархон нишастан, даст шустан, суннат аст ва ҳама медонад, таълим медиҳем. Нонро бо бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим шикастан, падару модарро эҳтиром карданро таълим медиҳем. Пас ин чизҳое, ки мо медонем, ҳамин чизро таълим диҳем. Ин маърифати динии фарзандонамон дар доираи маърифати динии худамон аст. Яъне, ҳамон маърифати оилавӣ, урфӣ, хонагие, ки аз бобо, аҷдодонамон имрўз шунида истодаем ва ин чиз дар ҳақиқат як монеаи калон мешавад, нисбати таблиғоти ҷараёнҳои ифротӣ.

Умед мекунам, ки падару модарон дар ин масъала бояд таваҷҷўҳи худашонро ҷиддитар гиранд. Агар онҳо таълим надиҳанд, кӣ таълим медиҳад ва агар ин ҷараёнҳо бо роҳу равише ба фарзандашон таъсир расонда монад, фарзандашон аз даст меравад. Қотил мешавад, падару модаркуш мешавад, одамкуш ва бераҳм мешавад. Ҳамаи ҳамин бо номи Ислом! Кадом Ислом бераҳмиро гуфтааст, падару модарро қатл кун гуфтааст, кадом Ислом сари одамро бур гуфтааст?! Кӣ? Кадом оят? Кадом ҳадис? Бубинед, вақте ки ақида дигар шуду бо роҳи таблиғ, даъват онҳо фикри худашонро дар майнаи сари ҷавонон ҷой мекунанд, ин ҷавонон қатлу куштор карда истодаанд, бераҳм шудаанд. Онҳо дар майнаи сари худ фақат хилофати исломӣ, давлати исломӣ ва тамоми дунёро гуиё онҳо табдил ба хилофат мекунанд. Ин як чизи афсонавию ношуданӣ аст, лекин ҳамин чизро таблиғ мекунанду ҷавононро аз роҳ бероҳа карда, ба Ватан хоин мекунанд, обрўи ватанашон, миллаташон, обрўи авлоду падару модарашонро мерезонанд. Пас, бояд ҳушёр бошем!

Ин мусоҳиба дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

If you have found a spelling error, please, notify us by selecting that text and pressing Ctrl+Enter.

Spelling error report
The following text will be sent to our editors: