Садҳо хонавода дар ҷануби Тоҷикистон аз дуди сиёҳу бӯйи ғализи танӯр ё хумдонҳои оҳакпазӣ азият мекашанд. Коршиносони муҳити зист мегӯянд, зарари ин партовҳо ҳатто берун аз ҳудуди минтақа эҳсос мешавад.
Дар ҷамоати Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, воқеъ дар 80-километрии ҷануби Душанбе нуҳ хумдон ҷойгир аст, ки шабонарӯзӣ ба истеҳсоли оҳак машғуланд.
Партовҳои зарарноки ин маҳсулотро дар теппаҳои атроф мепартоянд, ки ба гуфтаи коршиносон барои муҳити зист зараровар аст.
Мутахассисон ҳамчунин мегӯянд, дуди сиёҳе, ки ҳангоми сӯхтани оҳаксанг ба вуҷуд меояд, хеле зиёновар мебошад. Он шумораи бемориҳо, бахусус фишори хун (гипертония) ва бемории роҳи нафасро зиёд мекунад.
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин, сокиноне ки солҳо аз таъсири зараровари дуду ифлосии танӯрҳои оҳакпазӣ азият мекашанд, ба мақомот шикоят намекунанд. Зеро фаъолияти ин хумдонҳо ва тавлиди оҳак аст, ки даҳҳо сокини деҳаҳои атроф метавонанд зиндагии хонаводаҳояшонро таъмин кунанд.
Хонаи Низорамо, сокини 50-солаи деҳаи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон дар наздикии хумдонҳои оҳакпазӣ воқеъ аст. Ӯ мегӯяд, дуди ин танӯрҳо пайваста ба хонааш мерасад ва ба саломатиаш зарар дорад.
“Зиёда аз даҳ сол аст, ки ин ҷо зиндагӣ мекунам, дуди сиёҳ аз дудкашҳо то хонаам мерасад. Мо ҳамеша дару тирезаҳоро сахт мепӯшем, то дуд ба хона надарояд. Мо нафасгир мешавем, бе ин ҳам бемории ҷоғар азиятам медиҳад. Агар либосҳоро шӯста, барои хушкшавӣ дар берун гузорем, субҳ аллакай сиёҳ мешаванд. Ин душвор аст, аммо илоҷи дигар надорем”,- мегӯяд ӯ.
Насриддин, як марди 69-сола аз деҳаи Хумдон мегӯяд, танӯрҳо тақрибан 50 сол боз вуҷуд доранд. Шумораи аҳолӣ меафзояд, шумораи хонаҳо зиёд мешавад, баробари наздик шудани хонаҳо ба танӯрҳои оҳакпазӣ таъсири зарарноки онҳо бештар эҳсос мешавад.
“Шаб хоб меравем, саҳар бедор шуда димоғатро тоза мекунӣ пур аз дуди сиёҳ аст. Дуди сӯхтаи чархҳои резинӣ ба сару рӯи мо меафтад, мо онро нафас мекашем”, – мегӯяд Насриддин.
Ӯ гирифтори диабети қанд аст ва аз ин дуд азият мекашад, аммо шикоят карда наметавонад, зеро писараш ба шарофати ҳамин истеҳсолот зиндагиашро таъмин мекунад.
“Ман зарари онро ба саломатиам эҳсос мекунам, аммо чӣ кор карда метавонам? Мо ин ҷо зиндагӣ мекунем, писарам он ҷо кор мекунад. Ӯ ба ин танӯрҳо оташ меафрӯзад ва бо ҳамин ризқу рӯзиашро меёбад. Мо шароит надорем, ки аз ин ҷо кӯч бандем”,- мегӯяд ӯ.
Асрориддин Табаров, раиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Хуросон, мегӯяд, ин хумдонҳо ба ду ширкат тааллуқ доранд, ки муҷаввизи якумрӣ гирифтаанд.
Ба гуфтаи ӯ, бо коргарони ин корхонаҳо мулоқотҳо баргузор намуда, дар бораи зарару хатарҳои он суҳбат мекунанд ва аз онҳо хоҳиш мекунанд, ки аз оҳакпазӣ даст кашанд. Аммо наметавонанд фаъолияти онҳоро қатъ кунанд, зеро онҳо расман кор мекунанд.
“Мо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба онҷо меравем, мефаҳмонем, вале онҳо расман кор мекунанд. Чанд рӯз пеш коргарони хумдонҳоро барои ғайриқонунӣ партофтани партовҳо ҷарима кардем. Соли гузашта онҳоро беш аз 40 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 3700 доллар) ҷарима баста буданд. Онҳо таҳти назорат қарор доранд”,- гуфт Табаров.
Вай мегӯяд, ҳарчанд хумдонҳо ҳаворо олуда ва ба муҳити зист зиён мерасонанд, вале аз ҷониби сокинон то ҳол шикояти расмӣ ворид нашудааст.
Ёқубалӣ Қурбонов, коршиноси ҳифзи муҳити зист, мегӯяд, дуди ифлос ба муҳити зист ва одамон зараровар буда, партовҳои аз танӯрҳо беруншударо дар рӯдхонаҳо мерезанд.
“Дар вақти борон ва обшавии барф хокистари танӯрҳо, ки асосан аз резину мазут иборат аст, ба обу дарёҳо мерезад. Он ба ҳайвоноти обӣ зарар мерасонад”, – қайд кард ӯ.
Коршиносон бар ин назаранд, ки ҳарчанд истеҳсоли оҳак барои аксари манзилҳои атроф даромад меорад, аммо онҳо бояд ба ҷойи аз маҳалли аҳолинишин дуртар интиқол дода шаванд.
Камол Қурбонов, корманди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар суҳбат бо CABAR.asia гуфт, онҳо бо мушкили истеҳсоли оҳак, ки солҳо боз вуҷуд дорад, ошно ҳастанд.
“Дуди ин танӯрҳо қабатҳои атмосфераро вайрон карда, боиси афзоиши бемориҳо мегардад. Ҳоло бемориҳои зиёде ҳастанд, ҳар сеюмин нафар бемор аст. Тибқи қонунгузории ҳифзи муҳити зист, танӯрҳо бояд бо сиклонҳо (ҳавотозакунакҳо – иловаи муҳаррир) ё дудкашҳои баланду замонавӣ муҷаҳҳаз бошанд, дар он сурат ба аҳолӣ камтар зарар мерасад”, – мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Асрориддин Табаров, соҳибони ду ширкате, ки ба тавлиди оҳак машғуланд, хабар додаанд, ки аз Чин ду дастгоҳи вижа харидорӣ кардаанд, ки ҳар кадоми он ҳудуди 50 ҳазор доллар арзиш доранд.
“Маълум нест, ки кай онҳоро меоранд, аммо ин дастгоҳҳо хеле гарон ҳастанд, бинобар ин то ҳол насб накардаанд. Онҳо дудкашҳои махсусе ҳастанд, ки ифлосшавии ҳаворо коҳиш дода, зарар ба одамонро кам мекунанд”, – гуфт Асрориддин Табаров.