Шиканҷа, бадрафторию таҳқир ва марги сарбозон дар асари лату кӯб аз далоили аслии саркашии ҷавонон аз хидмати сарбозӣ мебошад.
Ба Telegram канали мо обуна шавед!
Ҳамлаҳои чаповулгарона (облава) ба ҷавонони синни хидмати сарбозӣ, ки амре маъмулӣ дар Тоҷикистон аст, бисёре аз ҷавононро водор мекунад, ки соле ду бор аз кишвар фирор кунанд. Ҳамин аст, ки мушоҳида мешавад қабл аз оғози мавсими сарбозгирӣ барои артиш дар баҳору тирамоҳ шумори зиёде аз ҷавонон кишварро ба қасди муҳоҷирати корӣ тарк мекунанд.
Маъмурони низомию интизомӣ ҷавононро дар ҳар гӯшае, ки ба чангашон биафтанд, дастгир мекунанд. Шабакаи ҷаҳонии интернет саршор аз видеуҳои боздошти чаповулгаронаи ҷавонони тоҷик ва ба мошин андохтани иҷбории онҳо аз сӯи маъмурони давлатӣ аст. Дар яке аз ин видеуҳо, ки чандин ҳазор бинанда дорад, як маврид аз чаповул (облава) дар ҷашни арӯсӣ сабт шудааст – домод дар базми арӯсиаш аз дасти маъмурони низомӣ фирор мекунад. Моҳи октябри соли равон кормандони комисариати низомии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муллораҷаби Юсуфӣ, хабарнигори радиои Озодиро, гирифтанд. Ӯ қаблан дар давраҳои омӯзишии IWPR ширкат дошт. Ҳарчанд ӯ исрор мекард, ки гувоҳиномаи низомӣ дорад ва аз хидмат маъоф аст, аммо базӯр ӯро ба идораи комисариати низомӣ бурданд ва танҳо замоне раҳояш карданд, ки ҳамкоронаш санади низомии ӯро оварданду ба маъмурон нишон доданд.Чанд моҳ пеш кормандони комисариати низомӣ Шамсулло Султонов, омӯзгори фанноварии ҷадид дар рустои Лолазори вилояти Хатлонро ба шевае хашин ва густохона аз васати дарс гирифтанду ба хидмати сарбозӣ бурданд.
«Шогирдонаш чанд рӯз шигифтзада буданд,» – мегӯяд мудири мактаб Гулнора Хоҷаева. Ҳамкоронаш ба додситонии низомӣ хабар доданд, ки рафтори кормандони комисариати низомӣ нисбат ба Султонов хушунатбор будааст. Тибқи қавонини Тоҷикистон, ҷалби омӯзгорон ба хидмати сарбозӣ дар маҳаллоте, ки ба муаллим сахт ниёз доранд, мамнӯъ аст. Аммо низомиён ба ин меъёрҳо эътиное надоранд ва Шамсулло Султонов чанд моҳ аст, ки дар яке аз ягонҳои низомии шаҳри Душанбе хидмат мекунад. Муаллимон дар номае дастаҷамъӣ ба додситонии ҳарбӣ шикоят бурданд ва дар натиҷа Усмон Каримов, парчамдори (прапоршик) комисариати низомии ноҳияи Вахш, барои ин қазия аз кор ронда ва муҷозот шуд. Аммо чунин шикоятҳо алайҳи кормандони комисариатҳои низомӣ аз сӯи қурбониёни чаповул (облава) камтар мушоҳида мешавад. Бар асоси додаҳои созмони «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» одати сарбозгирӣ аз роҳи чаповул (облава) дар Тоҷикистон бахусус то соли 2013 ривоҷи густардатаре дошт. Он замон ҳудуди 40 дарсади сарбозоне, ки дар як назарсанҷӣ ширкат доштанд, гуфтанд, ки аз роҳи чаповул (облава) ба хидмати сарбозӣ бурда шудаанд. Аммо пас аз интиқодҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, аз қонуншиканӣ ва тахаллуфот дар ҷараёни сарбозгирӣ ин маворид коҳиш ёфтааст. Дар солҳои 2017 ва 2018 низ матолибе видеоӣ аз чаповулгариҳо ба дасти ин созмон расида, вале шикоёти ҳуқуқдонҳо ба додситонии ҳарбӣ натоиҷи мусбат ба бор овардааст.Латукӯбу таҳқир
Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, мегӯяд, ки яке аз мушкилоти артиши Тоҷикистон муносиботи хушунатомез миёни сарбозон аст. Ҳарчанд дар муқоиса бо 5 ё 8 сол пеш вазъият дар ягонҳои низомӣ ба таври чашмгире беҳтар шудааст. «Шароити зиндагӣ, сару либос, хӯрок, кумакҳои пизишкӣ ва сатҳи дониши афсарон каме беҳтар шудааст. Ман мутмаинам, ки мо метавонем ба он даст ёбем, ки ҳаққу ҳуқуқи сарбозон риъоят ва ҳимоят шавад ва мо ба эҷоди як артиши солим умедворем. Ба ҳамин хотир мо талош мекунем, ки артишро аз мавориди бадрафториву хушунат пок кунем,» – гуфт ӯ. Тибқи маълумоти «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», дар солҳои 2014-2017 аз мавориди латукӯб ва бадрафторӣ дар артиши Тоҷикистон 62 сарбоз осеб дидаанд ва 12 мавриди хушунат ба марги сарбозон анҷомидааст. Дар пайи ин ҳаводис 35 нафар муҷозот шудаанд ва 22 сарбоз барои 5 то 18 сол ба зиндон маҳкум шудаанд. Ҳамчунин, 13 мавриди муҷозоти афсарон, ки аз яку ним то чаҳор сол ба зиндон маҳкум шуданд, сабт шудааст. Зимнан, ин гуна муҷозот танҳо дар сурати вуқӯъи ҳаводиси ҷиддӣ имконпазир аст. Аммо ба гуфтаи таҳлилгарон, ба мавориде чун таҳқир, лагадкӯб ва кутаккорӣ касе аҳаммият намедиҳад. Саидҷаъфар Сафарзода, коршиноси масоили иҷтимоӣ, бар ин назар аст, ки сабаби аслии саркашии ҷавонон аз хидмати сарбозӣ таҳқиру латукӯби густарда дар ягонҳои низомӣ мебошад. Ин таҳқиру бадрафториҳо ба шаклҳои гуногуне анҷом мешаванд. Ҳамсуҳбатони мо мегӯянд, ки дар утоқҳои хобашон дурбинҳо насб шудаанд, аммо онҳоро бо либосҳои сарбозон мепӯшонанд. Вақте ҷавонон ин ҳодисаҳоро мешунаванд, аз хидмати сарбозӣ дилсард мешаванд. Беадолатии дигар ин ки дар баъзе аз хонаводаҳо аз шаш писар яке ҳам дар артиш хидмат накардан ва баръакс аз хонаводаҳое, ки ҳамагӣ ду фарзанд доранд, ҳарду ҳам ба хидмати сарбозӣ эҳзор шудаанд,» – мегӯяд Сафарзода. Бо дастаи бел заданд Дар соли равон расонаҳо аз чанд мавриди пуровозаи кушта шудани сарбозон дар ягонҳои низомии Тоҷикистон хабар доданд.Рӯзи 24-уми март Мазбутҷон Мансуров, сарбози 21-сола дар ягони низомии 0306-и Идораи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон, ҷони худро аз даст дод. Ба гуфтаи наздиконаш, ӯ даҳ рӯз қабл аз ин ки аз хидмат мураххас шавад, кушта шудааст.
Тибқи иттилоъи Додситонии низомии вилояти Хатлон, ӯ дар асари латукӯб бо дастаи бел, ки ба кафидани сипурзаш ва хунрезии шадид дар он анҷомида, ҷони худро аз даст додааст. Ин натиҷагирии се пизишк аст, ки ӯро муолиҷа мекарданд ва дар ин бора ба корогаҳони додситонии низомӣ ҳам хабар додаанд. Ба Мардон Мансуров, падари як сарбози кушташуда, дар рӯзи фоҷеъа занг зада ва хабар додаанд, ки писараш аз бемории гурда ранҷ мебурд ва ҳангоми муъолиҷа фавт кардааст. Баъди як рӯз кормандони қисми низомӣ ҷасади Мазбудҷонро ба хонаводааш супурда ва гуфтаанд, ки қотилонашро пайдо мекунанд. Танҳо дар он лаҳза волидайни Мазбудҷон хабар ёфтаанд, ки писарашон кушта шудааст.Додгоҳи низомии вилояти Хатлон алайҳи ду корманди ин ягони низомӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард. Сутвон (лейтенант) Идитат Пиров дар рӯзи ҳодиса боздошт шуд ва то ҳол дар боздоштгоҳ ба сар мебарад. Тибқи иттиҳомоти ворида, Пиров бо муҷозоти 8 то 12 сол зиндон рӯбарӯст. Сарвон (капитан) Меҳриддин Нуров дар моҳи май барои ду сол ба ҳабс маҳкум ва аз кор барканор шуд.
Аммо волидони Мансуров аз ҳукми сабуки додгоҳ барои омили дувуми қатли фарзандашон розӣ нестанд ва талаб доранд, ки ҳамаи омилони қатли писарашон ҷазои сангин бигиранд. «Писари маро куштанд, аммо яке аз қотилон ҳануз ҳам озод аст, мехоҳанд фақат якеро муҷозот кунанд. Ман муҷозоти ҳамаи омилони қатлро аз додгоҳ талаб кардам, аммо Нуров ҷазои сахт нагирифт. Фикр мекунам, муҳокимаи додгоҳӣ одилона сурат намегирад,» – мегӯяд Мардон Мансуров. Мазбудҷони марҳум як бародари дигар дорад, вале акнун волидон бародарашро намегузоранд, ки ба хидмати сарбозӣ равад. Авоили моҳи ноябр додгоҳи низомии шаҳри Хоруғ дар ВМКБ Бахтовар Абдуллоев, як сарбози нерӯҳои марзбониро, барои кутак задан ва қатли ҳамхидматаш Абдуқаюм Ёдгоров ба муддати 13 сол равонаи зиндон кард. Дар моҳи май ҳам Раҷабалӣ Каримов, сарбозе, ки як солу ду моҳ хидмат карда буд, кушта шуд. Ҳарчанд муфаттишони Додситонии низомии Тоҷикистон муддаъиянд, ки ин сарбоз худкушӣ карда, вале наздиконаш дар гарданаш захми тирро мушоҳида кардаанд. Бародари сарбози марҳум, Муродалӣ Каримов, аз расми шустани ҷасади бародараш филмбардорӣ карда ва мегӯяд, ки дар андомаш ҷароҳатҳое дида мешуд. Радиои Озодӣ аз қавли ӯ навиштааст: «Дар дастонаш пайи ресмон монда буд. Дар ҷойҳои дигари баданаш ҳам захму ҷароҳатҳое намудор буд. Мо намедонем ин захмҳо аз куҷо пайдо шудаанд.» Дар аксари чунин мавориде наздикони сарбозони кушташуда шикоят мекунанд, ки дар андоми сарбозони марҳум асароти шиканҷа ва лату кӯб дида мешуд. Аммо мақомот пайваста мегӯянд инҳо доғҳоест, ки дар ҷасади мурда пайдо мешавад ва шиканҷа ва бадрафторӣ нисбат ба сарбозонро рад мекунанд,- мегӯянд ҳуқуқдонҳои Эътилофи алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон.Замин ва ҷавози ронандагӣ барои артиш
Ин танҳо ҷавонон нестанд, ки аз хидмат дар артиш саркашӣ мекунанд. Падару модаронашон низ дар ин замина аз онҳо ҳимоят мекунанд. Сабоҳат Камолова, зани 52-солае, ки дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунад ва се писар дорад, мегӯяд: «Ҳар сол дар маврими сарбозгирӣ шабҳо хоби ман намебарад. Аз ин чаповулҳо (облава) метарсам, метарсам, ки шабона барои писаронам дари хонаамонро бикӯбанд. Аз ин ки дар артиш таҳқиру латукӯб шаванд, беҳтар аст ба Русия бираванд.» Мушкили ҷалби ҷавонон ба хидмати сарбозӣ дар кишвар чунон доғ аст, ки нақшаи такмили суфуфи нерӯҳои мусаллаҳ тайи ду мавсими ахири баҳорӣ ва як мавсими тирамоҳӣ иҷро нашудааст. Дар авохири моҳи октябр дар ноҳияи Қубодиён (220 километр ҷанубтар аз Душанбе) панҷ ҷавони маҳаллӣ пас аз дарёфти фарохон аз мақомот ғайб заданд. Пайвандонашон таъкид мекунанд, ки онҳо барои кор ба Русия рафтаанд. Мақомоти маҳаллӣ талош мекунанд, ки ҷавононро бо додани имтиёзот ва ангезаҳои моддӣ ба хидмати сарбозӣ ҳавасманд кунанд. Чаҳор сол пеш онҳо ба ҷавонон ваъда карда буданд, ки пас аз анҷоми хидмати сарбозӣ ба онҳо барои сохтмони хона замин медиҳанд ва ба баргузории маросими арӯсияшон кумак мекунанд. Аммо аксари онҳое, ки ба артиш рафта буданд, мегӯянд, ки пас аз анҷоми хидмати сарбозӣ мақомот ваъдаҳои худро фаромӯш кардаанд. Шаҳло Ҳасанзода, муъовини шаҳрдори Норак (дар 80-килуметрии ҷануби Душанбе), ба CABAR.asia гуфт, ки онҳо аз ангезаҳои дигаре барои ҷалби ҷавонон ба артиш кор мегиранд. Масалан, онҳо дар давраҳои омӯзиши ронандагӣ ба таври ройгон ширкат мекунанд ва танҳо пас аз дарёфти гувоҳии ронандагӣ ба хидмати сарбозӣ мераванд. «Аммо беҳтарини роҳи ҷалби ҷавонон ба артиш таъмини кор барои сарбозони собиқ мебошад,»– мегӯяд Саидҷаъфар Сафарзода.Ин матлаб дар чорчӯби тарҳи “Giving Voice, Driving Change — from the Borderland to the Steppes Project» ва бо ҳимояти молии Вазорати хориҷаи Нурвеж таҳия шудааст. Назароти дарҷшуда дар ин мақола мавзеъгирии расона ва ё сарпарасти ин тарҳро бозгӯ намекунанд.